31078406265 aa1d97a906 o

    Замин боигарии асосии мамлакати мост. Ояндаи ҷумҳурӣ, ояндаи халқи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки муносибат ба замин дар кишвари мо чӣ гуна ба роҳ монда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон

БАРОИ ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА

дар бораи фаъолияти кории Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти он дар маҳалҳо

дар семоҳаи якуми соли 2017

Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти он дар маҳалҳо дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ аз рӯи нақшаи корӣ фаъолият намуда, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармону супоришҳои Президенти кишвар, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини иҷроиши “Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020”-ро сармашқи кори худ намуда, баҳри иҷрои онҳо кӯшиш ба харҷ дода истодааст.

Кумита дар давраи ҳисоботӣ корҳои баҳисобгирии давлатии миқдори заминҳо, корҳои заминсозии байнихоҷагӣ, тадқиқоти калонҳаҷми хок, корҳои баҳои замин, корҳои тадқиқоти геоботаники чарогоҳҳо, корҳои бақайдгирӣ ва барасмиятдарорӣ, азнавташкилдиҳӣ ва таҷдиди корхонаҳои кишоварзӣ, ташкили шаклҳои нави хоҷагидорӣ, корҳои топогафӣ-геодезӣ, харитасозӣ, корҳои делимитатсия ва деморкатсияи сарҳадро дар миқёси ҷумҳурӣ идома дод.

Кумита қабули ҳисобот оид ба миқдори заминҳо ва тақсимоти онҳо ба гурӯҳҳо, намудҳои замину заминистифодабарандагон дар доираи ҳар як ноҳия, вилоят ва ҷамъбасти онҳоро дар миқёси ҷумҳурӣ ба ҳолати 1-уми январи соли 2017 ба охир расонид, ки он баъди мувофиқаи вазорату идораҳои дахлдор бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2015 таҳти №41 тасдиқ гардид.

Ҷиҳати иҷрои банди 14 Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2016 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баён гардидаанд, кумитаҳои идораи замини вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар якҷоягӣ бо идораҳои кишоварзии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, тибқи дурнамои кишти пахта барои соли 2017 майдони кишти барои пахта ҷудошавандаро муайян карда, ноҳияҳои пахтакор тибқи он киштро оғоз намудаанд.

Тибқи банди 15 Нақша чорабинии мазкур Кумитаи давлатӣ ҷиҳати таъмини иҷрои «Барномаи азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №450 аз 31 августи соли 2012 тасдиқ шудааст дар самти азхудкунии заминҳои нав ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳо ҳамеша кӯшиш менамоянд. Барои мисол, дар соли 2016 дар ҷумҳурӣ майдони умумии 1536 гектар, аз он 1498 гектар заминҳои корами обёришаванда ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шудаанд. Илова бар ин, аз ҳисоби заминҳои партов 37 гектар обӣ, чарогоҳ 467 гектар, аз он 70 гектар обӣ, дигар заминҳои ғайрикишоварзӣ 281 гектар аз он обӣ 242 гектар ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шуда, дар онҳо боғ бунёд карда шудааст. Ҳамагӣ заминҳои ба гардиши кишоварзӣ ворид кардашуда, якҷоя бо боғот дар соли 2016 майдони умумии 2321 гектар, аз он обёришванда 1847 гектарро ташкил медиҳад.

Кумитаи давлатӣ ва мақомотҳои он дар маҳал мавзеи бунёди боғҳоро дар заминҳои корами лалмӣ ва чарогоҳҳои талу теппаҳо дар майдони 245, 91 гектар муайян ва барои ниҳолшинонӣ омода намуданд. Айни замон бунёди боғҳоро дар заминҳои корами лалмӣ, партов, чарогоҳ ва талу теппаҳо дар майдони 125,91   гектар таъмин намудаанд. Дар Кумитаи давлатӣ барои ҷамъбасти кишти тирамоҳӣ ва кишти баҳорӣ ситод ташкил карда шуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаррӯза маълумот пешниҳод мегардад.

Тибқи маълумотҳои фаврӣ, ки аз тарафи кумитаҳои идораи замини маҳал гузаронида шудааст, дар ҷумҳурӣ дар майдони умумии 184833 гектар, аз он 90690 гектар заминҳои обӣ кишти зироатҳои тирамоҳӣ (ғалладонагиҳо) гузаронида шудаааст, ки   нисбат ба дурнамои  кишоварзӣ майдони 14235 гектар, аз он обӣ 21135 гектар ва нисбати маълумотҳои оморӣ майдони  2654 гектар, аз он обӣ  47380 гектар зиёд мебошад.

Кумитаи давлатӣ тибқи банди 8-и Протоколи ҷаласаи васеи корӣ дар назди муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон №5/28-5 аз 27 январи соли 2017 оид ба оғози кишти баҳорӣ бо мактуб аз 13 феврали соли 2017 таҳти № 2/5-03-493 кумитаҳои идораи замини вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро вазифадор намуд, ки ҳаррӯза маълумотҳои дақиқро оид ба кишти картошка, сабзавоти барвақтӣ ва кишти баҳорӣ бо мувофиқаи идораҳои кишоварзӣ ва омори шаҳру ноҳияҳо ба Кумитаи давлатӣ пешниҳод намоянд. Айни замон, ҳисоботи  ҳаррӯза оид ба майдони кишти барвақтии баҳорӣ қабул карда шуда истодааст, ки ба ҳолати 10.04 соли 2017 майдони умумии 67932 гектар, аз он обӣ 45625 гектарро ташкил медиҳад. Кумитаи давлатӣ оид ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №603 аз 11 ноябри соли 2010 аз кумитаҳои идораи замини шаҳру ноҳияҳо маълумотҳоро дастрас намуда, ба ҳолати 1 апрели соли 2017 ҷамъбаст намуд.

Аз соли 2010 то соли 2017 дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ майдони умумии 29623,04 гектар ба эҳтиёҷмандон барои қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ҷудо гардида, то 1 апрели соли 2017 майдони 20044,14 гектар ба оилаҳои эҳтиёҷманд тақсим шудааст, ки 68 фоизро ташкил медиҳад. Кумитаи давлатӣ назоратро  оид ба риояи қонунгузории замин ва самараноку оқилона истифода бурдани он дар семоҳаи аввали соли 2017 боз ҳам пурзӯр намуда, 3044 ҳолати вайронкунии қонунгузории заминро ошкор намуда, нисбати 2712 ҳолатҳо  дастур, нисбати 2490  ҳолатҳо протоколу қарорҳои ҷаримабандӣ қабул карда шуда, ба маблағи 902360  сомонӣ ҷарима қабул карда шудааст, ки аз ин 662720 сомонӣ ба суратҳисоби  махсус ворид карда шудааст. Барои додани баҳои ҳуқуқӣ 182 мавод ба прокуратура, 78 мавод барои бо таври маҷбурӣ ситонидани маблағи ҷаримаҳо ба суд  ирсол карда шуда, 1507 ҳолатҳои вайронкунии қонунгузории замин дар маҳал  бартараф карда шудааст.

Кумитаи давлатӣ дар самти азнавташкилдиҳӣ ва ислоҳоти замин низ як қатор корҳоро пеш бурда истодааст. Дар доираи талаботи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2006 тахти №1775 «Дар бораи  тадбирҳои иловагӣ оид ба азнавташкилдиҳӣ ва ислоҳоти ташкилотҳои кишоварзӣ»  ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)” дар давоми семоҳаи соли 2017,  2161 адад хоҷагиҳои деҳқонӣ  таъсис ёфта, ба қайди давлатӣ гирифта шудаанд. Аз ин шумора 791  адад дар вилояти Суғд, 867 адад дар вилояти Хатлон, 35 адад дар ВМБК ва 468 адад дар ноҳияиҳои тобеъ  мебошанд.

Дар Кумитаи давлатӣ баҳри иҷрои Стратегияи муқовимат  ба коррупсия масъалаи мазкур ба таври доимӣ дар ҳар як маҷлиси назоратии назди роҳбарияти Кумитаи давлатӣ баррасӣ гардида, супоришҳои зарурӣ дода мешаванд ва оид ба иҷроиши онҳо корҳои назоратӣ, пешгирӣ,  фаҳмондадиҳӣ ва тарғиботӣ бурда мешаванд.

Кумитаи давлатӣ ҳамчун мақоми мониторингшаванда дар Барномаи ташрифи намояндагони Нақшаи Истамбулӣ оид ба мубориза бо коррупсия барои давлатҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 27 то 31 марти соли ҷорӣ дар Китобхонаи миллӣ иштирок ва ҳамкорӣ намуд.

Дар ин давра муассиса ва корхонаҳои зертобеи Кумитаи давлатӣ мувофиқи нақшаи кории худ амал намуда, як қатор корҳоро ба иҷро расониданд. Аз ҷумла:

ИДЛЗ “Тоҷикзаминсоз” корҳои заминсозиро дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ба маблағи 289086 сомонӣ иҷро намудааст, ки нисбати нақшаи семоҳаи аввал 92,8 % ташкил медиҳад.

ИТЛ “Фазо” корҳои заминсозиро  дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ  ба маблағи 520000 сомонӣ иҷро намудаст, ки 100 %   нақшаро   ташкил медиҳад.

Аз тарафи корхонаҳои воҳиди давлатии аэрогеодезии Душанбе, Суғд, Хатлон, Бадахшон ва «Фабрикаи харитасозӣ» корҳои буҷавӣ ба маблағи 500000  сомонӣ иҷро шудааст, ки 100% - и иҷроиши нақшаро ташкил медиҳад.

Корхонаи воҳиди давлатии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” баҳри амалӣ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он” як қатор корҳоро ба анҷом расонидааст.

Дар давраи ҳисоботӣ дар корхонаҳои давлатии фаръӣ 13249 адад Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин,126 адад хоҷагии иловагии ёрирасон, 9238 адад қитъаи замини наздиҳавлигӣ, 320 адад дигар намуди заминистифодабарии кишоварзӣ,1443 зери сохмон ва эҳтиёҷоти дигар, 835 адад маҳдудиятҳои (гарониҳои) ҳуқуқ ба молу мулки ғайриманқул ба қайди давлатӣ гирифта шудааст.

Ҷиҳати иҷрои фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 феврали соли 2017, таҳти № 9-ф бо мақсади ободу зебо гардонидани пойтахти ҷумҳурӣ шаҳри Душанбе, Кумитаи давлатӣ барои сохтмони 70 адад майдончаҳои варзишӣ ва майдони бозии кӯдакон аз ҳисоби заминҳои захираи шаҳри Душанбе ба майдони 13,43 гектар интихоб намуда, ҳуҷҷатҳои заруриро тартиб дод. Бо қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе аз 28 феврали соли 2017 таҳти №№82, 83, 84, 85 оид ба ҷудо намудани қитъаҳои замин дар ноҳияҳои Шоҳмансур 9 адад дар майдони 0,81 гектар, И.Сомони 10 адад дар майдони 1,8 гектар, Сино 29 адад дар майдони 6,2 гектар, Фирдавсӣ 22 адад дар майдони 4,6гектар барои сохтмони майдончаҳо ба тавсиб расид. Аз ҷумла аз тарафи Кумитаи давлатӣ  дар раванди ободонии шаҳри Душанбе дар назди биноҳои 26, 28 ва 30 кӯчаи Шамсӣ ҷойи дамгирии калонсолон ба маблағи зиёда аз 980 000 сомонӣ сохта  бо  иштироки Раиси шаҳри Душанбе  Рустами Эмомалӣ ба истифода дода шуд.

Корҳои хайрия. Баҳри иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикитсон аз 10.02.2014, №АП-159 Дар арафаи Иди Наврӯз корхонаҳои тобеъ аз ятиму бепарасторон ва  оилаҳои камбизоат, бо риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну анъана ва маросимҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” 85 нафар кӯдаконро тӯйи хатнасур (дар ноҳияи Б.Ғафуров 3 кӯдак, дар шаҳри Қурғонтеппа 30 кӯдак, дар ноҳияи Қубодиён 1 кӯдак, дар ноҳияи Дӯстӣ 5 кӯдак, дар ноҳияи Бохтар 21 кӯдак, дар ноҳияи А. Ҷомӣ 25 кӯдак) ва як тӯйи арӯсию домодӣ (дар шаҳри Норак) гузарониданд. дар умум, корҳои хайрия ва кӯмак ба ятимону камбизоатон, шахсони барҷомонда ва эҳтиёҷманд зиёда аз 75 000 сомониро ташкил медиҳад.

Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри иҷрои фармону супоришҳои Президенти кишвар, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми чораҳоро андешида, иҷрои саривақтии онҳоро бо пуррагӣ таъмин менамояд.

© Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Cуроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Ф. Ниёзӣ 50
тел: (992 37) 227 80 54 (шӯъбаи умумӣ)
факс: (992 37) 227 80 84

E-mail:sh.umumi @ zamin.tj

http://www.zoofirma.ru/