Фаъолияти Кумитаи давлатии идораи замин
ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти он дар маҳалҳо
дар давраи чор моҳи соли 2018
17.05.2018, шаҳри Душанбе
Кумитаи давлатӣ ҳисоботро оид ба миқдори заминҳо ва тақсимоти онҳо ба гурӯҳҳо, намудҳои замину заминистифодабарандагон дар доираи ҳар як ноҳия, вилоят ва дар миқёси ҷумҳурӣ ба ҳолати 1-уми январи соли 2018 ҷамъбаст намуд, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2018 №63 тасдиқ карда шуд.
Дар соли 2017 дар ҷумҳурӣ майдони 6397 гектар, аз он обӣ 5045 гектар заминҳо, аз ҷумла аз ҳисоби заминҳои партов майдони 1800 гектар, чарогоҳ 2696 гектар, дигар заминҳо 1901 гектар ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шудааст.
Кумитаи давлатӣ ченаки назоратии кишти зироатҳои кишоварзиро дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар маҳал гузаронид.
Ченаки назоратӣ нишон дод, ки дар ҷумҳурӣ дар майдони умумии 149992 гектар кишт шудааст, ки нисбати дурнамои кишоварзӣ 38238 гектар зиёд мебошад, аз ҷумла:
-ғалладонагиҳо дар майдони 130566 гектар, аз он обӣ 41198 гектар, нисбат ба дурнамои кишоварзӣ 35070 гектар, аз он обӣ 10233 гектар зиёд мебошад,
-сабзавот дар майдони 11680 гектар, аз он обӣ 11680 гектар, нисбат ба дурнамои кишоварзӣ 92 гектар, аз он обӣ 92 гектар зиёд мебошад,
-картошка дар майдони 4468 гектар, аз он обӣ 4400 гектар, нисбат ба дурнамои кишоварзӣ 201 гектар, аз он обӣ 270 гектар кам мебошад.
Кумитаи давлатӣ мувофиқи маълумотҳои фаврии пешниҳоднамудаи кумитаҳои идораи замини шаҳру ноҳияҳо ба ҳолати 11-майи соли 2018 дар майдони 181230 гектар кишти пахта ва дар майдони 23493 гектар кишти картошка гузаронида шудааст.
Бо мақсади иҷрои супориши Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон №2к/64-22 аз 4 сентябри соли 2017 ва банди 7-и Протоколи ҷаласаи назди Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мукаммалсозии низоми баҳисобгирии оморӣ, ҷиҳати дастрас намудани маълумотҳои дақиқ оид ба заминҳои корами дар истифодаи аҳолӣ қарордошта, аз кумитаҳои идораи замини шаҳру ноҳияҳо маълумотҳо дастрас карда шуд.
Майдони заминҳои корами маҳалҳои аҳолинишин дар ҷумҳурӣ ба ҳолати 01.01.18 ҳамагӣ 212211 гектар, аз он обӣ 107175 гектар, корам 121335 гектар, аз он обӣ 71643, дарахтони бисёрсолаи мевадиҳанда 45998 гектар, аз он обӣ 34719 гектар, иморатҳо ва дигар заминҳо 38307 гектар ва заминҳои хоҷагии ёрирасони шахсӣ (Президентӣ) майдони 59275 гектар, аз он обӣ 33057 гектарро ташкил медиҳанд.
Тибқи маълумотҳои аз шаҳру ноҳияҳо дастрасгардида, ба ҳолати 11 майи соли 2018 натиҷаи ченакҳои гузаронидашуда чунин мебошад: -шумораи заминистифодабарандагон 576722 адад;
-заминҳои наздиҳавлигӣ 72024 гектар, аз он обӣ 36070 гектар;
-замин корам 37164 гектар, аз он обӣ 25825 гектар:
-дарахтони бисёрсолаи мевадиҳанда 15263 гектар, аз он обӣ 11084 гектар;
-зери иморатҳо ва дигар заминҳо 15552 гектар;
-заминҳои хоҷагиҳои ёрирасони шахсии шаҳрвандон 21208 гектар, аз он обӣ 13479 гектар.
Дар ин самт корҳо давом доранд.
Кумитаи давлатӣ нақшаи чорабинҳоро оид ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои корами обие, ки дар шаҳру ноҳияҳо дар соли 2017 аз гардиши кишоварзӣ берун мондаанд ва заминҳои партов барои солҳои 2018-2020 тартиб дод, аз ҷумла:
-дар вилояти Хатлон аз майдони 4255 гектар заминҳои корами обии аз гардиши кишоварзӣ берунмонда, дар соли 2018 -1070 гектар, дар соли 2019 -1269 гектар ва дар соли 2020 -1328 гектар ба нақша гирифта шудааст. Майдони 588 гектар бо сабабҳои селоб ва шустани дарё ба гардиши кишоварзӣ ворид намудан ғайримкон мебошад.
-дар вилояти Суғд аз майдони 3706 гектар заминҳои корами обии аз гардиши кишоварзӣ берунмонда, дар соли 2018 -1304 гектар, дар соли 2019- 1214 гектар ва дар соли 2020 -1188 гектар ба нақша гирифта шудааст.
-дар ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ аз майдони 862 гектар заминҳои корами обии аз гардиши кишоварзӣ берунмонда, дар соли 2018 -85 гектар ба нақша гирифта шудааст. Майдони 777 гектар бо сабабҳои дар шаҳру ноҳияҳои Роғун 4 гектар зери карер, Рӯдакӣ 685 гектар зери сохтмонҳо, Нуробод 82 гектар зери роҳҳои чорвогузар ва Рашт 6 гектар селоб ва шустани дарё ба гардиши кишоварзӣ ворид намудан ғайримкон мебошад.
Ба ҳолати 1 январи соли 2018 заминҳои партов майдони умумии 28570 гектар, аз он обӣ 23488 гектарро ташкил дода, дар соли 2018 ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани майдони 2290 гектар, аз он обӣ 2068 гектар ба нақша гирифта шудааст.
Бо мақсади иҷрои нақшаи кории Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолати воқеъии истифодабарии заминҳои фонди захиравии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Мастчоҳи вилояти Суғд, Шаҳритузи вилояти Хатлон ва Файзобод таҳти санҷиш қарор дода шуд.
Санҷиш ва таҳлили ҳуҷҷатҳои бойгонӣ нишон дод, ки аз майдони умумии 4464,61 гектар заминҳои фонди захиравӣ бо қарорҳои дахлдори Раиси ноҳияи Мастчоҳ бе қарори дахлдори Ҳукумати чумҳурии Тоҷикистон майдони 49,0 гектар барои бунёди Боғи Миллӣ ҷудо карда шуда, дар майдони 150,75 гектар хоҷагиҳои деҳқонӣ (бо ҳуқуқи истифодаи якумраи меросӣ) таъсис дода шудааст. Инчунин майдони 463,12 гектар ба фонди махсуси ноҳия гузаронида шудааст.
Заминҳои фонди захиравӣ дар майдони 3801 гектар боқӣ мондааст.
Дар асоси қарорҳои раиси ноҳияи Шаҳритуз корхонаҳои кишоварзӣ таҳти ислоҳот қарор дода шуда, дар заминаи онҳо хоҷагиҳои деҳқонии колективӣ ва баъдан саҳмдорон дар асоси саҳмашон хоҷагиҳои деҳқонии инфиродӣ ва оилавӣ ташкил намудаанд.
Дар рафти санҷиш як қатор ҳолатҳои хилофи Қоидаҳои азнавташкилдиҳӣ ва ислоҳоти ташкилоту корхонаҳои кишоварзӣ амал намудани масъулин ошкор карда шуд.
Дар ноҳияи Файзобод таҳлилҳо нишон дод, ки аз майдони умумии 5354,88 га, аз он майдони 485,29 гектар тибқи қарорҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фонди манзил, 296,53 гектар дар асоси қарорҳои раиси ноҳия ба Кумитаҳои маҳалла барои истифодаи бемуҳлат, 2181,63 гектар ба хоҷагиҳои деҳқонӣ ба истифодаи якумраи меросӣ вобаста гардидааст. Дар фонди захиравии ноҳия майдони умумии 2391,43 гектар заминҳо боқӣ мондааст.
Айни замон инвентаризатсияи заминҳои хоҷагии ёрирасони шахсии шаҳрвандон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ оғоз гардида кор дар ин самт идома дорад.
Кумитаи давлатӣ назоратро оид ба риояи қонунгузории замин ва самараноку оқилона истифода бурдани он дар давраи чор моҳи соли 2018 боз ҳам пурзӯр намуда, дар ин ҷода корҳои муайянеро ба сомон расонид.
Дар ин давра аз ҷониби мақомоти идораи замини Ҷумҳурии Тоҷикистон 5006 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор карда шуда, нисбати 5006 ҳолатҳо дастур, нисбати 4262 ҳолатҳо протоколу қарорҳои ҷаримабандӣ қабул карда шуда, ба маблағи 1593620 сомонӣ ҷарима баста шудааст, ки аз ин 1334376 сомонӣ ба суратҳисоби махсус ворид карда шудааст. Барои додани баҳои ҳуқуқӣ 313 мавод ба прокуратура, 122 мавод барои бо таври маҷбурӣ ситонидани маблағи ҷаримаҳо ба суд ирсол карда шуда, 3270 ҳолатҳои вайронкунии қонунгузории замин дар маҳал бартараф карда шудааст.
Баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар маросими ба истифода додани бинои навбунёди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 59 ноҳияи Рӯдакӣ 3 октябри соли 2017 баён намуда буданд, Ситод оид ба назорати истифодабарии самараноку оқилонаи заминҳо дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ ва васеъшавии заминҳои шаҳри Душанбе таъсис дода шуд.
Аз ҷониби аъзоёни Ситод ҳангоми гузаронидани корҳои назоратӣ дар ҷамоати деҳоти Чортеппа, Саркиштӣ, Россияи ноҳияи Рӯдакӣ 46 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар маҳал муайян карда шуда ба маблағи 15050 сомонӣ қарорҳои ҷаримабандӣ қабул карда шуд.
Кумитаи давлатӣ баҳри иҷрои муқаррароти қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 апрели соли 2017 №212 “Дар бораи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе” баҳисобгирии заминҳои ба сарҳади ҳудуди лоиҳавии шаҳри Душанбе воридшавандаро аз рӯи намудҳои замин ҳисоб намуда, ҳуҷҷатҳои зарурии ҷамоатҳои деҳоти Чортеппа, Чоряккорон ва Сарикиштӣ омода карда шуд. Дар ҷамоатҳои деҳоти Чимтеппа, Россия ва Гулистон корҳои баҳисобгирӣ давом дорад. Инчунин, корҳои барӯйхатгирии техникии молу мулки ғайриманқул, қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ, ташкилоту идораҳо, муассисаҳои таълимӣ ва тиббӣ, нуқтаҳои савдо, масҷид ва клубҳо гузаронида шуда истодааст.
Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориро дар самти риояи қонунгузории замин бо Прокуратураи генералӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондааст.
Дар давраи ҳисоботӣ якҷоя бо Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 маротиба дар шаҳру ноҳияҳои Восеъ, Рашт, Рӯдакӣ, Варзоб санҷишҳо гузаронида хулосаҳои дахлдор пешниҳод гардидааст. Тибқи мактуби Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон санҷиши ҳолати истифодабарии заминҳои вазорату идораҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар шаҳри Леваканти вилояти Хатлон, ноҳияҳои Рӯдакӣ ва Варзоб санҷиш намуда аз натиҷаи он хулосаҳо пешниҳод гардидаанд. Айни замон дар асоси мактубҳои Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон санҷиши риояи қонунгузории замин дар ноҳияҳои Панҷи вилояти Хатлон, Айнии вилояти Суғд ва шаҳри Турсунзода мавриди санҷиш қарор дода истодаанд.
Дар асоси мактубҳои Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 маротиба кормандони Кумитаи давлатӣ ба ноҳияҳои Восеъ, Ҷайҳуни вилояти Хатлон, шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Ваҳдат, Рӯдакӣ ва Шаҳринав сафарбар карда шуда, аз натиҷаи санҷишҳо гузаронидашуда хулосаҳо пешниҳод гардидааст.
Тибқи мактуби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санҷиши қитъаҳои замини ноҳияи Рӯдакӣ гузаронида шуда хулоса пешниҳод гардидааст.
Дар асоси супориши Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санҷиши вазъи истифодабарии мақсадноки заминҳо дар хоҷагиҳои ёрирасони “Лучоб” ва “Зиғертӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҶСК “Комплекси сайёҳии Варзоб” гузаронида шуда ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод карда шудааст.
Кумитаи давлатӣ дар самти азнавташкилдиҳӣ ва ислоҳоти замин низ як қатор корҳоро пеш бурда истодааст.
Дар доираи талаботи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2006 таҳти №1775 «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ оид ба азнавташкилдиҳӣ ва ислоҳоти ташкилотҳои кишоварзӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)” шумораи хоҷагиҳои деҳқонӣ дар миқёси ҷумҳурӣ 181484 ададро ташкил медиҳад. Аз ин шумора 67732 адад дар вилояти Суғд, 66258 адад дар вилояти Хатлон, 16114 адад дар ВМБК ва 31380 адад дар ноҳияиҳои тобеъ ба қайди давлатӣ гирифта шудаанд.
Шумораи хоҷагиҳои деҳқонӣ дар давраи чор моҳи соли 2018 бошад, ҳамагӣ 2336 ададро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли 2017, 175 адад зиёд мебошад. Аз ин 2336 адад хоҷагиҳои деҳқонӣ 1064 адад дар вилояти Суғд, 757 адад дар вилояти Хатлон, 26 адад дар ВМБК ва 489 адад дар ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ба қайди давлатӣ гирифта шудаанд.
Дар Кумитаи давлатӣ баҳри иҷрои Стратегияи муқовимат ба коррупсия масъалаи мазкур ба таври доимӣ дар ҳар як маҷлиси назоратии назди роҳбарияти Кумитаи давлатӣ баррасӣ гардида, супоришҳои зарурӣ дода мешаванд ва оид ба иҷроиши онҳо корҳои назоратӣ, пешгирӣ, фаҳмондадиҳӣ ва тарғиботӣ бурда мешаванд. Бо мақсади пешгири намудани амалҳои коррупсионӣ бо ҳамаи раисони кумитаҳои идораи замини вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва корхонаҳои тобеъ Қарордод оид ба тақвияти муқовимат бо коррупсия баста шуд.
Таҳлили натиҷаи ҷамъбасти ҳолати ҷуброни талафи истеҳсолоти кишоварзӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ маълум намуд, ки дар айни замон 34548181 сомонӣ маблағи талафи истеҳсолоти кишоварзӣ ба суратҳисоби махсуси буҷети ҷумҳурӣ ҷуброн карда нашудааст.
Дар давраи ҳисоботӣ тибқи ҳисоботҳо ба суратҳисоби махсуси буҷети ҷумҳурӣ 2298417 сомонӣ маблағи талафи истеҳсолоти кишоварзӣ ворид шудааст.Инчунин, ба маблағи 4072359 сомонӣ дар асоси санади Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардидааст. Ҳамагӣ 6370777 сомониро ташкил медиҳад.
Барои ташкил намудани махзани маълумотҳо «Оид ба таназзулёбии заминҳои кишоварзӣ дар ҷумҳурӣ» мавриди таҳлил қарор дода шуд.
Таҳлилҳо дар ин самт нишон дод, ки дар ҳудуди вилояти Суғд дар ин муддат дар натиҷаи риоя нагардидани омилҳои болозикр заминҳои таназзулёфта дар майдони умумии 27165,3 га, аз ҷумла, аз ҳисоби заминҳои шӯрнокияш паст 22382,6 га, заминҳои шӯрнокияш миёна 5818,6 га ва заминҳои шӯрнокияш баланд 577,0 га зиёд гардида, аз ҳисоби заминҳои ботлоқшуда дар майдони 1613,0 га кам гардидааст.
Дар ҳудуди вилояти Хатлон бошад дар ин давра бо истифода аз маблағҳои ба ин самт ҷудогардида дар натиҷаи гузаронидани корҳои мелиоративӣ заминҳои таназзулёфта дар майдони умумии 23866,3 га, аз ҷумла, заминҳои шурнокияш паст 22369,0 га, заминҳои шурнокияш баланд 1309,0 га,заминҳои ботлоқшуда 1321,0 га, заминҳои аз фарсоиш (эрозия)-и бодӣ вайроншуда 13,0га ва заминҳои биёбоншуда 1254,0 га кам гардидааст. Ин тағйирот асосан дар ноҳияҳои Хуросон, А.Ҷомӣ, Дӯстӣ, Вахш, Бохтар, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Восеъ, Фархор, Муъминобод, Данғара, Темурмалик, Н.Хисрав, Шаҳритус, Панҷ, Ҷ.Балхӣ ва Қубодиён ба амал омадааст.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар ин муддат заминҳои таназзулёфта дар майдони умумии 245,8 га, аз ҷумла, заминҳои шӯрнокияш паст 74,9 га, ва аз фарсоиши (эрозияи) обӣ вайроншуда 322 га кам гардида, заминҳои шурнокияш баланд 1,3 га, заминҳои ботлоқшуда 3,7га, аз фарсоиши (эрозияи) бодӣ вайроншуда 72,7 га ва биёбоншуда 73,0 гектар зиёд гардидааст.
Кумитаи давлатӣ ҷиҳати иҷрои фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 ноябри соли 2017 №74-ф бо мақсади ободонӣ ва боз ҳам зебову ҷолиб гардонидани симои пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе дар радифи корҳои бунёдкориву созандагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохтмону азнавсозии гулгашти назди Хонаи Иттифоқи нависандагон, воқеъ дар хиёбони Исмоили Сомониро оғоз намуда, корҳо дар ин самт ба охир расида истодааст.
Айни замон, барои беҳтар намудани шароити фаъолияти корӣ сохтмони биноҳои маъмурии кумитаҳои идораи замини шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Турсунзода, Данғара, А.Ҷомӣ ва Восеъ идома дошта дар муҳлатҳои муайяншуда ба сомон расонида мешавад.
Дар ин давра муассиса ва корхонаҳои зертобеи Кумитаи давлатӣ мувофиқи нақшаи кории худ амал намуда, як қатор корҳоро ба иҷро расониданд. Аз ҷумла:
ИДЛЗ “Тоҷикзаминсоз” якҷоя бо корхонаи тобеъи “Суғдзаминсоз” корҳои заминсозиро дар давраи чор моҳи соли 2018 ба маблағи 936986 сомонӣ иҷро намудааст. Инчунин ба маблағи 658974 сомонӣ корҳои шартномавиро ба иҷро расонидаанд. Ҳамагӣ аз руи ҳамаи намуди маблағгузориҳо ба маблағи 1595960 сомонӣ корҳо ба иҷро расонида шудаанд.
ИТЛ “Фазо” корҳои заминсозиро дар давраи чор моҳи соли 2018 ба маблағи 747553 сомонӣ иҷро намуд. Корҳои шартномавӣ ба маблағи 263026 сомониро ташкил намуд. ИЛТ “Фазо” ҳамагӣ аз руи ҳамаи намуди маблағгузориҳо ба маблағи 1010579 сомонӣ корҳоро ба иҷро расонидааст.
Дар давраи чор моҳи соли 2018 барои иҷрои корҳои топографӣ- геодезӣ ва харитасозӣ аз ҳисоби буҷаи давлат ба ҳисоби умумӣ 647333 сомонӣ маблағ ҷудо карда шуда, аз тарафи корхонаҳои аэрогеодезӣ корҳои топографӣ-геодезӣ ва харитасозӣ ба маблағи 751479 сомонӣ иҷро шудааст, ки 116 % - и иҷроиши нақшаро ташкил медиҳад, инчунин аз тарафи Корхонаи воҳиди давлатии аэрогеодезии Суғд ба маблағи 33880 сомонӣ, Корхонаи воҳиди давлатии «Фабрикаи харитасозӣ» ба маблағи 10305 сомонӣ дар асоси шартномаи дуҷониба корҳои топографӣ-геодезӣ ва харитасозӣ иҷро гардидааст.