ҶАМЪОМАДИ ИДОНА БА МУНОСИБАТИ ТАҶЛИЛИ РӮЗИ МОДАР

http://www.zoofirma.ru/

Дар толори калони Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Раиси Кумитаи давлатӣ Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ ба муносибати Рӯзи модар ҷамъомади тантанавӣ барзгузор гардид, ки дар он ҳамаи занону духтарони дастгоҳи марказии Кумитаи давлатӣ ва корхонаҳои зертобеъ иштирок намуданд.

Нахуст Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ кулли занону модаронро ба муносибати фаро расидани ҷашни зебои фасли баҳор – Рӯзи Модар самимона табрику муборакбод ва ба онҳо саломативу хушбахтӣ, саодати рӯзгор, хонадони ободу осуда ва тамоми хушиҳои зиндагиро орзу намуд.

Қайд гардид, ки ба оғози фасли баҳор рост омадани таҷлили ҷашни Рӯзи Модар басо рамзӣ буда, нафосат ва сарзабзиву таровати онро дучанд меафзояд.

Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ изҳор дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба саҳми занон дар рушди кишвар баҳои баланд дода, таъкид доштанд, ки «Ҳукумати мамлакат ташаббусҳои занону бонувони кишварро минбаъд низ дастгирӣ карда, ба хотири ҷалби бештари онҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда тадбирҳои иловагиро амалӣ мегардонад».

Воқеан, ҷасорату мардонагии зан буд, ки ин санаи муборак – 8-уми март дар саҳифаи таърихи башарият сабт гардида, имрӯз дар тамоми ҷаҳон бо тантана ҷашн гирифта мешавад.

Зикр шуд, ки боиси хушнудист, ки занон дар баробари тарбияи фарзанд ва ҳамдаму ҳамрози мо будан, дар пешрафти кори Кумитаи давлатӣ ва корхонаҳои зертобеъ низ саҳми муносиб гузошта истодаанд. Мо фахр мекунем, ки имрӯз дар Кумитаи давлатӣ ва корхонаҳои зертобеъ баробари мардон, занони зиёд ҳамчун ба сифати мутахассисони соҳибмаърифат фаъолияти назаррас доранд.

Сипас, ҳунармандони шинохтаи кишвар – Парвина Ақназарова, Қобилҷон Зарифов, Саидаи Сироҷиддин, Зиёвуддини Нурзод ва гуруҳи ҳаҷвнигорони «Ғарибшо» бо сурудҳои дилшин ва латифаву зарофатгӯиҳо табъи занону духтаронро болида намуданд.

156661377 512931886769850 1178817090014170624 o