БАДАХШОНАМ, ТУРО ОРОМ МЕХОҲАМ!

http://www.zoofirma.ru/

283895531 890323892363979 9216819524254440552 n

Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки ҷузъи ҷудонашавандаи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол аст, садҳо мардони ғаюру шуҷоъ ва занони номвари диёрро ба воя расонидааст.

Мардуми Бадахшон, ки дар саргаҳи дарвозаи шарқии мамлакат ҷойгир шудаанд, аз азал бо меҳнатдӯстиву меҳмоннавозӣ миёни халқиятҳои гуногуни ҷаҳон соҳибном гардидаанд.

Ин аст, ки Бадахшон на танҳо бо кӯҳҳои осмонбӯсаш, балки бо мардуми самимиву хоксор, меҳнатдӯсту шуҷоъ номи Боми ҷаҳонро соҳиб гардидааст.

Воқеан, ҳар шахсе, ки меҳмони хонадони мардуми Бадахшон мешаванд, ба обҳои мусаффову кӯҳҳои осмонбӯсаш шеваю мафтуни табиати нотакрор мешавад.

Мутаассифона, аз зудбоварӣ, самимият ва софдилии мардуми Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон бархе ба ном «меҳмонон», вале дар асл ҷосусони хориҷӣ, ки сокинони меҳмоннавози шаҳри Хоруғ ва баъзе ноҳияҳои ВМКБ онҳоро чун бародару хоҳарони дерин қабул намуда, болонишини хонадонашон карда буданд, ба намаку намакдони онҳо хиёнат намуданд, мардумро бо фиребу дасиса ва ваъдаҳои хушку холӣ ба иғво кашиданд.

Дар натиҷа ҷомеаи осудаву меҳнатқарини Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон байни ҳам ба муноқиша кашида шуда, хуни якдигарро рехтанд ва мақомоти мартубаро барои ҳифзи амният ба амалӣ намудани чораҳои қатъӣ водор намуданд.

Бархе воситаҳои ахбори омма, ки аз асли воқеа хабар надоштанд ва амнияти мардуми ин гӯшаи Тоҷикистони соҳибистиқлол барои онҳо ва хоҷагони хориҷиашон заррае қадр надорад, ба қавле аз як пашшаи паршикаста фили азимҷуссаро сохта, воқеаҳои дар ин сарзамини қадимии Тоҷикистон руйдодаро тавре вонамуд карданӣ шуданд, ки гӯё аз ҳолати аслии воқеа ба дараҷаи аъло огаҳӣ доранд.

Хушбахтона, намоиши филми «Шикасти фитна» ҳақиқати ҳолро возеҳ баён намуда, саркардаҳои гуруҳҳои ҷиноӣ ба аҳли ҷомеаи ба таври дақиқ муаррифи гардиданд.

Итминони комил дорем, ки мардуми сарбаланди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз ҳодисаҳои нохуши рӯйдода дарси ибрат гирифта, дигар ба тарғибу ташвиқи хоинони миллат фирефта намешаванд ва дар якҷоягӣ ба ободии як гӯшаи зеботабиати Тоҷикистони соҳибистиқлол кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Дар охир аз забони шоири ҷавони тоҷик Бузургмеҳри Баҳодур иброз медорем:

Бадахшонам,

Дар ин айёми пурғавғо,

Дар ин бозори бесавдо,

Барои зиндагии хуб баҳри тифлаке зебо –

Туро хушном мехоҳам,

Адӯ ноком мехоҳам,

Ба ҷанг анҷом мехоҳам,

Туро ором мехоҳам!