No images found.

31078406265 aa1d97a906 o

    Замин боигарии асосии мамлакати мост. Ояндаи ҷумҳурӣ, ояндаи халқи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки муносибат ба замин дар кишвари мо чӣ гуна ба роҳ монда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон

Фаъолияти Кумитаи давлатии идораи замин

ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти он дар маҳалҳо

дар нӯҳ моҳи соли 2018

 

Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардидаанд, дар соли 2018 ба роҳ монда, як қатор корҳоро ба сомон расонид.

Дар ин давра корҳои заминсозию кадастри замин, топографию геодезӣ, харитасозӣ, делимитатсия ва демаркатсияи сарҳадро дар миқёси ҷумҳурӣ идома дода шуд.

       Кумитаи давлатӣ иҷрои супориши Ҳукумати   Ҷумҳурии   Тоҷикистон № 6/27-83 аз 15 октябри соли 2017 оид ба таъмини иҷрои муқаррароти қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №212 аз 28 апрели соли 2017 «Дар бораи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе» бо гурӯҳи кории таъсисдодашуда, парвандаи заминсозиро вобаста ба гузариши хатти лоиҳавии сарҳади шаҳри Душанбе бо ҷамоатҳои деҳоти Чоряккорон, Чортеппа, Сарикиштӣ, Чимтеппа, Навобод, Россия ва Гулистони ноҳияи Рӯдакӣ бо тартиби муқарраргардида омода намуда, барои ба баррасии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод намуд.  

Баҳри иҷрои банди 7-и қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 январи соли 2018 №34 “Дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017 ва вазифаҳо барои соли 2018” соли ҷорӣ дар майдони 2182 гектар боғу токзорҳои нав бунёд карда шудааст. Аз майдони умумӣ 641 гектар дар заминҳои корам, 134 гектар дар заминҳои партов, 1254 гектар дар заминҳои чарогоҳ, 153 гектар дар дигар заминҳо боғҳо бунёд шудаанд, аз ҷумла дар ВМКБ ҳамагӣ дар майдони 64 гектар, дар вилояти Хатлон дар майдони 693 гектар, дар вилояти Суғд дар майдони 521 гектар, дар шаҳру ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ дар майдони 905 гектар мебошанд.

Тибқи нақшаи корӣ дар миқёси шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ченаки назоратии майдони кишти пахта, картошка ва заминҳои корами аз гардиши кишоварзӣ берун мондаро гузаронид, ки натиҷааш чунинаст:

Дар ҷумҳурӣ дар майдони 184506 гектар кишти пахта гузаронида шудааст, ки нисбати дурнамо (187500 гектар) 2994 гектар ва нисбати маълумоти оморӣ (186142 гектар) 1636 гектар кам мебошад.

Дар вилояти Суғд 57350 гектар пахта кишт карда шудааст, ки нисбат ба дурнамо (57000 гектар) 350 гектар зиёд ва нисбат ба маълумоти оморӣ (57371 гектар) 21 гектар кам мебошад.

Дар вилояти Хатлон 121197 гектар пахта кишт карда шудааст, ки нисбат ба дурнамо (122000 гектар) 803 гектар ва нисбат ба маълумоти оморӣ (122404 гектар) 1207 гектар кам мебошад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ 5959 гектар кишти пахта гузаронида шудааст, ки нисбат ба дурнамо (8500 гектар) 2541 гектар ва нисбат ба ҳисоботи оморӣ (6367 гектар) 408 гектар кам мебошад.

Картошка дар ҷумҳурӣ дар майдони 31265 гектар кишт гузаронида шудааст, ки нисбат ба дурнамо (33490 гектар) 2225 гектар ва нисбат ба маълумоти оморӣ (32553 га) 1288 гектар кам кишт карда шудааст.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳамагӣ дар майдони 1899 гектар кишти картошка гузаронида шудааст, ки нисбат ба дурнамо (3000 гектар) 1101 гектар кам буда, 63 %-и нақшаро ташкил медиҳад. Нисбати ҳисоботи оморӣ бошад (2083 гектар) 184 гектар кам мебошад.

Дар вилояти Суғд дар майдони 13781 гектар кишти картошка гузаронида шудааст, ки нисбати дурнамо (14550 гектар) 769 гектар ва нисбат ба ҳисоботи оморӣ (13781гектар) 924 гектар кам мебошад.

Дар вилояти Хатлон дар майдони 6397 гектар кишти картошка гузаронида шудааст, ки нисбат ба дурнамо (6800 гектар) 403 гектар ва нисбат ба маълумоти оморӣ (6625 гектар) 228 гектар кам мебошад.

         Дар шаҳру ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ дар майдони 9188 гектар кишти картошка гузаронида шудааст, ки нисбати дурнамо (9140 гектар) ва ҳисоботи оморӣ (9140 га) 48 гектар зиёд мебошад.

         Майдони заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар ҷумҳурӣ соли ҷорӣ 9615 гектар, аз он обӣ 8139 гектарро ташкил дод, ки нисбати соли гузашта 928 гектар, аз он обӣ 684 гектар кам шудаанд. Ин заминҳо бо сабабҳои шӯршавӣ ва ботлоқшавӣ 845 гектар, аз кор баромадани шабакаҳои каналу иншоотҳо 3032 гектар, дар натиҷаи селоб зер кардан 871 гектар, нагузаронидани корҳои мелиоративӣ 42 гектар, набудани об барои обёрӣ 2319 гектар, зери сохтмонҳо бе асос гузаштан 781 гектар ва корҳои ғайриқаноатбахши хоҷагидорӣ 1725 гектар заминҳо аз гардиши кишоварзӣ берун мондаанд.

Майдони заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар ВМКБ 192 гектар корами обӣ, вилояти Хатлон 4653 гектар, аз он 3863 гектар обӣ, вилояти Суғд 3248 гектар, аз он 3119 гектар обӣ ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 1522 гектар, аз он 965 гектар обиро ташкил медиҳад.

Заминҳои холимонда гарчанде дар миқёси ҷумҳурӣ нисбати соли гузашта кам шуда бошанд ҳам, дар ВМКБ 192 гектар обӣ (соли 2017 набуд) ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 145 гектар аз он обӣ 103 гектар заминҳои холимонда зиёд шудаанд.

Нақшаи чорабинҳо доир ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои корами обӣ ва заминҳои партов дар се сол тартиб дода шуд, ки тибқи он:

-дар вилояти Хатлон майдони 4255 гектар заминҳои корами обӣ аз гардиши кишоварзӣ берунмонда, дар соли 2018 -1070 гектар, дар соли 2019 -1269 гектар ва дар соли 2020 -1328 гектар ба нақша гирифта шудааст. Майдони 588 гектар бо сабабҳои селоб ва шустани дарёҳо ба гардиши кишоварзӣ ворид намудан ғайримкон мебошад.

-дар вилояти Суғд майдони 3706 гектар заминҳои корами обӣ аз гардиши кишоварзӣ берунмонда, дар соли 2018-1304 гектар, дар соли 2019-1214 гектар ва дар соли 2020-1188 гектар ба нақша гирифта шудааст.

-дар ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ майдони 862 гектар заминҳои корами обӣ аз гардиши кишоварзӣ берунмонда, дар соли 2018 -85 гектар ба нақша гирифта шудааст.

Тибқи банди 66 Нақшаи кории Кумитаи давлатӣ ченаки назоратии майдони кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ гузаронида шуд, ки ба ҳолати 10 август дар ҷумҳурӣ дар майдони 72581 гектар кишти такрорӣ гузаронида шудааст, ки нисбати дурнамо (77322 гектар) 4741 гектар ва нисбати маълумоти оморӣ (74806 гектар) 2225 гектар кам мебошад. Аз ҷумла, дар ВМКБ майдони 120 гектар кишти гузаронида шуда нисбати дурнамо (170 гектар) 50 гектар кам, вилояти Суғд майдони 10194 гектар кишти гузаронида шуда нисбати дурнамо (15600 гектар) 5406 гектар кам ва нисбати маълумоти оморӣ (10439 гектар) 245 гектар кам мебошад., вилояти Хатлон майдони 49993 гектар кишти гузаронида шуда нисбати дурнамо (49300 гектар) 693 гектар зиёд ва нисбати маълумоти оморӣ (51922 гектар) 1929 гектар кам мебошад., шаҳру ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ майдони 12274 гектар кишти гузаронида шуда нисбати дурнамо (12252 гектар) 22 гектар зиёд ва нисбати маълумоти оморӣ (12325 гектар) 51 гектар кам мебошад. кишти такрорӣ гузаронида шудааст.

       Бо мақсади иҷрои банди 7-и Протоколи ҷаласа дар назди Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мукаммалсозии низоми баҳисобгирии оморӣ, ҷиҳати дастрас намудани маълумотҳои дақиқ оид ба заминҳои корами дар истифодаи аҳолӣ қарордошта, корҳо идома доранд.

Дар ҷумҳурӣ ба ҳолати 01.01.18 майдони заминҳои корами маҳалҳои аҳолинишин ҳамагӣ 212211 гектар, аз он обӣ 107175 гектар ва заминҳои хоҷагии ёрирасони шахсӣ (Президентӣ) майдони 59275 гектар, аз он обӣ 33057 гектарро ташкил медиҳанд.

Тибқи маълумотҳои аз шаҳру ноҳияҳо дастрасгардида, ба ҳолати 24 сентябри соли 2018   дар 1014530 адад объекти заминистифодабарӣ ченак гузаронида шудааст, аз ҷумла заминҳои наздиҳавлигӣ дар майдони 150836 гектар, аз он обӣ 81372 гектар, заминҳои хоҷагиҳои ёрирасони шахсии шаҳрвандон 41651 гектар, аз он обӣ 27508 гектар мебошад.

   Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2009 - 2018 барои бо қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ таъмин намудани эҳтиёҷмандон   ба мақомоти ичоияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо майдони 30159 гектар ҷудо карда шудааст. Аз майдони умумӣ майдони 22495 гектар ба 202323 нафар эҳтиёҷмандон тақсим карда дода шудаанд, ки 75 % -ро ташкил медиҳад.

Дар самти назорат оид ба риояи қонунгузории замин ва самараноку оқилона истифода бурдани он дар нӯҳ моҳи соли 2018 дар ҷумҳурӣ 11633 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор карда шуда, нисбати 11633 ҳолатҳо дастур, нисбати 9854 ҳолатҳо протоколу қарорҳои ҷаримабандӣ қабул карда шуда, ба маблағи 3919725 сомонӣ ҷарима қабул карда шудааст, ки аз ин 3305236 сомонӣ ба суратҳисоби махсус ворид карда шудааст. Барои додани баҳои ҳуқуқӣ 647 мавод ба прокуратура, 515 мавод барои бо таври маҷбурӣ ситонидани маблағи ҷаримаҳо ба суд ирсол карда шуда, 8347 ҳолатҳои вайронкунии қонунгузории замин дар маҳал бартараф карда шудааст.

Дар натиҷа нисбат ба нӯҳ моҳи соли 2017 1487 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин зиёд ва 1367 парвандаҳои маъмурӣ зиёд тартиб дода шудааст. Ба маблағи 637625 сомонӣ қарорҳои ҷаримабандӣ зиёд қабул гардида, воридоти он ба маблағи 716676 сомонӣ зиёд мебошад. Ба прокуратура барои додани баҳои ҳуқуқӣ нисбат ба нӯҳ моҳи соли 2017 163 мавод зиёд ирсол карда шудааст.

Баҳри иҷрои супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №24/10-400 аз 14.10.17 оид ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар маросими ба истифода додани бинои навбунёди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 59 ноҳияи Рӯдакӣ 3 октябри соли 2017 баён намуда буданд, Ситод оид ба назорати истифодабарии самараноку оқилонаи заминҳо дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ ва васеъшавии заминҳои шаҳри Душанбе таъсис дода шуда, дар натиҷаи гузаронидани корҳои назоратӣ   дар ҷамоатҳои деҳоти Чортеппа, Саркиштӣ, Россияи ноҳияи Рӯдакӣ 46 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар маҳал муайян карда шуда ба маблағи 15050 сомонӣ қарорҳои ҷаримабандӣ қабул карда шуд.

   Дар нӯҳ   моҳи соли 2018 аз тарафи мутахассисони Кумитаи давлатӣ санҷиши риояи талаботи Кодекси замин ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба замин аз тарафи заминистифодабарандагони шаҳру ноҳияҳои Шаҳритуз, Кӯлоби вилояти Хатлон, Ҷаббор Расулови вилояти Суғд, Дарвози вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ноҳияҳои Сангвор ва Нуробод гузаронида шуд.

   Дар рафти санҷишҳо дар ноҳияи Шаҳритуз 166 ҳолат, дар шаҳри Кӯлоб 136 ҳолат, дар ноҳияи Ҷаббор Расулов 62 ҳолат, дар ноҳияи Дарвоз 44 ҳолат, дар ноҳияи Сангвор 42 ҳолат, дар ноҳияи Нуробод 92 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор намуда, нисбати ин ҳолатҳо чораҳои дахлдор қабул карда шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ҳангоми гузаронидани ченаки назоратии майдони кишти зироатҳои пахта, картошка ва заминҳои холимонда 68 ҳолатҳои вайронкунии қонунгузории замин ошкор намуда, нисбати вайронкунандагони қонунгузории замин ба маблағи 69500 сомонӣ қарорҳои ҷаримабандӣ қабул намуд, ки аз он 51900 сомонӣ ба суратҳисоби Кумитаи давлатӣ ворид карда шуд.

Ҳамкорӣ дар самти риояи қонунгузории замин бо Прокуратураи генералӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст.

 Тибқи мактуби Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутахассиси Кумитаи давлатӣ дар якҷояги санҷиши ҳолати истифодабарии заминҳои вазорату идораҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистонро санҷиш ва муоина намуданд, ки аз натиҷааш хулосаҳо пешниҳод карда шуданд.     

   Дар якҷоягӣ бо Прокуратураи генералӣ ҳолати иҷрои қонунгузории заминро дар ҷамоати деҳоти ба номи М.Вайсови ноҳияи Восеъ, Панҷи вилояти Хатлон, Шаҳринав, Варзоб, Рӯдакӣ ва шаҳри Турсунзода гузаронида, аз натиҷаи он хулоса пешниҳод карда шуд.

   Инчунин заминҳои дурнамои шаҳри Душабе ва заминҳои саноатӣ низ дар якҷоягӣ мавриди санҷиш қарор дода шуд.

Дар асоси супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №40/76 аз 28.03.18 истифодаи мақсадноки заминҳои хоҷагиҳои ёрирасони Корхонаи воҳиди давлатии “Лучоб”, “Зағертӣ” ва хоҷагии “Ҳисор”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди санҷиш қарор дода, аз натиҷаи он маълумот ирсол карда шуд.

Ҳангоми пешбурди корҳои назоратӣ дар шаҳраки Ёвони ноҳияи Ёвон як қатор қонуншиканиҳо доир ба замин муайян карда шуд ва бинобар хилофи талаботи моддаи 172-и Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 60-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” қабул шудани баъзе аз қарорҳои раиси ноҳия пешниҳод ба унвони раиси ноҳияи Ёвон барои бекор намудан ирсол карда шуда, қарорҳои ғайриқонуни қабулшуда бекор карда шуданд.

Кумитаи давлатӣ баҳри иҷрои банди 38 нусха аз протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №4 аз 27 апрели соли 2018 дар минтақаи наздисарҳадии ноҳияҳои Панҷ, Фархор, Ҳамадонӣ ва Ш.Шоҳин санҷиш гузаронида, оид ба пешгирӣ ва бартараф намудани сохтмони хонаҳои истиқоматӣ ва дигар иншоотҳо дар заминҳои   наздикии сарҳади давлатӣ санҷишҳо гузаронид. Аз натиҷаи санҷиш ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ахборот пешниҳод карда шуд.

Дар асоси мактубҳои Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 маротиба кормандони Кумитаи давлатӣ ба шаҳру ноҳияҳои Восеъ, Ҷайҳун, Дӯстӣ, Вахш, Душанбе, Ваҳдат, Рӯдакӣ, Шаҳринав ва Исфара сафарбар карда шуда, аз натиҷаи санҷишҳо гузаронидашуда хулосаҳо пешниҳод карда шуд.

Тибқи мактуби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санҷиши қитъаҳои замини ноҳияи Рӯдакӣ гузаронида шуда хулоса пешниҳод гардидааст.

       Ҷиҳати таъмини иҷрои банди 6-и нусха аз протоколи машварати кории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №1к/30-6 аз 20 августи соли 2018 оид ба ҳолатҳои дар талу теппаҳои ҳудуди шаҳри Душанбе ғайриқонунӣ, аз ҷумла бидуни риояи талаботи инфрасохтори бунёд гардидани хонаҳои истиқоматӣ дар асоси қарори Раиси Кумитаи давлатӣ аз 23 августи соли 2018 №59 гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд.

Бо назардошти мактуби Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи таъсисдодашудаи Ситод оид ба истифодаи мақсадноки заминҳои ҳудуди шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои атрофи он, махсусан талу теппаҳо, ки бо фармони Прокуратураи генералӣ аз 24.08.18, №5-99 таъсис дода шудааст, мутахассисони Кумитаи давлатӣ дар якҷоягӣ бо иштироки дигар сохторҳо ба гузаронидани санҷиш шурӯъ намуданд.

Мутахассисони Кумитаи давлатӣ дар ҳайати 9 гурӯҳи санҷишии Ситоди таъсис додашуда дар шаҳру ноҳияҳои Ҳисор, Рӯдакӣ, Варзоб ва ноҳияҳо дар шаҳри Душанбе истифодаи мақсадноки заминро санҷиш гузаронида, то ин давра 128 ҳолати вайронкунии қонугузории замин ошкор намуда, санад ва хулосаҳо ба Ситод пешниҳод намуданд.

Дар доираи иҷроиши талаботи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2006 таҳти №1775 «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ оид ба азнавташкилдиҳӣ ва ислоҳоти ташкилотҳои кишоварзӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)” ба ҳолати 1.09. соли 2018 шумораи хоҷагиҳои деҳқонӣ дар миқёси ҷумҳурӣ 183723 ададро ташкил медиҳад. Шумораи хоҷагиҳои деҳқонӣ дар нӯҳ моҳ бошад, ҳамагӣ 4575 ададро ташкил дода, аз ин 1911 адад дар вилояти Суғд, 1631 адад дар вилояти Хатлон,74 адад дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва 959   адад дар ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ба қайди давлатӣ гирифта шудаанд.

   Тибқи супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо намояндагони вазорати кишоварзӣ ва академияи илмҳои кишоварзӣ гурӯҳои корӣ таъсис дода шуда, ҳолати истифодабарии замин ва дигар самтҳои фаъолияти хоҷагиҳои махсуси илмию таълими ва тумипарварию зотпарварии Академияи илмҳои кишоварзии ҷумҳурӣ таҳти санҷиш қарор дода шуда, аз натиҷаи санҷиш ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод карда мешавад.

Дар Кумитаи давлатӣ баҳри иҷрои Стратегияи муқовимат ба коррупсия ба таври доимӣ дар ҳар як маҷлиси назоратии назди роҳбарияти Кумитаи давлатӣ баррасӣ гардида, супоришҳои зарурӣ дода мешаванд ва оид ба иҷроиши онҳо корҳои назоратӣ, пешгирӣ, фаҳмондадиҳӣ ва тарғиботӣ бурда мешаванд. Дар ҷаласаи ҳайати мушовараи Кумитаи давлатӣ, ки санаи 12.10. 2018 баргузор гардид, рафти иҷрои Нақшаи кории Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2019 “Оид ба таъмини иҷроиши Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” дар кумитаҳои идораи замини маҳал ва корхонаҳои тобеъ баррасӣ гардида, қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Таҳлили натиҷаи ҷамъбасти ҳолати ҷуброни талафи истеҳсолоти кишоварзӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ маълум намуд, ки дар айни замон 38910475 сомонӣ маблағи талафи истеҳсолоти кишоварзӣ ба суратҳисоби махсуси буҷети ҷумҳурӣ ҷуброн карда нашуда, дар ин давра ба суратҳисоби махсуси буҷети ҷумҳурӣ 7239039 сомонӣ маблағи талафи истеҳсолоти кишоварзӣ ворид карда шудааст.

Яке аз самтҳои асосии фаъолияти Кумитаи давлатӣ ин корҳои делимитатсия, демаркатсия, ва редемаркатсияи сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои ҳамсарҳад ва ҳали масъалаҳои сарҳадӣ мебошад. Дар давраи ҳисоботӣ як қатор вохуриҳо бо намояндагони давлатҳои ҳамсарҳад дар доираи Комиссияҳои ҳукуматӣ оиди делимитатсия, демаркатсия, редемаркатсия ва дар доираи гурӯҳҳои кории байниҳукуматӣ оиди ҳалли масъалаҳои наздисарҳадӣ гузаронда шуд. Аз натиҷаи ин вохуриҳо бо тариқи расмӣ маълумотҳои мушаххас сари вақт пешниҳод карда шудааст.

     Кумитаи давлатӣ дар давраи ҳисоботӣ ҷиҳати вусъат бахшидан ба ҳамкориҳои дуҷониба дар самти геодезия, харитасозӣ, заминсозӣ, кадастр ва бақайдгирии молу мулки ғайриманқул бо дигар давлатҳо, аз ҷумла Ёддошти тафоҳум “Оид ба якдигарфаҳмӣ ва ҳамкорӣ” байни Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Росреести Федератсияи Россия, Созишнома “Оид ба ҳамкориҳо дар самти геодезия, харитасозӣ, заминсозӣ, кадастр ва бақайдгирии амволи ғайри манқул” байни Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи сармоягузории Белоруссия, Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон “Оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи геодезия, харитасозӣ, заминсозӣ, кадастр ва мушоҳидаи фосилавии Замин” таҳия намуда санадҳои меъёрию ҳуқуқии муайянкунандаи ҳамкориҳои дуҷониба ба имзо расонида шуд. Инчунин, Созишнома бо Ҳиндустон ба имзо расонида шуда, Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Озарбойҷон “Оид ба ҳамкориҳо дар самти геодезия, харитасозӣ, заминсозӣ ва кадастр” дар мувофиқаи ҷонибҳо қарор дорад.

 

Дар нӯҳ моҳи соли 2018 аз ҷониби корхонаҳои давлатии фаръии КВД “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” баҳри амалӣ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он” 43 611   адад ҳуқуқи истифодаи қитъаҳои замин, аз он 5571 адад хоҷагии деҳқонӣ, 282 адад хоҷагии иловагии ёрирасон, 32921 адад қитъаи замини наздиҳавлигӣ, 586 адад дигар намуди хоҷагидории кишоварзӣ, 4251 адад зери сохтмон ва эҳтиёҷоти дигар ба қайди давлатӣ гирифта шуда, заминистифодабарандагон бо Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ таъмин гардидаанд. Дар давраи ҳисоботӣ 33276 адад шиносномаҳои техникӣ таҳия карда шудааст.

Раванди иҷрои корҳо ҷиҳати мавриди истифода қарор додани барномаи электронии «Системаи автоматикунонидашудаи бақайдгирии молу мулки ғайриманқул дар Тоҷикистон» (САБТ) тибқи нақша ба роҳ монда шудааст. Барои амалӣ намудани барномаи мазкур дар 56 корхонаҳои бақайдгирии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ хати баландсуръати интиқолии VPN гузаронида шуда, алоқа бо сервери марказии Корхона барқарор карда шуд ва дар ин корхонаҳо Барномаи электронии САБТ мавриди истифодаи кории асосӣ қарор дода шудааст.

   Бо мақсади таҳкими Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзу густариши арзишҳои фарҳанги миллӣ ва таъмини рушди босуботи ҷомеа дар Кумитаи давлатӣ комиссия оид ба омодагӣ ва баргузории ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст. Тибқи нақшаи чорабиниҳои ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқгардида Кумитаи давлатӣ вазифаҳои ба зимма гузошташударо сари вақт ва бо сифати баланд ба анҷом мерасонанд.

   Кумитаи давлатӣ ҷиҳати иҷрои фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 ноябри соли 2017 №74-ф бо мақсади ободонӣ ва боз ҳам зебову ҷолиб гардонидани симои пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба роҳ мондани ҳамкории самараноки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо дигар мақомоти давлатӣ ва ташкилоту муассисаҳо сохтмону азнавсозии гулгашти назди Хонаи Иттифоқи нависандагон, воқеъ дар хиёбони Исмоили Сомониро корҳоро ба маблағи 1 900 000 сомонӣ ба анҷом расонидааст.

   Айни замон, барои беҳтар намудани шароити фаъолияти корӣ сохтмони биноҳои маъмурии кумитаҳои идораи замини шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Турсунзода, Данғара, Абдураҳмони Ҷомӣ ва Восеъ идома дошта дар муҳлатҳои муайяншуда ба сомон расонида мешавад. Ҳамзамон, дар ин давра барои кормандони кумитаи идораи замин ва КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар ноҳияи Рушон Кумитаи давлатӣ аз ҳисоби маблағҳои корхонаҳои давлатии фаръӣ ва саҳмгузории кормандон дар ҳаҷми 340 ҳазор сомонӣ бинои маъмуриро дар ноҳия бо пуррагӣ азнавсозӣ намуд.

     Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафарҳои корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои дурдаст ҷиҳати азхудкунии заминҳо, бунёди боғҳо дар манотиқи кӯҳистони мамлакат, аз ҷумла дар ноҳияҳои Ванҷ, Шуғнон ва Рӯшони ВМКБ Кумитаи давлатӣ вазифадор шудааст, ки барои обёрӣ намудан ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳо, дар ин замина бунёди боғҳоро ба анҷом расонад.

   Бо мақсади азхудкунии заминҳои нав дар майдони 22 гектар, дар ноҳияи Ванҷ ба маблағи 216300 сомонӣ, обёрӣ намудани заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар ноҳияи Шуғнон, дар майдони 30 гектар бунёди боғ ба маблағи 200000 сомонӣ корҳо ба анҷом расонида шудааст.
         Ҳамзамон барои беҳтар кардани ҳолати мелиоративии заминҳо бо роҳи тоза кардани заҳбуру заҳкашҳо дар ноҳияи Рӯшон дар майдони 200 гектар ба маблағи 127200 сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои аз пардохти талафи истеҳсолоти кишоварзӣ воридгардида равона шуда, корҳо дар ин мазеъ идома дорад.

   Дар маҷмӯъ дар миқёси ҷумҳурӣ барои беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо дар шаҳру ноҳияҳои Конибодом 45 га, Зафаробод 35 га, Фархор 350 га, Ванҷ 22 га, Шуғнон 30 га, Файзобод 30 га, Ховалинг 150 га, Панҷакент 47 га ба маблағи 2 745 251 сомонӣ ҷудо гардидааст, ки аз он ба маблағи 2 060 342 сомонӣ корҳо ба иҷро расонида шудаанд.

   Кормандони Кумитаи давлатӣ ва корхонаҳои тобеъ дар ҳашарҳои дастаҷамъона, ки дар маҳалҳо баҳри корҳои созандагию ободонӣ, кабудизоркунӣ, ниҳолшинонӣ ва тозаю покиза нигоҳ доштани атрофи корхонаҳо ва маҳалҳою шоҳроҳҳои ба онҳо вобасташуда гузаронида мешавад, муташаккилона ширкат намуда, ба маблағи зиёда аз 100 000 сомонӣ корҳоро ба анҷом расониданд.

   Кумитаи давлатӣ дар корҳои хайриявию кӯмакрасонӣ низ саҳми худро гузошта дар арафаи таҷлили Соли нави мелодӣ, Рӯзи артиши миллӣ, Рӯзи модарон, Наврӯзи байналмилалӣ, Рамазон, Ваҳдати миллӣ, иди Қурбон ва 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба оилаҳои камбизоат кӯмак ва ёрии хайрхоҳона ба маблағи зиёда аз 255 000 сомонӣ расонида шуд. Дар арафаи Иди байналмиллалии Наврӯз корхонаҳои тобеъ аз оилаҳои ятиму бепарастор ва камбизоат бо риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” 18 нафар кӯдаконро тӯйи хатнасур гузарониданд.

Кумитаи давлатӣ баҳри иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2017 №АП-983 дар ҷашнгирии Иди байналмилалии Наврӯз, Иди Ғалаба, арафаи Иди Рамазон, ҷашнгирии 21-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ, иди Қурбон ва 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятими ноҳияи Шаҳринав ба маблағи 32 213 сомонӣ кӯмаки моддӣ расонид.

  • president tj
    Президенти ҶТ
     
     
     
  • parlament tj
    МНМО ҶТ
     
     
     
     
  • khovar tj
    АМИТ "Ховар"
     
     
     
     
  • mmk tj
    ММҚ ҶТ
     
     
     
     
  • mfa tj
    ВКХ ҶТ
     
     
     
     
  • minfin tj
    ВМ ҶТ

© Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Cуроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Ф. Ниёзӣ 50
тел: (992 37) 227 80 54 (шӯъбаи умумӣ)
факс: (992 37) 227 80 84

E-mail: admin @ zamin.tj

http://www.zoofirma.ru/