ҶАЛАСАИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ КУМИТАИ ДАВЛАТИИ ИДОРАИ ЗАМИН ВА ГЕОДЕЗӢ БАРГУЗОР ШУД

http://www.zoofirma.ru/

Тибқи нақшаи кории Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Кумитаи давлатӣ баргузор гардид.

Ҷаласаро Раиси Кумитаи давлатӣ Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ ифтитоҳ намуда, дар ҳайати мушовараи имрӯза сардори раёсати кишоварзӣваҳифзимуҳитизистиДастгоҳииҷроияи Президенти ҶумҳурииТоҷикистон Мирзодавлат Сабурзода, муовинони Раиси Кумитаи давлатӣ,сардорони сарраёсат, раёсатҳо, шуъбаҳо ва бахшҳои дастгоҳи марказӣ, раисони кумитаи идораи замини вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, директорони намояндагии корхонаи воҳиди давлатии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул»-и вилоятҳо ва корхонаҳои давлатии фаръии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар шаҳру ноҳияҳо, ҳамчунин директорони муассисаву корхонаҳои системаи Кумитаи давлатӣ иштирок доранд.

Баъди тасдиқ регламенти корӣ муовини Раиси Кумитаи давлатӣ Давлатзода Садриддин дар бораи фаъолияти Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, мақомоти он дар маҳалҳо ва муассисаҳои системаи Кумитаи давлатӣ дар нуҳ моҳи соли 2022 ҳисобот дод.

Номбурда зикр намуд, ки дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба корҳои назорати истифодаи мақсад-ноку самараноки қитъаи замин, заминсозӣ, харитасозӣ, геодезӣ, бақайдгирии молу мулки ғайриманқул, делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ  корҳо муайянро ба сомон расонид.

Аз ҷумла дар давраи ҳисоботӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 1414 гектар заминҳои партов, аз он 1001 гектар замини обӣ ба кишт фаро гирифта шуданд.

Инчунин аз тарафи Кумитаи давлатӣ ва мақомоти он дар маҳал 10122 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор карда шуд, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 748 ҳолат зиёд мебошад.

Барои бартараф намудани ҳолатҳои ошкоргардида 8900 дастур дода шуда, вобаста ба 8727 ҳолат парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуд, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2021-ум 451 адад парвандаи маъмурӣ зиёд аст.

Илова бар ин 7187 ё ин ки 71 фоизи ҳолати вайронкунии қонунгузории замин, дар маҳал бартараф карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021-ум 225 ҳолат зиёд аст.

Ба ҳолати 1 октябри соли 2022 шумораи умумии хоҷагиҳои деҳқонӣ дар миқёси ҷумҳурӣ 194821 ададро ташкил дода, аз ин шумора 71309 адад дар вилояти Суғд, 71672 адад дар вилояти Хатлон, 16535 адад дар ВМБК ва 35305 адад дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба қайди давлатӣ гирифта шудаанд.

Шумораи хоҷагиҳои деҳконии дар давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ ташкилёфта ҳамагӣ 3560 ададро ташкил дод, ки аз ин шумора 1175 адад дар вилояти Суғд, 1441 адад дар вилояти Хатлон, 159 адад дар ВМБК ва 785 адад дар ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ мебошанд.

Дар ин давра аз ҷониби корхонаву муассисаҳои системаи Кумитаи давлатӣҳамагӣ ба маблағи 8741603 сомонӣ корҳои топографӣ-геодезӣ ва харитасозии аз ҳисоби буҷет иҷро гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 маблағи 122597 сомонӣ зиёд буда, 101 фоизро ташкил медиҳад.

Ҳамчунин аз ҷониби корхонаву муассисаҳои системаи Кумитаи давлатӣкорҳоибуҷетӣякҷоябокорҳои шартномавӣ ҳамагӣ ба маблағи 95727985 сомонӣ иҷро гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 маблағи 19278624 сомонӣ зиёд буда, 125 фоизро ташкил медиҳад.

Дар ин замина, зикр намудан ба маврид аст, ки аз ҳисоби даромади корхонаву муассисаҳо ва суратҳисоби махсус айни ҳол сохтмонибиноҳоимаъмуриикумитаҳоиидораизаминваКДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” даршаҳруноҳияҳоиАйнӣ, Хуросон, ВарзобваРоштқалъа идома доранд, ки то охири соли ҷорӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳанд гирифт.

Сипас, вобаста ба фаъолият дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ ҳисоботи раисони кумитаҳои идораи замини вилоятҳо, баъзе шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, корхонаву муассисаҳои системаи Кумитаи давлатӣ шунида шуда, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, назорати қатъии истифодаи қитъаҳои замин, чораҷӯӣ барои саривақт бартараф намудани қонунвайрокунии замин ва пешгирии он дастуру супоришҳо гирифтанд.

Сардори раёсати кишоварзӣваҳифзимуҳитизистиДастгоҳииҷроияи Президенти ҶумҳурииТоҷикистон Мирзодавлат Сабурзода зимни баромади худ дастовард ва камбудиҳои ҷойдоштаро таҳлилу баррасӣ намуда, барои боз ҳам беҳтару хубтар ба роҳ мондан фаъолият масъулинро вазифагузорӣ намуд.

311573781 478190707686569 6376036771457715043 n