МАШВАРАТИ КОРӢ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД

http://www.zoofirma.ru/

Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ бо иштироки раисони кумитаҳои идораи замин ва директорони корхонаҳои фаръии давлатии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд машварати корӣ доир намуд.

Дар машварат нахуст масъалаи кадрҳо баррасӣ шуда, раиси кумитаи идораи замини вилояти Суғд Умарзода Ҷамшед Аюб бинобар сабаби ба кори дигар гузаштан тариқи гузариш аз вазифа озод гардида, дар мувофиқа бо Раиси вилояти Суғд Қобилзода Мухбира Аҳмат, ки то ин вақт дар вазифаи раиси кумитаи идораи замини шаҳри Хуҷанд фаъолият дошт, раиси кумитаи идораи замини вилояти Суғд таъин гардид.

Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ ба Умарзода Ҷамшед Аюб, ки давоми зиёда аз 5 сол дар вазифаи раиси кумитаи идораи замини вилояти Суғд фаъолияти пурсамар дошт миннатдорӣ баён намуда, ба Қобилзода Мухбира Аҳмат барору комёбӣ таманно намуд.

Сипас, Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ вобаста ба иҷрои ҳатмии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ва дар ҷараёни баргузории машварати корӣ даҳаи аввали моҳи апрели соли ҷорӣ баён шуда буданд, пешгирии тақсимоти ғайриқонунии заминҳои наздиҳавлигӣ ва ҷинояткорӣ байни кормандон, саривақт тибқи дурнамои тасдиқшуда назорати гузаронидани кишти картошка ва пунбадона, назорати истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои ёрирасони шахсии шаҳрвандон (президентӣ), азхудкунии заминҳои нав, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои боир ва холимонда, бунёди боғу токзори интенсивӣ, гармхонаҳо ва ҳавзҳои моҳипарварӣ раисони кумитаҳои идораи замини шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғдро вазифагузорӣ намуд.

Баъди анҷоми машварати корӣ Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ, ҳамчунин аз ҷараёни бунёди бинои нави маъмурии кумитаи идораи замин ва корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар шаҳри Хуҷанд шинос гардида, ҷиҳати бо сифати баланд ва дар муҳлати муқарарршуда анҷом додани корҳои сохтмонӣ ба масъулин дастурҳо дод.

Қайд намудан ба маврид аст, ки ин бинои маъмурӣ аз ҳисоби маблағҳои Кумитаи давлатии идораи замин ва Корхонаи воҳиди давлатии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» бунёд гардида, дар назар дошта шудааст, ки то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шавад.

изображение viber 2021-04-17 18-11-44