No images found.

31078406265 aa1d97a906 o

    Замин боигарии асосии мамлакати мост. Ояндаи ҷумҳурӣ, ояндаи халқи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки муносибат ба замин дар кишвари мо чӣ гуна ба роҳ монда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон

Фиристодани мактуб ба Кумитаи давлатии идораи замин

ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Пеш аз фиристодани мактуб ба Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, хоҳишмандем, бо тартиби зерини ин хизматрасонии муколамавӣ шинос шавед.

Қоидаҳои баррасӣ гардидани муроҷиатҳои электронии шаҳрвандон

1. Муроҷиатҳои электронӣ метавонад ариза, шикоят, пешниҳод ё дархост бошанд.

2. Муроҷиатҳои электронии ба воситаи сомонаи расмии Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ воридгардида барои баррасӣ ба Шуъбаи умумии Кумитаи давлатӣ фиристода мешаванд. Кумитаи давлатӣ саривақт, ҳамаҷониба ва воқеъбинона баррасӣ гардидани муроҷиатҳоро таъмин менамояд.

3. Мутобиқи моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳои электронӣ дар шакли ҳуҷҷати электронии бо имзои электронии рақамӣ тасдиқшуда ва дорои дигар маълумотҳои барои ҳуҷҷатҳои электронӣ ҳатмӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, пешниҳод карда мешавад. Ҳамчунин мутобиқи моддаи 19 қонуни мазкур муроҷиатҳои хаттие, ки ҳалли масъалаҳои дар он гузошташуда ба салоҳияти мақомот ва ташкилоти дахлдор мансуб нест, дар давоми се рӯз аз рӯзи ба қайд гирифтан ба мақомоту ташкилоти салоҳиятдоре, ки ҳалли масъалаҳои дар муроҷиатҳо дарҷгардида ба тобеияти онҳо мансубанд, ирсол карда мешавад. дар ин хусус муроҷиаткунанда ба таври хаттӣ огоҳ карда мешавад.

4. Муроҷиатҳои электронӣ баррасӣ карда намешаванд, дар ҳолати:
- Дар муроҷиатҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, номи пурраи шахси ҳуқуқӣ, суроғаи почтаи электронии муроҷиаткунандагон ва муҳтавои муроҷиат зикр нагардида бошад.
- Муроҷиатҳои электронӣ метавонанд дорои маълумоти иловагӣ дар бораи муроҷиаткунанда бошанд, аз ҷумла суроғаи маҳалли ҷойгиршавӣ, рақами факс, рақами телефон ва дигарҳо.

5. Ҷавоби муроҷиатҳо ба суроғаи ҳангоми муроҷиат (электронӣ ё почтавӣ) пешниҳодгардида фиристода мешаванд.

6. Ҳамаи муроҷиатҳои ба воситаи сомонаи расмӣ воридгардида барои маълумот ба роҳбарияти Кумитаи давлатӣ пешниҳод мегарданд. Ба саволҳои доимии муроҷиаткунандагон дар сомона аз ҷониби роҳбарият ҷавоби мушаххас нашр гардидааст. Ҷавоби муроҷиати Шумо, шояд аллакай дар сомона нашр гардида бошад.


фиристодани мактуб

  • president tj
    Президенти ҶТ
     
     
     
  • parlament tj
    МНМО ҶТ
     
     
     
     
  • khovar tj
    АМИТ "Ховар"
     
     
     
     
  • mmk tj
    ММҚ ҶТ
     
     
     
     
  • mfa tj
    ВКХ ҶТ
     
     
     
     
  • minfin tj
    ВМ ҶТ

© Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Cуроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Ф. Ниёзӣ 50
тел: (992 37) 227 80 54 (шӯъбаи умумӣ)
факс: (992 37) 227 80 84

E-mail: admin @ zamin.tj

http://www.zoofirma.ru/