Таҷлили ҷашни Рӯзи Модар дар Кумитаи давлатӣ

http://www.zoofirma.ru/

IMG 2840Дар толори калони Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба таҷлили ҷашни Рӯзи Модар ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он Раиси Кумитаи давлатӣ Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ иштирок ва суханронӣ намуда, занону Кумитаи давлатиро бо ин ҷашн табрику муборакбод намуд.

Раиси Кумитаи давлатӣ зимни суханронии худ аз номи роҳбарияти Кумитати давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи модарон ва занону духтарони иззатмандро бо ҷашни Рӯзи Модар самимона табрику муборакбод намуда, ба онҳо саломативу хушбахтӣ, саодати рӯзгор, хонадони ободу осуда ва тамоми хушиҳои зиндагиро орзу намуд.

Таъкид гардид, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба пешрафти кори бонувон ҳамеша таваҷҷӯҳи махсус зоҳир менамоянд.

Маҳз бо Фармони Президенти кишвар аз 6 марти соли 2009 бо мақсади бузургдошти зан - модар, ки офарандаи ҳаёт, тарбиятгари наслҳо, ҳидоятгари наврасону ҷавонон ба роҳи нек ва пойдории оила ба шумор меравад, 8 март ҳамчун Рӯзи модар эълон шуд.

Воқеан занону модарон қувваи бузурги ҷомеа ҳастанд. Беҳуда нест, ки донишмандон гуфтаанд: «Модар бо як даст гаҳвора ва бо дасти дигар дунёро такон медиҳад».

Маҳз хирад ва ҷасорату мардонагии зан буд, ки ин санаи муборак – 8-уми март дар саҳифаи таърихи башарият сабт гардида, имрӯз дар тамоми ҷаҳон бо тантана ҷашн гирифта мешавад.

Ҳамчунин Раиси Кумитаи давлатӣ зимни суханронӣ зикр намуд, ки занону духтарони Кумитаи давлатӣ ва корхонаҳои зертобеъ баробари мардон фаъолияти назарраси меҳнатӣ дошта, дар пешрафти кор ҳамеша саҳми муносиб гузошта истодаанд.

Баъдан ба зиёда аз 100 нафар собиқадорони меҳнат ва занону духтарони Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва корхонаҳои зертобеъ туҳфаҳои идона тақдим карда шуд.

IMG 2864

IMG 2944

IMG 2822

IMG 3026