ҶАМЪОМАДИ ТАНТАНАВӢ БАРОИ ҚАДРШИНОСИИ КОРМАНДОН

http://www.zoofirma.ru/

jamomad 1Дар толори калони Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати қадршиносии кормандони дастгоҳи марказӣ ва корхонаву муассисаҳои системаи Кумитаи давлатӣ баргузор гардид, ки дар он муовини якум ва муовинони Раиси Кумитаи давлатӣ, сардорони ва кормандони сарраёсат, раёсатҳо, шӯъбаву бахшҳои дастгоҳи марказӣ ва роҳбарони корхонаву муассисаҳои системаи Кумитаи иштирок намуданд.

Ҳамчунин дар ин ҷамъомад муовини якуми Фармондеҳ, Сардори Ситоди Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майор Раҷабзода Насим Холмурод ширкат варзид.

Ҷамъомадро Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки ма қсад аз баргузории чорабинии имрӯза қадршиносиии як гуруҳ кормандони фаъоли Кумитаи давлатӣ ва нафароне, ки дар мусоби қаи шоҳмот фаъолона иштирок намуда, ғолибият ба даст овардаанд, инчунин дар вазъияти тантанавӣ ба нафа қа гусел намудани ду нафар хизматчиёни давлатӣ мебошад.

Сипас, муовини якуми Фармондеҳ, Сардори Ситоди Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майор Раҷабзода Насим Холмурод суханронӣ намуда, таъкид дошт, ки роҳбарият ва мутахассисони Кумитаи давлатӣ бо Қушунҳои сарҳадӣ ҳамкории ҳамешагӣ дошта, дар муайян намудани хатти Сарҳади давлатӣ саҳми муносиб мегузоранд.

Ин аст, ки аз ҷониби Фармондеҳи Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамкориҳои судманд ва саҳми арзанда гузоштан дар ҳифзи боэътимоди Сарҳади давлатӣ, инчунин ба муносибати 29-ум солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарияту кормандони Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ бо ифтихорнома ва сипосномаҳои Қушунҳои сарҳадӣ сарфароз гардонида шуданд.

jamomad 2Баъдан дар вазъияти тантанавӣ ба Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ, муовини якуми Раиси Кумитаи давлатӣ Каримзода Азизмамад Душанбе, директори Корхонаи воҳиди давлатии «Аэрогеодезияи Душанбе» Қурбонзода Фотеҳ Луқмонҷон, сардори шӯъбаи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади КВД «Аэрогеодезияи Душанбе» Қурбонов Холназар бо ифтихорнома ва сипосномаҳои Қушунҳои сарҳадӣ қадршиносӣ гардиданд.

Таъкид гардид, ки ҳамчунин сардори Раёсати бозрасии назорати давлатии геодезӣ, делимитатсия ва демаркатсияи сарҳад Тошбеков Дилдор, сармутахассиси ҳамин Раёсат Асадбеков Манучеҳр ва сармуҳандиси КВД «Аэрогеодезияи Душанбе» Ҷалолов Хушнуд низ, ки айни ҳол дар сафари корӣ қарор доранд, бо ифтихорнома ва сипосномаҳои  Қушунҳои сарҳадӣ  қадршиносӣ шудаанд.

Пас аз он, сармутахассиси шӯъбаи баҳисобгирии давлатии заминҳои шаҳру шаҳракҳои Раёсати кадастри замин Назарху-доев Бандишо ва мутахассиси пешбари бахши мониторинг ва корҳои таҳлилӣ Ҷаъфаров Абдусамад, ки солҳои тӯлонӣ фаъолият намудаанд, дар вазъияти тантанавӣ ба нафа қа гусел карда шуданд.

Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ зимни суханронии худ фаъолияти корӣ ва саҳми шоистаи ҳар яки онҳоро дар пешрафти соҳа баён намуд. Баъдан ғолибон ва фаъолони мусоби қаи шоҳмот, ки ҳафтаи сипаришуда дар бинои маъмурии Кумитаи давлатӣ баргузор шуда буд, қадршиносӣ гардиданд.

Аз ҷумла, сардори Раёсати назорати давлатии заминҳои шаҳрӣ Умаров Тошпӯлод барои ишғоли ҷойи аввал, муовини директори КВД «Ба қайдгирии молу мулки ғайриман қул» Шарифзода Сафол барои ишғоли ҷойи дуюм, муовини якуми директори КДФ «Ба қайдгирии молу мулки ғайриман қул» дар шаҳри Турсунзода Муҳаббатшоҳи Алӣ барои ишғоли ҷойи сеюм, ҳамчунин барои иштироки фаъолона мутахассиси пешбари Кумитаи идораи замини шаҳри Душанбе Ҳамидов Саймуъмин, мутахассиси шӯъбаи заминсозии КДФ «Ба қайдгирии молу мулки ғайриман қул» дар ноҳияи Рӯдакӣ Холов Раҷабалӣ, мутахассиси КДФ «Ба қайдгирии молу мулки ғайриман қул» шаҳри Душанбе Давлатова Ҷамила бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

274735310 826794438716925 9106900278698319623 n