No images found.

31078406265 aa1d97a906 o

    Замин боигарии асосии мамлакати мост. Ояндаи ҷумҳурӣ, ояндаи халқи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки муносибат ба замин дар кишвари мо чӣ гуна ба роҳ монда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон

Ҳ И С О Б О Т

дар бораи фаъолияти Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти он дар маҳалҳо дар нимсолаи аввали соли 2019

        

Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардидаанд, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти суръатбахшии истеҳсолот, тараққиёти ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ, пешбурди кулли паҳлӯҳои ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангию маънавӣ, равнақи созандагию бунёдкорӣ ва ободонӣ дар нимсолаи аввали соли 2019 ба роҳ монда, як қатор корҳоро ба сомон расонид.

Дар ин давра корҳои заминсозию кадастри замин, назорати давлатии замин, топографию геодезӣ, харитасозӣ, делимитатсия ва демаркатсияи сарҳад, бақайдгирии молу мулки ғайриманқул дар миқёси ҷумҳурӣ идома ёфт.

Кумитаи давлатӣ баҳри иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2018, №593 «Дар бораи Нақшаи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2019» ҳисобот дар бораи заминҳои мавҷудбуда, тақсимоти онҳо аз рӯи гурӯҳҳо, намудҳо ва заминистифодабарандагони ҷумҳурӣ ба ҳолати 1 январи соли 2019 омода намуд, ки он бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2019, № 87 тасдиқ гардид.

Тибқи ҳисоботи солонаи замин дар истифодаи заминистифода-барандагони ҷумҳурӣ майдони умумии 14 232 616 гектар замин қарор дорад, аз ҷумла заминҳои берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ 95 869 гектар, аз он 6651 гектар дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва 89 218 гектар дар Ҷумҳурии Қирғизистон ҷойгир мебошанд. Давлатҳои ҳамсоя дар ҳудуди ҷумҳурӣ майдони умумии 1160 гектар, аз ҷумла 1094 гектарро Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва 66 гектарро Ҷумҳурии Қирғизистон истифода мебаранд.

Ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати 1 январи соли 2019 майдони умумии 14 137 907 гектарро ташкил медиҳад.    

Баҳри иҷрои банди 1 Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.02.2019, №2 дар асоси қарори Раиси Кумитаи давлатӣ аз 13.05.2019, №109 гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шуда, бо иштироки мақомоти маҳаллии Вазорати кишоварзӣ ва Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолати воқеъии заминҳои холимонда, партов ва заминҳои обие, ки ҳамчун лалмӣ истифода мешаванд, дар маҳал дида баромада шуд. Натиҷаи корҳои иҷрошуда чунин мебошад:

         Майдони заминҳои корам, ки дар соли 2018 аз гардиши кишоварзӣ берун монда буданд, дар ҷумҳурӣ 9615 гектар, аз он обӣ 8139 гектар, аз ҷумла дар ВМКБ 192 гектар корами обӣ, вилояти Хатлон 4653 гектар, аз он обӣ 3863 гектар, вилояти Суғд 3248 гектар, аз он обӣ 3119 гектар ва ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ 1522 гектар, аз он обӣ 965 гектарро ташкил дода буд.

Дар натиҷаи муоинаи ин заминҳо дар маҳал муайян карда шуд, ки аз майдони умумии дар соли 2018 аз гардиши кишоварзӣ берунмонда,   майдони 1634 гектар, аз он 1442 гектар обӣ ба гардиш ворид карда шуда, дар онҳо кишти зироатҳо гузаронида шудааст. Аз ҷумла: дар вилояти Хатлон 690 гектар, аз он обӣ 668 гектар (А.Ҷомӣ 142 гектар обӣ, Хуросон 198 гектар, аз он обӣ 176 гектар, Вахш 62 гектар обӣ, Дӯстӣ 39 гектар обӣ, Қубодиён 115 гектар обӣ, Панҷ 4 гектар обӣ, Восеъ 101 гектар обӣ ва Фархор 29 гектар обӣ); дар вилояти Суғд 756 гектар, аз он обӣ 750 гектар (ноҳияи Ашт 167 гектар обӣ, Айнӣ 1 гектар обӣ, Б.Ғафуров 53 гектар обӣ, Зафаробод 228 гектар, аз он обӣ 222 гектар, Истаравшан 188 гектар обӣ, Конибодом 37 гектар обӣ, Панҷакент 2 гектар обӣ, Спитамен 64 гектар обӣ ва Ҷ.Расулов 16 гектар обӣ); дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 188 гектар, аз он обӣ 24 гектар (Ҳисор 171 гектар, аз он обӣ 7 гектар, Ваҳдат 3 гектар обӣ, Файзобод 4 гектар обӣ, Лахш 10 гектар обӣ) ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шуда, дар   онҳо кишти зироатҳо гузаронида шудааст. Дар шаҳру ноҳияҳои Айнӣ, Ҷ. Расулови вилояти Суғд ва Ҳисор, Ваҳдат, Файзобод, Лахши ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ заминҳои дар соли 2018 аз гардиши кишоварзӣ берунмонда, пурра ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шудаанд.

Дар маҷмӯъ, соли равон дар майдони 8100 гектар, аз он обӣ 6600 гектар, аз ҷумла 6466 гектар, аз он обӣ 5158 гектар дар заминҳои партов ва 1634 гектар, аз он обӣ 1442 гектар заминҳои дар соли 2018 аз гардиши кишоварзӣ берунмонда, зироатҳои кишоварзӣ кишт карда шудааст.

Қайд кардан зарур аст, ки дар рафти корҳои саҳроӣ чунин ҳолатҳо муайян карда шуд:

- аз тарафи заминистифодабарандагон майдони 7 гектар дар ноҳияи Файзобод ва 75 гектар дар ноҳияи Лахш заминҳои партови обӣ ба гардиш ворид карда шуда, бинобар сабаби ғайриимкон будани таъминот бо оби полезӣ, ҳамчун лалмӣ истифода мешаванд. Инчунин, дар Ҷамоати деҳоти Муксуи ноҳияи Лахш, аз сабаби набудани оби полезӣ дар майдони 119 гектар заминҳои партови обӣ зироати эспарсет кишт шуда, ин заминҳо ҳамчун алафдарав истифода карда мешаванд. Дигар намуди зироат дар ин заминҳо ҳосил намедиҳад;

-дар ноҳияи Деваштич майдони 609 гектар заминҳои патови лалмӣ бинобар дар баландиҳои зиёд ҷойгир буданашон ва ғайриимкон будани истифодаи техника ҳамчун чарогоҳ истифода мешаванд;

-дар ноҳияҳои Фархор майдони 1159 гектар ва Панҷ майдони 197 гектар, ҷамъ 1356 гектар заминҳои партови обӣ дар минтақаи назоратии сарҳад ҷойгир буда, кишту кор дар онҳо мамнӯъ эълон шудааст;

-дар ноҳияи Рашт майдони 61 гектар, аз ҷумла 15 гектар заминҳои корами обӣ дар натиҷаи фаромадани сел шуста, нобуд карда шуда, майдони 46 гектар замини корами обӣ, ки тариқи кашонидани хок аз дигар мавзеъ аз худ карда шуда, ба истифода дода шуда буданд, дар натиҷаи шуста шудан ва ба қабати замин фаромадани хок, ба сангзор мубаддал гашта, истифодаашон ғайриимкон гаштааст. Ин заминҳо ҳамасола истифода намешаванд;

-дар ноҳияи Нуробод майдони умумии 292 гектар, аз он обӣ 82 гектар заминҳои корам ҳамчун роҳҳои чорвогузар ва дамгирии чорво дар тавозуни Муассисаи давлатии «Трести мелиоративии чарогоҳҳо» қарор дошта, дар онҳо кишт гузаронидан мумкин нест ва ин заминҳо ҳамасола кишт намешаванд;

-дар шаҳри Роғун аз тарафи НБО «Роғун» барои зарурати сохтмони неругоҳ дар майдони беш аз 50 гектар бе ҳуҷҷатҳои расмӣ карер ташкил карда шудааст, ки майдони 4,0 гектар корами обӣ дар дохили он ҷойгир буда, аз ин тарҳ осоре боқӣ намондааст. Ба ҳамин монанд, дар шаҳри Панҷакент дар майдони 36 гектар замини партов аз тарафи ҶСП КМ «Зарафшон» биноҳои истеҳсолӣ бунёд шуда, то ҳол аз ҳисоб бароварда нашудааст;

         -дар ноҳияи Рӯдакӣ дар майдони умумии 702 гектар, аз ҷумла 639 гектар замини корами обӣ ва 63 гектар замини корами лалмӣ, дар ноҳияи Фархор дар майдони 32 гектар замини корами обӣ хонаҳои истиқоматӣ бунёд шудааст, дар шаҳру ноҳияҳои Хоруғ 7 гектар, Шуғнон 41 гектар ва Рӯшон 27 гектар, ҷамъ дар майдони 75 гектар корами обӣ ҳар гуна иншоотҳои иҷтимоӣ бунёд карда шудаанд. Ҷамъ, дар майдони 809 гектар заминҳои корам ғайриқонунӣ сохтмонҳо бунёд шудааст.

Тибқи ҳисоботи солонаи замин ба ҳолати 01.01.2019 дар ҷумҳурӣ майдони заминҳои партов 27278 гектар, аз он обӣ 22740 гектар, аз ҷумла дар ВМКБ майдони 144 гектар, аз он обӣ 107 гектар, вилояти Хатлон 20292 гектар, аз он обӣ 18485 гектар, вилояти Суғд 6089 гектар, аз он обӣ 3682 гектар ва ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ 753 гектар, аз он обӣ 466 гектар ба қайд гирифта шудааст.

Дар натиҷаи муоинаи ин заминҳо дар маҳал муайян карда шуд, ки соли равон дар майдони 6466 гектар, аз он обӣ 5158 гектар, аз ҷумла дар ВМКБ 21 гектар, аз он обӣ 11 гектар, вилояти Хатлон 4744 гектар, аз он обӣ 4477 гектар, вилояти Суғд 1624 гектар, аз он обӣ 632 гектар ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 77 гектар, аз он обӣ 38 гектар кишти зироатҳо гузаронида шудааст. Аз ҷумла:

-дар ВМКБ дар ноҳияи Ванҷ дар майдони 10 гектар партови лалмӣ, Рӯшон 3 гектар партови обӣ, Роштқалъа 6 гектар партови обӣ ва Шуғнон 2 гектар партови обӣ;

-дар вилояти Хатлон дар ноҳияи Восеъ 40 гектар партови обӣ, Данғара 101 гектар, аз он обӣ 18 гектар, Муъминобод 1 гектар обӣ, Темурмалик 7 гектар, аз он обӣ 1 гектар, Ҳамадонӣ 56 гектар, аз он обӣ 34 гектар, Ш.Шоҳин 23 гектар лалмӣ, Кушониён 53 гектар обӣ, Вахш 302 гектар обӣ, Дӯстӣ 397 гектар обӣ, Ёвон 13 гектар, аз он обӣ 11 гектар, Қубодиён 25 гектар обӣ, Н. Хусрав 432 гектар обӣ, Ҷ.Балхӣ 114 гектар, аз он обӣ 109 гектар, Ҷайҳун 2232 гектар, аз он обӣ 2106 гектар, Шаҳритуз 941 гектар обӣ, Бохтар 1 гектар обӣ ва Леваканд 6 гектар обӣ;

-дар вилояти Суғд дар ноҳияи Ашт 340 гектар обӣ, Б.Ғафуров 238 гектар, аз он обӣ 173 гектар, Зафаробод 39 гектар, аз он обӣ 38 гектар, Мастчоҳ 880 гектар, аз он обӣ 81 гектар ва Спитамен 127 гектар лалмӣ;

-дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар шаҳру ноҳияҳои Лахш 20 гектар обӣ, Ваҳдат 11 гектар обӣ, Турсунзода 21 гектар лалмӣ, Файзобод 25 гектар, аз он обӣ 7 гектар.

Дар сурати расман қабул намудани қарорҳои дахлдори раисони шаҳру ноҳияҳо дар бораи ба намуди замини корам гузаронидани заминҳои партови ба кишт фаро гирифташуда, майдони заминҳои партовро то ба 20898 гектар, аз ҷумла обӣ 17736 гектар кам намудан имконпазир мебошад.

     Умуман, дар ҷумҳурӣ агар соли 2015 майдони заминҳои партов             31027 га, аз он 26262 га обиро ташкил медод, пас ба ҳолати 1 январи соли 2019 он майдони умумии 27278 га аз он 22740 га обиро ташкил медиҳад, яъне дар муддати 5 сол майдони 3749 га заминҳои партов, аз он 3522 га обӣ кам шуда, ба гардиши кишоварзӣ ворид гардидааст. Фақат дар соли 2018 бо ташаббуси роҳбарияти Кумитаи давлатӣ дар натиҷаи гузаронидани корҳои ташвиқотию тарғиботии мақомоти маҳалии заминсозӣ ва даъвати соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар ҷумҳурӣ майдони умумии 1449 га заминҳои партов ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шуд, ки 40%-и майдони дар панҷсолаи охир азхудшудаи заминҳои партовро ташкил медиҳад.  

Дар рафти санҷишҳо, инчунин ҳолати воқеии истифодабарии заминҳои корами обӣ таҳти омӯзиш қарор дода шуд.

Дар ҷумҳурӣ майдони заминҳои корами обӣ 466787 гектар, аз онҳо обёрии техникӣ 196199 гектарро ташкил медиҳад.

Натиҷаи санҷишҳо нишон дод, ки айни замон майдони 24097 гектар заминҳои корами обӣ бинобар сабабҳои аз кор баромадани шабакаҳои обкашӣ (пойгоҳҳои барқию дизелӣ ва чоҳҳои амудӣ) ва обрасонӣ (каналҳои сунъӣ бунёд шуда, қубуру гидрант ва новаҳо) – 19994 гектар ё 83%, маҳрум шудан аз сарчашмаи обгирӣ (дар натиҷаи канда шудани сарбанди наҳрҳо, фурӯравӣ ё фаромадани ярч) – 2809 гектар ё 12 % ва нарасидани оби полезӣ (кам шудани дебети об ва хушкшавии чашмаҳо) – 1294 гектар ё 5% бо оби полезӣ таъмин набуда, ҳамчун лалмӣ дар истифода қарор доранд. Аз ҷумла, дар вилояти Сугд 5105 гектар (21%), дар вилояти Хатлон 8967 гектар (36%) ва дар ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ майдони 10025 гектар (42%) заминҳо аз оби полезӣ танқисӣ кашида, ҳамчун лалмӣ дар истифода қарор доранд.

Майдони заминҳои корами обие, ки аз нарасидани оби полезӣ ҳамчун лалмӣ истифода мешаванд, дар қиёс ба майдони умумии заминҳои корами обӣ, ҳамагӣ 5 фоизро ташкил медиҳанд. Вале дар баъзе шаҳру ноҳияҳо ин нишондод хеле чашмрас буда, ба нақшабандии кишти зироатҳо (махсусан картошка) ва вазъи молиявии заминистифода-барандагон, дар мавриди ҳисобӣ намудани андоз аз замин таъсири манфӣ мерсонад. Чунончӣ, майдони заминҳои корами обие, ки аз нарасидани оби полезӣ ҳамчун лалмӣ истифода мешаванд, дар ноҳияҳои Ховалинг 78 %, Муъминобод 40 %, Темурмалик 36 %, Варзоб 95 %, Роғун 83%, Файзобод 57 %, Нуробод 48 %, Рашт 36 %, Сангвор 23%, Рӯдакӣ 19%, Ваҳдат 17 % ва Шаҳринав 15 % - и майдони умумии заминҳои корами обиро ташкил медиҳанд.

Барои мисол,

-омӯзиши ҳолати воқеъии майдони заминҳои корами обии ноҳияи Ховалинг, ки майдони 2314 гектарро ташкил медиҳанд, нишон дод, ки шабакаи бо оби полезӣ таъминкунандаи ин заминҳо аз 277 ҳазор метр қубурҳо ва новаҳои бетонии обгузар, 4 адад пойгоҳҳои обкашии барқӣ, 29 адад чоҳҳои амудӣ, ки сохтмонашон ба солҳои 80-уми асри гузашта рост меоянд, иборат мебошад.

Аз 4 пойгоҳҳои обкашии барқӣ, пойгоҳҳои Тутак ва Чуқурақ пурра корношоям буда, пойгоҳи Лишён аз 9 агрегат 1 агрегат ва пойгоҳи Дустқули аз 3 агрегат 1 агрегат коршоям мебошанд.

Аз 29 адад чоҳҳои амудӣ ҳамагӣ 6 адад ва аз 277 ҳазор метр қубуру новаҳои обгузар, ҳамагӣ 6 ҳазор метр дар ҳолати коршоям қарор доранд.

Вобаста ба ҳолати мавҷуда, аз 2232 гектар заминҳои корами обӣ,   майдони 424 гектар бо оби полезӣ таъмин буда, боқимонда майдони 1808 гектар заминҳои корами обӣ, бинобар сабаби кӯҳнаю фарсуда ва аз кор баромадани агрегатҳои пойгоҳҳои обкашӣ, дар асл солҳои тӯлонӣ ҳамчун замини корами лалмӣ истифода бурда мешаванд.

-дар ноҳияи Фархор заминҳои корами обӣ, ки ҳамчун лалмӣ истифода мешаванд, майдони 2671 гектарро ташкил дода, асосан дар минтақаи шабакаи пойгоҳҳои обкашии «Уртабоз» - 2374 гектар ва «Кокул» - 297 гектар ҷойгир мебошанд. Новаҳои оҳану бетонӣ, ки обёрии ин заминҳоро таъмин менамуданд, пурра несту нобуд карда шудаанд.

         Айнан чунин ҳолат дар шаҳру ноҳияҳои Панҷ 702 гектар, А.Ҷомӣ 326 гектар, Темурмалик 264 гектар, Хуросон 535 гектар, Муъминобод 797 гектар, Восеъ 1402 гектар, Данғара 401 гектар, Рудакӣ 2052 гектар, Ваҳдат 1746 гектар, Файзобод 1673 гектар, Рашт 1205 гектар, Нуробод 720 гектар, Турсунзода 703 гектар, Ҳисор 560 гектар, Шаҳринав 556 гектар ҷой доранд.

         Агар дар аксари мавридҳо барқарор намудани обёрии заминҳои корами обӣ, ки бинобар сабабҳои аз кор баромадани шабакаҳои обкашӣ (пойгоҳҳои барқию дизелӣ ва чоҳҳои амудӣ) ва обрасонӣ (каналҳои сунъӣ бунёдшуда, қубуру гидрант ва новаҳо), маҳрум шудан аз сарчашмаи обгирӣ (дар натиҷаи канда шудани сарбанди наҳрҳо, фурӯравӣ ё фаромадани ярч) тавассути маблағузориҳо имконпазир бошад, пас дар мавриди барқарор намудани заминҳои корами обие, ки бо сабабҳои нарасидани оби полезӣ (кам шудани дебети об ва хушкшавии чашмаҳо) аз оби полезӣ маҳрум гаштаанд, мушкил мебошад.

         Чунончӣ,

-дар шаҳри Роғун обҳои дарёчаи Гули Сурх, ки аз он 101 гектар ва дарёчаи Сафедорон, ки аз он 12 гектар заминҳо обёрӣ мешуданд, айни замон барои бо оби нӯшокӣ таъмин намудани аҳолии шаҳри Роғун ва шаҳраки Оби Гарм гирифта шудаанд;

-дар ноҳияи Нуробод майдони 50,34 гектар заминҳои корами обӣ, ки аз обҳои чашмаҳо обёрӣ мешуданд, бинобар афзоиши аҳолӣ ва зиёд шудани майдони заминҳои наздиҳавлигӣ дар қисмати болооб аз солҳои 1988 – 2004 ин ҷониб аз оби полезӣ маҳрум шудаанд. Аз ҷумла, дар ҷамоати деҳоти Комсомолобод 15,80 гектар, дар ҷамоати деҳоти И.Ҳалимов 10,67 гектар ва дар ҷамоати деҳоти Хумдон 23,87 гектар. Чунин ҳолат дар ноҳияи Файзобод (125 гектар) низ ҷой дорад.

-дар ноҳияи Ҷ.Расулови вилояти Суғд майдони 679 гектар заминҳои корами обӣ аз канали Хоҷабоқирғон, ки ба ноҳия аз Ҷумҳурии Қирғизистон ворид мешавад, обёрӣ мешаванд. Вале, бинобар дар мавсими обдиҳӣ пурра аз тарафи заминистифодабарандагони ҷумҳурии ҳамсоя истифода шудани оби канал, ин заминҳо беоб мемонанд. Кам гардидани дебети об дар ҷӯю сойҳое, ки аз оби чашмаҳо сарчашма мегиранд, дар ноҳияҳои Мӯъминобод (172 гектар), Деваштич (452 гектар) ва Шаҳристон (352 гектар) низ ҷой дорад.

         Кумитаи давлатӣ ҳолати воқеии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда, заминҳои партов ва заминҳои корами обӣ, ки бинобар таъмин набудан бо оби полезиро таҳлил намуда, аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш менамояд, ки барои аз ҳисоби вазорату идораҳои дахлдор таъсис додани гурӯҳи кории салоҳиятнок, ҷиҳати дар маҳал омӯхтани ҳолати имрӯза ва имкониятҳои воқеии истифодабарии минбаъдаи ин заминҳо ва ба дигар намуди заминҳо (корами лалмӣ, алафдарав, чарогоҳ ва зери сохтмонҳо) гузаронидани заминҳои корам ва партов, дастур дода шавад.

         Чуноне ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2018 омадааст «Мо бояд азхудкунии заминҳои навро вусъат бахшида, майдони заминҳои корамро зиёд, яъне майдони заминҳои аз гардиши кишоварзӣ беруншударо барқарор кунем, то ин ки бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ талаботи мардумро бо маводи ғизоӣ таъмин намоем».

               Бинобар ин, вобаста ба ин самт ҷиҳати таъмини иҷрои барномаҳои давлатӣ, қарорҳои ҳайати мушовараи Кумитаи давлатӣ, супоришҳои роҳбарияти Кумитаи давлатӣ ва нақшаи корӣ, мунтазам корҳои таҳлилӣ гузаронида мешаванд. Аз ҷумла, доир ба таназзулёбии заминҳои обёришаванда, заминҳои партов, заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмондаи ҷумҳурӣ, дар давоми панҷсолаи охир корҳои таҳлилӣ гузаронида шудаанд.

   Заминҳои корам асоси соҳаи кишоварзии ҷумҳуриро ташкил намуда, дар аксари шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ оқилона ва самаранок истифода бурда намешаванд, ки ин яке аз проблемаҳои асосии ҳалталаби ҷомеаи имрӯза мебошад.

   Таҳлилҳо нишон дод, ки дар даҳсолаҳои охир, сарфи назар аз чорабиниҳои гузаронидашуда оид ба беҳдошти ҳолати замин, дар аксари шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ сабаби бад шудани ҳолати мелиоративӣ ва дигар омилҳои ташкилию хоҷагидорӣ боиси таназзулёбии заминҳо гардидааст.

   Доир ба заминҳои таназзулёфта, аз кумитаҳои идораи замин бо мувофиқаи идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ маълумотҳо ҷамъбаст гардида, динамикаи тағйирёбии заминҳои таназзулёфта дар давоми солҳои 2016-2018 мавриди таҳлил қарор дода шуд.

         Таҳлилҳо дар ин самт нишон дод, ки дар давоми се соли охир, дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар натиҷаи риоя нагардидани талаботҳои агротехникию-мелиоративӣ ва дигар омилҳо, сатҳи обҳои зеризаминӣ зиёд гардида, шӯршавӣ, ботлоқшавӣ, фарсоиш (эрозия)-и заминҳо ва дар натиҷаи аз кор баромадани пойгоҳҳои обкашӣ ва шабакаҳои обёрӣ, қисман биёбоншавии заминҳои корам ба амал омадааст.

           Дар ҳудуди вилояти Суғд дар соли 2018 майдони умумии заминҳои таназзулёфта 81443 гектарро ташкил дода, нисбат ба соли 2016 майдони ин заминҳо 6232 га, аз ҷумла аз ҳисоби заминҳои шӯрнокияш паст 5926 га, заминҳои шӯрнокияш миёна 257 га ва заминҳои шӯрнокияш баланд 49 га зиёд гардидааст.

           Таҳлилҳо нишон дод, ки ин тағйирот, асосан, бинобар сабаби риоя нагардидани талаботҳои агротехникию-мелиоративӣ дар шаҳри Исфара дар майдони 3246 га ва ноҳияи Ҷ.Расулов майдони умумии 2986 гектарро ташкил медиҳад.

         Дар вилояти Хатлон бошад, дар ин давра бо истифода аз маблағҳои ба ин самт ҷудогардида, дар натиҷаи ба роҳ мондани корҳои мелиоративӣ заминҳои таназзулёфта дар майдони умумии 7602 га, аз ҷумла, дар ноҳияҳои Хуросон, Ёвон, Бохтар, Фархор, Данғара, Шаҳритус, Панҷ, Ҷайҳун,Ҷ.Балхӣ ва Қубодиён кам гардида, қисман дар натиҷаи риоя нагардидани талаботҳои агротехникӣ майдони умумии заминҳои шӯршуда 7069 га ва заминҳои ботлоқшуда дар майдони 331 га дар ноҳияҳои А.Ҷомӣ, Дӯстӣ, Вахш, М.С.А.Ҳамадонӣ, Восеъ ва Н.Хусрав зиёд гардидааст.          

         Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бошад, дар ин муддат заминҳои таназзулёфта, дар майдони умумии 69 га, аз ҷумла дар шаҳру ноҳияҳои Файзобод, Ваҳдат, Шаҳринав, Рашт, Лахш ва Нуробод кам гардида, аз ҳисоби омилҳои мусоидаткунанда, зиёдшавии ин заминҳо дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Рӯдакӣ 347 гектарро ташкил медиҳад.

               Дар ВМКБ дар се соли сипаришуда, заминҳои таназзулёфта дар майдони умумии 573 га, аз ҷумла, дар шаҳру ноҳияҳои Ванҷ, Дарвоз, Ишкошим ва Рӯшон кам гардида, аз ҳисоби омилҳои мусоидаткунанда зиёдшавии ин заминҳо дар ноҳияи Ишкошим 19 гектар боқӣ мондааст.  

         Дар ҷумҳурӣ дар давоми солҳои 2016-2018 аз ҳисоби маблағҳои буҷети мутаммарказ, буҷети маҳаллӣ, грантҳо ва ҳақки хизматрасонии об барои беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо, маблағҳои ҷудогардида равона шуда, заминҳои таназзулёфта 2012 га кам гардидааст, ки ин аз ҳисоби заминҳои шӯрнокияш паст, шӯрнокияш баланд, заминҳои ботлоқшуда, аз фарсоиш (эрозияи)-и бодӣ ва обӣ ва заминҳои биёбоншуда ташкил дода, аз ҳисоби омилҳои мусоидаткунанда заминҳои шӯрнокияш миёна дар майдони 4473 га зиёд гардидааст.

         Хулоса, таназзулёбии заминҳои кишоварзӣ, ин сарчашмаи асосии пайдо шудани заминҳои нави партов, заминҳои ҳар сол аз гардиши кишоварзӣ берунмонда буда, инчунин тибқи мушоҳидаҳои доимӣ қисман заминҳои обёришавандаи аз сабаби бад будани ҳолати мелоративӣ ба фонди махсуси шаҳру ноҳияҳо гузаронидашударо ташкил медиҳад.

   Барои беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳои обёришаванда, дар давоми панҷсолаи охир тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №450 аз 31 августи соли 2012 «Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда барои солҳои 2012-2020» мавриди амал қарор дошта, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №374 аз 1 августи соли 2018 «Доир ба тадбирҳои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳои обёришавандаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2023» қабул гардида, ба ин самт равона карда шудааст.

     Тибқи нақшаи замимашудаи қарори мазкур, ҳамагӣ масоҳати беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо дар солҳои 2019-2023 майдони умумии 48572 гектарро ташкил медиҳад, аз ҷумла дар ВМКБ майдони 300 га, дар вилояти Хатлон майдони 17503 га, дар вилояти Суғд майдони 27319 га ва дар ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ 3450 га. Ҳамагӣ, арзиши корҳо барои солҳои 2019-2023 маблағи умумии 51 102,6 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла дар ВМКБ 420,0 ҳазор сомонӣ, дар вилояти Хатлон 22235,6 ҳазор сомонӣ, дар вилояти Суғд 25342,0 ҳазор сомонӣ ва дар ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ 3105,0 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.        

   Мавриди зикр аст, ки масъалаи ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои партов ва холимонда дар якчанд ҷаласаҳои ҳайати мушовараи Кумитаи давлатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, тибқи қарорҳои ҳайати мушовараи Кумитаи давлатӣ, кумитаҳои идораи замини вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар ҳамбастагӣ бо дигар масъулини соҳа барои тартиб додани нақша-чорабинии давра ба давра ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои партов ва холимонда барои солҳои 2018-2020 вазифадор карда шуда, бурдани назорати доимии ин заминҳо мавриди амал қарор дорад.                                                                              

   Илова бар ин, ҳар сол ҳолатҳои ихтиёран даст кашидани хоҷагиҳои деҳқонӣ ва дигар шаклҳои хоҷагидорӣ аз истифодаи қитъаи замини ба онҳо вобасташуда, тибқи моддаи 37-и Кодекси замини ҷумҳурӣ ва ба фонди махсуси ноҳия гузаронидани ин заминҳо ба назар мерасад, ки қисми зиёди ин заминҳо заминҳои корами обӣ буда, аз сабаби нарасидани об барои обёрӣ ё ин ки баланд шудани сатҳи обҳои зеризаминӣ ва дигар сабабҳои бад шудани ҳолати мелиоративии заминҳо, ба амал омадааст. Ин заминҳо дар баъзе шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ муваққатан аз тарафи собиқ заминистифодабарандагон ё ба шаҳрвандони алоҳида тибқи шартномаи иҷора то пайдо шудани заминистифодабарандаи нав истифода бурда мешаванд.

Умуман, дар маҷмӯъ дар ҷумҳурӣ майдони 37443 гектар (27828+9615) заминҳои обёришавандаи аз гардиши кишоварзӣ берунмонда мавҷуд буда, азхудкуни ин заминҳо беҳбудиро талаб мекунад.

Механизми азхудкунии заминҳои номбурда, иҷрои талаботҳои моддаи 36-и Кодекси замини ҷумҳурӣ ва инчунин, дигар барномаҳои ба ин самт равонашуда мебошад, ки дар маҳалҳо беҳад суст ба роҳ монда шудааст.

   Дар натиҷаи таҳлилҳои гузаронидашуда, қайд кардан ба маврид аст, ки дар ҳолати ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани майдони умумии 27278 га замини партов, аз он 22740 га обӣ, майдони умумии 9615 га замини корам, аз ҷумла 8139 га замини корами обӣ, аз истифодаи кишоварзӣ берунмонда ва коҳиш додани таназзулёбии заминҳои обёришаванда, албатта ба яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат таъмини амнияти озуқаворӣ, ғанӣ гардонидани буҷети давлат ва ташкили ҷойҳои нави корӣ мусоидат менамояд.

        Бинобар ин, барои ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои партов ва аз гардиши кишоварзӣ берунмонда пешниҳод менамоем:

-ҷиҳати таъмини иҷрои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №450 аз 31 августи соли 2012 «Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда барои солҳои 2012-2020» ва №374 аз 1 августи соли 2018 «Доир ба тадбирҳои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳои обёришавандаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2023», ки сарчашмаи маблағгузории он аз ҳисоби буҷети мутамарказ, буҷети маҳаллӣ ва пардохти ҳаққи хизматрасонии об муайян шудааст, кумитаҳои идораи замини шаҳру ноҳияҳо ҳамчун аъзои комиссияи ноҳиявӣ вазифадор карда шаванд:  

- иҷрои корҳои беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳои обёришаванда, аз ҷумла тоза кардани каналҳо, заҳбуру заҳкашҳои дохилихоҷагӣ ва байнихоҷагӣ, таъмири каналҳо, заҳбуру заҳкашҳо ва новаҳои обгирӣ ва дигар иншоотҳоро, ки аз тарафи идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳо ё лоиҳаҳои сармоягузорӣ гузаронида мешаванд, назорат намуда, дар тартиб додани санади қабули корҳо аз тарафи комиссияи ноҳиявӣ тибқи меъёрҳои муқарраргардида, бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ иштирок намоянд;        

- ба вазорату идораҳои ҷумҳурӣ барои ташкили хоҷагиҳои ёрирасон, ба кооперативҳои кишоварзӣ, ҷамъиятҳо, дигар намуди корхонаҳо, ширкатҳо, инчунин соҳибкорони ватанию хориҷӣ, ки қудрати обод кардани ин заминҳоро доранд, ба воситаи реклама дар радио, телевизион ва дигар воситаҳои ахбори омма мувофиқи шароиту тавоноиашон тибқи тартиби муқарраргадидаи қонунгузории замин, ҷудо карда, додани ин заминҳо мувофиқи мақсад аст.                                      

           Бо мақсади иҷрои супориши Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон №2к/64-22 аз 4 сентябри соли 2017 ва банди 7-и Протоколи ҷаласа оид ба мукаммалсозии низоми баҳисобгирии оморӣ дар назди Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати дастрас намудани маълумотҳои дақиқ оид ба заминҳои корами дар истифодаи аҳолӣ қарордошта, аз кумитаҳои идораи замини шаҳру ноҳияҳо маълумотҳо дастрас карда шуд.

Майдони заминҳои маҳалҳои аҳолинишин дар ҷумҳурӣ ба ҳолати 01.01. 2019 ҳамагӣ 213910 гектар, аз он обӣ 107172 гектар, корам 121328 гектар, аз он обӣ 71244 гектар, дарахтони бисёрсолаи мевадиҳанда 46321 гектар, аз он обӣ 35115 гектар, иморатҳо ва дигар заминҳо 39689 гектар ва заминҳои хоҷагии ёрирасони шахсӣ майдони 59034 гектар, аз он обӣ 32958 гектарро ташкил медиҳанд.

Тибқи маълумотҳои аз шаҳру ноҳияҳо дастрасгардида, натиҷаи корҳои иҷрошуда ба ҳолати 20 июни соли 2019 чунин мебошад:            

    -шумораи заминистифодабарандагон 790584 адад;

-заминҳои наздиҳавлигӣ 182803 гектар, аз он обӣ 94751 гектар;

-замини корам 102169 гектар, аз он обӣ 64747 гектар:

-дарахтони бисёрсола 38009 гектар, аз он обӣ 24980 гектар;

-зери иморатҳо ва дигар заминҳо 36671 гектар;

-заминҳои хоҷагиҳои ёрирасони шахсии шаҳрвандон 49366 гектар, аз он обӣ 30097 гектар.

Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бо қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ таъмин намудани эҳтиёҷмандон ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо майдони 30492 гектар ҷудо карда шудааст. Аз майдони умумӣ ба ҳолати 1 июни соли 2019 майдони 22917 гектар ба 224625 нафар эҳтиёҷмандон тақсим карда дода шудааст.

Кумитаи давлатӣ дар нимсолаи аввали соли 2019 назоратро оид ба риояи қонунгузории замин ва самараноку оқилона истифода бурдани он боз ҳам пурзӯр намуда, дар ин ҷода корҳои муайянеро ба сомон расонид.

Дар ин давра аз ҷониби Кумитаи давлатӣ   ва мақомоти он дар маҳал 8256 ҳолатҳои вайронкунии қонунгузории замин ошкор карда шуда, барои бартараф намудани ҳолатҳои ошкоргардида 8256 дастур дода шуд. Нисбати 7328 ҳолат парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, ба маблағи 3051070 сомонӣ қарорҳои ҷаримабандӣ қабул карда шуд, ки аз ин 2577635 сомонӣ (85%) ба суратҳисоби махсус ворид карда шудааст.

Барои додани баҳои ҳуқуқӣ 447 мавод ба прокуратура, 203 мавод барои бо таври маҷбурӣ ситонидани маблағи ҷаримаҳо ба суд ирсол карда шуда, 5741 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар маҳал бартараф карда шудааст. (69 %)

Тибқи нақшаи корӣ аз ҷониби мутахассисони Кумитаи давлатӣ корҳои назорати риояи қонунгузории замин дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон, шаҳрҳои Ваҳдат ва Турсунзода гузаронида шуд. Тибқи мушоҳидаҳои аксҳои кайҳонӣ аз рӯи барномаи интернетии Googl вобаста ба бунёди сохтмонҳо дар 2 ҷамоатҳои деҳоти ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон корҳои назоратӣ гузаронида шуд.

Дар вақти пешбурди корҳои назоратӣ дар шаҳру ноҳияҳои болозикр ҳолатҳои тақсимоти ғайриқонунии замин бар хилофи моддаҳои 8, 26, 29 ва 95 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳолатҳои худсарона ишғол намудани қитъаи замин, ғайримақсаднок истифода бурдани замин, худсарона иваз намудани қитъаи замин ва дигар ҳолатҳои вайронкунии қонунгузории замин ошкор гардид.

Дар ноҳияи Дӯстӣ дар натиҷа 143 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор гардида, барои бартараф намудани вайронкунии қонунгузории замин 143 дастур дода шуд. Нисбати 131 ҳолат парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, ба маблағи 86020 сомонӣ қарорҳои ҷаримабандӣ қабул карда шуд, ки аз он маблағи 83170 сомонӣ ба суратҳисоби махсуси Кумитаи давлатӣ ворид карда шуд. 20 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар майдони 141,29 га дар маҳал бартараф карда шуд.

Инчунин, дар рафти санҷиш 23 адад қарорҳои ғайриқонунии раиси ноҳияи Дӯстӣ ошкор гардид, ки барои бекор кардан ва даровардани тағйиротҳо ба онҳо, ба унвонии раиси ноҳия пешниҳод ирсол карда шудааст. Тибқи қарори раиси ноҳияи Дӯстӣ аз 28 майи соли 2019, №598 14 адад қарорҳои раиси ноҳия ба қонунҳои амалкунанда мутобиқ карда шуда, 9 адади дигар таҳти баррасӣ қарор дорад.

Дар шаҳри Ваҳдат, дар натиҷаи бурдани корҳои назоратӣ 110 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор гардида, барои бартараф намудани вайронкунии қонунгузории замин 110 дастур дода шуд. Нисбати 109 ҳолат парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, ба маблағи 67155 сомонӣ қарорҳои ҷаримабандӣ қабул карда шуд, ки аз он маблағи 61545 сомонӣ ба суратҳисоби махсуси Кумитаи давлатӣ ворид ва 6 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар маҳал бартараф карда шуд.

Инчунин, ҳангоми гузаронидани корҳои назоратӣ 44 адад қарорҳои ғайриқонунӣ қабулнамудаи раиси шаҳри Ваҳдат вобаста ба замин ошкор гардид. Барои беэътибор донистани 33 адад қарор ва ба қонунҳои амалкунанда мутобиқ намудани 11 адад қарорҳои раиси шаҳр, ба унвонии раиси шаҳри Ваҳдат пешниҳод аз 26.04.19 №1/6-1289(9.35) ирсол карда шуд. Аз натиҷаи он то ҳол ахборот ба Кумитаи давлатӣ ворид нагардидааст.

Дар шаҳри Турсунзода дар натиҷаи бурдани корҳои назоратӣ 157 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор гардида, барои бартараф намудани вайронкунии қонунгузории замин 157 дастур дода шуд. Нисбати 157 ҳолат парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, ба маблағи 93 665 сомонӣ қарорҳои ҷаримабандӣ қабул карда шуд, ки аз он маблағи 83 580 сомонӣ ба суратҳисоби махсуси Кумитаи давлатӣ ворид карда шуд.

Натиҷаи корҳои назоратӣ бо мақсади бартараф намудани ҳолатҳои вайронкунии қонунгузории замин, бо иштироки муҳандис-заминсозон, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, шуъбаи меъморӣ, хоҷагиҳо ва дигар шахсони масъул дар ноҳияи Дӯстӣ, шаҳрҳои Ваҳдат ва Турсунзода баррасӣ гардида, барои бартараф намудани ҳолатҳои вайронкунии қонунгузории замин муҳлат дода шуд.

Дар ноҳияи Хуросон дар натиҷаи бурдани корҳои назоратӣ 27 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор карда шуд. Барои бартараф намудани вайронкунии қонунгузории замин 27 дастур дода, нисбати 21 ҳолат парвандаҳои маъмурӣ тартиб ва ба маблағи 14 905 сомонӣ қарорҳои ҷаримабандӣ қабул карда шуданд, ки маблағ пурра ба суратҳисоби махсуси Кумитаи давлатӣ ворид карда шуда, 9 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар майдони 29,85 га дар маҳал бартараф карда шуд.

Баҳри иҷрои супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон   №30-5/7 аз 10 январи соли 2019 вобаста ба гузориши раёсати коргузорӣ ва назорати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи натиҷаи таҳлили ҷараёни иҷрои протоколи машварати кории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 августи соли 2018, №1к/30-6 то ин давра аз ҷониби мутахассисони Кумитаи давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Ҳисор, Рӯдакӣ ва Варзоб 269 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор гардида, барои бартараф намудани вайронкунии қонунгузории замин 269 дастур ва нисбати 249 ҳолат парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, ба маблағи 162 865 сомонӣ қарорҳои ҷаримабандӣ қабул гардид, ки аз он маблағи 146 155 сомонӣ ба суратҳисоби махсуси Кумитаи давлатӣ ворид карда шудааст.

Вобаста ба ҳолатҳои бартарафкунии вайронкунии қонунгузории замин қайд кардан ба маврид аст, ки дар шаҳру ноҳияҳои Ҳисор майдони 20,0 га, Варзоб майдони 2,70 га, Рӯдакӣ майдони 9,45 га ва дар шаҳри Душанбе майдони 1,01 га қитъаҳои замин ба ҳолати аввала баргардонида шуда, ҳолати бартарафкунӣ дар ин самт идома дорад.  

Инчунин, барои таъмини протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2018, №13 ҷиҳати пешгирӣ кардани сохтмони ҳар гуна иншооти ғайриқонунӣ аз ҷониби сокинони маҳалҳои аҳолинишин дар шафати роҳи автомобилгарди Душанбе-Бохтар оид ба натиҷаи санҷиши иншоотҳои ҳамшафати роҳи мазкур ва ба ҳолати аввала баргардонидани қитъаҳои замин, маълумоти муфассал ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 январи соли 2019 №1/6-280(9.35) ирсол карда шуд.

Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориро дар самти риояи қонунгузории замин бо Прокуратураи генералӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондааст.

Тибқи мактуби Прокуратураи генералӣ, Кумитаи давлатӣ вобаста ба истифоди мақсадноки заминҳои роҳҳои чорвогузар ва майдони дамгирии чорво дар ҷамоати деҳоти Эсанбойи ноҳияи Рӯдакӣ санҷиш гузаронида, аз натиҷаи он хулосаҳои зарурӣ ба Прокуратураи генералӣ ирсол намуд .

Дар асоси мактуби Прокуратураи генералӣ ҳолати истифодабарии кӯли моҳипарварӣ ва нуқтаи хизматрасонӣ дар ҷамоати деҳоти Лучоби ноҳияи Варзоб санҷиш гузаронида шуд. Дар рафти санҷиш 1 ҳолати худсарона ишғол намудани қитъаи замин ошкор карда шуда, тибқи моддаи 141 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон чораандешӣ карда шуд.

Тибқи мактуби Прокуратураи генералӣ №33/24-751 сод аз 10.06.19 ҳолати истифодабарии заминҳои рекреатсионӣ дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти Қаратоғи шаҳри Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринав таҳти санҷиш қарор дода шуда истодааст.

Кумитаи давлатӣ тибқи мактуби Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе истифодаи самаранок ва мақсадноки заминро дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Рӯдакӣ таҳти санҷиш қарор дода, муайян намуд, ки аз ҳисоби заминҳои корами обӣ майдони 0,77 га ғайриқонунӣ ба шаҳрвандон ҳамчун қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ тақсим карда шуда, шаҳрвандон ба корҳои сохтмонӣ шурӯъ намуданд. Вобаста ба масъалаи мазкур санад тартиб дода шуда, ба раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд. Кумитаи идораи замини ноҳияи Рӯдакӣ вазифадор карда шуд, ки қитъаи заминро ба ҳолати аввала баргардонад.

Умуман, ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар сатҳи зарурӣ қарор дошта, то давраи ҳисоботӣ дар асоси 35 адад мактуби Прокуратураи генералӣ, 8 адад мактуби Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва 5 адад мактуби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия мутахассис ва аз натиҷа хулосаҳои зарурӣ пешниҳод гардид.

Кумитаҳои идораи замини вилояти Хатлон дар нимсолаи аввали   соли 2019, 3514 ҳолати вайронкунии қонунгузории заминро ошкор намуда, барои бартараф намудани ҳолатҳои вайронкунии қонунгузории замин 3514 дастур додаанд. Нисбати 2941 ҳолат парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода, ба маблағи 1136715 сомонӣ қарорҳои ҷаримабандӣ қабул намудаанд, ки аз он 998004 сомонӣ (87%) ба суратҳисоби кумитаҳои идораи замини шаҳру ноҳияҳои вилоят ворид карда шудааст. Барои додани баҳои ҳуқуқӣ 207 мавод ба прокуратура, 106 мавод барои бо таври маҷбурӣ ситонидани маблағи ҷаримаҳо ба суд ирсол карда, 2876 ҳолатҳои вайронкунии қонунро дар маҳал бартараф кардаанд.

Кумитаҳои идораи замини вилояти Cуғд дар нимсолаи аввали соли 2019, 2798 ҳолати вайронкунии қонунгузории заминро ошкор намуда, нисбати 2798 ҳолат дастур дода шудааст. Нисбати 2793 ҳолат парвандаи маъмурӣ тартиб дода, ба маблағи 1 093 150 сомонӣ қарорҳои ҷаримабандӣ қабул кардааст, ки аз он   895 118 сомонӣ (81%) ба суратҳисоби махсуси кумитаҳои идораи замини шаҳру ноҳияҳо ворид карда шудааст. Барои додани баҳои ҳуқуқӣ 107 мавод ба прокуратура, 35 мавод барои бо таври маҷбурӣ ситонидани маблағи ҷаримаҳо ба суд ирсол карда ва 2002 ҳолати вайронкунии қонунгузории заминро   дар маҳал бартараф кардаанд.

Кумитаҳои идораи замини Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар нимсолаи аввали соли 2019, 273 ҳолати вайронкунии қонунгузории заминро ошкор намуда, нисбати 273 ҳолат дастур додааст. Нисбати 126 ҳолат парвандаи маъмурӣ тартиб дода, ба маблағи 70 455 сомонӣ қарорҳои ҷаримабандӣ қабул кардааст, ки аз он 50 918 сомонӣ (72%) ба суратҳисоби махсуси кумитаҳои идораи замини шаҳру ноҳияҳо ворид кардааст. Барои додани баҳои ҳуқуқӣ 18 мавод ба прокуратура, 7 мавод барои бо таври маҷбурӣ ситонидани маблағи ҷаримаҳо ба суд ирсол карда, дар маҳал 149 ҳолати вайронкунии қонунгузории заминро бартараф кардаанд.

Кумитаҳои идораи замини шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар нимсолаи аввали соли 2019, 1228 ҳолати вайронкунии қонунгузории заминро ошкор карда, нисбати 1228 ҳолат дастур додааст. Нисбати 1044 ҳолат парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода, ба маблағи 483 205 сомонӣ қарорҳои ҷаримабандӣ қабул карданд, ки аз ин 384 920 сомонӣ (79%) ба суратҳисоби кумитаҳои идораи замини шаҳру ноҳияҳо ворид карда шудааст. Барои додани баҳои ҳуқуқӣ 115 мавод ба прокуратура ва 46 мавод барои бо таври маҷбурӣ ситонидани маблағи ҷаримаҳо ба суд ирсол ва 678 ҳолати вайронкунии қонунгузории заминро дар маҳал бартараф кардаанд.

Кумитаи давлатӣ баҳри истифодаи самаранок ва мақсадноки замин, пешгирии ҳолатҳои вайронкунии қонунгузории замин чораҳои зарурӣ андешида, аз натиҷаи корҳои ба анҷом расонида, ҳар моҳ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ахборот пешниҳод менамояд.

Кумитаи давлатӣ дар самти азнавташкилдиҳӣ ва ислоҳоти замин низ як қатор корҳоро пеш бурда истодааст.

Дар доираи иҷроиши талаботи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2006 таҳти №1775 «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ оид ба азнавташкилдиҳӣ ва ислоҳоти ташкилотҳои кишоварзӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)” ба ҳолати 01.06.2019 шумораи хоҷагиҳои деҳқонӣ дар миқёси ҷумҳурӣ 185562 ададро ташкил дода, аз ин шумора 68636 адад дар вилояти Суғд, 67889 адад дар вилояти Хатлон, 16170 адад дар ВМБК ва 32867 адад дар ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ба қайди давлатӣ гирифта шудаанд. Дар давоми нимсолаи аввали соли ҷорӣ бошад, ҳамагӣ 2806 адад хоҷагии деҳқонӣ ташкил карда шудааст, ки аз ин 1065 адад дар вилояти Суғд, 1126 адад дар вилояти Хатлон, 46 адад дар ВМБК ва 569 адад дар ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ба қайди давлатӣ гирифта шудаанд.

           Кумитаи давлатӣ дар ин давра аз рӯи парвандаҳои заминсозии таҷдиди хоҷагиҳо оид ба масъалаи заминҳои фонди захиравӣ маълумот омода намуда, муайян кард, ки дар 145 адад хоҷагиҳои кишоварзие, ки бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ таҳти ислоҳот қарор дода шудаанд, майдони умумии 27346 га, аз он 8672 га корам, аз ҷумла 5118 га корами обӣ, 1058 га дарахтони бисёрсола, 12591 га чарогоҳ ва 5024 га дигар намуди заминҳо ҳамчун заминҳои фонди захиравии тақсимнашаванда барои истифодаи муҳлатнок ба хоҷагиҳои деҳқонӣ вобаста карда шудааст.

           Дар давраи ҳисоботӣ ҷиҳати самаранок ва мақсаднок истифода намудани заминҳои фонди захиравии хоҷагиҳои таҳти ислоҳот қароргардида ва таҳлили заминҳои хоҷагиҳои тухмипарварии ноҳияҳои Дӯстӣ, Фархор ва шаҳри Турсунзода гузаронида шуд.

         Дар асоси Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ оид ба азнавташкилдиҳӣ ва ислоҳоти ташкилотҳои кишоварзӣ» ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Дӯстӣ 16 адад хоҷагиҳои кишоварзӣ таҳти ислоҳот қарор дода шуда, аз ҳисоби хоҷагиҳои мазкур майдони умумии 1687 гектар, аз ҷумла корами обӣ 1662 гектар замин ба фонди захиравӣ (тақсимнашаванда) барои дурнамои рушди маҳал ва инкишофи истеҳсолӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ҷудо гардидааст.            

           Дар натиҷаи гузаронидани таҳлил дар маҳал воқеъият маълум гардид, ки аз майдони умумии 1687 гектар заминҳои фонди захиравии ҷудогардида, бо қарорҳои дахлдори Раиси ноҳияи Дӯстӣ майдони 460 гектар барои истифодабарии муҳлатнок вобаста карда шудааст. Инчунин, маълум гардид, ки бе риояи талаботи «Қоидаҳои азнавташкилдиҳӣ ва ислоҳоти ташкилотҳои кишоварзӣ» қитъаҳои майдони 505 гектар замин барои истифодабарии бемуҳлат ба хоҷагиҳо ва шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ   вобаста карда шудааст.

           Тибқи талаботи банди 26-и Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2006 №1775 «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ оид ба азнавташкилдиҳӣ ва ислоҳоти ташкилотҳои кишоварзӣ» заминҳои фонди захиравӣ бояд ба мақсадҳои истеҳсолоти кишоварзӣ ба истифодаи муҳлатнок ё тариқи иҷора ба хоҷагиҳои кишоварзӣ ва шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ вобаста карда мешавад.

           Кумитаи давлатӣ бо мақсади пешгирии тақсимоти ғайриқонунии заминҳои хоҷагиҳои давлатии тухмипарварӣ ва зотпарварӣ фаъолияти худро ба роҳ монда, татбиқи қонунгузории соҳаи замин ва оқилона истифода бурдани қитъаҳои замин, фаъолияти хоҷагиҳои тухмипарварӣ ва зотпарвариро дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор дода истодааст.

         Рафти омӯзиш ва таҳлилҳо маълум намуданд, ки мутобиқи қарорҳои дахлдори баъзе раисони шаҳру ноҳияҳо, аз ҳисоби заминҳои хоҷагиҳои давлатӣ ва деҳқонии ба шабакаи тухмипарварӣ ва зотпарварӣ шомил кардашуда, хоҷагиҳои деҳқонӣ ташкил карда шудааст.

            Дар натиҷаи гузаронидани таҳлилҳо муайян гардид, ки дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон хоҷагии тухмипарварии ба номи Э. Султонов дар майдони умумии 1131,30 гектар замин ва тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №413 аз 28 июли соли 2009 хоҷагии тухмипарварӣ ва зотпарварии ба номи Э.Сатторови ноҳияи Дӯстӣ дар майдони умумии 17196,08 гектар замин барои истеҳсоли тухмии пахта махсус гардонида шудааст, фаъолият доранд.

             Аз рӯи таҳлилҳои гузаронидашуда бармеояд, ки дар давоми солҳои охир, аз ҳисоби заминҳои хоҷагии давлатии ҷамоавии тухмипарварӣ ва зотпарварии ба номи Э. Сатторов бе риояи талаботи қонунҳои амалкунанда, хоҷагиҳои деҳқонӣ таъсис дода шудааст.  

             Тибқи қонунҳо ва санадҳои меъёрию ҳуқуқии амалкунанда, аз ҳисоби заминҳои хоҷагиҳои давлатии ба шабакаи тухмипарварӣ ва зотпарварӣ шомилбуда, додани замин ва ташкил намудани хоҷагии деҳқонӣ танҳо бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад. Аммо талаботи қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии амакунанда, аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон дар ин самт риоя нагардидааст.

             Кумитаи давлатӣ бо мақсади баланд бардоштани маданияти заминдорӣ, самараноку оқилона истифодабарии замин ва рушди соҳаи тухмипарварӣ ва зотпарварӣ дар қисми заминҳои хоҷагиҳои давлатии тухмипарварӣ ва зотпарварӣ ташкил намудани шаклҳои нави хоҷагидориро танҳо дар доираи талаботи қонунҳои амалкунанда, дастгирӣ менамояд.

               Инчунин, тибқи қонунҳои амалкунанда, мақсаднок истифодабарии заминҳои фонди захиравии хоҷагиҳои таҷдидгардида, омӯхта баромадани саҳмдорони аслии хоҷагиҳои деҳқонӣ ва беасос аз рӯйхати саҳмдорон хориҷ намудани аъзоён, ҳамзамон, ҳолати истифодабарии заминҳои хоҷагиҳои тухмипарварӣ, ниҳолпарварӣ ва зотпарварӣ дар шаҳри Турсунзода мавриди таҳлил қарор дода шуд.

Муайян карда шуд, ки дар ҳудуди шаҳри Турсунзода тибқи Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҷдиди сохтори ташкилоту корхонаҳои кишоварзӣ» дар асоси қарорҳои дахлдори раиси шаҳри Турсунзода 13 адад хоҷагиҳои кишоварзӣ таҳти ислоҳот қарор дода шуда, дар заминаи онҳо 292 адад хоҷагиҳои деҳқонӣ бо шумораи 25 740 нафар саҳмдорон ташкил карда шудааст.

Зимни гузаронидани таҷдиди сохтори хоҷагиҳои коллективию давлатӣ дар асоси талаботи Низомномаи ислоҳоти ташкилоту корхонаҳои кишоварзӣ тибқи парвандаҳои заминсозии таҷдиди хоҷагиҳо майдони умумии 3360 га, аз он корам 1749 га, аз ҷумла 1312 га корами обӣ, 0,81 дарахтони бисёрсола, 1304 га чарогоҳ ва 306 га дигар намуди заминҳо ҳамчун фонди захиравии (тақсимнашавандаи) замин вобаста ба дурнамои рушди маҳал барои инкишофи соҳаҳои истеҳсолӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ муайян ва ҷудо карда шудааст.

           Рафти таҳлилҳои интихобӣ маълум намуданд, ки ҳангоми додан ва вобаста намудани қитъаҳои заминҳои фонди захиравӣ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ аз тарафи комиссияи ислоҳотии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ба камбудиҳо роҳ дода шудааст.

Масалан: дар асоси қарори раиси шаҳри Турсунзода аз 2 марти соли 2017, №214 ба хоҷагии деҳқонии «Исоқбобо-2008» аз ҳисоби заминҳои хоҷагии деҳқонии ба номи А.Мирзоев, воқеъ дар ҷамоати деҳоти ба номи Ҷ.Раҳмонов қитъаи замини иловагӣ дар масоҳати умумии 4,30 га, аз он 4,16 га замини корами обӣ бо мақсади васеъ намудани фаъолияти хоҷагии деҳқонӣ ва мақсадҳои истеҳсолоти кишоварзӣ барои истифодаи якумраи меросӣ дода шудааст. Хоҷагии деҳқонии мазкур аз шаш қитъаи замин иборат буда, қитъаи панҷуми он дар тарҳи №582 дар як қисми харитаи баҳисобгирии давлатии заминҳои хоҷагии деҳқонии ба номи А.Мирзоеви ҷамоати деҳоти ба номи Ҷ.Раҳмонов ҷойгир буда, ба заминҳои фонди захиравӣ мансуб мебошад. Инчунин, дар асоси талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)» қитъаҳои замини иловагӣ ба хоҷагиҳои деҳқонӣ муҳлатнок дода мешавад, ки ин талабот низ риоя нагардидааст.Чунин камбудӣ дар ҳудуди дигар ҷамоатҳо низ ҷой дорад.

Таҳлил ва муқоисакунии саҳмдорони аслии хоҷагиҳои таҷдидгардида бо рӯйхати саҳмдорони хоҷагиҳои деҳқонии навташкил аён намуд, ки то ҳол дар ин самт камбудиҳо ва норасогиҳо ҷой дошта, саҳми замини аъзоёни хоҷагиҳои деҳқонӣ бе риоя намудани талаботҳои қонунҳои амалкунанда, ба дигар шаҳрвандон гузаронида шуда истодааст.

Зикр намудан ба маврид аст, ки тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)» ва дигар санаду меъёрҳои ҳуқуқии амалкунанда вобаста ба замин, айни замон узви хоҷагии деҳқонӣ наметавонад саҳми заминашро ба дигар шаҳрванд диҳад. Аммо таҳлилҳо муайян намуданд, ки ин ҳолат дар хоҷагиҳои деҳқонии шаҳри Турсунзода бо суръати баланд идома дорад.

Дар баъзе ҳолат саҳмдорони аслии хоҷагиҳои деҳқонӣ давоми чанд сол барои дар алоҳидагӣ ташкил намудани хоҷагии деҳқонӣ тибқи саҳми заминаш кӯшиш ба харҷ дода, ҳатто ба мақомотҳои ҷумҳуриявӣ низ муроҷиатҳо менамоянд, аммо ба осонӣ ва ё умуман ба мақсадашон намерасанд. Нисбати масъалаҳое, ки тавассути азнавташкилдиҳӣ ва ислоҳот ҳифзи ҳуқуқи саҳмдорон поймол мегардад, аз ҷониби комиссияи ислоҳотии шаҳрӣ ва дигар шахсони масъул дар амал чораҳои зарурӣ андешида нашудааст.

           Вобаста ба масъалаи хоҷагиҳои тухмипарварӣ ва зотпарварӣ зикр бояд намуд, ки тибқи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагӣ ва минтақаҳои махсуси тухмипарварӣ ва зотпарварӣ» дар ҳудуди шаҳри Турсунзода хоҷагиҳои давлатии тухмипарварӣ ва зотпарварӣ вуҷуд надорад. Танҳо 3 адад хоҷагиҳои деҳқонии тухмипарварии ба номи Неъмат Хоҷӣ, «Дӯстӣ» ва «Шодлик-2006» фаъолият менамоянд. Ҳамзамон, дар ҷамоати деҳоти «Пахтаобод» як адад хоҷагии ниҳолпарварии зертобеи КВД «Тоҷикниҳолпарвар»-и Вазорати кишоварзии Чумҳурии Тоҷикистон дар майдони умумии 44,02 га, аз он ҷумла 34,0 га корами обӣ фаъолият менамояд.

         Дар асоси қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)” ташкили хоҷагии деҳқонии самтҳои тухмипарварӣ, зотпарварӣ ё ниҳолпарварӣ аз ҳисоби заминҳои хоҷагии деҳқонии мазкур бо тартиби пешбининамудаи қонуни мазкур сурат мегирад.

         Таҳлилҳо маълум намуданд, ки ҳангоми додани қитъаи замин барои ташкил намудани хоҷагиҳои деҳқонӣ аз ҳисоби заминҳои хоҷагиҳои тухмипарварӣ ба камбудӣ роҳ дода шудааст.

Аз ҷумла, дар асоси қарорҳои раиси шаҳри Турсунзода аз ҳисоби заминҳои хоҷагии деҳқонии “Дустӣ ” барои истифодаи якумраи меросӣ дода шуда, зиёда аз 27 адад хоҷагиҳои деҳқонӣ таъсис ёфтааст, ки талаботи банди 2, моддаи 24 қонуни болозикр риоя нагардида, самти тухмипарварӣ дар ҳуҷҷатҳо ва дар амал ба инобат гирифта нашудааст. Чунин ҳолат дар дигар хоҷагии деҳқонии тухмипарварӣ низ ҷой дорад.  

Муайян карда шуд, ки дар асоси қарори раиси шаҳри Турсунзода аз 16 июни соли 2008, №340 бо назардошти Фармони Вазири кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 2007, №189 “Дар базаи Стансияи таҷрибавии минтақавии Эфирмасло” хоҷагии ниҳолпарварӣ, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Пахтаобод дар майдони умумии 45,0 га, аз он ҷумла 34,0 га замини корами обӣ таъсис дода шудааст.

         Ҳангоми дар маҳал азназаргузаронии заминҳо маълум гардид, ки аз таъсисёбии хоҷагии ниҳолпарвариро зиёда аз 11 сол сипарӣ гардида бошад ҳам,   фаъолияти он дар самти истеҳсоли ниҳолҳои мевадиҳанда ва сояафкан назаррас набуда, қитъаҳои замин мақсаднок истифода намешаванд. Чунки дар маҳал танҳо дар майдони зиёда аз 2,0 га қаламчаи ниҳолҳо мавҷуд буда, дар бокимонда қитъаҳои замин зироатҳои кишоварзӣ, аз ҷумла дар майдони 20 гектар пахта ва дигар зироатҳои ғалладонагӣ кишт карда мешаванд. Вале, хоҷагии мазкур дар тӯли фаъолияташ ӯҳдадориҳои ба зиммадоштаашро ба иҷро нарасонидааст.

 

Мутобиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Фархор 13 адад хоҷагиҳои кишоварзӣ таҳти ислоҳот қарор дода шуд, ки дар заминаи онҳо 254 адад хоҷагиҳои деҳқонӣ таъсис ёфта, ба 28905 нафар саҳмдорони хоҷагии деҳқонӣ майдони умумии 10663 га, аз он 9279 га корам, аз ҷумла 8548 га корами обӣ вобаста карда шудааст.

           Рафти санҷиши парвандаҳои заминсозии хоҷагии деҳқонии навтаъсис нишон дод, ки ба як қатор хатогиҳо роҳ дода шудааст. Масалан:

Хоҷагии деҳқонии «Беҳрӯзҷони С» бо қарори раиси ноҳия аз 16.05 2011, №455 дар майдони умумии 1,0 га, аз он корами обӣ 1,0 га бо шумораи 5 нафар саҳмдорон аз ҳисоби заминҳои собиқ колхози ба номи «Ленин» таъсис ёфта, шаҳрвандон Наботова М., Наботов Н., Наботов С. ва Усмонова Ф. дар рӯйхати саҳмдорони аслӣ мавҷуд нестанд.

Хоҷагии деҳқонии «Муҳаммад»   бо қарори раиси ноҳияи Фархор аз 12.01 2009, №36 дар майдони 10,20 га, аз он корами обӣ 10,0 га, бо шумораи 10 нафар саҳмдорон аз ҳисоби заминҳои   хоҷагии деҳқонии «Авангард» таъсис гардидааст, ки пурра 10 нафар дар руйхати саҳмдорон шомил нестанд. Чунин камбудиҳо дар хоҷагиҳои деҳқонии «Парвиз-10», «Зиёвуддин», «Ҳабибулло-Х», «Бадриддин», «Бахтиёр», «Сомон-С», «Шокирҷон» ва «Мавлонои Балхӣ» ҷой доранд. Хоҷагии «Муҳаммадҷон-Б» бошад, бо қарори раиси ноҳияи Фархор аз 14.03. 2018, №23 аз ҳисоби заминҳои хоҷагии деҳқонии Фирӯзи Муллофайз дар ҷамоати 20-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис гардидааст, ки дар рӯйхати саҳмдорон шахсони ноболиғро дарҷ намуданд, ба монанди Сатторов Қ., Орипова Ҳ., Шарипова М., Шарипов А., Шарипова М., Шарипов Б..

   Тибқи таҷдиди хоҷагиҳо дар ноҳияи Фархор дар майдони 4381,00 га фонди замини захира муайян карда шудааст, ки аз он 567,80 га бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2010, №641 ба заминҳои наздиҳавлигӣ гузаронида шудааст.                            

Муайян карда шуд, ки дар ҳудуди ҷамоати деҳоти «Зафар» қитъаҳои замини фонди захиравӣ мақсаднок истифода нашуда, бе риоя намудани талаботи қонунгузории замин барои истифодаи бемуҳлат дода шудааст. Аз ҷумла;

Хоҷагии деҳқонии «Орзуи-Н» бо қарори раиси ноҳияи Фархор аз 13.02.2016, №204 дар майдони 1,50 га аз ҳисоби заминҳои захиравии ҷамоат бо ҳуқуқи истифодаи бемуҳлат дода шудааст. Хоҷагии деҳқонии кооперативи растанипарварии «Шукруллоҳ-2018» бо қарори раиси ноҳияи Фархор аз 12.03.2018, №115 дар майдони 0,71 га аз ҳисоби заминҳои захираи ҷамоат бо ҳуқуқи истифодаи бемуҳлат дода шудааст. Хоҷагии деҳқонии «Исроилҷони Амиршо» бо қарори раиси ноҳияи Фархор аз 01.03.2016,№322 дар майдони 3,56 га аз ҳисоби заминҳои захираи ҷамоат бо ҳуқуқи истифодаи бемуҳлат дода шудааст. Хоҷагии деҳқонии боғпарварии «Шамсиддин» бо қарори раиси ноҳияи Фархор аз 16.06.2017,№245 дар майдони 3,00 га аз ҳисоби заминҳои захираи давлатӣ бо ҳуқуқи истифодаи меросии якумра дода шудааст. Чунин ҳолат дар ҳудуди дигар ҷамоатҳои деҳоти ноҳия арзи вуҷуд дорад.

Дар Кумитаи давлатӣ баҳри иҷрои Стратегияи муқовимат ба коррупсия, ба таври доимӣ дар ҳар як маҷлиси назоратии назди роҳбарияти Кумитаи давлатӣ баррасӣ гардида, супоришҳои зарурӣ дода мешаванд ва оид ба иҷрои онҳо корҳои назоратӣ, пешгирӣ, фаҳмондадиҳӣ ва тарғиботӣ дар маҳалҳо бурда мешаванд.

Ҷиҳати пешгирию пурзӯр намудани мубориза бар зидди коррупсия, ҳолатҳои тамаъҷӯӣ ва омилҳои хусусияти коррупсионидошта, бо кормандони сохтори Кумитаи давлатӣ вохӯриҳо гузаронида мешавад.

Дар асоси мактуби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ) дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016, №465 “Дар бораи тасдиқи методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ)” дар Кумитаи давлатӣ тибқи қарори Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 январи соли 2019, №8 гурӯҳи корӣ оид ба баҳодиҳии хавфҳои коррупсионӣ таъсис дода шудааст.

Гурӯҳи корӣ оид ба баҳодиҳии хавфҳои коррупсионӣ дар Кумитаи давлатӣ фаъолияти худро бо иштироки намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон майори адлия Назарализода И.Н. оғоз намуда, се давраи таҳлили фаъолиятро (хавфҳои коррупсионӣ) гузаронида, ба итмом расониданд ва аз натиҷааш ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия пешниҳод карда шуд.

Дар Кумитаи давлатӣ аз ҷониби кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар аввали моҳи марти соли ҷорӣ санҷиши ҳолати иҷрои Нақшаи чорабиниҳои татбиқи “Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” гузаронида шуд. Ҷиҳати ислоҳ ва бартараф намудани камбудиҳои дар рафти санҷиш ошкоргардида, аз ҷониби шахсони масъул вобаста ба татбиқи Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Кумитаи давлатӣ чораҳои мушаххас андешида шудааст.

         Ҷиҳати ба таври дахлдор ба иҷро расонидани талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 октябри соли 2014, № 629 “Дар бораи ҳисоботи Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои моддаи 42-и Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пардохти ҷуброни талаф вобаста ба баровардани заминҳо аз гардиши кишоварзӣ бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” корҳои мушаххас ба анҷом расонида шуда, тибқи талаботи Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, судҳои иқтисодии шаҳри Душанбе ва вилоятҳои Суғду Хатлон 31 адад аризаҳои даъвогӣ таҳия ва пешниҳод карда шудааст. Дар давраи ҳисоботӣ бо иҷрочиёни Хадамоти иҷро ва вазорату ташкилотҳои қарздор корбарӣ   давом дода шудааст.

Таҳлили натиҷаи ҷамъбасти ҳолати ҷуброни талафи истеҳсолоти кишоварзӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ маълум намуд, ки ба ҳолати 1 июли соли 2019   42892377 сомонӣ маблағи талафи истеҳсолоти кишоварзӣ ба суратҳисоби махсуси буҷети ҷумҳурӣ ҷуброн карда нашудааст.

Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ тибқи ҳисоботҳо, ба суратҳисоби махсуси буҷети ҷумҳурӣ 3548147 сомонӣ маблағи талафи истеҳсолоти кишоварзӣ ворид шудааст.

Кумитаи давлатӣ барои ҳисоб намудани воридоти пардохтҳои дарназардошташудаи андози замин ва андози ягона барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ барои соли 2020 аз маълумотҳои пешниҳоднамуда, ки мувофиқи муқаррароти моддаи 274   Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон аз пардохти андози замин озод мебошанд, ҷадвали майдони заминҳои берун аз шаҳру шаҳракҳои дар соли 2019 аз пардохти андози замин озодбуда, ҷадвали майдони заминҳо дар миқёси ҷумҳурӣ ва ҷадвали майдони заминҳои таъиноти кишоварзӣ ба ҳолати 01.01.2019 ҳисоб карда шуданд.

Тибқи ҳисоботҳо ва таҳлили ҷадвали мазкур маълум гардид, ки дар соли 2019 майдони заминҳои берун аз шаҳру шаҳракҳои мутобиқи моддаи 274-и   Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон аз пардохти андози замин озодбуда, дар миқёси ҷумҳурӣ майдони 3 711622 гектарро ташкил медиҳанд.

Баҳри иҷрои банди 11-и Фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.12.2018, №108-Ф бо мақсади тасҳеҳи нақшаи даромадҳо ба буҷети давлатӣ ва дар асоси маълумотҳои пешниҳоднамудаи кумитаҳои идораи замини шаҳру ноҳияҳо оид ба заминҳое, ки тибқи моддаи 274 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон аз пардохти андози замин ва андози ягона озод мебошанд, ҳисоби воридоти пардохтҳои дарназардошташудаи андози замин ва андози ягона барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ барои соли 2019 дар миқёси ҷумҳурӣ ҳисоб карда шуда, ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуданд.

Тибқи ҳисоботҳо ва таҳлилҳо маълум гардид, ки майдони заминҳои андозбандишаванда 3 264848 гектарро ташкил намуда, маблағҳои дарназардошташудаи андози ягона дар соли 2019 бошад маблағи 166593563 сомониро ташкил дода, нисбат ба соли 2018 бошад 9723313 сомонӣ зиёд мебошад.

         Аз ҳисоби андози замин бошад, тибқи ҳисоботҳои гузаронидашуда, майдони заминҳои андозбандишавандаи андози замин майдони 3 527 297 гектарро ташкил намуда,ба буҷети давлатӣ дар соли 2019 воридоти пардохтҳои дарназардошташудаи андози замин 39418633 сомониро ташкил медиҳад, ки ин нисбат ба соли 2018 1439103 сомонӣ зиёд мебошад.            

Дар самти иҷозатномадиҳӣ, мутобиқи моддаи 21, боби 4-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ” ва дар асоси моддаҳои 9, 17, 18-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намуди фаъолият”ва боби 28-и “Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намуди фаъолият” дар давраи ҳисоботӣ, бо мақсади гирифтани Иҷозатномаҳо барои амалӣ намудани фаъолияти топографӣ, геодезӣ, харитасозӣ, инчунин Иҷозати истифодаи асбобҳои мавқеъмуайянкунии радифии GPS-қабулкунакҳо аз тарафи довталабон ба Кумитаи давлатӣ 9 ариза барои фаъолияти топографӣ-геодезӣ ва барои Иҷозати истифодаи асбобҳои мавқеъмуайянкунии радифии GPS-қабулкунакҳо 4 ариза ворид шудааст, ки ба онҳо 9 Иҷозатнома ва 4 Иҷозат дода шудааст.

Яке аз самтҳои асосии фаъолияти Кумитаи давлатӣ, ин гузаронидани корҳои делимитатсия, демаркатсия ва редемаркатсияи сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои ҳамсарҳад ва ҳалли масъалаҳои сарҳадӣ мебошад. Дар давраи ҳисоботӣ як қатор вохӯриҳо бо намояндагони давлатҳои ҳамсарҳад дар доираи комиссияҳои ҳукуматӣ оид ба делимитатсия, демаркатсия, редемаркатсия ва дар доираи гурӯҳҳои кории байниҳукуматӣ оид ба ҳалли масъалаҳои наздисарҳадӣ гузаронида шуд, ки саҳми мутахассисони Кумитаи давлатӣ дар ин вохӯриҳо калон мебошад. Аз натиҷаи ин вохӯриҳо бо тариқи расмӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон, роҳбарони ҳайатҳои байниҳукуматӣ ва гурӯҳҳои кории ҳукуматӣ маълумотҳои мушаххас пешниҳод карда шудааст.

Кумитаи давлатӣ дар нимсолаи аввали соли 2019 ҷиҳати вусъат бахшидан ба ҳамкориҳои дуҷониба дар самти геодезия, харитасозӣ, заминсозӣ, кадастр ва бақайдгирии молу мулки ғайриманқул бо дигар давлатҳо як қатор корҳоро ба анҷом расонидааст.  

Тибқи супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.10.2018, №115574 (29-9) оид ба нусхаи Ёддошти Сафорати Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Душанбе, дар доираи Барномаи ҳамкории техникию иқтисодии Ҳиндустон ITEC 10 нафар мутахассисони Кумитаи давлатӣ барои таҳсил дар Ҷумҳурии Ҳиндустон дар донишгоҳҳои шаҳрҳои Деҳлӣ, Ҳайдаробод ва Бангалор иштирок намуданд.

         Лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Озарбойҷон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи заминсозӣ. муносибатҳо оид ба замин, кадастр, геодезия, харитасозӣ ва мушоҳидаи фосилавии Замин бо тағйиру иловаҳои ҷониби Озарбойҷон ба ҳамаи вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ мувофиқа намуда, барои иқдомҳои минбаъда тариқи Вазорати корҳои хориҷӣ ба ҷониби Озарбойҷон пешниҳод намуд. Айни замон Созишномаи мазкур дар мувофиқаи ҷонибҳо қарор дорад.

           Лоиҳаҳое, ки аз тарафи Кумитаи давлатӣ ҷиҳати ворид намудан ба “Барномаи давлатии сармоягузориҳо барои солҳои 2016-2020” ба Вазорати рушди иқтисод ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ пешниҳод гардида, пас аз омӯзиш ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд. Қайд намудан лозим аст, ки аз 5 лоиҳаи пешниҳодгардида, 3 лоиҳа ба барномаи давлатии сармоягузориҳо барои солҳои 2016-2020 ворид карда шуд.                  

Вохӯрии раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 13 марти соли 2019 бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Сомнат Гоҳош баргузор гардид, ки дар он ҷиҳати рушди ҳамкориҳои судманд ва амалӣ намудани лоиҳаҳои вобаста ба замин, масъалаҳои ҳамкориҳо дар соҳаи заминсозӣ, геодезия, харитасозӣ, коркарди аксҳои кайҳонии дақиқнокиашон баланд, роҳандозӣ намудани лоиҳаҳои инвеститсионӣ ва ташкил намудани курсҳои бозомӯзии мутахассисон баррасӣ гардиданд.

        Инчунин, санаи 19 марти соли 2019 вохӯрии раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони ширкати Аэро Асахи Корпорейшни Япония Атсуши Окуизми баргузор гардид, ки дар вохӯрӣ пешниҳоди маълумот оид ба корҳои иҷрошудаи лоиҳаи “Инфрасохтори маълумотҳои фосилавӣ дар минтақаи ҷанубии Ҷумҳурии Тоҷикистон”   дар асоси харитаҳои топографии кушодаи системаи координатии WGS – 84 ва дар оянда масъалагузорӣ кардани пешрафти лоиҳа мавриди муҳокимаи ҷонибҳо қарор гирифт.

        Бо мақсади баҳодиҳии ҳолати воқеъии хизматрасонӣ ва ҷамъоварии махзани маълумотҳои бахши хусусӣ ва омода намудани ҳисоботи солона оиди “Пешбурди тиҷорат -2020” санаи 23-уми апрел вохӯрии раиси Кумитаи давлатӣ ва директори КВД “БММҒ” бо коршиноси Бонки ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Ян-Петер Олтерс баргузор гардид.

Сметаи даромаду хароҷотии Кумитаи давлатӣ аз ҳисоби   маблағгузориҳои буҷетӣ дар соли 2019 ба маблағи 20 385 780 сомонӣ , ё ин ки нисбат ба нақшаи соли 2018 3 191 134 сомонӣ зиёд тартиб дода шуда, тақсимоти он   дар Вазорати молия   мувофиқа карда шудааст.

Баъдан, маблағи ҷудошуда барои соли 2019 бо тағйиру иловаҳо ба 20 523 624 сомонӣ расонида шуда, тасдиқ карда шуд.

Сметаи даромаду хароҷотии дастгоҳи марказии Кумита аз ҳисоби   маблағҳои махсуси нақшавӣ   барои соли 2019, ба маблағи 1 463 700 сомонӣ пешниҳод гардида, тибқи фармоиши Вазорати молия барои истифодабарӣ иҷозат дода шуд, ки ин нисбат ба нақшаи воридоти маблағҳои махсуси дастгоҳи марказии Кумитаи давлатӣ дар соли 2018 1031 040 сомонӣ зиёд мебошад.

Дар нимсолаи   аввали соли 2019   аз тарафи Хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи давлатӣ ба қадри 6 446 144 сомонӣ маблағгузорӣ шудааст, ки ин 73,2 %-и иҷрои нақшаи нимсоларо ташкил медиҳад. Дар ин давра дастгоҳи марказии Кумита ба маблағи 1 248 792 сомонӣ ё ин ки 94,2 %, ташкилотҳои тобеи Кумита 1 867 928 сомонӣ ё ин ки 88,7 %, хароҷотҳои амалиётӣ (корҳои заминсозӣ, топографӣ – геодезӣ, харитасозӣ ва аэрокайҳонӣ) 3 329 424 сомонӣ ё ин ки 81,5 % маблағгузорӣ карда шудааст.

     Дар давраи ҳисоботӣ аз ҳисоби воридоти маблағи ҷаримаҳо, фурӯши харитаҳо ва аз ҳисоби маблағҳои воридшуда аз кумитаҳои идораи замини вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҷамъ ба маблағи 419 087 сомонӣ ба суратҳисоби махсуси дастгоҳи марказии Кумитаи давлатӣ дар Хазинадории марказии Вазорати молия ворид гардидааст, ки ин нисбат ба нимсолаи аввали соли 2018 65 299 сомонӣ зиёд буда, аз маблағҳои воридшуда 466 787 сомонӣ хароҷот карда шудааст.

Бақияи маблағ дар суратҳисоби махсуси дастгоҳи марказии Кумитаи давлатӣ ба ҳолати 30 июни соли 2019   728 197 сомониро ташкил медиҳад, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 206 510 сомонӣ зиёд   мебошад.  

         Дар давраи ҳисоботӣ ба Кумитаи давлатӣ барои баррасӣ як қатор ҳуҷҷатҳо ворид гардидаанд, аз онҳо:

-ҳуҷҷатҳои воридотӣ- 1288 адад, аз он аз судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 109 адад, аз сохтори Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон 234 адад, аз Кумитаи давлатии амнияти миллӣ 18 адад, аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 60 адад, аз Вазорати корҳои дохилӣ 13 адад, аз мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ 101 адад, хулосаи вазорату идораҳо 753 адад ва боқимонда 974 адад аз корхонаҳову ташкилотҳо ворид гардидааст;

-ҳуҷҷатҳои дохилӣ аз кумитаҳои идораи замини маҳал, Корхонаи воҳиди давлатии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул”, корхонаҳову муассисаҳои тобеъи Кумитаи давлатӣ 344 ададро ташкил медиҳад;

-қонунҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон- 90 адад, аз он Амр ва фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 адад, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 56 адад ва фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 адад, маводҳо аз Шӯрои маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 адад ворид шудааст;

-супоришҳои хаттӣ ва протоколҳои маҷлисҳои назди Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ӯ, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон- 547 адад, аз он: 7 адад нақшаи чорабиниҳо оид ба мулоқот, вохӯрӣ ва ҷараёни сафарҳои кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, нусха аз протоколҳои маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 32 адад, супоришҳои протоколии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ӯ 18 адад, супоришҳои протоколии Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ӯ 5 адад, боқимонда 486 супоришҳои хаттии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ӯ ва Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ӯ мебошад;

- дар давраи ҳисоботӣ 261 адад барқия ворид гардидааст, ки аз он 17 адад аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 244 адад аз ҷониби вазорату идораҳо мебошад;

- 49 адад маводҳо аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои такмили иловагӣ бозпас гардонида шудаанд.

Дар ин давра 2111-адад ҳуҷҷатҳои содиротӣ, ки аз он: ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 346-адад ва боқимонда 1765 -адад ба вазорату идораҳо ва муроҷиаткунандагон ирсол карда шудааст.

         Ҳамчунин, дар рӯзҳои шанбе ва чоршанбе аз тарафи Раиси Кумитаи давлатӣ 94 нафар шаҳрвандон қабул ва муроҷиатҳои онҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Ба 82 нафар ҷавоби мушаххас дода шуда, боқимонда муроҷиатҳо бо риояи муҳлат дар ҳолати баррасӣ қарор доранд.

Дар ин давра муассиса ва корхонаҳои тобеи Кумитаи давлатӣ мувофиқи нақшаи кории худ амал намуда, як қатор корҳоро ба иҷро расониданд, аз ҷумла:

Тибқи шартномаҳо дар соли 2019 бо Институти давлатии лоиҳакашии заминсозии “Тоҷикзаминсоз” барои иҷрои корҳои заминсозӣ ва кадастри замин аз ҳисоби мабалағгузории буҷети давлатӣ маблағи умумии 3450000 сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.

Институти давлатии лоиҳакашии заминсозии “Тоҷикзаминсоз” якҷоя бо корхонаи тобеъи “Суғдзаминсоз” корҳои заминсозӣ ва кадастри заминро дар нимсолаи аввали соли ҳисоботӣ ба маблағи 1485000 сомонӣ иҷро намудааст. Инчунин, ба маблағи 1954935 сомонӣ корҳои шартномавиро ба иҷро расонидаанд. Ҳамагӣ, аз рӯи ҳамаи намуди маблағгузориҳо ба маблағи 3439935 сомонӣ корҳо ба иҷро расонида шудаанд.

         Институти лоиҳакашию татқиқотии “Фазо” дар соли 2019 барои иҷрои корҳои заминсозӣ ва кадастри давлатии замин аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағи 2 530 000 сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Дар нимсолаи аввали соли 2019 Институти лоиҳакашию татқиқотии “Фазо” ба маблағи 1087000 сомонӣ корҳои заминсозӣ ва кадастриро ба иҷро расонид, ки ин 100%-и нақшаро ташкил медиҳад.

Институт дар нимсолаи аввал, ғайр аз корҳои нақшавии Кумитаи давлатӣ тибқи шартномаҳои тарафайн бо дигар корхонаю ташкилотҳо корҳои заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозиро ба иҷро расонида истодааст. Корҳои шартномавӣ дар нимсолаи аввали соли 2019 ба маблағи 309360 сомонӣ иҷро гардидааст. Ҳамагӣ, аз рӯи ҳамаи намуди маблағгузориҳо ба маблағи 1396360 сомонӣ корҳо ба иҷро расонида шудаанд.

Дар нимсолаи аввали соли 2019 барои иҷрои корҳои топографӣ- геодезӣ ва харитасозӣ аз ҳисоби буҷети давлат ба ҳисоби умумӣ 1125000 сомонӣ маблағ ҷудо карда шуда, аз тарафи корхонаҳои аэрогеодезӣ ба маблағи 1183374 сомонӣ корҳо иҷро шудааст, ки 105 % - и иҷроиши нақшаро ташкил медиҳад, аз ҷумла:

КВДА Душанбе                              -488374 сомонӣ;

КВДА Суғд                                    -176000   сомонӣ;

КВДА Хатлон                                -86000 сомонӣ

КВДА Бадахшон                            -88000 сомонӣ;

КВД «Фабрикаи харитасозӣ»     -345000 сомонӣ.

Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи Корхонаи воҳиди давлатии аэрогеодезии Душанбе ба маблағи 219058 сомонӣ, Корхонаи воҳиди давлатии аэрогеодезии Суғд ба маблағи 165278 сомонӣ, Корхонаи воҳиди давлатии аэрогеодезии Хатлон ба маблағи 46020 сомонӣ, Корхонаи воҳиди давлатии аэрогеодезии Бадахшон ба маблағи 25 000 сомонӣ, Корхонаи воҳиди давлатии «Фабрикаи харитасозӣ» ба маблағи 216924 сомонӣ дар асоси шартномаи дуҷониба корҳои топографӣ-геодезӣ ва харитасозӣ иҷро гардидааст. Ҳамагӣ, ба маблағи 672280 сомонӣ корҳои шартномавӣ иҷро гардидааст.

Умуман, аз тарафи корхонаҳои воҳиди давлатии аэрогеодезии Душанбе, Суғд, Хатлон, Бадахшон ва “Фабрикаи харитасозӣ” дар нимсолаи аввали соли 2019 корҳои топографӣ, геодезӣ ва харитасозӣ ба маблағи 1855654 сомонӣ ба иҷро расонида шудааст.

Корхонаи воҳиди давлатии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” баҳри амалӣ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он” дар нимсолаи аввали соли 2019 як қатор корҳоро ба анҷом расонидааст.

Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби корхонаҳои бақайдгирӣ 30582 адад ҳуқуқи истифодаи қитъаҳои замин (ВМКБ – 627; вилояти Суғд – 8180; вилояти Хатлон – 12015; шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 9760), аз он 3132 адад хоҷагиҳои деҳқонӣ (ВМКБ – 54; вилояти Суғд – 1176; вилояти Хатлон – 1281; шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 621), 171 адад хоҷагиҳои иловагии ёрирасон (ВМКБ-10, вилояти Суғд – 44; вилояти Хатлон – 66; шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 51), 23867 адад қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ (ВМКБ – 383; вилояти Суғд – 5644; вилояти Хатлон – 9758; шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 8082), 423 адад дигар намуди хоҷагидории кишоварзӣ   (ВМКБ – 3, вилояти Суғд – 168; вилояти Хатлон – 85; шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 167), 2989 адад зери сохтмон ва эҳтиёҷоти дигар (ВМКБ – 177; вилояти Суғд – 1148; вилояти Хатлон – 825; шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 839 адад) ба қайди давлатӣ гирифта шуда, заминистифодабарандагон бо Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ таъмин гардидаанд.

Дар ҳамин давра 19391 адад биноҳои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматӣ (аз ҷумла ҷудогона) ва иншоот (ВМКБ –469; вилояти Суғд – 5846; вилояти Хатлон – 4031; шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 9045) адад ба қайди давлатӣ гирифта шудаанд. Инчунин, нисбати 1981 адад маҳдудиятҳои (гарониҳои) ҳуқуқ ба молу мулки ғайриманқул амалиёти бақайдгирии давлатӣ анҷом дода шуд (ВМКБ – 109; вилояти Суғд – 743; вилояти Хатлон – 285; шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 844 адад). Аз Феҳристи ягонаи давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он, ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ 22478 адад иттилоот дода шудааст. (ВМКБ – 243; вилояти Суғд – 8032; вилояти Хатлон – 3568; шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 10635 адад).

Дар асоси моддаи 41 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он» амалиёти бақайдгирии давлатии қитъаҳои замин, иншоот ва маҳдудиятҳои (гарониҳои) ҳуқуқҳо нисбати 18 адад объектҳои таъиноти махсус анҷом дода шуда, бо Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ таьмин гардиданд.

Дар ҳамин давра, аз ҷониби корхонаҳои тобеъ корҳои барӯйхатгирии техникӣ гузаронида шуда 25527 адад шиносномаҳои техникӣ омода гардидаанд, аз он 12842 адад барӯйхатгирии техникии асосӣ (ВМКБ – 230; вилояти Суғд – 2983; вилояти Хатлон – 3426; шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 6203) ва 9032 адад барӯйхатгирии техникии ҷорӣ (ВМКБ – 39; вилояти Суғд – 4306; вилояти Хатлон – 1078; шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 3610). Инчунин 3652 адад дигар намуди корҳо (ВМКБ – 29; вилояти Суғд – 1095; вилояти Хатлон – 301; шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 2226) ба иҷро расонида шуд.

Бо мақсади ташкил намудани «Бойгонии электронӣ» дар бойгонии марказии Корхона ва корхонаҳои минтақавии бақайдгирӣ раванди ба ҳомилҳои электронӣ табдил додани ҳуҷҷатҳо (сканеркунонӣ) амалӣ гардида, ҳуҷҷатҳои дар бойгониҳои корхонаҳои бақайдгирии ҷумҳурӣ маҳфузбуда 88 % сканер кунонида шуданд, аз ҷумла дар вилояти Суғд – 96 %, Хатлон – 84 %, НТҶ – 82 % ва ВМКБ – 83 % мебошанд.

Дар давраи ҳисоботӣ ба Корхона 28 адад парвандаҳои заминсозӣ оид ба додани қитъаҳои замин, ки бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегиранд, аз кумитаҳои идораи замини шаҳру ноҳияҳо барои экспертизаи ҳуҷҷатҳо ва мувофиқакунии онҳо бо вазорату идораҳои дахлдор ворид гардидааст. Аз он 11 адад парванда дар мувофиқакунӣ бо вазорату идораҳои дахлдор қарор дошта, 17 адад барои ҷой доштани камбудию норасоиҳо бозпас гардонида шудааст.

Дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ 28 адад парвандаҳои заминсозӣ баъд аз мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор тибқи тартиби муқарраргардида, барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардиданд. Аз онҳо 12 адад парванда бо сабаби ҷой доштани камбудиҳо бозпас шуда буданд ва баъд аз бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, такроран ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ пешниҳод гардиданд.

Айни замон, бо назардошти парвандаҳои заминсозии солҳои пешин воридшуда, 45 адад парвандаҳои заминсозӣ дар мувофиқакунонӣ бо вазорату идораҳои дахлдор қарор доранд.

То имрӯз аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гирифтан ва додани қитъаҳои замин тасдиқ гардидаанд, аз ҷумла:

   - ба маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии "Данғара" барои сохтмони роҳи оҳан ва терминали боркунию борфарорӣ аз ҳисоби заминҳои муасиссаи давлатии "Трести чарогоҳу мелиоративӣ"-и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар майдони 20,0 гектар (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.03.19, № 105);

   - ба Ширкати саҳҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" барои бунёди зеристгоҳи барқӣ "CASA-1000" аз ҳисоби заминҳои хоҷагиҳои деҳқонии «Бозорбой» ва "Соҳибназар", воқеъ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти "Машъал"-и ноҳияи Вахш дар майдони 20,0 гектар (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.03.19, № 106.);

     - ба соҳибкорони ноҳияи Балҷувон барои сохтмони меҳмонхонаҳо, майдончаи варзишӣ, осоишгоҳи табобатӣ ва ҳавзи моҳипарварӣ аз ҳисоби заминҳои хоҷагии деҳқони "Шаршара", "Гулдара", "Хушоб" ва "М.Вайсов"-и деҳоти Сарихосор дар майдони 16,0 гектар (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.03.19, № 139);

     - ба ҶДММ "Гурӯҳи самимӣ констракшн" (Риэл-Д) барои сохтмони корхонаи истеҳсоли хишти пухта дар майдони 0,70 гектар ва майдони 6,30 гектар ба истифодаи муҳлатнок ба муҳлати 20 сол барои истихроҷи хок аз заминҳои Кооперативи истеҳсолии "Баракати Ватан"-и шаҳри Ҳисор дар майдони 7,0 гектар (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.03.19, №138);

     - ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат барои сохтмони чойхонаи миллӣ ва васеъ намудани боғи фарҳангию фароғатӣ аз ҳисоби заминҳои Кооперативи тиҷоратии ба номи А. Кенҷаеви шаҳри Ваҳдат дар майдони 4,62 гектар (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02.05.19, № 204);

     - ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Спитамен» ба истифодаи бемуҳлат барои сохтмони заводи сементбарорӣ аз ҳисоби заминҳои хоҷагии ёрирасони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Спитамен" ва фонди махсус дар майдони 5,0 гектар (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02.05.19, № 204);

       - ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Ҷазира" барои бунёд намудани таваққуфгоҳ дар майдони 2,42 гектар замини чарогоҳ аз ҳисоби заминҳои Муассисаи давлатии "Парваришгоҳи баҳри Норак", воқеъ дар деҳоти Себистони ноҳияи Данғара (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.05.19, № 276).

   Дар ин давра тибқи муроҷиати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи пешниҳод намудани рӯйхати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ оид ба додани қитъаҳои замин, ки бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидаанд, ирсол карда шудааст.

       Бо мақсади мукаммалгардонии қонунгузории амалкунандаи соҳаи бақайдгирии давлатӣ ва иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он» дар ҳамкорӣ бо гурӯҳи кории Кумитаи давлатӣ, як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия карда шуданд.

         Барномаи электронии «Системаи худкори бақайдгирии молу мулки ғайриманқул дар Тоҷикистон» (СХБТ) аз моҳи апрели соли 2018 мавриди истифода қарор дорад. Айни замон дар 62 корхонаҳои минтақавии бақайдгирӣ (Суғд-17, Хатлон-25, НТҶ-14, ВМКБ-6) барнома дар реҷаи кории “асосӣ”мавриди истифода қарор дода шуда, амалиёти бақайдгирӣ пурра тариқи барномаи мазкур анҷом дода мешавад. Аз ҷумла, дар оғози соли ҷорӣ 6 корхонаҳои бақайдгирӣ дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ ба реҷаи кории “асосӣ”-и барнома пайваст гардиданд. Ҳамзамон, амалиёти бақайдгирӣ нисбати объектҳои молу мулки ғайриманқули ноҳияи Мурғоб тавассути барномаи СХБТ дар корхонаи бақайдгирии шаҳри Хоруғ анҷом дода мешаванд. Корхонаи бақайдгирӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ аз 17.05.19 ба реҷаи тестӣ (омӯзишӣ) пайваст мебошад.

Ҳамарӯза масъалаҳои рӯзмарра оид ба анҷомдиҳии амалиёти бақайдгирии молу мулки ғайриманқул, ки аз тарафи истифодабарандагони барнома пешниҳод карда мешаванд, баррасӣ карда мешаванд. Қайд намудан зарур аст, ки бо амалӣ гардидани барномаи СХБТ теъдоди камбудию хатогиҳо дар раванди анҷомдиҳии амалиёти бақайдгирии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он кам гардиданд.

Дар барнома модули ҳисоботи бақайдгирандаҳо иборат аз се намуд пурра омода гардида, аз 27.05.19 мавриди истифода қарор дода шуд. Ин модул аз ҳисоботи бақайдгиранда, замима ба ҳисоботи бақайдгиранда ва ҳисоботи корхонаҳо иборат мебошад. Ҳамин тариқ, маълумот оид ба ҳуқуқҳо, маҳдудиятҳо (гарониҳои ҳуқуқ) нисбати объектҳои молу мулки ғайриманқул ва иттилооти додашуда, ба таври худкор (автоматикӣ) сурат мегирад. Фаъол намудани ин модул ба баланд бардоштани сатҳу сифати ҳисоботҳо ва аз ҳама муҳим сарфа намудани вақти зиёде, ки барои тайёр намудани ҳисоботҳо бо ҳомили коғазӣ лозим буд, мусоидат менамояд. Инчунин, дар барнома Феҳристи электронии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он тартиб дода шуда, мавриди истифода қарор дода шуд. Барои таъмини бехатарии сервери марказӣ, камераҳои назоратӣ барқарор карда шуданд.

Барои беҳтар ва дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ анҷом додани корҳои баруйхатгирии техникии объектҳои молу мулки ғайриманқул, намунаҳои шиносномаҳои техникӣ иборат аз 11 намуд бо назардошти таъиноти мақсадноки объектҳо таҳия гардид. Намунаҳои таҳиягардида аз 01.07.19 мавриди истифодаи корхонаҳои бақайдгирӣ қарор мегиранд. Инчунин, модули электронии гузаронидани пайдарҳамии корҳои истеҳсолӣ дар раванди иҷрои корҳои барӯйхатгирии техникӣ таҳия гардид, ки барномаи СХБТ ворид карда мешавад.

Кумитаи давлатӣ ҷиҳати иҷрои фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 ноябри соли 2017 №74-ф, бо мақсади ободонӣ ва боз ҳам зебову ҷолиб гардонидани симои пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба роҳ мондани ҳамкории самараноки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо дигар мақомоти давлатӣ ва ташкилоту муассисаҳо дар сохтмони гулгашт дар хиёбони Н. Қарабоев, корҳои сохтмонӣ идома дорад.

       Кумитаи давлатӣ ва корхонаҳои тобеъ бахшида ба пешвози 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 утоқҳои кориро, ки ҳаҷми зиёда аз 900 м2 ташкил медиҳад, рангубор карда, саҳмгузорӣ намуданд. Дар шаҳру ноҳияҳо бошад, дар маъракаи таҷлили идҳои умумимиллӣ, корҳои бунёдкорию ободонӣ, тозаю покиза намудани атрофи корхонаҳо ва маҳаллаю шоҳроҳҳои ба онҳо вобасташуда, муташаккилона ширкат менамоянд. Дар умум, ба маблағи 688325 сомонӣ корҳои ободонӣ ба иҷро расидаанд.

Айни замон, барои беҳтар намудани шароити фаъолияти корӣ, сохтмони биноҳои маъмурии кумитаҳои идораи замин ва корхонаҳои давлатии фаръии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Деваштич, Турсунзода, Данғара, Абдураҳмони Ҷомӣ, Ваҳдат ва Кӯлоб идома дошта, дар муҳлатҳои муайяншуда, ба сомон расонида мешаванд.

Дар нимсолаи якуми соли 2019 аз ҷониби Кумитаи давлатӣ ва корхонаҳои тобеъ корҳои сохтмонӣ ба маблағи 6330466 сомонӣ ба анҷом расонида шуданд, аз он сохтмони асосӣ маблағи 5451561 сомонӣ (Зафаробод-37000, Хуҷанд-165013, Ашт-52215, Шаҳристон – 1977, Қубодиён- 37556, Кӯшониён-122431,Вахш-13014, Ҷ.Балхӣ-32100, Хуросон-19583, Ҷомӣ-1160374, Панҷ-13730, Кӯлоб-258000, Ҳамадонӣ-1180, Турсунзода-1060201, Ҳисор- 914919, Ваҳдат-1291000, Душанбе-271268) ва таъмири ҷорӣ – 878905 сомонӣ (Айнӣ-15150, Деваштич-281000, Исфара-7000, Панҷакент-12213, Истиқлол-10800, Қубодиён-18600, Вахш-3034, Балхӣ-2100, Шаҳритуз-5880, Хуросон-17840, Норак-4000, Кӯлоб- 32100, Мӯъминобод-143000, Балҷувон-4800, Душанбе-5406, Ҳисор- 290370, Роғун-4500, Рӯдакӣ-12950 ва Файзобод-3462 сомонӣ) ташкил медиҳанд.

Ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2017, № АП-983 бо мақсади расонидани кӯмакҳои хайриявӣ ба маъюбон, шахсони бесаробон ва камбизоатон, Кумитаи давлатӣ ва корхонаҳои тобеъ дар шаҳру ноҳияҳо дар корҳои хайриявию кӯмакрасонӣ саҳми худро гузоштанд. Дар ин давра, ба собиқадорони корхона, мактаб-интернатҳо ва хонаҳои пиронсолон дар арафаи таҷлили идҳои умумимиллӣ кӯмак ва ёрии хайрхоҳона дар намуди маҳсулоти ғизоӣ ба маблағи умумии 311465 сомонӣ расонида шуд. Инчунин, дар арафаи Иди байналмилалии Наврӯз, Иди Ғалаба, Иди Рамазон ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба тарбиятгирандагони мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятим дар ноҳияи Шаҳринав тибқи дархост ба маблағи 22521 сомонӣ маводҳои зарурӣ кӯмаки хайриявӣ расонида шуд.

  • president tj
    Президенти ҶТ
     
     
     
  • parlament tj
    МНМО ҶТ
     
     
     
     
  • khovar tj
    АМИТ "Ховар"
     
     
     
     
  • mmk tj
    ММҚ ҶТ
     
     
     
     
  • mfa tj
    ВКХ ҶТ
     
     
     
     
  • minfin tj
    ВМ ҶТ

© Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Cуроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Ф. Ниёзӣ 50
тел: (992 37) 227 80 54 (шӯъбаи умумӣ)
факс: (992 37) 227 80 84

E-mail: admin @ zamin.tj

http://www.zoofirma.ru/