ШИНОСОӢ БО ҶАРАЁНИ КОРҲОИ ТАЪМИНОТ БО ОБИ ПОЛЕЗӢ ДАР НОҲИЯИ РӮДАКӢ

http://www.zoofirma.ru/

293558711 928558885207146 1913068034478271293 nРаиси Кумитаи давлатиии идораи замин ва геодезӣ – роҳбари гуруҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳия ва амалӣ намудани нақшаи корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ зимни сафари кории навбатӣ ба ноҳияи Рӯдакӣ бо ҷараёни таъминоти хоҷагиҳои кишоварзии Ҷамоатҳои ноҳия бо оби полезӣ шиносоӣ пайдо намуд.

Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки айни ҳол аз ҷониби Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзеъи Куктоши Поён, дарёи Кофарниҳон, ки аз ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ мегузарад, ҷиҳати беҳтар намудани таъминот бо оби полезӣ корбарӣ идома дорад.

Зикр гардид, ки танқисии оби полезӣ дар баъзе Ҷамоатҳои ноҳия, аз ҷумла дар Ҷамоати деҳоти Лоҳур, ки айни ҳол ба назар мерасад, баъди анҷоми корҳо бартараф гардида, хоҷагиҳои кишоварзӣ имкон пайдо хоҳанд намуд, ки оби полезиро дастрас намоянд.

Зимни суҳбат бо масъулини Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ ва масъулини соҳаҳои дахлдори ноҳия ҷиҳати ҷоннок намудан ва бо сифати баланд анҷом додани корҳои таъминот бо оби полезӣ тавсияву малиҳатҳо дода шуд.