ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД БИНОИ НАВИ МАЪМУРИИ ПАНҶОШЁНА МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТ

http://www.zoofirma.ru/

photo 2022-11-15 19-01-12

Бо иштироки Вазири маориф ва илм Саидзода Раҳим Ҳамро, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Абдуллозода Ҷамолиддин Абдулло, Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ, муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яқубӣ ва раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода бинои нави маъмурии кумитаи идораи замин ва корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар шаҳри Хуҷанд ифтитоҳ гардид.

Ифтитоҳи бинои мазкур, ки аз панҷ ошёна ва 57 утоқи корӣ иборат мебошад, баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ ба кормандон бунёд гардида, дар доираи сафари кории Пешвои муаззами миллат ба вилояти Суғд мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Зимни ифтитоҳи бинои мазкур аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони кумитаи идораи замин ва КДФ «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар шаҳри Хуҷанд мулоқот намуда, бо шароити корӣ дар бинои навбунёд аз наздик шинос шуданд.

Зикр намудан ба маврид аст, ки дар доираи таҷлили ҷашни 30-солагии баргузории Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин сеюмин бинои нави маъмурӣ аст, ки аз ҷониби Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ бунёд гардида, дар вазъияти тантанавӣ ифтитоҳ мегардад.

Қаблан дар шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон чунин бинои хуштарҳу замонавӣ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ гардида буд.

Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар бештар аз 20 бинои нави маъмуриро сохта мавриди истифода қарор диҳад, ки асосан дар ноҳияҳои дурдасти кишвар бунёд мешаванд.

Айни ҳол бошад корҳои сохтмонӣ дар биноҳои маъмурии кумитаи идораи замин ва КДФ «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар ноҳияҳои Хуросону Айнӣ пурра ба анҷом расида, биноҳои мазкур рӯзҳои наздик мавриди истифода қарор мегиранд.

1