Ифтитоҳи бинои Кумитаи идораи замин ва КДФ «Бақайдгирии Молу мулки ғайриманқул» дар шаҳри Ваҳдат

http://www.zoofirma.ru/

IMG 6979

Дар доираи тадбирҳои бунёдкорӣ, ки ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯзҳо дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои мамлакат идома дорад дар шаҳри Ваҳдат бинои нави Кумитаи идораи замин ва геодезӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани иншооти мазкур Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ва раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашӯриён Ориф иштирок намуданд.

Мавриди зикри хос аст, ки иншооти мазкур дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳадати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмолмалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Таваҷҷуҳи пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон боис гардид, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ корҳои ободониву бунёдкорӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат вусъати ёфта, барои фаъолияти бонизом ва самарабахши ташкилоту идораҳо имкони мусоид фароҳам оварда шуд.

Бинои нав, ки дар он шароити мусоиди корӣ ва таҷҳизоти навтарин мавҷуд аст аз ҳисоби маблағҳои Корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» бунёд карда шудааст.

Тадбири мазкур имкон фароҳам сохт, ки хизматрасонӣ ба аҳолӣ дар бахши заминсозӣ беҳтар гардад.

Замин моликияти истисноии давлат маҳсуб ёфта, дар самти самаранок истифода шудан ва ба гардиши кишоварзӣ баргардонидани заминҳои партов яке аз ҳадафҳои аслии Кумитаи идораи замин дар шаҳри Ваҳдат маҳсуб меёбад.

Ин аст, ки барои ба гардиши кишоварзӣ баргардондани заминҳои партов, чарогоҳҳо ва талу теппаҳо дар асоси барномаи махсус раванди обёрӣ ва ба замини киштбоб табдил додани майдонҳое, ки солҳо боз имкони кишт кардан дар онҳо вуҷуд надошт, идома дорад.

IMG 6929