ҶАМЪОМАДИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА СУПОРИДАНИ МУКОФОТҲОИ ДАВЛАТӢ

http://www.zoofirma.ru/

304873397 973405087389192 7849133929236003359 nИмрӯз дар толори калони Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини Сарвазири мамлакат Зиёзода Сулаймон Ризоӣ ва Раиси Кумитаи давлатӣ Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба тақдими мукофотҳои давлатӣ ба кормандони Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ баргузор шуд.

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон ҳамаи кормандони Кумитаи давлатиро ба муносибати ҷашни 31 солагии Истиқлолияти давлатӣ муборакбод намуда, иқтибосро Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сарфароз гардонидани кормандони Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ қироат намуд.

Сипас, дар вазъияти тантанавӣ ба муовини директори КВД «Бақайдирии молу мулки ғайриманқул» Умрон Раҳмонов медали «Хизмати шоиста», муовини сардори раёсати бозрасии назорати давлатии геодезӣ, делимитатсия ва демаркатсияи сарҳад Рӯзиқулов Собир медали «Хизмати шоиста» ва сармутахассиси шӯъбаи умумии Кумитаи давлатӣ Давлатзода Мавҷуда Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим гардид.

Ёдрас мешавем, ки қаблан муовини Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ Абдуллозода Зикриё бо медали «Хизмати шоиста» қадршиносӣ гардида, мукофоти давлатӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақдим гардида буд.

Ҷомеаи меҳнатии Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорони азизро ба муносибати сарфароз гардидан бо мукофотҳои давлатӣ муборакбод намуда, саломативу сарбаландӣ ва комёбиҳои меҳнатиро таманно менамоянд.