ИШТИРОК ДАР МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТИИ НОҲИЯИ РӮДАКӢ

http://www.zoofirma.ru/

Раиси Кумитаи давлатиии идораи замин ва геодезӣ – роҳбари гуруҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳия ва амалӣ намудани нақшаи корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ дар маҷлиси ҷамъбастии рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Рӯдакӣ дар нимсоли аввали соли ҷорӣ иштирок ва суханронӣ намуд.

Дар ҷаласаи мазкур нахуст муовини якуми раиси ноҳияи Рӯдакӣ Саидмуродзода Абдуаҳад Абдуваҳоб оид ба фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дар шаш моҳи соли ҷорӣ ҳисобот дод.

Қайд гардид, ки дар ин давраи фаъолият ҳаҷми маҷмӯъи маҳсулоти умумии ноҳия 623 миллиону 696 ҳазор сомониро ташкил дод, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 20,4 фоиз зиёд мебошад.

Дар давраи ҳисоботӣ ҳамчунин буҷети ноҳия 96 миллиону 503 ҳазор сомонӣ иҷро гардидааст, ки нисбат ба нақшаи пешбинигардида 17 миллиону 903 ҳазор сомонӣ зиёд буда, 123 фоизро ташкил медиҳад.

Нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 82 миллиону 953 ҳазор сомонӣ ё ин ки 125 фоиз таъмин гардидааст.

Дар моҳҳои январ-июни соли ҷорӣ корхонаҳои саноатӣ новобаста аз шакли моликият якҷоя бо соҳибкорони инфиродӣ ба маблаѓи умумии 325 миллону 350 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 62 миллиону 505 ҳазор сомонӣ зиёд буда, 119,8 фоизро ташкил медиҳад.

Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 263 миллиону 113 ҳазор сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли 2021-ум 107,4 фоиз таъмин шудааст.

Корхонаҳои сохтмонии ноҳия бошад дар ин давра ба маблаѓи 243 миллиону 363 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмонию пудратиро анҷом додаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,5 баробар зиёд мебошад.

Аз ҷумла айни ҳол дар ноҳия бунёди биноҳои раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №3 барои 640 ҷойи нишаст дар як баст, №40 барои 240 ҷойи нишаст, №44 барои 144 ҷойи нишаст, №83 барои 144 ҷойи нишаст, №84 барои 144 ҷойи нишаст, №87 барои 144 ҷойи нишаст, №138 барои 240 ҷойи нишаст ва бунёди синфхонаҳои иловагӣ дар 24 муассисаҳои дигари таълимии ноҳия бомаром идома дорад.

Умуман, дар ноҳия тибқи нақшаи чорабиниҳои омодагӣ ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иборат аз 369 банд тасдиқ гардида бунёди иншоти мухталифи хизматрасонӣ, фарҳангӣ ва маорифу тандурустӣ бомаром идома дорад.

Зимни таҳлили вазъи иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ роҳбарияти ноҳия ва роҳбари гуруҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳия ва амалӣ намудани нақшаи корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ аз муовинони раиси ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони ташкилоту идораҳои кишоварзӣ, кумитаи идораи замин, агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, маориф, фарҳанг ва дигар шахсони масъул вобаста ба иҷрои нақшаю барномаҳои давлатӣ, истифодаи самараноки замин ва ҷамъоварии ҳосили маҳсулоти кишоварзӣ, захираи маводи зарурии озуқаворӣ дар ҳар як оила, вусъати корҳои ободониву созанадагӣ пурсиш ба амал оварда ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дастуру супоришҳо доданд.

Ҳангоми суханронӣ Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ барои иҷрои ҳатмии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилояти Хатлон санаи 18 июни соли ҷорӣ баён дошта буданд, инчунин сарфакорона истифода бурдани барқ, таъсиси гурӯҳҳои корӣ дар ҳар як ҷамоату маҳалла ва ҷоннок кардани тадбирҳои фаҳмондадиҳӣ вобаста ба захираи маҳсулоти кишоварзӣ барои ду соли оянда, суръатбахшии кишти такрорӣ, омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023, омодагӣ ба таҷлили ҷашни солгарди навбатии Истиқлолияти давлатӣ, саривақт бунёд намудани иншооти ҷашнӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, чораҷӯӣ барои пайдо намудани сарчашмаҳои иловагии даромад, сармоягузорӣ ва андозбандӣ, аёдат намудани шахсони бар-ҷомонда, яккаву танҳо, ятимону бепарасторон ба муносибати Иди Саиди Қурбон масъулини соҳаҳои дахлдорро вазифадор намуд.

Баъди анҷоми маҷлиси ҷамъбастӣ Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ба муносибати иди Қурбон як гуруҳи сокинони эҳтиёҷаманди ноҳия, аз ҷумла истиқоматкундаи Ҷамоати деҳоти Сарикиштӣ Ахмедов Баҳром, истиқоматкунандаи Ҷамоати деҳоти Роҳатӣ Шарипов Муродбек, истиқоматкунандаи Ҷамоати деҳоти Чорякорон Дохиева Заррина, истиқоматкунандаи Ҷамоати шаҳрак Зайниддинов Хушвахт ва истиқоматкунандаи Ҷамоати деҳоти Эсанбой Абдурауфи Маҳмадиро аёдат намуда, ба онҳо аробачаҳои маъюбӣ, маблаѓҳои пулӣ ва маводи озуқавориро тақдим намуд.

Шахсони аёдатшуда ба роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ғамхориҳои навбатӣ изҳори миннатдорӣ намуда, таъкид доштанд, ки чунин таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат онҳоро ҳамеша дилгарму руҳбаланд менамояд.

Аёдати шахсони эҳтиёҷманд дар партави иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Қурбон дар ноҳияи Рӯдакӣ идома дорад.

292438641 923495019046866 5240563529213091629 n