http://www.zoofirma.ru/

БА ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА

маълумот оид ба натиҷаи фаъолияти Кумитаи

давлатии идораи замин ва геодезӣ дар соли 2022

Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ дар соли 2022, ки соли таҷлили ҷашни 30-солагии баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, фаъолияти худро ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷи-кистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар маҷлисҳои Ҳукумати мамлакат ва зимни сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои кишвар вобаста ба самараноку оқилона истифода бурдани замин баён дошта буданд, равона намуд.

Дар давраи ҳисоботӣ тибқи нақшаи корӣ лоиҳаи қарори Ҳукумати мамлакат «Дар бораи ҳисобот оид ба заминҳои мавҷудбуда, тақсимоти онҳо аз рӯи гурӯҳҳо, намудҳо ва заминистифодабарандагони ҷумҳурӣ ба ҳолати 1 январи соли 2022» таҳия гардида, он аз 1 марти соли 2022, №80 тасдиқ гардид.

Зикр намудан ба маврид аст, ки тибқи ҳисоботи солонаи замини Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба заминҳои мавҷуда, тақсимоти онҳо аз рӯи гурӯҳҳо, намудҳо ва заминистифода-барандагон ба ҳолати 1 январи соли 2022 майдони умумии заминҳо дар ҷумҳурӣ 14137907 гектарро ташкил медиҳад.

Дар давраи ҳисоботӣ корҳои назоратӣ дар миқёси кишвар идома ёфта, соли 2022 аз ҷониби Кумитаи давлатӣ ва мақомоти он дар маҳал 12717 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор ва барои бартараф намудани ҳолатҳои ошкоргардида 11140 дастур дода шуд.

Дар баробари ин нисбати 11020 ҳолат парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, ба маблағи 5643760 сомонӣ қарорҳои ҷаримабандӣ қабул гардид, ки аз ин 4664830 сомонӣ ба суратҳисоби махсуси Кумитаи давлатӣ ворид карда шудааст.

Барои додани баҳои ҳуқуқӣ бошад 868 мавод ба прокуратура, 1000 мавод барои бо таври маҷбурӣ ситонидани маблағи ҷаримаҳо ба Хадамоти иҷро ирсол ва 9791 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар маҳал бартараф гардид.

Давоми соли 2022 бевосита аз ҷониби мутахассисони Кумитаи давлатӣ 400 парвандаи маъмурӣ баррасӣ гардида, ба маблағи 376988 сомонӣ қарорҳои ҷаримабандӣ қабул карда шуд, ки аз он маблағи 314566 сомонӣ ба суратҳисоби махсуси Кумитаи давлатӣ ворид карда шудааст.

Инчунин, тибқи фармони Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 майи соли 2022, №5-44 дар бораи таъсис додани гуруҳҳои корӣ оид ба санҷиши ҳолати риоя ва иҷрои қонунгузории замин дар шаҳру ноҳияҳои Ҳисор, Ваҳдат, Рӯдакӣ, Варзоб ва ноҳияҳои Сино, И.Сомонӣ ва Шоҳмансури шаҳри Душанбе мутахассисони Кумитаи давлатӣ сафарбар гардиданд.

Дар давраи ҳисоботӣ ҳамчунин корҳои делимитатсия, демаркатсияи сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои ҳамсарҳад идома ёфта, дар доираи Комиссияи ҳукуматӣ оид ба делимитатсия, демаркатсия ва редемаркатсия ва дар доираи гурӯҳҳои кории байниҳукуматӣ 7 вохурӣ бо намояндагони ҷониби Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи Сарҳади давлатӣ, инчунин 9 вохурии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистону Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва 9 вохурии гурӯҳҳои кории саҳроии демаркатсионии Тоҷикистону Ӯзбекистон ва 1 вохурии Комиссияи муштараки Тоҷикистону Чин оид ба сарҳади давлатӣ баргузор гардид.

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат дар ҷараёни сафарҳои корӣ ба минтақаҳои дурдасти куҳистони мамлакат вобаста ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳо ва беҳтар кардани ҳолати мелиоративии заминҳо аз ҷониби Кумитаи давлатӣ дар солҳои 2017-2022 аз ҳисоби воридоти маблағи талафи истеҳсолоти кишоварзӣ дар шаҳру ноҳияҳои Конибодом, Зафаробод, Ванҷ, Шуғнон, Файзобод, Ховалинг, Фархор, Муъминобод ва Қубодиён як қатор корҳо ба анҷом расиданд.

Дар асоси фармоиши Вазорати молия мувофиқи мактуби Кумитаи давлатӣ ва супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои харидорӣ намудани 1 маҷмуъ дастгоҳи обкашӣ бо муҳаррики барқии синхронӣ барои пойгоҳи обкашии ноҳияи Зафаробод маблағи 10,0 млн. сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои пардохти талаф ҷудо гардид.

Соли 2022 Институти давлатии лоиҳакашии заминсозии “Тоҷикзаминсоз” корҳои заминсозӣ ва кадастриро аз ҳисоби буҷети давлатӣ ба маблағи 3 млн 594 ҳазор сомонӣ ба иҷро расонид, ки ин 101,4%-и нақшаро дар давраи ҳисоботӣ ташкил дода, нисбати ҳамин давраи соли 2021 маблағи 211000 сомонӣ зиёд мебошад.

Инчунин, корҳои заминсозӣ ва кадастрӣ тибқи шартнома              2 млн 694 ҳазор сомонӣ ба иҷро расонида шуданд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 ба маблағи 225717 сомонӣ зиёд мебошад.

Дар давраи ҳисоботӣ Институти лоиҳакашию тадқиқотии “Фазо” барои иҷрои корҳои заминсозӣ ва кадастри давлатии замин аз ҳисоби буҷети давлатӣ 2 млн 680 ҳазор сомонии пешбинишударо ба иҷро расонид, ки 100 фоизи нақшаро ташкил дода нисбати соли 2021-ум 150 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Корҳои заминсозӣ ва кадастрии аз ҷониби ИЛТ “Фазо” ба маблағи 1 млн 340 ҳазор сомонӣ иҷро карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021-ум 13934 сомонӣ зиёд мебошад.

Ҳаҷми умумии иҷрои корҳои иҷронамудаи Институти мазкур аз ҳисоби маблағгузориҳои буҷети давлатӣ ва шартномавӣ 4 млн 20 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 ба маблағи 163934 сомонӣ зиёд мебошад.

Ба корхонаҳои воҳиди давлатии аэрогеодезии Душанбе, Суғд, Хатлон, Бадахшон ва Корхонаи воҳиди давлатии «Фабрикаи харитасозӣ» барои иҷрои корҳои топографӣ-геодезӣ ва харитасозӣ дар соли 2022 аз ҳисоби буҷети давлатӣ 6 млн 66 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо карда шуда, дар муҳлати муқаррар-шуда аз ҷониби онҳо корҳои топографӣ-геодезӣ ва харитасозӣ пурра иҷро гардид.

Дар ин давра, Корхонаи воҳиди давлатии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” корҳои шартномавиро ба маблағи 113 млн 36 ҳазор сомонӣ иҷро кардааст, ки нисбати ҳамин давраи соли 2021 маблағи 22 млн 781 ҳазор 9 сомонӣ зиёд буда, 125%-ро ташкил медиҳад.

Аз ҷониби корхонаву муассисаҳои системаи Кумитаи давлатӣ дар давоми соли 2022 ҳамагӣ ба маблағи 12 млн 340 ҳазор сомонӣ корҳои заминсозӣ, топографӣ-геодезӣ ва харита-созӣ аз ҳисоби буҷет иҷро гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 маблағи 739 ҳазору 213 сомонӣ зиёд буда, нисбат ба соли 2021 фоизи иҷрои он 106%-ро ташкил дод.

Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби корхонаҳои минтақавии бақайдгирӣ 40896 адад ҳуқуқи истифодаи қитъаҳои замин, аз он 4535 адад хоҷагиҳои деҳқонӣ, 152 хоҷагиҳои иловагии ёрирасони шахсӣ, 768 адад дигар намудҳои хоҷагидорӣ, 4988 адад дигар намуди қитъаҳои замин ба қайди давлатӣ гирифта шуда, заминистифодабарандагон бо Шаҳодатнома дар бораи бақайд-гирии давлатӣ таъмин гардидаанд.

Дар давраи ҳисоботӣ ба Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ 99 адад парвандаи заминсозӣ оид ба додани қитъаҳои замин, ки бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегиранд, аз кумитаҳои идораи замини шаҳру ноҳияҳо барои экспертизаи ҳуҷҷатҳо ва мувофиқакунӣ бо вазорату идораҳои дахлдор ворид гардид.

Аз он 38 адад парванда дар мувофиқакунӣ бо вазорату идораҳои дахлдор қарор дошта, 45 адад парвандаи заминсозӣ барои ҷой доштани камбудию норасоиҳо аз экспертизаи техникӣ бозпас гардонида шуданд ва 6 парванда ва лоиҳаи қарор ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуд.

Дар маҷмӯъ, дар давраи ҳисоботӣ 53 адад қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба замин ба тасвиб расиданд.

Кумитаи давлатӣ ҷиҳати амалӣ намудани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июли соли 2022, №305 «Дар бораи ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» корҳои муайянро ба сомон расонида истодааст.

То имруз бинои нави маъмурӣ дар шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Ш.Шоҳин бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ мавриди баҳра-бардорӣ қарор гирифта, барои фаъолияти мунтазами кумитаҳои идораи замин дар маҳал биноҳои собиқ ҶСК «Агроинвестбонк» дар ноҳияҳои М.А.Ҳамадонӣ, Ванҷ, Темурмалик, Шуғнон, Ёвон ва собиқ биноҳои ҶСК “Тоҷпромбонк” дар Файзобод ва Лахш ба мувозинаи Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ гузаронида шуданд.

Ҳамчунин бунёди биноҳои маъмурӣ дар ноҳияи Хуросон ва Айнӣ пурра ба анҷом расида, барои истифодабарӣ омода мебошанд. Корҳои сохтмонӣ дар биноҳои маъмурӣ дар ноҳияи Роштқалъа ва Варзоб муташаккилона идома доранд.

Соли 2022 аз тарафи Кумитаи давлатӣ баҳри иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2017, №АП-983 дар арафаи Иди байналмиллалии Наврӯз, Иди Ғалаба, Иди Рамазон, Иди Қурбон, Рӯзи Ваҳдати миллӣ, Рӯзи Истиқ-лолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Конститутсия ва соли нави мелодӣ ба мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯда-кони ятим дар ноҳияи Шаҳринав ба маблағи 58147 сомонӣ кӯмаки хайриявӣ дастрас гардид.