МУЛОҚОТ БО НАМОЯНДАГОНИ СОЗМОНИ НАҚШАБАРОДОРИИ ҶУМҲУРИИ ИСЛОМИИ ЭРОН

http://www.zoofirma.ru/

Дар доираи амалӣ намудани Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкории дуҷониба дар самтҳои асосии рушди харитасозӣ, геодезия, фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ ва истеҳсолӣ байни Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони нақшабардории Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки дар ҷараёни сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Исломии Эрон санаи 29 майи соли ҷорӣ ба имзо расида буд, як гуруҳ намоядагони Созмони нақшабардории Ҷумҳурии Исломии Эрон таҳти роҳбарии Раиси ин Созмон Алӣ Ҷовидона ба Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ташриф оварданд.

Дар ҷараёни мулоқоти Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ бо Раиси Созмони нақшабардории Ҷумҳурии Исломии Эрон ва ҳайати ҳамроҳонаш масъалаҳои ҳамкории минбаъдаи Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ бо Созмони мазкур дар доираи Ёддошти тафоҳуми имзошуда, табодули таҷрибаи мутахассисон дар соҳаи заминсозӣ, харитасозӣ, геодезӣ ва дигар масъалаҳои вобаста ба фаъолияти корӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Баъди анҷоми мулоқотҳо намояндагони Созмони нақшабардории Ҷумҳурии Исломии Эрон аз осорхона ва китобхонаи Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ боздид намуда, бо ҷараёни фаъолияти корхона ва муассисаҳои системаи Кумитаи давлатӣ аз наздик шиносоӣ пайдо намуданд.

Дар назар дошта шудааст, ки меҳмонон бо фаъолияти дигар корхонаҳои Кумитаи давлатӣ шинос гардида, ҳамчунин аз мавзеъҳои таърихии мамлакат боздид ва бо осори пурѓатовати миллат тоҷик боз ҳам аз наздик шинос шаванд.

310260313 468735088632131 1039417038607284031 n