БАРГУЗОРИИ ЧОРАБИНИИ ИДОНА БАХШИДА БА РӮЗИ МОДАР

http://www.zoofirma.ru/

Дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати таҷлили ҷашни Рӯзи Модар чорабинии идона баргузор гардид, ки дар он Раиси Кумитаи давлатӣ Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ иштирок ва суханронӣ намуд.

Дар оғози суханронии худ Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ кулли бонувони дастгоҳи марказӣ, кумитаҳои идораи замин дар маҳал ва корхонаву муассисаҳои системаи Кумитаи давлатиро ба муносибати ин санаи фархуда муборакбод намуда, таъкид дошт, ки фарорасии арӯси сол – фасли зебои баҳор ва дар ин фасли фархунда таҷлил шудани Рӯзи Модарро барои ҳамаи занону духатрони Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ аз самими қалб муборакбод намуда, бароятон саломативу сарбаландӣ, хонаи ободу рӯзгори шод ва муҳимтар аз ҳама хушбахтӣ дар оилаву рӯзгорро таманно дорам.

8 march 2022Дар идомаи суханронии худ Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ зикр намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 21 декбари соли 2021 изҳор дошта буданд, ки: «зан – модар мавҷуди муқаддас мебошад ва ҳамаи сиёсатмадорону донишмандон ва бузургони олам, аз ҷумла Пайғамбари ислом аз домани поки модар ба дунё омадаанд ва бо шири ҷонбахши ӯ бузург шудаанд».

Ҳамчунин таъкид гардид, ки нақши занону духтарони Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ва корхонаву муассисаҳои системаи он дар пешрафти кор басо назаррас буда, айни ҳол дар дастгоҳи марказӣ ва корхонаву муассисаҳои Кумитаи давлатӣ садҳо нафар занону духтарон фаъолияти босамар доранд, ки мо бо кору фаъолият ва ҳамкорӣ бо онҳо фахр намуда, дар ҳаққашон ҳамеша бо ифтихор сухан меронем.

Дар охири суханронии худ Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ изҳори итминон намуд, ки занону духтарони дастгоҳи марказии Кумитаи давлатӣ ва корхонаву муассисаҳои системаи он фаъолияти худро боз ҳам пурсамар намуда, бо рӯҳбаландӣ аз чорабинии имрӯза ҷашни дигари ниёгонамон Наврӯзи байнамиллалиро бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил ва барои истиқболи сазовори ҷашни умумимиллии 35-солагии Ис-тиқлолияти давлатӣ аз ҳоло омодагӣ хоҳанд гирифт.

Баъди супоридани туҳфаҳои идона ба собиқадорони меҳнат, занону духтарони занону духтарони дастгоҳи марказӣ ва корхонаву муассисаҳои системаи Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҳофизони хушовози муассисаи давлатии «Оркестри давлатии синфонӣ» Ҳасан Ҳайдар, Парвин Юсуфӣ, Чоршанбе Аловатов, Ҳанифаи Эмомалӣ ва Фирдавс Ҳошимов бо суруду навоҳои дилшин ба чорабинии идона шукуҳу шаҳомати хоса бахшиданд.