БАРГУЗОРИИ МУСОБИҚАИ ВАРЗИШӢ ОИД БА ШОҲМОТ

http://www.zoofirma.ru/


Бо дастгирии пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи варзиш дар кишвар сол аз сол рушд намуда, барои машқу тамрини ҷавонон ва омодагии варзишгарон шароити зарурӣ фароҳам оварда шуда, иншоотҳои зиёд мавриди истифода қарор дода мешаванд ва ҳамасола гузаронида шудани мусобиқаҳои варзишии мухталиф аз ҷумла дар байни кормандони муассисаҳои давлатӣ ба ҳукми анъана даромадааст.


Ин аст, ки дар бинои маъмурии Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи варзишии шоҳмот байни кормандони дастгоҳи марказӣ ва корхонаву муассисаҳои системаи Кумитаи давлатӣ баргузор гардид.


Дар чорабинии мазкур Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ ва муовини сардори Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сӯфизода Давлат иштирок ва суханронӣ намуданд.


Таъкид гардид, ки воқеан варзиш воситаи муҳими беҳдошти саломатӣ ва ташаккули ҷисмониву маънавии инсон буда, мунтазам машғул гардидан бо он махсусан дар замони ҳозира бисёр муфид аст.


Дар ин радиф кормандони Кумитаи давлатӣ ва корхонаву муассисаҳои он низ пайваст бо варзиш машғул буда, барои машқу тамрини онҳо дар бинои Кумитаи давлатӣ толори варзишии замонавӣ фаъолият дорад.


Баргузории ин мусобиқаи варзишӣ дар арафаи таҷлили Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйдоди фараҳбахши варзишӣ арзёбӣ гардида, роҳбарияти Кумитаи давлатӣ бо истифода аз фурсати муносиб ҳамаи иштирокчиёнро бо оғози мусобиқаи варзишии бозии шоҳмот ва Рӯзи Артиши миллии кишвари соҳибистиқлоламон муборакбод намуданд.


Баъди анҷоми бозии шоҳмот ба ғолибон барои иштирок ба марҳилаҳои минбаъда роҳхат дода мешавад.


Shohmot1