ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “ЗАМИНСОЗ” БАРГУЗОР ШУД

http://www.zoofirma.ru/

287236591 902739921122376 6903241155360454551 nДар бинои маъмурии Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Заминсоз” баргузор гардид.

Дар ҷаласаи мазкур раиси ташкилоти ибтидоӣ Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ, роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдураҳмон Хонзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Ҷумъахон Ҷӯрахонзода ва намояндаи ҲХДТ дар шаҳри Москваи Федерастсияи Россия Саидбек Мирзомуддинов иштирок намуданд.

Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Заминсоз” ҷалсаро ифтитоҳ намуда, таъкид дошт, ки аз 53 нафар аъзоёни ташкилот, дар ҷаласаи имрӯза 50 нафар ширкат дошта, 3 нафар бо сабабҳои узрнок дар маҷлис иштирок намекунанд.

Баъди интихоботи ҳайати котибот, аз ҷониби аъзоёни ташкилоти ибтидоӣ маҷлиси рӯзнома дар бораи ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Заминсоз” оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи аз моҳи июни соли 2021 то моҳи июни соли 2022 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда, интихоби раис, муовини раис, аъзои раёсат, комиссияи кор бо ҷавонон ва занон ва роҳбари намояндагии “Созандагони Ватан” дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Заминсоз”, инчунин тасдиқи нақшаи корӣ барои нимсолаи дуюми соли 2022 ва интихоби вакилон ба Конференсияи ҳисоботӣ-интихоботии ташкилотҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ тасдиқ карда шуд.

Аз рӯи масъалаи аввали рӯзномаи маҷлис ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоӣ Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ шунида шуд. Зикр гардид, ки ммрӯз мардуми тоҷик таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оромии фазои кишвар ифтихор намуда, пас аз чанд рӯз ҷашни 25-солагии Рӯзи ваҳдати миллиро таҷлил менамоем.

Албатта, барои таъмини ваҳдати миллӣ ва бештар гардидани дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ саҳми аъзоёни ҲХДТ беназир аст. Бо вуҷуди дастовардҳои даврони Истиқлоли давлатӣ, ки ин 30-солагии онро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил намудем ва Истиқлоли давлатӣ боиси баланд шудани обруву нуфузи мамлакат дар арсаи бай-налхалқӣ гардид, моро зарур аст, ки дастовардҳоро боз ҳам бештар намоем ва дар ин ҷода аъзоён ва фаъолони ҳизб метавонанд саҳми арзанда гузошта бошанд.

Зеро, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз нахустин рӯзҳои таъсисёбиаш рисолати сулҳу ваҳдатофаринӣ, бунёдкорию созандагиро ба зимма дошт.

Гузашти солҳо ва тӯли солҳои фаъолияташ ҳизб собит намуд, ки чун нерӯи бузурги пешбарандаи ҷомеа ба чунин рисолати худ содиқ аст.

Воқеан, нақши аъзоён ва фаъолони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон хусусан дар маъракаҳои интихоботӣ, чорабиниҳои расмӣ, ташвиқоту тарғибот ва корҳои фаҳмондадиҳӣ, аёдату дастгирии ниёзмандону маъюбон, пешгирии падидаҳои номатлуб, ба созандагию бунёдкорӣ сафарбар намудани аҳли ҷомеа ва таҳкими сулҳу ваҳдати сартосарӣ ниҳоят назаррас аст.

Баъдан, раиси ташкилоти ибтидоии “Заминсоз” корҳои анҷомдодаи ташкилотро дар як соли охир баён намуд.

Сипас, аъзоёни ташкилоти ибтидоӣ Холзода Назаралӣ ва Ёдгорӣ Муқаддас ба музокира баромада, ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоиро қаноатбахш арзёбӣ намуданд.

Дар идомаи кори маҷлис бо пешниҳоди аъзоёни ташкилот Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ аз нав раиси ташкилоти ибтидоии “Заминсоз” ва Холзода Назаралӣ муовини раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ интихоб гардиданд.

Дар маҷлиси ташкилоти ибтидоӣ ҳамчунин дигар масъалаҳои дар рӯзномаи ҷаласа пешниҳодшуда, баррасӣ гардида, вобаста ба он қарорҳои дахлдор қабул шуданд.

Баъдан роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдураҳмон Хонзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода ва намояндаи ҲХДТ дар шаҳри Москваи Федерастсияи Россия Саидбек Мирзомуддинов суханронӣ ва ҷиҳати боз ҳам ҷоннок намудани фаъолияти ташкилоти ҳизбӣ фикру мулоҳизаҳои худро баён намуданд.

287196600 902740034455698 664707121171396152 n