Мулоқоти намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия бо кормандони Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

http://www.zoofirma.ru/

IMG 2355Дар толори калони Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки доираи васеъи сардорони сарраёсат, раёсат, шӯъба, бахш ва кормандони дастгоҳи марказӣ, инчунин раисон ва муовинони раисони кумитаҳои идораи замин ва корхонаҳои давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, инчунин директорон ва кормандони корхонаву муассисаҳои тобеи Кумитаи давлатӣ вохӯрии нақшавии намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Мулоқотро муовини Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Садриддин Хол ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо рӯзномаи ҷамъомад шинос намуданд.

Баъдан сардори раёсати мубориза бо ҷиноятҳои моликият, фаъолияти иқтисодӣ ва сармоягузории Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Акобирзода Дилшод оид ба муҳтавои Пайёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 декабри соли 2019, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2013, №1504 «Дар бораи Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» суханронӣ намуд.

Сипас нозири калони Сарраёсати муқовимат бо коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримҷон Маҷидӣ вобаста ба оқибатҳои манфӣ коррупсия ва роҳҳои пешгирии он баромад намуд.

Дар ҷараёни баррасии масъала муовини Раиси Кумитаи давлатӣ Давлатзода С.Х. ва намояндаи Агентӣ Акобирзода Дилшод ҳамчунин доир ба бартараф намудани қонунвайронкуниҳои ҷойдошта таъкид доштанд, ки барои пешгирӣ камбудию қонуншиканиҳо дар фаъолияти кории худ ҳамеша аҳамияти ҷиддӣ диҳанд.

IMG 2356

IMG 2349

IMG 2357