Мулоқот бо сокинони Ҷамоати деҳоти Fозиёни ноҳияи Бобоҷон Fафуров

http://www.zoofirma.ru/

20022020Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Роҳбари гуруҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба амалӣ намудани нақшаи чорабиниҳо вобаста ба таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Б.Fафуров Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ ҷиҳати боз ҳам вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва сазовори истиқбол гирифтани ҷашни умумимиллии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сокинони Ҷамоати деҳоти Fозиёни ноҳияи Б.Fафурови вилояти Суғд мулоқот намуд.

Дар оғоз зикр шуд, ки мулоқоти имрӯза дар партави иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии кишвар санаи 26 декабри соли 2019 ва зимни суханрониашон дар маҷлиси васеъи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 20 январи соли ҷорӣ оид ба вусъати корҳои бунёдкориву созандагӣ дар доираи омодагиҳо ба ҷашни умумимиллии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён шуда буданд, баргузор мешавад.

Қайд гардид, ки Пешвои муаззами миллат дар Паёмашон таъкид намуданд, ки вобаста ба нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ дар шаҳру ноҳияҳо рушди соҳаи сохтмон бараъло ба назар мерасад.

Қайд гардид, ки барои амалӣ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат бояд боз ҳам бештар меҳнат намуда, корҳои ободониву бунёдкориро вусъат диҳем ва барои расидан ба ҳадафи чоруми стратегии кишвар – саноаткунонии босуръати кишвар тамоми тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намоем.

Ҳамчунин Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ таъкид дошт, ки таҳлили рафти корҳои иҷрошуда вобаста ба нақшаи чорабиниҳои қабулшуда нишон медиҳад, ки фаъолияти ҳамаи масъулин, аз ҷумла сокинон, фаъолон, раисони кумитаҳои маҳаллаҳо ва

роҳбарияти Ҷамоати деҳоти Fозиён дар самти корҳои ободониву бунёдкорӣ назаррас мебошад ва бо истифода аз фурсати муносиб ӯ ба сокинони Ҷамоат миннатдорӣ баён намуд.

Бо вуҷуди ин, зикр шуд, ки аз дастовардҳои мавҷуда қаноатманд нашуда, барои ободонии хона, маҳалла, деҳа, ҷамоат ва ноҳияи худ бояд ҳарчӣ бештар меҳнат намоем.

Зеро, чунонки Пешвои муаззами миллат, дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии кишвар таъкид дошта буданд, то ҷашни муқаддасу бузурги миллиамон 30 - солагии истиқлолияти давлатӣ мо боз корҳои зиёди бунёдгаронаро амалӣ мекунем, тамоми захираву имкониятҳоро барои бунёди корхонаҳои хурду бузург сафарбар менамоем, барои ҳамватанонамон ҷойҳои нави корӣ муҳайё месозем ва сатҳи некӯаҳволии халқамонро боз ҳам беҳтар мегардонем.

Роҳбари гуруҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ таъкид намуд, ки тибқи супориши Пешвои миллат, ки зимни баргузории маҷлиси васеъи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 20 январи соли ҷорӣ баён доштанд, ҳамаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор гардиданд, ки бо таъсис додани комиссияҳои дахлдор вазъи ободонии манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон ва иншооти тиҷоратиро аз назар гузаронида, барои то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, амалӣ кардани тадбирҳои ободонии манзили зист, ҳудуди маҳаллаҳо, васею зебогардонии роҳу кучаҳо чораҷӯӣ намоянд.

Зикр гардид, ки вобаста ба иҷрои супориши мазкур албатта аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Fафуров корҳои муайян ба сомон расонида шуда, корбарӣ дар ин самт идома дорад.

Аммо барои иҷрои ин супориш бояд раисони Ҷамоатҳо, маҳаллаҳо ва фаъолони кӯчаҳо ташаббускориро ба даст гиранд.

Зеро ободу зебо намудани ҷойи зист ва тозаву обод намудани ҳар як гушаву канори диёри азизамон фарз ва қарзи шаҳрвандии ҳар яки мост.

Изҳори умед карда шуд, ки соли 2020 барои мардуми сарбаланди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, махсусан ба сокинони Ҷамоати деҳоти Fозиён соли бобарор ва марҳилаи навбатии вусъати амалҳои созандаву ободкориҳо гардида, сокинони ноҳия барои иҷрои вазифаҳои гузошташуда ва татбиқи сиёсати хирадмандони Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Ёдовар мешавем, ки ин вобаста ба таҷлили ҷашни бузурги 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Fафуров нақшаи чорабинӣ иборат аз 1282 банд таҳия гардида, то имрӯз 785 банди он амалӣ гардиданд, ки аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 159,3 миллион сомонӣ маблағҳо равона гардида, дар натиҷа зиёда аз 4646 ҷойи кории доимӣ ва мавсимӣ ташкил карда шуданд.

Тибқи таҳлилҳо соли 2019-ум 432 банди нақшаи чорабиниҳо амалӣ гардидааст, ки 122,3 фоизро ташкил медиҳанд.

200220201