Мулоқоти Раиси Кумитаи давлатӣ бо кормандони дастгоҳи марказӣ ва корхонаҳои зертобеъ

http://www.zoofirma.ru/


IMG 2148Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ дар толори маҷлисгоҳи калони бинои Кумитаи давлатӣ бо кормандони дастгоҳи марказӣ, роҳарият ва кормандони корхонаҳои зертобеъ, аз ҷумла КВД «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул», институти давлатии лоиҳакашии «Тоҷикзаминсоз», институти лоиҳакашии «Фазо», КВД «Фабрикаи харитасозӣ», КВД «Аэрогеодезияи Душанбе» ва Маркази илмию тадқиқотӣ оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мулоқот намуд.

Дар оғози мулоқот таъкид гардид, ки тибқи қарори Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 январи соли 2020, таҳти №3 «Дар бораи тасдиқи нақшаи машғулиятҳои идоравӣ барои хизматчиёни давлатии Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020» имрӯз вохӯрӣ вобаста ба шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 26 декабри соли 2019 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид буд, баргузор шуда истодааст.

Сипас, Раиси Кумитаи давлатӣ нуктаҳои асосии Паёми муаззами Пешвои миллатро ба ҳозирин шарҳ дода, таъкид дошт, ки тамоми пешрафту ободии ватани азизамон дар як муддати кӯтоҳ ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ба даст омада, дар тамои соҳаҳо ғамхориву дастгириҳои ин шахси бузургу нотакрор баръало дарк карда мешавад.   

Зикр гардид, ки дар навбати худ ба ғамхориву дилсузӣ ва боварии Пешвои муаззами миллат вазифадорем, ки боз ҳам бештар заҳмат кашида, ба иҷрои ҳадафҳои стратегии миллиамон – таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши нерӯи барқ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардан ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолии мамлакат ба ғизои хушсифат ва саноатикунонии босуръати кишвар ноил гардем, диёрамонро то гӯшаҳои дурдасттарини он боз ҳам ободу зебо гардонем ва барои боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагӣ мусоидат намоем.

Дар ин замина дастур дода шуд, ки ҳамаи корхонаҳои зертобеъ вобаста ба амалигардонии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақша-чорабиниҳоро таҳия намуда, иҷрои пурраи онро таъмин намоянд.

Бо истифода аз фурсат Раиси Кумитаи давлатӣ ҳамчунин барои пешгирии ҳолатҳои қонунвайронкунӣ, риояи ҳатмии интизоми меҳнатӣ, иҷрои қарорҳои ҳайати мушовараи Кумитаи давлатӣ ва роҳбарият, содиқона иҷро намудани ӯҳдадориҳои мансабӣ, инчунин тозаву озод нигоҳ доштани биноҳои маъмурӣ ва утоқҳои корӣ дастуру супоришҳо дод.

IMG 2124