МУЛОҚОТ БО НАМОЯНДАИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯ

http://www.zoofirma.ru/

korrepsiya 1 2022Дар толори калони Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарияти Кумитаи давлатӣ, сардорони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ, раисон ва муовинони кумитаи идораи замини шаҳру ноҳияҳои атрофи шаҳри Душанбе, директор ва сардорони раёсату шўъбаҳои корхонаву муассисаҳои системаи Кумитаи давлатӣ ва дигар шахсони масъул мулоқоти навбатии намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Мулоқотро муовини якуми Раиси Кумитаи давлатӣ Каримзода Азизмаҳмад Душанбе оғоз намуда, таъкид дошт, ки ҳадафи баргузории мулоқоти имрўз пешгирии содиршавии ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта мебошад.

Сипас намояндаи намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон майори адлия Акбарзода Нурмуҳаммад Холмурод вобаста ба пешгирӣ ва бартараф намудани қонуншиканиҳо, назорати қатъии кормандон ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва содиршавии эҳтимолии ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта суханронӣ намуд.

Дар ҷараёни мулоқот таъкид гардид, ки ҳарчанд аз ҷониби Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ доир ба ин масъала корҳои муайяне ба сомон расонида шуда бошанд ҳам, то ҳол дар ин самт камбудиҳо мавҷуданд, ки ҷиҳати бартараф намудани онҳо тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд.

Сардорони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ, раисони кумитаҳои идораи замин дар маҳал, инчунин роҳбарони корхонаву муассисаҳои системаи Кумитаи давлатӣ барои назорати қатъии кормандон зимни иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ ва фаъолияти хизматӣ вазифадор гардиданд.

Дар охири ҷаласа қайд гардид, ки минбаъд низ барои пешгирии содиршавии ҷиноятҳои омилҳои коррупсионидошта дар байни кормандон корҳои тарғиботӣ боз ҳам бештар ба роҳ монда шуда, фаъолияти онҳо таҳти назорати доимӣ қарор дода мешаванд.

korrepsiya 2 2022