31078406265 aa1d97a906 o

    Замин боигарии асосии мамлакати мост. Ояндаи ҷумҳурӣ, ояндаи халқи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки муносибат ба замин дар кишвари мо чӣ гуна ба роҳ монда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон

БАРОИ ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА

дар бораи фаъолияти кории Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии

Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти он дар маҳалҳо дар нимсолаи аввали соли 2018

 

Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардидаанд, дар соли 2018 ба роҳ монда, як қатор корҳоро ба сомон расонид.

      Дар ин давра корҳои заминсозию кадастри замин, топографию геодезӣ, харитасозӣ, делимитатсия ва демаркатсияи сарҳадро дар миқёси ҷумҳурӣ идома дода шуд.

      Баҳри иҷрои банди 7-и қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 январи соли 2018 №34 “Дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017 ва вазифаҳо барои соли 2018” соли ҷорӣ дар майдони 2182 гектар боғу токзорҳои нав бунёд карда шудааст. Аз майдони умумӣ 641 гектар дар заминҳои корам, 134 гектар дар заминҳои партов, 1254 гектар дар заминҳои чарогоҳ, 153 гектар дар дигар заминҳо боғҳо бунёд шудаанд.

        Тибқи нақшаи корӣ дар миқёси шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ченаки назоратии майдони кишти пахта, картошка ва заминҳои корами аз гардиши кишоварзӣ берун мондаро гузаронид, ки натиҷааш чунин мебошад:

        Дар ҷумҳурӣ дар майдони 184506 гектар кишти пахта гузаронида шудааст, ки нисбати дурнамо (187500 гектар) 2994 гектар ва нисбати маълумоти оморӣ (186142 гектар) 1636 гектар кам мебошад.

        Аз майдони умумии 184506 гектар кишти пахта 182350 гектари он дар заминҳои корам, 561 гектар дар заминҳои партов, 1317 гектар дар байни қаторҳои боғҳо ва 297 гектар дар дигар заминҳо кишт карда шудааст.

    Дар вилояти Суғд 57350 гектар пахта кишт карда шудааст, ки нисбат ба дурнамо (57000 гектар) 350 гектар зиёд ва нисбат ба маълумоти оморӣ (57371 гектар) 21 гектар кам мебошад.

      Дар вилояти Хатлон 121197 гектар пахта кишт карда шудааст, ки нисбат ба дурнамо (122000 гектар) 803 гектар ва нисбат ба маълумоти оморӣ (122404 гектар) 1207 гектар кам мебошад.

      Дар шаҳру ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ 5959 гектар кишти пахта гузаронида шудааст, ки нисбат ба дурнамо (8500 гектар) 2541 гектар ва нисбат ба ҳисоботи оморӣ (6367 гектар) 408 гектар кам мебошад.

       Картошка дар ҷумҳурӣ дар майдони 31172 гектар кишт гузаронида шудааст, ки нисбат ба дурнамо (33490 гектар) 2318 гектар ва нисбат ба маълумоти оморӣ 1381 гектар кам кишт карда шудааст.

      Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳамагӣ дар майдони 1899 гектар кишти картошка гузаронида шудааст, ки нисбат ба дурнамо (3000 гектар) 1101 гектар кам буда, 63 %-и нақшаро ташкил медиҳад. Нисбати ҳисоботи оморӣ бошад (2083 гектар) 184 гектар кам мебошад.

    Дар вилояти Суғд дар майдони 13781 гектар кишти картошка гузаронида шудааст, ки нисбати дурнамо (14550 гектар) 769 гектар ва нисбат ба ҳисоботи оморӣ (13781гектар) 924 гектар кам мебошад.

   Дар вилояти Хатлон дар майдони 6397 гектар кишти картошка гузаронида шудааст, ки нисбат ба дурнамо (6800 гектар) 403 гектар ва нисбат ба маълумоти оморӣ (6625 гектар) 228 гектар кам мебошад.

   Дар шаҳру ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ дар майдони 9095 гектар кишти картошка гузаронида шудааст, ки нисбати дурнамо (9140 гектар) ва ҳисоботи оморӣ 45 гектар кам мебошад.

Майдони заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар ҷумҳурӣ соли ҷорӣ 9615 гектар, аз он обӣ 8139 гектарро ташкил дод, ки нисбати соли гузашта 928 гектар, аз он обӣ 684 гектар кам шудаанд.

   Майдони заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар ВМКБ 192 гектар корами обӣ, вилояти Хатлон 4653 гектар, аз он 3863 гектар обӣ, вилояти Суғд 3248 гектар, аз он 3119 гектар обӣ ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 1522 гектар, аз он 965 гектар обиро ташкил медиҳад.

   Заминҳои холимонда гарчанде дар миқёси ҷумҳурӣ нисбати соли гузашта кам шуда бошанд ҳам, дар ВМКБ 192 гектар обӣ (соли 2017 набуд) ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 145 гектар аз он обӣ 103 гектар заминҳои холимонда зиёд шудаанд.

   Нақшаи чорабинҳо оид ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои корами обие, ки дар шаҳру ноҳияҳо дар соли 2017 аз гардиши кишоварзӣ берун мондаанд ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои партов дар соли 2018 тартиб дода шуд, ки тибқи он:

-дар вилояти Хатлон майдони 4255 гектар заминҳои корами обӣ аз гардиши кишоварзӣ берунмонда, дар соли 2018 -1070 гектар, дар соли 2019 -1269 гектар ва дар соли 2020 -1328 гектар ба нақша гирифта шудааст. Майдони 588 гектар бо сабабҳои селоб ва шустани дарёҳо ба гардиши кишоварзӣ ворид намудан ғайримкон мебошад.

-дар вилояти Суғд майдони 3706 гектар заминҳои корами обӣ аз гардиши кишоварзӣ берунмонда, дар соли 2018 -1304 гектар, дар соли 2019- 1214 гектар ва дар соли 2020 -1188 гектар ба нақша гирифта шудааст.

   -дар ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ майдони 862 гектар заминҳои корами обӣ аз гардиши кишоварзӣ берунмонда, дар соли 2018 -85 гектар ба нақша гирифта шудааст.      

   Кумитаи давлатӣ ва мақомотҳои он дар маҳал дар нимсоли 2018 дар ҷумҳурӣ 8133 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор намуда, нисбати 8133 ҳолатҳо дастур, нисбати 6771 ҳолатҳо протоколу қарорҳои ҷаримабандӣ қабул карда шуда, ба маблағи 2 633 465 сомонӣ ҷарима қабул карда шудааст, ки аз ин 2 189 051 сомонӣ ба суратҳисоби махсус ворид карда шудааст.

   Барои додани баҳои ҳуқуқӣ 553 мавод ба прокуратура, 257 мавод барои бо таври маҷбурӣ ситонидани маблағи ҷаримаҳо ба суд ирсол карда шуда, 5855 ҳолатҳои вайронкунии қонунгузории замин дар маҳал бартараф карда шудааст.

   Дар натиҷа нисбат ба шашмоҳи соли 2017 теъдоди 1175 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин зиёд ва 1818 парвандаҳои маъмурӣ зиёд тартиб дода шудааст. Ба маблағи 423 665 сомонӣ қарорҳои ҷаримабандӣ зиёд қабул гардида, воридоти он ба маблағи 517 366 сомонӣ зиёд мебошад. Ба прокуратура барои додани баҳои ҳуқуқи нисбат ба шашмоҳи соли 2017 141 мавод зиёд ирсол карда шудааст.  

Дар доираи иҷроиши талаботи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2006 таҳти №1775 «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ оид ба азнавташкилдиҳӣ ва ислоҳоти ташкилотҳои кишоварзӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)” ба ҳолати 1.07 соли 2018 шумораи хоҷагиҳои деҳқонӣ дар миқёси ҷумҳурӣ 183258 ададро ташкил дода, аз ин шумора 68406 адад дар вилояти Суғд, 66952 адад дар вилояти Хатлон, 16144 адад дар ВМБК ва 31756 адад дар ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ба қайди давлатӣ гирифта шудаанд. Шумораи хоҷагиҳои деҳқонӣ дар шаш моҳи сипаригашта бошад, ҳамагӣ 4110 ададро ташкил дода, аз ин 1738 адад дар вилояти Суғд, 1451 адад дар вилояти Хатлон, 56 адад дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва 865 адад дар ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ба қайди давлатӣ гирифта шудаанд.

Дар Кумитаи давлатӣ баҳри иҷрои Стратегияи муқовимат ба коррупсия ба таври доимӣ дар ҳар як маҷлиси назоратии назди роҳбарияти Кумитаи давлатӣ баррасӣ гардида, супоришҳои зарурӣ дода мешаванд ва оид ба иҷроиши онҳо корҳои назоратӣ, пешгирӣ, фаҳмондадиҳӣ ва тарғиботӣ бурда мешаванд.

   Дар ин давра муассиса ва корхонаҳои зертобеи Кумитаи давлатӣ мувофиқи нақшаи кории худ амал намуда, як қатор корҳоро ба иҷро расониданд. Аз ҷумла:

   ИДЛЗ “Тоҷикзаминсоз” корҳои заминсозиро дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ҳамагӣ аз руи ҳамаи намуди маблағгузориҳо ба маблағи 3006292 сомонӣ, ИЛТ «Фазо» бошад ҳамагӣ ба маблағи 1661113 сомонӣ корҳоро ба иҷро расониданд.

   Аз тарафи корхонаҳои воҳиди давлатии аэрогеодезии Душанбе, Суғд, Хатлон, Бадахшон ва “Фабрикаи харитасозӣ” дар нимсолаи аавали соли 2018 корҳои топографӣ, геодезӣ ва харитасозӣ ба маблағи 1417010 сомонӣ ба иҷро расонида шудааст.

   Корхонаи воҳиди давлатии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” баҳри амалӣ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он” як қатор корҳоро ба анҷом расонидааст.

   Дар нимсолаи якуми соли 2018 аз ҷониби корхонаҳои фаръии бақайдгирӣ 31266 адад ҳуқуқи истифодаи қитъаҳои замин, аз он 4110 адад хоҷагии деҳқонӣ,174 адад хоҷагии иловагии ёрирасон, 23480 адад қитъаи замини наздиҳавлигӣ, 512 адад дигар намуди хоҷагидории кишоварзӣ, 2990 адад зери сохтмон ва эҳтиёҷоти дигар ба қайди давлатӣ гирифта шуда, заминистифодабарандагон бо Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ таъмин гардидаанд.

     Кормандони Кумитаи давлатӣ ва корхонаҳои тобеъ дар ҳашарҳои дастаҷамъона, ки дар маҳалҳо баҳри корҳои созандагию ободонӣ, кабудизоркунӣ, ниҳолшинонӣ ва тозаю покиза нигоҳ доштани атрофи корхонаҳо ва маҳалҳою шоҳроҳҳои ба онҳо вобасташуда гузаронида мешавад, муташаккилона ширкат намуда, ба маблағи 100 000 сомонӣ корҳоро ба анҷом расониданд ва дар оянда низ давом медиҳанд.

     Корҳои хайрия. Кумитаи давлатӣ бо мақсади расонидани кўмакҳои хайриявӣ ба маъюбон, шахсони бесаробон ва камбизоатон дар корҳои хайриявию кўмакрасонӣ низ саҳми худро гузошта истодаанд.

      Дар ин давра, аз ҷониби Кумитаи давлатӣ ва корхонаҳои тобеъи он ба шахсони маъюбу бесаробон, оилаҳои камбизоат ва ятимони кулл дар арафаи таҷлили Соли нави мелодӣ, Рўзи артиши миллӣ, Рўзи модарон, Наврўзи байналмилалӣ, Рамазон ва Ваҳдати миллӣ кўмак ва ёрии хайрхоҳона расонида шуд.

    Дар умум, корҳои хайрия ва кўмак ба ятимону камбизоатон, шахсони барҷомонда ва эҳтиёҷманд маблағи зиёда аз 230000 сомониро ташкил медиҳад.

      Дар арафаи Иди байналмиллалии Наврўз корхонаҳои тобеъ аз оилаҳои ятиму бепарастор ва камбизоат бо риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” 18 нафар кўдаконро тўйи хатнасур гузарониданд.

        Кумитаи давлатӣ баҳри иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2017 №АП-983 дар ҷашнгирии Иди байналмилалии Наврӯз, Иди Ғалаба, арафаи Иди Рамазон, ҷашнгирии 21-солагии Рўзи Ваҳдати миллӣ ба тарбиятгирандагони мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кудакони ятими ноҳияи Шаҳринав ба маблағи 20763 сомонӣ кўмаки моддӣ расонид.

  • president tj
    Президенти ҶТ
     
     
     
  • parlament tj
    МНМО ҶТ
     
     
     
     
  • khovar tj
    АМИТ "Ховар"
     
     
     
     
  • mmk tj
    ММҚ ҶТ
     
     
     
     
  • mfa tj
    ВКХ ҶТ
     
     
     
     
  • minfin tj
    ВМ ҶТ

© Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Cуроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Ф. Ниёзӣ 50
тел: (992 37) 227 80 54 (шӯъбаи умумӣ)
факс: (992 37) 227 80 84

E-mail:sh.umumi @ zamin.tj

http://www.zoofirma.ru/