БАРГУЗОРИИ МУСОБИҚАИ ҶУМҲУРИЯВӢ ОИД БА ШОҲМОТ БАРОИ ДАРЁФТИ «ҶОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ»

http://www.zoofirma.ru/

shohmot

Дар бинои Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи оммавӣ-варзишӣ оид ба шоҳмот байни кормандони Кумитаи давлатӣ барои дарёфти «Ҷоми Пешвои миллат» баргузор шуд, ки дар ифтитоҳи он Раиси Кумитаи давлатӣ Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ ва намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Раиси Кумитаи давлатӣ таъкид дошт, ки бо дастгирии пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи варзиш дар кишвар сол аз сол рушд намуда, барои машқу тамрини ҷавонон ва омодагии варзишгарон шароити зарурӣ фароҳам оварда шуда, иншоотҳои зиёди варзишӣ мавриди истифода қарор дода мешаванд.

Зикр гардид, ки аз соли 2019 гузаронида шудани мусобиқаи варзишии бозии шоҳмот барои дарёфти «Ҷоми Пешвои миллат» низ яке чорабиниҳои муҳими варзишӣ аст, ки барои ҷалби бештари қишрҳои гуногуни кишвар ба варзиш мусоидат мекунад.

Боиси хушнидист, ки кормандони Кумитаи давлатӣ соли гузашта низ дар ин чорабинии варзишӣ фаъолона иштирок намуда буданд ва соли ҷорӣ сафи иштирокчиёни бозии шоҳмот боз ҳам зиёдтар шудааст.

Воқеан варзиш воситаи муҳими беҳдошти саломатӣ ва ташаккули ҷисмониву маънавии инсон буда, мунтазам машѓул гардидан бо он махсусан дар замони ҳозира бисёр муфид аст.

Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ ҳамчунин таъкид намуд, ки ҳамасола санаи 10 август дар кишвар ҳамчун рӯзи варзишгарон таҷлил карда мешавад ва остонаи таҷлили ин сана ташкил гардидани мусобиқаи шоҳмот барои дарёфти «Ҷоми Пешвои миллат» хеле фоли нек буда, кормандони Кумитаи давлатӣ бо заковати баланд барои ба даст овардани Ҷоми Пешвои миллат кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Дар охири сухан Раиси Кумитаи давлатӣ Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ ҳамаи иштирокиёнро бо оѓози мусобиқаи варзишии бозии шоҳмот ва фароррасии Рӯзи варзишгарон муборакбод намуда, ба ҳамаи онҳо барору комёбӣ орзу намуд.

Ҳамчунин дар чорабинӣ сардори раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бозоров Носир ва сармутахассиси ҳамин раёсат Маҳмудӣ Муҳаё иштирок ва сухаронӣ намуданд

Сипас кормандони Кумитаи давлатӣ аз рӯйи қуръапартоӣ ба гуруҳҳо ҷудо шуда, дар бозии шоҳмот байни ҳам рақобат намуданд.