No images found.

31078406265 aa1d97a906 o

    Замин боигарии асосии мамлакати мост. Ояндаи ҷумҳурӣ, ояндаи халқи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки муносибат ба замин дар кишвари мо чӣ гуна ба роҳ монда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон

Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 – 2020

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 30.08  соли 2013 №1504 тасдиқ карда шудааст.

 

Муқаддима         

1. Муқовимат ба коррупсия - мафҳуми ин ҷараён асосан аз унсурҳои мубориза бар зидди коррупсия ва пешгирии коррупсия иборат буда, қисми таркибии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, таҳия ва амалишавии он аз иродаи олии сиёсии роҳбарияти давлат оғоз гардида, самаранокии муқовимат ба он аз иштироки фаъоли тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди амалигардии он вобастагии зич дорад.

        2. Асосан мафҳуми муқовимат ба коррупсия фаъолияти тамоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати ошкор, пешгирӣ ва бартараф намудани сабабу шароитҳои  ба коррупсия мусоидаткунанда, ошкор ва мубориза бо ҷиноятҳои коррупсионӣ, инчунин кам намудани содиршавии чунин қонуншиканиҳо ва баратарафсозии оқибатҳои онро дар бар мегирад.

3. Коррупсия яке аз зуҳуроти хавфноки ҷомеа буда, дар миқёси ҷаҳонӣ ҳамчун ҷинояти вазнин ва яке аз унсурҳои таҳдидкунанда ба амнияти миллии як қатор давлатҳо ва халалдоркунандаи рушду суботи иҷтимоию иқтисодии онҳо эътироф гаштааст.

4. Рўзмарра ва мубрам будани масъалаи баррасишавандаро ба инобат гирифта, Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчии фаъоли раванди ҷаҳонии муқовимат ба коррупсия гардид ва дар сатҳи миллию байналмилалӣ чораҳои дахлдори ташкилию ҳуқуқиро андешид.

5. Дар сатҳи байналмилалӣ яке аз ҳуҷҷатҳои асосӣ ва муҳими ҳуқуқӣ ин аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон  25 сентябри соли 2006 ба имзо расонидани Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия ба шумор меравад.

6. Бо мақсади ташкили мубориза бар зидди коррупсия ва андешидани чораҳои зарурӣ дар сатҳи миллӣ маҷмўи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардида, доктринаи миллии ҳуқуқӣ дар ин соҳа ташаккул дода шуд.

7. Бо тасвиб расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 июли соли 1999 №1262 «Дар бораи тадбирҳои иловагии пурзур намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соҳаи иқтисод ва коррупсия (ришватхурӣ)», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» аз 10 декабри соли 1999 қабул гардид ва баъдан 25 июли соли 2005 Қонуни мазкур бо дарназардошти уҳдадориҳои байналмилалӣ дар таҳрири нав қабул карда шуд.

8. Инчунин бо мақсади иҷрои ўҳдадориҳои байналмилалӣ ва ислоҳоти идораи давлатӣ, ташаккули низоми шаффофи фаъолияти мақомоти идоракунӣ, сарфа ва истифодаи самараноки маблағҳои буҷетӣ ва таъмини рушди устувори иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 январи соли 2007 №143 Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Агентӣ)  таъсис дода шуд.

9. Ҷиҳати ба танзим даровардани фаъолияти Агентӣ ва мансубияти ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионидошта 20 марти соли 2008 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 сентябри соли 2007 №414 “Дастурамали баҳисобгирии омории ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта ва феҳристи чунин  ҷиноятҳо” қабул гардида, ба як қатор санадҳои қонунгузории соҳавӣ бо мақсади мутобиқ гардонидани онҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи мубориза бар зидди коррупсия тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда шуданд.

10. Бо мақсади андешидани чораҳои маҷмўии ташкилӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди мубориза бар зидди коррупсия бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2008, №34 Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012 тасдиқ гардид.

11. Стратегияи мазкур ҳамчун ҳуҷҷати муҳими давлатӣ баҳри тақвияти мубориза ва пешгирии ҷиноятҳои коррупсионӣ заминаи мустаҳкам гузошта, дар доираи он аксари масъалаҳо дар самти мубориза бо коррупсия бо дарназардошти  тадқиқотҳои сотсиологӣ, таҷрибаи  мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои дигар ва таҳлили омории вазъи коррупсия тайи давраи сипаригашта дар ҷумҳурӣ ҳалли худро ёфтанд.

12. Дар доираи Стратегияи зикргардида масъалаҳои самарабахшии мубориза бо коррупсия ва оғози саривақтӣ ва гузаронидани таҳқиқу тафтишоти парвандаҳои ҷиноятҳои коррупсионӣ, мансубияти ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии хусусияти коррупсионидошта, механизми муносиби идоракунӣ ва таъмини шаффофият дар фаъолияти мақомоти давлатӣ, баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботдиҳии молиявӣ, ба таври электронӣ ва ба воситаи бонк ҷорӣ намудани пардохти хизматрасониҳои муассисаҳои давлатӣ ва дигар тадбирҳои дар Стратегия пешбинигардида дар кодексҳои мурофиавии ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва андоз танзими худро ёфтаанд.

13. Ғайр аз ин қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 марти соли 2007 №233 «Дар бораи хизмати давлатӣ», аз 20 марти соли 2008 №374 «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», аз 21 июли соли 2010 №631 «Дар бораи аудити дохилӣ дар бахши давлатӣ», аз 21 июли соли 2010 №626 «Дар бораи идоракунии молиявӣ ва назорати дохилӣ дар бахши давлатӣ», аз 29 декабри соли 2010 №644 «Дар бораи ҳимояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ», аз 25 марти соли 2011 №86 «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят ба даст оварда ва маблағгузории терроризм», аз 25 марти соли 2011 №702 «Дар бораи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ», аз 25 марти соли 2011 №687 «Дар бораи фаъолияти оперативӣ–ҷустуҷуӣ», аз 28 июни соли 2011 №723 «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»,  аз  28 июни соли 2011 №749 «Дар бораи Палати ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон», аз 28 июни соли 2011 №720 «Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда», аз 28 июни соли 2011 №721 «Дар бораи амният», аз 2 августи соли 2011 №751 «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ», аз 16 апрели соли 2012 №828 «Дар бораи низоми мақомоти идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», аз 10 майи соли 2012 №46 «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», аз 1 августи соли 2012 №895 «Дар бораи тайёр намудани мутахассисон бо дарназардошти талаботи бозори меҳнат» низ аз талаботҳои Стратегияи мазкур бармеоянд.

14. Ҳамзамон қабули Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2010 №864 «Дар бораи  тадбирҳои  иловагии тақвияти муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 сентябри соли 2010 №431 «Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба таъмини иҷрои Тадбирҳои иловагии тақвияти муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010 – 2012» ҳамчун ҳуҷҷати кўтоҳмуддати давлатӣ дар радифи Стратегия ҳамчун идомаи мантиқии муқаррароти асосии он, ҷиҳати мукаммалгардонии сиёсати зиддикоррупсионӣ такони ҷиддӣ бахшид.

15. Бо мақсади  ташкил  ва  амалӣ  намудани  чораҳои маҷмўии  пешгирӣ  ва муқовимат  ба  коррупсия  дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон,  бартараф намудани сабабу шароитҳои ба коррупсия мусоидаткунанда ва ҷалби васеи  иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар мубориза бо коррупсия бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 декабри соли 2010 Шўрои миллии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми умумимиллии машваратӣ, мутобиқсозандаи фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати амалигардонии чораҳои пешгирӣ ва муқовимат бо коррупсия таъсис дода шуд.

16. Мутобиқи банди 63 Консепсияи пешгуии инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 феврали соли 2011 №1021 тасдиқ гардидааст ва бо дарназардошти ба итмом расидани татбиқи Стратегияи  зикршуда  ва зарурати объективии идома бахшидани фаъолият дар самти мазкур, инчунин тақвият бахшидани ҳаракати муттасил дар соҳаи муқовимати  маҷмўӣ  бар зидди коррупсия Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 – 2020 таҳия гардид.

17. Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 – 2020  ҳамчун санади барномавии дурнамои миёнамуҳлати сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия, баҳри паст кардани шиддат ва сатҳи коррупсия дар кишвар равона гардида, дар ҳамкории миёни мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ ва ҳамкорӣ бо созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ амалӣ карда мешавад.

18. Мақсаду мароми Стратегияи мазкур ҷиҳати паст кардани сатҳи коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, мунтазам бартараф намудани монеаҳо, фароҳам овардани шароит барои рушди иқтисодиёт, инкишофи арзишҳои демократӣ, баланд бардоштани некуаҳволии мардум равона карда шудааст.

 19. Дар ҷараёни татбиқи талаботҳои Стратегия  ҳадафҳои зерин амалӣ мегарданд:

-  мусоидати бевосита дар амалӣ намудани Стратегияи миллии Рушд;

- татбиқи давра ба давраи мукаммалгардонии сиёсати зиддикоррупсионӣ;

 - таъмини рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва суботи сиёсӣ;

- ташкил ва таъмини идоракунии муносиб дар мақомоти давлатӣ ва соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ;

- ташкил ва амалигардонии идоракунии электронӣ дар ҳама соҳаҳои ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ дар доираи Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- устувор намудани боварии мардум ба давлат, иштироки васеи ҷомеа дар идоракунии давлатӣ ҳамчун ҷонибдории ислоҳоти давлатӣ;

- баланд бардоштани эътимоднокии шаҳрвандон ба фаъолияти сохторҳои давлатӣ.

20. Барои расидан ба ҳадафҳои Стратегия пайгирона вазифаҳои зерин бояд амалӣ гарданд:

- мукаммалгардонии заминаи ҳуқуқӣ ва институтсионалӣ оид ба пешгирӣ, ошкор ва садди роҳ шудани ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, мукаммал гардонидани шаклҳо, усулҳо, воситаҳои муқовимат ба коррупсия;

- ташкили иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва қарорҳои идоракунанда дар соҳаи муқовимат ба коррупсия, фароҳам овардани шароит бо мақсади мушкилгардонидани рафтори коррупсионӣ ва пастшавии сатҳи коррупсияро таъминкунанда;

- вусъатдиҳӣ ва фаъолгардонии ҳамкории байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи муқовимат ба коррупсия;

- ҳамкорӣ бо сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ;

- таъмини иҷрои меъёрҳои рафтори зиддикоррупсионӣ аз тарафи аҳли ҷомеа, аз ҷумла дар мавридҳои зарурӣ татбиқ намудани чораҳои маҷбурсозӣ мувофиқи қонунгузории амалкунанда;

- муомилоти молиявӣ, аҳдҳои тиҷоратӣ, сармоягузориҳо ва корҳои оммавӣ бояд танзим ва идоракунанда бошанд, яъне зери назорати қатъии давлатию ҷамъиятӣ ва шаффоф бошанд, расмиёти танзимкунандаи онҳо содда гардонидашуда, фароҳам овардани шароити мусоид ва имтиёзнок барои ба Тоҷикистон ворид шудани сармояву амалиётҳои молиявӣ, дороиҳо ва таҷҳизотҳои муосир.

21. Принсипҳои асосии ҷорӣ намудани Стратегия инҳо мебошанд:

- волоияти қонун, баробарии ҳама дар назди қонун, дебюрократизатсия;

- таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои конститутсионӣ ва манфиатҳои қонунии инсон ва шаҳрванд, инчунин манфиатҳои давлат аз ифшои коррупсия;

- поктинатӣ, шаффофият ва ҳисоботдиҳӣ – Стратегия ба манфиат ва фоидаи умумии ҳамаи шаҳрвандон, муассисаҳо ва ташкилотҳо ҷорӣ карда шавад ва амалисозии он бояд дар ҳамаи марҳилаҳо шаффоф ва ҳисоботдиҳанда бошад;

- коррупсия ҳамчун яке аз таҳдидҳо ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва монеа ба рушди нумўи иқтисодиёти давлат эътироф карда шавад;

- озодии сухан;

- ҳамкории (шарикии) давлат ва бахши хусусӣ ва «баровардани тиҷорат аз иқтисодиёти махуф», бо ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ;

- муттасилият ва воқеъият – паст кардани коррупсия шиддати коррупсия танҳо тавассути тадбирҳои муттасил ва мунтазам ва бо дарназардошти вазъияти воқеӣ амалӣ карда шавад ва барои ноил шудан ба натиҷаҳои назаррас асос гардад;

- амалҳое, ки бар зидди коррупсия равона гардидаанд, танҳо бо шарти муқаррар намудани афзалиятҳои воқеъӣ ва мўҳлатҳои иҷрои онҳо самаранок мегарданд;

- натиҷаҳои маъмул ва маҳаки баҳогузории ҳолати иҷрои муваффақи бандҳои мушаххаси Нақшаи чорабиниҳои Стратегия бояд нишондиҳандаҳои натиҷаҳои амалишавии Стратегия ҳамчун механизми воқеӣ гарданд; 

- пайдарҳамӣ ва ҳамоҳангсозии кўшишҳо – аз принсипҳои дар боло овардашуда ва мавҷудияти мониторинги мунтазами вазъияти ҷорӣ бармеоянд;

- соддагардонидани тартиби мурофиавии тафтишоти коррупсия ва муқаррар намудани ҷазои ҷаримавӣ ба миқдори мутаносиб ба ҳаҷми ғараз (дорошавии ғайриқонунӣ) ё зарари молиявӣ ва мусодираи амвол ҳамчун намуди асосии ҷазои ҷиноятӣ;

- ҳамкорӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ – мавриди ҷорӣ намудани Стратегия фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ бояд шаффоф, амиқ ва ба дараҷаи ниҳоӣ самаранок бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ бошад.

22. Маҷмўи чорабиниҳои дар Стратегия пешбинишуда ба принсип ва меъёрҳои қонунгузории дохилӣ,  ҳуқуқи байналмилалӣ,  таҳлили вазъи  ҷиноятӣ  ва пешгўии рушди он, натиҷаи тадқиқотҳои илмии амалияи муқовимат ба коррупсия,  аз он  ҷумла,  таҷрибаи  амалҳои муштарак,  пешниҳоди коршиносони  байналмилалӣ,  намояндагони  мақомоти давлатӣ  ва ҷомеаи шаҳрвандӣ асос меёбад.

23. Муҳлатҳои амалӣ намудани Стратегия ва нақшаи чорабиниҳои он барои солҳои 2013-2020 пешбинӣ шудааст.

24. Манбаъҳои маблағгузории тадбирҳои Стратегия ва чорабиниҳои мушаххаси иҷрои онҳо аз маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ, захираҳои шарикон - созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳо-донорҳо, инчунин ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бахши хусусӣ иборат мебошад.

 

Боби 1. Самтҳои асосии Стартегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020

 

§ 1. Сиёсати миллии зиддикоррупсионӣ

 

25. Сиёсати миллии зиддикоррупсионӣ дар самтҳои зерин таъмин мегардад:

- баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти марказӣ ва маҳалии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, тавассути таҳия, мунтазам мукаммал ва амалӣ намудани барномаҳои идоравии зиддикоррупсионӣ дар самти фаъолияти онҳо;

- дар фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ, ки айният ва шаффофиятро мавриди қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва қарорҳои идоравӣ, инчунин ҳамкории байниидоравии электронии мақомоти зикршуда бо шаҳрвандон ва ташкилотҳо дар доираи низоми ҳукумати электронӣ, расонидани хизматрасонии давлатӣ;

- имплементатсияи муқаррароти санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз тарафи Тоҷикистон эътирофгардида ва уҳдадориҳои дигари байналмилалӣ, аз ҷумла дар доираи иштироки намояндагони ваколатдори Тоҷикистон дар иқдомҳои минтақавии зиддикоррупсионӣ дар шакли тавсияҳои мониторингӣ ва рейтингӣ дода шуда, бо роҳи ҳуқуқэҷодкунӣ ва гузаронидани экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

 - криминализатсияи талаботи ҳатмӣ ва иловагии Конвенсияи Созмони Миллали Муттаҳид зидди коррупсия бо пешбинӣ намудани паҳлуҳои асосии ин самт ҳамчун тадбирҳои ҳуқуқэҷодкунанда дар Стратегия;

-  таҳияи механизми иҷрои талаботи меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия” оид ба низоми пешгирии коррупсия ва такмили минбаъдаи ин низом дар Қонуни зикршуда;

- такмили низоми назорати давлатии молиявӣ ва аудит оид ба хароҷоти мақсадноки маблағҳои буҷетӣ;

- таҳлили соҳавии хавфҳои коррупсия дар мақомоту муассисаҳои давлатӣ;

- такмили шароит, расмиёт ва механизмҳои хариди давлатӣ, аз ҷумла бо роҳи васеъ намудани амалияи гузаронидани музоядаҳо дар шакли электронӣ, инчунин такмили расмиёти дахлдор;

- баланд бардоштани аҳамиятнокии мақомоти маъмурӣ ва дохилиидоравӣ оид ба риояи талабот нисбат ба рафтори хизматии хизматчиёни давлатӣ ва батанзимдарории бархурди манфиатҳо;

- вусъат додани низоми маърифати ҳуқуқии ҷомеа;

- такмили кори воҳидҳои хадамоти кадрҳо ва аудити дохилии мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва ҷорӣ намудани масъулият ва маҳаки нишондиҳандаҳои натиҷаи фаъолияти хизматии онҳо оид ба пешгирии коррупсия ва ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ;

- тадқиқоти даврии маҷмўии ҳолати коррупсия ва самаранокии тадбирҳо оид ба пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия дар миқёси ҷумҳуриявӣ ва минтақавӣ бо истифодаи усулҳои махсуси тафтишот ва кумаки техникӣ;

- таҷдиди назар кардани қонунгузории мурофиавии судии гражданӣ ва иқтисодӣ;

-  баланд бардоштани самаранокии иҷрои қарорҳои судӣ;

- таҳияи асосҳои ташкилӣ ва ҳуқуқии мониторинги ҳуқуқтатбиқкунӣ бо мақсади таъмини қабули саривақтии қарорҳо дар ҳолатҳои бо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ пешбинишуда;

- такмили асосҳои ташкилию методии экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, муқаррар намудани натиҷаҳои мусбии баррасии хулосаҳои он дар таносуби дарсад ба сифати нишондиҳандаи натиҷаи фаъолияти мақомоти ҳуқуқэҷодкунанда;

- татбиқи босамар ва мақсадноки маҳдудиятҳо, манъкуниҳо ва уҳдадориҳо, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бо мақсади пешгирии коррупсия муқаррар карда шудаанд доир ба шахсоне, ки мансабҳои давлатиро ишғол менамоянд, аз ҷумла шахсони мансабдорони  ҳокимияти давлатӣ;

- баланд бардоштани сифати омодагии касбии мутахассисон дар соҳаи ташкили пешгирӣ ва мубориза бар зидди коррупсия;

- такмили низоми баҳисобгирии молиявӣ ва ҳисоботдиҳӣ мувофиқ ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ;

- вусъат додани иштироки Тоҷикистон дар ҳамкории байналмилалии зиддикоррупсионии ҳуқуқӣ, аз ҷумла коркарди асосҳои ташкилии ташаббусҳои минтақавии зиддикоррупсионӣ, мубодилаи таҷриба бо давлатҳои дигар дар ҷараёни таълими мутахассисон бо роҳи ташкили таҷрибаомузии онҳо, тадқиқоти сабаб ва оқибатҳои коррупсия ҳангоми тайёр кардани кадрҳо, иштирок дар семинарҳо, конференсияҳо ва мизҳои мудаввар;

-  бартараф намудани ҳама гуна омилҳои тавлидкунандаи коррупсия, ки ба фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сармоягузориҳо монеагӣ мекунанд;

-  омўзиши амалия ва ҷорӣ намудани таҷрибаи пешқадами хориҷӣ оид ба муқовимат ба коррупсия;

- таъмини иштироки манфиатдори ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бахши хусусӣ дар ҷараёни муқовимат ба коррупсия.

§ 2. Криминализатсияи коррупсия ва фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ

26. Криминализатсия аз нуқтаи назари илмӣ на танҳо мустаҳкам намудани намудани аломатҳои нави таркиби ҷиноят, ҳамчунин баланд бардоштани санксияҳо дар доираи таркибҳои мавҷудаи ҷиноят, истифодабарии маҳдудиятҳо дар институти озод намудан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва ҷазо фаҳмида мешавад.

27. Криминализатсия бояд дар ду ҷанба баррасӣ карда шавад, ҳамчун ҷараён ва натиҷа. Ҷараёни криминализатсия ин ошкор намудани шаклҳои ба ҷамъият хавфнокии кирдорҳои инсонӣ ва эътирофи имконпазирӣ ва мақсаднокии муборизаи ҷиноятӣ - ҳуқуқӣ бо он мебошад. Натиҷаи криминализатсия ин пайдо шудани меъёрҳои нав дар қонунгузории ҷиноятӣ мебошад.

28. Дар бахши криминализатсияи коррупсионӣ (муқаррар намудани ҷавобгарии ҷиноятӣ барои ҷиноятҳои коррупсионӣ) тағйир додани муқаррароти дахлдори Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади мувофиқ ё мутобиқ овардани меъёрҳои қонунгузории ҷиноятӣ ба муқаррароти Конвенсия Созмони Миллали Муттаҳид зидди коррупсия мебошад. Чунончи фарқияти амиқи ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ, аз ҷумла бо роҳи муқаррар намудани ҳадди аққали арзиши туҳфа, ки баъди гирифтани он ҷавобгарии ҷиноятӣ пеш меояд, бояд муайян карда шавад.

29. Мутобиқи талаботи стандартҳои байналмилалӣ бояд муайянсозии баъзе ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионӣ гузаронида шавад (Конвенсияи Созмони Миллали Муттаҳид бар зидди коррупсия, Конвенсияи Шўрои Аврупо дар бораи ҷавобгарӣ барои коррупсия ва Конвенсияи Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ва Рушд (СҲИР) дар бораи мубориза ҷиҳати ба шахсони мансабдори давлатҳои хориҷӣ додани пора (ришва) ҳангоми гузаронидани амалиёти кории байналмилалӣ).

30. Дар ин ҷараён криминализатсия ҳамчун мукаммалгардонии қонунгузории ҷиноятӣ бо истифода аз дастовардҳои таҷрибаи бомуваффақи таъқиботи ҷиноятии амалҳои коррупсионӣ ва бо ин васила густариши огоҳисозии ҷинояткорӣ, ки дар замони муосир аз коррупсия реша мегирад, дар асоси ҷорӣ намудани тарзу усулҳои амалияи пешқадами хориҷӣ, ки дар стандартҳои байналмилалии зиддикоррупсионӣ пешбинӣ гардиданд, хеле муҳим аст. Ниҳоят, аз ин нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати ҳуқуқбунёд ва демократӣ вобастагии калон дорад. Қобили зикр аст, ки айни замон заминаҳои зарурӣ фароҳам гардидаанд.

31. Барои Тоҷикистон стандартҳои байналмилалии зиддикоррупсионӣ пеш аз ҳама талаботи Конвенсияи Созмони Миллали Муттаҳид зидди коррупсия, тавсияҳои Нақшаи амалиёти Истамбулии Шабакаи зиддикоррупсионии кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ (иқдоми минтақавии СҲИР), созишномаҳо ва иқдомҳои минтақавии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Ташкилоти Гурўҳи татбиқи чораҳои молиявии муқовимат ба шустани пул, Созмони ҳамкории иқтисодӣ пешбинишуда дар мадди аввал бояд баррасӣ гарданд.

32. Ба масоили криминализатсияи шаклҳои гуногуни зоҳирёбии коррупсия, порахурӣ ва ҳар гуна кўшишҳо барои моил кардан ё моилшавии шахсони мансабдори оммавӣ, ки дар низоми навини давлатдорӣ вазъи муайянсозандаи батанзимдарории муносибатҳои муҳими ҷиноятӣ доро гардидааст, муқобилияти баъзе гуруҳҳои манфиатдор ба ин ҷараён хос мебошад. Баробари ин, мунтазирии ҷомеа аз истифодаи имкониятҳои давлатдорӣ ва низоми ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон талаботи рушди воқеъии муносибатҳои дурнаморо тақозо менамояд. Бинобар ҳамин сиёсати зиддикоррупсионии давлат аз криминализатсия сар карда чунин эҳтиёҷотро дар назар доштааст.

32. Яке аз шаклҳои криминализатсия – дар Кодекси ҷиноятӣ такмил додани механизми ба ҷавобгарӣ кашидан ва пешгирикунии амалҳо оид ба харида гирифтани (моил кардани) шахсони мансабдор, ки дар қасди мақсаднок ва ғаразнок ифода мегардад.

33. Комиссияи кории байниидоравӣ, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст, имплементатсияи муқаррароти Конвенсияи Созмони Миллали Муттаҳид зидди коррупсия ва тавсияҳои FATF-ро дар тули соли аввали амалишавии Стратегия амалӣ намуда, дар ҳамкорӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дар асоси омўзиши таҷрибаи муваффақи хориҷӣ то оғози мониторинги Тоҷикистон оид ба Механизми шарҳи ҷараёни амалишавии Конвенсияи Созмони Миллали Муттаҳид зидди коррупсия (иқдоми умумиҷаҳонии Конференсияи давлатҳо-аъзоёни Созмони Миллали Муттаҳид), маърузаи муфассалро омода менамояд.

34. Мувофиқи Ҳисоботи СҲИР оид ба мониторинги Тоҷикистон дар доираи Нақшаи амалиёти Истамбулӣ, ҷиҳати иҷрои тавсияҳои дахлдор алалхусус номувофиқатиҳо ба талаботи стандартҳои байналмилалии зиддикоррупсионӣ дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шуданд ва вобаста ба ин ва мутобиқ ба талаботи Конвенсияи Созмони Миллали Муттаҳид зидди коррупсия, дар фасли «Криминализатсияи коррупсия» ҳисоботу тавсияҳои нав дода шуданд.

35. Барои мувофиқат бо стандартҳои байналмилалии зиддикоррупсионӣ омўхтани имконпазирии ворид намудани  тағйиротҳо ба моддаҳои Кодекси ҷиноятӣ дар бораи порахўрии фаъол ва ғайрифаъол, алалхусус – ҷавобгарии ҷиноятӣ барои «талаб, дархостан»-и пора», «розӣ шудан ба таклифи пора ё қабул намудани таклиф ва ё ваъдаи пора» дар ҳолати порахурии ғайрифаъол ва барои «таклиф» ва «ваъда»-и пора дар ҳолати порахурии фаъол омўхта шаванд. Бояд мафҳумҳои «амвол, дороиҳо, неъматҳои ғайримоддӣ ва бартариятҳо, имтиёзҳои дигар” ва доираи предмети пора муайян карда шуда, «бартарияти ғайриқонунӣ» бе маҳдудсозии «фоидаи моддӣ» фаҳмида шавад. Ҳамчунин миёнаравӣ ва иштироки шахсони сеюм муайян карда шуда, дар ин асос бояд ҷавобгарии ҷиноятӣ барои таъсири номатлуб дар амалӣ гаштани мақсадҳои ғаразнок ҷорӣ карда шавад. Ба ғайр аз ин, миқдори ҳадди аққали туҳфа, ки баъди гирифтани миқдори зиёдтари он шахси масанбдор ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад, баррасӣ карда шавад.

36. Алалхусус, ворид намудани тағйиру иловаҳои дахлдор ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақсади пешбинӣ намудани ҷавобгарии ҷиноятӣ барои ришвахўрӣ (порахўрӣ) аз тарафи шахсони мансабдори давлати хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ (ба истиснои дорои масуният)  бо роҳи аниқ намудан ва васеъ гардонидани  мафҳуми «шахси мансабдор» амалӣ карда мешавад.

37. Механизми зерқонунии муқовимат ба расмикунонии дороиҳои (амвол, воситаҳои молиявӣ ва даромадҳо) бо роҳи ҷиноят бадастоварда аз ҷониби Департаменти мониторинги молиявӣ дар назди Бонки миллии Тоҷикистон, тамоми субъектҳои дигари бақайдгирандаи гардиши чунин дороиҳо бо дастурамали ҳукуматии танзимкунандаи тартиби пешниҳоди иттилооти дахлдор дар бораи амалиётҳои шубҳанок бо дороиҳо ба миқдори аз ҳадди аққали бо қонун муайян шуда зиёд буда, шахсони ба гардиши чунин дороиҳо алоқаманд ва ирсол намудани маводҳои дахлдори таҳлилӣ ва санҷишу тафтишҳои молиявӣ ва аудитӣ бо мақсади назоратбарии гардиши дороиҳо дар кишвар таҳия карда мешавад.

38. Тартиби мавҷудаи мусодираи дороиҳое, ки ҳангоми содир намудани ҷиноятҳои коррупсионӣ ба даст оварда шудаанд, кофӣ намебошад. Аз ин лиҳоз зарур аст, ки ба тартиби мусодираи ҳамаи воситаҳо ва даромадҳое, ки дар натиҷаи ҷиноятҳои гуногуни хусусияти коррупсионидошта ба даст оварда шуданд, сарфи назар аз дараҷаи вазнинии онҳо, инчунин мусодираи амвол ва ё эквиваленти пулии даромадҳои дар натиҷаи содир намудани ҷиноятҳои коррупсионӣ ба даст овардашуда, тағйиру иловаҳо ворид карда шаванд. Яке аз усулҳои самарнок оид ба пешбинӣ намудани мусодираи амвол ва дороиҳои дигари дар натиҷаи коррупсия ба даст оварда шуда, ҳамчун намуди ҷазои асосӣ ва ҷарима ҳамчун намуди ҷазои алтернативӣ дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои содир намудани ҳамаи намудҳои ҷиноятҳои коррупсионӣ мебошад.

39. Мукамалгардонӣ ва таҳкими фаъолияти судҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои ҳарбӣ. Баамалбарории маҷмуи тадбирҳо оид ба таъмини кафолатҳои иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳарбӣ ва судҳо ҳамчун тадбирҳои мушаххас баҳри устувор намудани самаранокии фаъолияти кормандони мақомоти зикршуда ва таъмини амният мувофиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи амният”, ки соли 2011 қабул гардид, равона мегардад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки суботи сиёсӣ, боздоштани шаклҳои ба ҷамъият хавфноки ҷинояткорӣ ва боварии мардум ба ислоҳоти ҳукуматӣ аз муносибати содиқонаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳарбӣ, поктинатӣ дар фаъолияти онҳо, таҳкими интизоми хизматӣ, риояи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон ва роҳ надодан ба ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ дар фаъолияти ҳар як корманд вобаста буда нақши ҳалкунанда дорад.

40. Боиси таассуф аст, ки дар байни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ, ки онҳо худ ҳомӣ ва татбиқкунандаи қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошанд, кормандоне ҷой гирифтаанд, ки даст ба ҷиноятҳои коррупсионӣ мезананд.

41. Дар давоми солҳои 2007-2012 аз ҷониби мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия 857 ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидошта нисбати 593 нафар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳарбӣ ошкор ва ба қайд гирифта шудааст.

42. Чунин нишондиҳандаҳо моро водор месозад, ки дар ин самт корҳои зерин ба анҷом расонида шавад:

- таҳлили самаранокии фаъолияти мутахассисон, такмили низоми ҷобаҷогузорӣ, омодагӣ ва бозомўзии кадрҳо;

- таъмини баланд бардоштани сатҳи моддӣ-техникии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотии замонавӣ;

- таъмини устувории институтсионалӣ ҳамчун шарти муқобилият ҷиҳати аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба кори дигар рафтани кадрҳои омодашуда, ки ташаккулёбӣ ва мустаҳкамкунии сутуни қобили амал ва касбиро таъмин менамояд;

- бинобар ин ба мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия мансуб будани ваколатҳои ҳамоҳангсозии фаъолияти тамоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар самти пешгирии коррупсия, дархост, додани дастури хаттӣ оид ба бартараф намудани вайронкунии қонунгузории зиддикоррупсионӣ, ҳуқуқҳои шаҳрвандон, шахсони ҳуқуқӣ ва манфиатҳои давлат дар асоси муроҷиати боэътимод, таҳлили хавфҳои коррупсия ё омилҳои коррупсионии ошкоршуда, дар гуруҳҳои тафтишоти молиявӣ (тафтишҳо, санҷишҳои молиявӣ ва аудит) ва санҷишҳои риояи қонунгузории зиддикоррупсионӣ, ки нақшавӣ мебошанд, роҳбарӣ кардан ва тасдиқу назоратбарии иҷрои нақшаҳои методии тафтишу санҷишҳои муштарак бо додани дастурҳо оид ба пешгирии коррупсия ва суйистифодаҳои молиявӣ, таҳлили хавфҳои коррупсия ба аъзоёни чунин гуруҳҳо дар асоси қонун дода шавад;

- мунтазам гузаронидани тадқиқотҳои илмӣ-амалии масоили муҳими мубориза бо коррупсия ҷиҳати таҳияи тавсияҳои методӣ оид ба ошкор кардан ва тафтишоти ҷиноятҳои коррупсионӣ бо мақсади осон гардонидани кори душвори кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва судяҳо;

43. Дар ин ҷараён ташкили таҷрибаомузии кормандони зикршуда дар мақомоти зиддикоррупсионии дорои таҷрибаи пешқадам дар кишварҳое, ки барномаҳои зиддикоррупсионӣ бомувафаққият амалӣ шуданд, баробари омили муҳими ҳавасманд гардонидан ва тариқи муқоисавӣ ба сифати баланд бардоштани муносибат ба иҷрои вазифаҳои хизматии худ барои азхуднамоии амалии истилоҳоти касбии забонҳои хориҷӣ ва истифодаи техникаи компютерӣ ва технологияҳои дигари замонавӣ ба таври ҷиддӣ мусоидат менамояд. Аз ин ру ин самт ҳадафи афзалиятноки фаъолияти марказҳои такмили ихтисоси кормандон шуда барои манфиатовар намудани фаъолияти босамари онҳо замина мегардад.

44. Тадбирҳо ҷиҳати тахассусмандӣ ва дар дурнамои наздик ҷудо кардани судҳои (ё судяҳои) зиддикоррупсионӣ, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои соҳа, таъмини касбият, поктинатӣ ва беғаразӣ, риояи Кодекси одоби судяҳо, ба омўзиш фаро гирифтани судяҳо ва кормандони дастгоҳи судӣ ба ҳолатҳои бархурди манфиатҳо, баланд бардоштани сатҳи дониши касбӣ ва пешгирии қонуншиканиҳо, аз ҷумла коррупсия, чораҳои мушаххаси ташкилию ҳуқуқӣ, маъмурӣ ва механизми баамалбарории онҳо, устувор сохтани заминаи моддию техникӣ ва ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ дар фаъолияти онҳо тарҳрезӣ ва амалӣ намоянд, андешида мешаванд.

45. Баҳогузории саҳми ҳар як судя дар баланд бардоштани эътибори ҳокимияти судӣ ҳамчун тадбирҳои муҳими Стратегия дар ин самт доир ба чорабиниҳои даврӣ пешбинӣ гардида, мувофиқ ба принсипҳои Бангалории рафтори судяҳо, ки 26 ноябри соли 2002 дар шаҳри Гаага қабул гардидааст, дар Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор пешбинӣ карда мешаванд.

46. Дар назди кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баҳри дар назди ҷомеа дар симои худ баланд бардоштани эътибор ва обрў, боварии мардум ва қаноатмандии ҳар як шаҳрванди алоҳида, ки мунтазирона ба онҳо муроҷиат мекунад, вазифаҳои ҷиддӣ гузошта мешаванд ва ҳамзамон шароити бештари ташкилию-ҳуқуқӣ ва моддию техникӣ фароҳам оварда шуда, барои ин масъулияти роҳбарони мақомот ва сохторҳои молиявию хоҷагӣ оид ба таъминоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пурзур карда мешавад. Назорати самаранокии амалишавии ин тадбир ба зиммаи мақомоти прокуратура ва назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия вогузошта мешавад.

47. Аз ҷумла такмили фаъолияти хизматчии давлатӣ, поктинатӣ ва ватандустӣ, ки муқаррароти конститутсионии арзиши олӣ будани ҳуқуқу озодиҳо ва худи инсонро дар назар доштааст, ба роҳ мондани муносибати софдилона ба вазифаҳои худ ҳамчун нишондиҳандаи натиҷаи фаъолияти хизматӣ муқаррар карда мешавад.

48. Бо шарти риояи бечунучарои ин талабот аз ҷониби давлат ҳама гуна шаклҳои ҳавасмандкунӣ ва имтиёзҳои қонунӣ дар доираи имкониятҳои мавҷуда ва инчунин вобаста аз сатҳи пешрафти иқтисодӣ ва ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ, ки бевосита бо саҳми воқеъии ҳар як корманди мақомоти давлатӣ мансуб дониста шуда, таъминоти ҳадди баланди маоши онҳо ҳисоббарорӣ карда мешавад.

49. Аз буҷети давлат ҷиҳати мукаммалгардонии асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, заминаи моддию техникии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳарбӣ, механизми идоракунӣ, баланд бардоштани музди меҳнат ва нафақаи кормандони онҳо мунтазам маблағҳои муайян ҷудо карда мешавад. Воҳидҳои молиявию хоҷагии мақомоту муассисаҳои давлатӣ минбаъд вазифадор карда мешаванд, ки ҳисоббарориҳои эҳтиёҷоти хароҷоти воҳидҳои сохторӣ ва кормандонро бо инвентаризатсия ҳар семоҳа гузаронида, аввали ҳар моҳ хароҷоти маводҳои канселярӣ ва дигари барои шароити мусоиди кор зарурро бе гузоришҳои воҳидҳо таъмин намоянд.

50. Баланд бардоштани музди меҳнати кормандони мақомоти судӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва дар асоси қарордод бо шартҳои имтиёзнок ҷалб намудани собиқадорони ба сини нафақа расидаи соҳа, ки дорои таҷрибаи ғанӣ мебошанд, ба сифати мутахассис-машваратчӣ ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунгузории меҳнат, буҷети давлатӣ ва танзимкунандаи вазъи ҳуқуқии онҳо (аз ҷумла аз ҳисоби ихтисори кадрҳо, сарфаи хароҷот барои таъминоти моддӣ-техникии мақомот, ки аз ҳисоби лоиҳаҳои шарикӣ таъмин мегарданд) бо таҳлили ҷамъбастии мунтазам ҳамчун тадбири аввалиндараҷаи самарабахшии пешгирии коррупсия пешбинӣ карда мешавад. Яъне тамоми хароҷоти идоравӣ мавриди таҳлили мунтазам дар шакли санҷишҳои маҷмўии нозиротӣ ва аудити дохилӣ, аз ҷумла хадамоти амнияти дохилӣ ва дигар воситаҳо бо муҳокимаи ҳатмии натиҷаҳо дар ҳайати мушовараи идора гузаронида мешавад ва дар ин асос тадбирҳои дахлдор таҳия мегарданд.

51. Чунин тадбирҳо аз зарурати ҷалби кадрҳои баландихтисоси масъул ва роҳ надодан ба «бурунрафти иқтидори зеҳнӣ», ҳавасмандгардонии ҳайати шахсӣ, беҳтар намудани шароитҳои иҷтимоию маишии онҳо бо мақсади пешгирии содиршавии (моилшавӣ) коррупсия (ба ҷинояткорӣ) бармеояд.

52. Сарчашмаҳои хароҷоти ин тадбир аз ҳисоби маблағгузории буҷетӣ бо тартиби махсус барои музди меҳнат, пардохти мукофотпулиҳо, ҷубронпулиҳо барои кори зиёда аз вақти муқаррарӣ, аз ҷумла аз хисоби маблағҳои барқароршудаи зарари молиявӣ ба давлат, ки ба суратҳисоби махсуси мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тибқи моддаи 30 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатӣ» барои солҳои давраи амали Стратегия қисман гузаронида мешавад, дар назар аст.

53. Такмили минбаъдаи мақомоти судӣ бо роҳи мукамалгардонии  санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба танзимдарорандаи тартиботи дохилӣ ва реҷаи кории фаъолияти судҳо (кормандони дастгоҳҳои судӣ), интихоб ва таъини судяҳо, маҳаки тақсимоти парвандаҳои ҷиноятӣ дар байни судяҳо, Кодекси касбии одоби судяҳо ва механизми амалии назоратбарии фаъолият ҷиҳати пешгирии коррупсия ва қонуншиканиҳо дар мақомоти судӣ тадбири муҳими ислоҳоти зиддикоррупионӣ мегардад.

54. Мақоми ҳамоҳангсоз оид ба муқовимати расмикунонии даромадҳои ҷиноӣ дар давлатҳои хориҷӣ мақомоти прокуратура буда, бинобар талаботи қонунгузории танзимкунандаи ин самти мубориза бо ҷинояткории коррупсионӣ ва бо дастрасии моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия” дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақсад мувофиқ аст, ки шуъбаи мониторинг ва ҳамоҳангсозии низоми муқовимат ба қонунигардонии  (расмикунонии)  даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ташкил карда шавад.

55. Ҷиҳати бехтар намудани фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ, такмили сохтори онҳо ва дар доираи Барномаи ислоҳоти политсия пешбинӣ намудани чорабиниҳои вобаста ба мукаммалгардонии идоракунии муносиб, омўзиш, дарк ва пешгирии коррупсия, сиёсати зиддикоррупсионии давлат,  поктинатӣ дар хизмати давлатӣ, одоби корманди мақомоти корҳои дохилӣ анҷом дода шавад

56. Дар ҷараёни фаъолият, амалисозии вазифаҳо ва ҳадафҳои мақомоти хифзи ҳуқуқ, ҳарбӣ ва судӣ бояд бо ҷалби бештари ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва ҳамкориҳои тарафайн бо онҳо ба роҳ монда шуда, барои таъмини ҳадафу тадбирҳои зиддикоррупсионӣ пайваста чораҳои таъхирнопазир андешид.

         §3. Пешгирии коррупсия ҳамчун усули самаранок ва натиҷабахши муқовимат ба коррупсия

57. Пешгирии коррупсия аз маҷмуи чорабиниҳои таъсирнок иборат буда, ҷанбаҳои мухталифро дар бар мегирад. Пеш аз ҳама дар натиҷаи ба ҷавобгарии ҷиноятӣ, маъмурӣ ва интизомӣ кашидани шахсоне, ки ба коррупсия даст мезананд, таҳлил ва бартарафкунии сабаб, шароити мусоид ба содиршавии ҳуқуқвайронкунии коррупсионӣ ба роҳ монда шавад. Дар асоси таҷрибаи бадастоварда, дар давраи амалишавии Стратегия шаклҳои зерини пешгирии коррупсия мавриди истифода қарор дода мешаванд:

- пешгирии коррупсия ҳамчун воситаи самаранок эътирофгардида, хароҷоти камтарро нисбат ба тафтишоти коррупсия талаб мекунад ва дар маҷмуъ масъалаҳои ислоҳоти идоракунии давлатӣ (поктинатӣ ва шаффофият, ҳисоботдиҳии институтҳои давлатӣ дар назди ҷомеаи шаҳрвандӣ), таҳлили хавфҳои коррупсия, аз ҷумла аудити фаъолият ҳамчун худбаҳогузории идоравӣ, санҷишҳои махсуси (интихобии) вазорату идораҳо ҷиҳати аз тарафи онҳо иҷро намудани барномаҳои миллӣ ва идоравӣ-соҳавии зиддикоррупсионӣ, ошкор намудани соҳаҳои бештар ба хавфҳои коррупсия гирифтор шуда, сабаб ва шароитҳои ба коррупсия ҳамчун ҳодисаи низомнок мусоидаткунанда ва андешидани тадбирҳои дахлдори эътиноиро фаро мегирад;

- дар сатҳи мақомоти ҳокимияти давлатӣ ин мониторинги ҳолати муқовимат ба коррупсия аз ҷониби мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳлили хавфҳои коррупсия дар соҳаҳое, ки бештар ба хавфҳои коррупсионӣ гирифторшуда ва шарҳи раванди амалишавии стандартҳои байналмилалии зиддикоррупсионӣ, стратегияи миллии зиддикоррупсионӣ ва барномаҳои идоравии зиддикоррупсионӣ;

- дар сатҳи ҷумҳурӣ бошад пешгирии коррупсия ин мониторинги коррупсия аз ҷониби шўроҳо ва комиссияҳои миллӣ ва ҷамъиятӣ оид ба муқовимат ба коррупсия;

- баҳогузории зиддикоррупсионии қоидаҳо ва расмиёти (тартиби) ҳуқуқӣ дар қонунгузорӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, тадқиқотҳои сотсилогӣ, илмию ҳуқуқӣ ва иқтисодии коррупсия, пешгирии бархурди манфиатҳо дар хизмати давлатӣ, назорати ҷараёни расмикунонии маблағҳо ва маблағгузории терроризм, инчунин ҳизбҳои сиёсӣ ва чорабиниҳои интихоботӣ;

- принсипи афзалияти тадбирҳо оид ба пешгирии коррупсия барои бартараф ё барҳам додани сабаб ва шароитҳои барои бавуҷудоӣ ва ё мусоидат ба ҳодисаҳои коррупсионӣ равона гардидаанд.

58. Роҳҳои ҳалли масъалаҳо ва усулҳои самараноки пешгирии коррупсия дар кишвар бояд дар асоси омўзиш ва ҷорӣ намудани таҷрибаи пешқадами кишварҳои хориҷӣ анҷом дода шавад. Пеш аз ҳама, чунин технологияҳои кишварҳои пешқадам бояд мавриди омўзиш ва ҷорӣ намудани онҳо бо дарназардошти хусусияти миллӣ ва амалияи мавҷуда қарор дода шуда, таҷрибаи кишварҳои пешқадам бо мақсадҳои зерин тарҳрезӣ карда шаванд:

- мубодилаи иттилоот дар бораи масъалаҳо ва тамоилҳои ба миён омада дар фаъолияти худ;

- ба созиш расидан дар хусуси муқовимат ба коррупсия ва доир намудани чоранибиҳои муштараки судманд;

-  дар доираи чунин ҳамкорӣ ба роҳ мондани мубодилаи таҷриба ва захираҳо, баҳри таҳлили хавфҳо, иҷрои чорабиниҳои нақшаҳои худ, таълим, интишори маводҳои ахборотӣ ва методӣ.

          59. Таҷрибаи бадастоварда нишон медиҳад, ки чунин ҳамкорӣ босамар ва натиҷанок буда мувофиқи мақсад аст, ки дар мақомоти давлатӣ воҳидҳои алоҳидаи дахлдор барои таъмини ин кор вобаста ва вазифадор карда шаванд, ки созишномаҳо (шартномаҳо)-ро дар бораи ҳамкорӣ, ташкили конференсияҳо, гурўҳҳои кории байниидоравӣ ва сафарҳои хизматии бурунмарзӣ ва дар минтақаҳои кишвар барои мутахассисони мақомот имкониятҳоро дарёфт намуда, бо созмонҳои байналмилалӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бахши хусусӣ таҳия ва барои созиш пешниҳод намоянд.

60. Таҳияи консепсияи таълимдиҳанда. Ҳамаи институтҳо, ки ба таълими мансабдорон машғуланд, пеш аз ҳама он категорияҳо, ки хизматрасонии давлатиро барои аҳолӣ таъмин менамоянд, бояд мафҳуми бавуҷудоӣ ва манбаъҳои коррупсияро шарҳ дода, роҳҳои босамари муқовиматро ҳангоми таълим дар малакаи онҳо густариш диҳанд.

61. Муносибати педагогӣ. Ақидаи муносибати педагогӣ дар он аст, ки инсонро фақат он вақт ёд додан мумкин аст, агар ў худ дар ҷараёни таълим иштирок намояд. Мустаҳкам шудани иттилоот тавассути риояи қоидаи истифодаи усулҳои таълимгирифтаро дар кори ҳамарўза имконпазир аст. Барои ҳамин иштирокчиёни семинарҳо бояд ба ҷараёни таълим амалан ҷалб карда шаванд.

62. Натиҷа: даъват (ташвиқ) ба амал. Пешгирисозии коррупсия кўшишҳои бардавомро талаб менамояд. Амалҳои муваққатии нопайваста ба натиҷаи дилхоҳ намеоварад. Ташвиқ ба амал дар он ифода мегардад, ки муносибати низомнок, ё стратегия ва ё нақша таҳия карда шавад. Ба он чун қоида, чӣ тавре таҷрибаи пешқадами муваффақи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, дохил мешаванд:

- қабули кодекси умумии одоб (ё дастури амали зиддикоррупсионӣ) барои ҳамаи шахсони дар хизмати давлатӣ ва низоми судӣ адои вазифа менамоянд;

- таълимоти бардавом ва ҷорӣ намудани омодагии кадрҳо;

- таҳлили хавфҳои коррупсия дар дохили мақомот ва муассисаҳои давлатӣ;

- муқаррар намудани механизми дохилии назоратӣ (аз ҷумла воҳиди аудити фаъолият ва ҷараёнҳои корӣ);

- муайян намудани зарурат дар таълимоти минбаъда;

- омодагӣ ва амалӣ намудани нақшаҳои муштарак оид ба пешгиринамоии коррупсия байни мақомоти зиддикоррупсионӣ ва дигари давлатӣ.

 63. Низоми эъломияи расмии даромадҳо ислоҳоти ҷиддиро талаб менамояд, масалан, онҳо бояд барои омма интишор гарданд, механизми санҷиши онҳо муқаррар гардида, доираи шахсон, ки бояд онҳоро пешниҳод намоянд, васеъ гардонида шавад.

  64. Дар соҳаи назорати давлатии молиявӣ ва аудит ба сифати мақоми олии аудит Палатаи ҳисоб таъсис дода шуд ва мустақилият ва ҳисоботдиҳиии он пешбинӣ гардидааст.

65. Низоми хариди давлатӣ дар ҷараёни инкишоф қарор дошта, он барои Тоҷикистон мушкилоти ҷиддиро пеш меоварад. Бояд рушди хариди давлатӣ идома ёфта, ҳамаи имкониятҳои мавҷудияти коррупсия дар ин соҳа бартараф гардад ва механизми мустаҳками идоракуниву назорат  ташкил карда шавад.

  66. Дар самти мубориза бо коррупсияи сиёсӣ кори зиёд дар пеш истодааст, алалхусус, бо роҳи таъмини ҳисоботдиҳии молиявии дахлдор  аз ҷониби ҳизбҳои сиёсӣ ва номзадҳо, паҳн намудани меъёрҳои одоби кормандони мақомоти қонунгузор  ва инкишофи заминаи қонунгузорӣ оид ба идоракунии бархурди манфиатҳо.

67. Бо мақсади пешгирии коррупсия дар шохаи ҳокимияти судӣ  дар Тоҷикистон бояд меъёрҳои мушаххаси интихоб ва аз вазифа озод намудани судяҳо  пешбинӣ  карда шаванд ва аҳли ҷомеа ба маълумот дар бораи судҳо дастрасӣ дошта бошанд, имкони тақсимоти тасодуфии парвандаҳо ҷиддан баррасӣ гарданд ва низоми мавҷудаи меъёрҳои одоб, ки рафтори судяҳоро танзим мекунанд,  аз нав омўхта шуда, мавриди баррасӣ қарор дода шавад.

  68. Инчунин таҳким бахшидани мубориза бо коррупсия дар бахши хусусӣ зарур мебошад. Бояд иқдоми муштарак байни бахшҳои давлатӣ ва хусусӣ таҳия карда шаванд, ҳангоми ба роҳ мондани сиёсати давлатию ҳуқуқӣ соҳибкорон ҷалб карда шаванд, сатҳи шаффофият баланд бардошта шуда, муносибати эътимодбахш муқаррар гардад.

  69. Аз ин лиҳоз, дар низоми ҳуқуқӣ ва институтсионалии муқовимат ба коррупсия тадбирҳои зерин бояд андешида шаванд:

-   таҳия ва қабули лоиҳаҳои қонунҳо ва  санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мутобиқ ба стандартҳои байналмилалии зиддикоррупсионӣ;

-   бартараф намудани омилҳои ба коррупсия мусоидаткунанда дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;

-   таҳия ва қабули қоидаҳо ва методикаи (тартиби) гузаронидани экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин арзёбии идоравии лоиҳаҳои онҳо;

- қабули дастурамалҳо нисбати ҳамаи хизматчиёни давлатӣ вобаста ба гирифтани мукофотҳо ва тўҳфаҳо ҷиҳати аз байн бурдани бархурди манфиатҳо;

- баланд бардоштани вазъи иқтисодӣ ва дараҷаи ҳаёти воқеии  кормандони мақомоту идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои давлатӣ ва табақаҳои гуногуни аҳолӣ бо роҳҳои ташкил ва зиёд намудани ҷойҳои корӣ, зиёд намудани музди меҳнат ва нафақапулиҳо;

-  таъмини шаффофияти ташаккул ва хароҷоти маблағҳои буҷетӣ, воситаҳои асосӣ ва амволи давлатӣ, назорати давлатии молиявӣ ва истифодаи самараноки онҳо;

- соддаргардонии ҷараёни (расмиёти) барасмиятдарорӣ мавриди танзими фаъолияти соҳибкорӣ (махсусан истеҳсолӣ), бо роҳҳои аз байн бурдани монеаҳои зиёдатӣ, нозарур ва ба коррупсия мусоидаткунанда;

 - кам намудани номгуи иҷозатномаҳо барои намудҳои алоҳидаи  фаъолияти соҳибкорӣ, номгуи ҳуҷҷатҳои пешниҳодшаванда барои гирифтани иҷозатнома ва кам намудани вохўрӣ ва бархурди субъектҳои соҳибкорӣ ба мақомоти дахлдори давлатӣ дар ҳамин ҷараён;

  - ҷалби ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва дигар ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди қабули қарорҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, барномаҳо, идоракунии мақомоти давлатӣ,  назорат ва мониторинги иҷрои онҳо, тавассути ҷойгир кардани матни чунин лоиҳаҳо дар веб-сайти мақомоти таҳиякунанда;

 - ташкили омўзиши васеи масъалаҳои коррупсия дар ҳамаи зинаҳои мақомоти давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ, дар байни аҳолӣ ва бо иштироки ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ;

- таъмини дарки коррупсия, ташаккули мафкураи зиддикоррупсионӣ дар байни табақаҳои гуногуни ҷомеа ва иштироки фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ  дар мубориза ба коррупсия ва пешгирии он;

-истифодаи васеи воситаи ахбори омма (радио, телевизион, рўзномаю маҷаллаҳо ва ғ.), шабакаи интернет, дар кори тарғибу ташвиқи зиддикоррупсионӣ, фаҳмондадиҳии сиёсати зиддикоррупсионӣ ва ташаккули фазои тоқатнопазирӣ ба коррупсия;

- амалӣ намудани стандартҳои байналмилалии муқовимат ба коррупсия дар кишвар, бехтар намудани ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти мубориза бо коррупсия, иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ;

-   баланд бардоштани обрую нуфузи ҷумҳурӣ дар арсаи байналмилалӣ,  паст кардани сатҳи коррупсия бо роҳҳои дарки саросарии коррупсия дар байни табақаҳои гуногуни ҷомеа, пурзур намудани муқовимат ба коррупсия.

 

§ 4. Иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар

ҷараёни миллии муқовимат ба коррупсия

   

        70. Мубориза бо коррупсия кори дастаҷамъона ва умум буда, дар он мақомоти давлатӣ дар ҳамбастагӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бо иштироки ҳар як фарди ҷомеа метавонад ба натиҷаҳои дилхоҳ  ба даст оварад ва садди роҳи коррупсия гирифта шавад.

        71. Ин нукта дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид шудааст: «Дар кори мубориза бо коррупсия ғайр аз мақомоти давлатӣ ҳар як фарди ҷомеа низ бояд саҳмгузор бошад.»

        72. Тайи давраи сипаришуда як қатор ташкилотҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла махсус баҳри муқовимат ба коррупсия, тарғибу ташвиқи сиёсати зиддикоррупсионӣ таъсис дода шудаанд, ки онҳо дар ҳамкорӣ бо мақоми назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия  ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар кори омўзиши коррупсия дар байни ҷомеаи шаҳрвандӣ, маорифпарварӣ ва тарғиби зиддикоррупсионӣ ва ташаккули мафкураи зиддикоррупсионӣ  саҳми босазо доранд.

         73. Дар назди мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия таъсис дода шуда, дар баробари намояндагони мақомоти давлатӣ дар асоси принсипи баробарҳуқуқӣ, намояндагони  зиёиён, дин, ассотсиатсияҳо, собиқадорони ҷангу меҳнат ва дигар табақаҳои ҷомеаи шаҳрвандиро дар бар гирифта, назорат ва баррасии масъалаҳои  амалигардонии сиёсати зиддикоррупсионии давлат, дар корҳои фаҳмондадиҳии қонунҳо ва барномаҳои давлатӣ, тарғибу ташвиқи зиддикоррупсионӣ, ташаккули мафкура ва фазои тоқатнопазир ба коррупсия ширкат намуда истодаанд.

74. Барои ҷалби бештари ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҷараёни тарҳрезӣ ва амалигардонии сиёсати зиддикоррупсионии давлат, таъмини шаффофияти фаъолияти мақомоти давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини дастрасӣ ба иттилоот,  ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи шахсони дар мубориза ба коррупсия мусоидаткунанда, ташаккули мафкура ва фазои тоқатнопазирӣ ба коррупсия, татбиқи чорабиниҳои зерин ба мақсад мувофиқ аст:

-   ҷалби ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва дигар ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таҳия ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва барномаҳои давлатӣ вобаста ба таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, мубориза бо коррупсия ва пешгирии он;

-  таъмини шаффофияти фаъолияти мақомоти давлатӣ бо роҳҳои иштироки васеи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таҳия ва қабули қарорҳои мақомоту муассисаҳои давлатӣ ва шахсони мансабдори онҳо, ахборотдиҳӣ дар назди ҷомеа тариқи воситаҳои ахбори омма бо мақсади мураттабии системаи назорат ва шаффоф будани қарорҳое, ки мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ ва маҳаллӣ қабул менамоянд;

- ташкил ва гузаронидани барномаҳои омўзишӣ вобаста ба мавзуҳои  моҳият, мафҳум ва оқибатҳои коррупсия, қонунгузории оид ба муқовимат бо коррупсия ва самтҳои пешгирифтаи давлат дар ин ҷода, стандартҳои байналмилалии пешгирии коррупсия ва мубориза бар зидди он;

- ташкил ва истифодаи васеи шабакаи интернет ҷиҳати пурзур намудани тарғибу ташвиқи зиддикоррупсионӣ, ба самъи аҳолӣ расонидани сиёсати зиддикоррупсионии давлат ва амалигардонии он;

- ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ вобаста ба баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон, иттиллот ва дастрасии он мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ ва аз байн бурдани монеаҳо ҷиҳати дастрасӣ ба иттиллоот, аз ҷумла таҷдиди назар намудани мафҳуми иттилооти пинҳонӣ кам намудани доираи маълумотҳое, ки ба ин мафҳум шомил ҳастанд;

-  баргузории конференсияҳои матбуотии даврӣ бо иштироки доираҳои васеи рўзноманигорон ва намояндагони воситаи ахбори оммаи хориҷию ватанӣ ҷиҳати  ба самъи онҳо расонидани натиҷаҳои фаъолияти мақомоти давлатӣ, сиёсати давлат дар самти муқовимат ба коррупсия;

-  баррасии таъсиси мақоми мустақил оид ба иттиллоот, дастрасии он,  аризаҳо, таклифҳо, шикоятҳо ва назорату мониторинги он;

- иттилоотонии доимии ҷомеа дар бораи ҷараёни амалисозии Стратегияи мазкур;

- таҳия, татбиқи мунтазам ва истифодаи индексҳои сатҳи ба коррупсия гирифтор будани минтақаҳо, соҳаҳо, идораҳо дар воситаи ахбори омма бо гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ба аҳолӣ вобаста ба ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ;

- ҳамкории судманди мақомоти давлатӣ бо воситаи ахбори омма тариқи бастани созишномаҳо ва таъин намудани шахсони масъул барои мубодилаи иттилоот.

 

 

Боби 2. Бахшҳои афзалиятноки амалӣ намудани тадбирҳои Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020

 

§1. Мукаммалгардонии идоракунии давлатӣ, механизми таҳлили соҳавии хавфҳои коррупсия, поктинатӣ ва шаффофият, ташаккули ҳукумати электронӣ ва дастрасӣ ба иттилоот

 

75. Яке аз сабабҳои доман паҳн намудани коррупсия дар байни ҷомеа ва махсусан дар мақомоту идораҳои давлатӣ, ин номукаммалии идоракунии давлатӣ, ҷойдории расмиёти нолозим ва зиёдатӣ дар онҳо мебошад. Бархўрдҳои зиёдатии мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдори онҳо бо шахрвандон боиси пайдоиши шароити коррупсионӣ ва муҳайё сохтани фазои коррупсионӣ дар зинаҳои гуногуни мақомоти давлатӣ мегардад.

76. Солҳои охир Тоҷикистон ҳамчун яке аз давлатҳои ислоҳотчии ҷаҳон шинохта шуда, рушди иқтисодиёт ҳамчун ҳадафи муҳимтарини барқароркунии давлатдорӣ гаштааст.

77. Дар ин давра идоракунии муносиби иқтисодиёти ҷумҳурӣ дар пайвастагӣ бо ислоҳоти низоми идоракунии давлатӣ ба роҳ монда шуда, танзими зиддикоррупсионии соҳаҳои стратегии иқтисодиети давлат, аз ҷумла гидроэлектроэнергетика, мубориза бо тассаруфи амволи давлатӣ, иқтисодиети махуф, расмикунонии (қонунигардонии) дороиҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм, шаклҳои дигари ҷиноятҳои ба ҷамъият хафнок, аз ҷумла трансмиллӣ, қочоқ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ба назар мерасад.

78. Чунончӣ, дар Паёми Президенти Ҷумҳуриин Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 апрели соли 2012 қайд шудааст, ки:

“Дар натиҷаи азму талош ва ҷонбозиҳои зиёд бист сол қабл хиради азалии халқи тоҷик собит сохт, ки ваҳдати миллӣ ва ҳамдигарфаҳмии афроди ҷомеа муҳимтарин омили пешрафти давлату миллат мебошад.

Маҳз ба шарофати ин рӯйдодҳои муҳими таърихӣ мо тавонистем, ки аркони давлатдорӣ ва шохаҳои фалаҷшудаи ҳокимиятро дар мамлакат барқарор гардонида, пояҳои истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро қавӣнамоем. Муҳимтар аз ҳама ин аст, ки дар Ватани азизамон ваҳдати миллӣ, сулҳи пойдору суботи сиёсиву иҷтимоӣ ва фазои озоди бунёдкориву созандагӣ фароҳам оварда шуд”.

79. Ба шарофати пуштибонии самимона ва заҳмати софдилонаи мардуми кишвар ба Ҳукумати мамлакат муяссар шуд, ки аз соли 2000-ум ин ҷониб доир ба ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва тадриҷан баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ дар доираи барномаву стратегияҳои милливу соҳавӣ пайваста чораҷӯӣнамояд.

80. Бо дарназардошти ин ва бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифати техникии табақаҳои гуногуни ҷомеа ва ҳамаҷониба татбиқ намудани технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ дар иқтисодиёти миллии кишвар аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барномаю дурнамоҳои миенамуҳлату дарозмуҳлат қабул карда мешаванд.

81. Яке аз хуҷҷатҳои муҳими давлатӣ ин қабули Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ мебошад.Консепсияи мазкур маҳз барои идоракунии муносиби давлатӣ, пешгирии бюрократия ва коррупсия равона гардидааст.

82. Ҷиҳати татбиқи талаботи Консепсияи мазкур чорабиниҳои зерини пешгирии коррупсия бояд аз ҷониби мақомоти дахлдори давлатӣ тарҳрезӣ ва амалӣ карда шавад:

- ташкили омўзиш ва тайёр намудани мутахассисони баландихтисос ҷиҳати амалигардонии Консепсияи ҳукумати электронӣ, технологияи нави иттилоотӣ ва идоракунии электронӣ;

- ба таври мушаххас васеъ намудани функсияҳои мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бар зидди коррупсия дар самтҳои пешгирии коррупсия ва бархўрди манфиатҳо дар хизмати давлатӣ, пешниҳоду санҷиши эъломияҳо аз ҷониби кормандони мақомоти давлатӣ оид ба даромад ва амвол, мониторинги ислоҳоти миллии зиддикоррупсионӣ.

   83. Бо мақсади баланд бардоштани самаранокии фаъолият ва васеъ намудани функсияҳои мақоми ваколатдори назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар самти пешгирии коррупсия, мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ (Конвенсияи Созмони Миллали Муттаҳид зидди коррупсия), бо дарназардошти таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ, мунтазам мукаммалгардонии функсияҳои он дар самтҳои пешгирии коррупсия, бархўрди манфиатҳо, пешниҳоду санҷиши эъломияҳо аз ҷониби кормандони мақомоти давлатӣ оиди даромад ва амвол, мониторинги сиёсати зиддикоррупсионӣ, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар назар аст.

  84. Ҳамчунин зарурати ҷорӣ намудани масъулияти зиддикоррупсионӣ мансуб ба хизматчиёни давлатӣ ва дар як вақт ба шахсоне, ки дар дигар ташкилоту муассисаҳои давлатӣ ва дорои саҳми давлатӣ фаъолият мекунанд ба миён омадааст.

85. Ҷиҳати таъмини поктинатӣ ва шаффофият дар хизмати давлатӣ бояд чорабиниҳои зерини пешгирии коррупсия ҳалли худро ёбанд:

-   мукаммалгардонии механизми назорату риояи талаботҳои Кодекси одоби хизматчии давлатӣ дар самти пешгирии коррупсия;

- ташкил ва таъмини механизми озмун барои қабул ба хизмати давлатӣ дар ҳамаи мақомоти давлатӣ ва дар ин ҷараён таъмин намудани принсипҳои воқеъбинӣ ва беғаразӣ;

- ба таври мунтазам ва беҳтар намудани низоми омўзиши одоби хизматӣ ва бархўрди манфиатҳо дар байни хизматчиёни давлатӣ, аз ҷумла ташкили курсҳои махсус ҷиҳати омўзиши масъалаи мазкур дар байни хизматчиёни давлатӣ;

- таҷдиди назар намудани масъуният ва ҳуқуқи дахлнопазирии шахсони мансабдори  мақомоти ҳокимияти давлатӣ;

- гузаронидани тадқиқоти сотсиологӣ оид ба сабабҳои воридшавӣ ва ҷойдории коррупсия дар ҳамаи  шохаҳои ҳокимияти давлатӣ бо иштироки васеи мақомоти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ба самъи умум расонидани натиҷаҳои тадқиқот баҳри истифодаи он дар тарҳрезӣ ва амалигардонии сиёсати зиддикоррупсионӣ;

- ба зиммаи роҳбарон ва масъулини вазорату идораҳо ва дигар мақомоти давлатӣ вогузор намудани омўзиш, таҳлил, хулосабарорӣ ва овардани пешниҳодот ҷиҳати сабабу шароитҳои ба коррупсия мусоидаткунанда дар сохторҳо ва соҳаи фаъолияти тобеи онҳо, танзими идоракунии муносиб ва аз байн бурдани омилҳои коррупсионӣ.

86. Такмили хадамоти аудити дохилӣ. Таҳлили хавфҳо – ин расмиёти яккарата набуда ҷараёни мунтазам мебошад. Тартиби баамалбарорӣ ва самаранокии тадбирҳо, ки аз таҳлили хавфҳо бармеояд, бояд ба таври доимӣ пайгирӣ карда шавад. Барои ҳамин роҳбарияти муассиса ва ё маъмурият бояд манфиатдор ва ўҳдадор бошад, то ки механизми дохилии назоратро дар шакли аудити дохилӣ таъсис диҳад.

87. Аудити дохилӣ – ин асбоби идоракунӣ мебошад. Вай амалишавии назорати идоракунанда ва назоратро аз болои сохтори ташкилӣ ва баамалбарории амалиётҳо ба воситаи расмиёти аудиторӣ таъмин менамояд. Боз як вазифаи муҳими аудити дохилӣ қабули тадбирҳо оид ба пешгирисозии коррупсия аз дохил мебошад.

88. Хадамоти аудити дохилӣ таҳлили хафҳои коррупсияро мегузаронад, тадбирҳои дахлдорро оид ба мубориза бар зидди коррупсия дар дохили мақомоти давлатӣ пешниҳод менамояд ва амалишавии онҳоро таъмин менамояд.

89. Гузаронидани таҳлили хавфҳои коррупсия. Вазифаи доимии хадамоти аудити дохилӣ (воҳиди сохтории ваколатдор оид ба пешгирии коррупсия) санҷиши сохтори ташкилӣ ва фаъолияти он мебошад, ки аз номи роҳбарияти мақомоти (муассисаи) давлатӣ дар ҷойҳои хавф ва бештари омилҳои коррупсионӣ ба амал бароварда мешавад.

90. Осебпазирӣ метавонад дар баамалбарории алоқаҳои беруна мушоҳида карда шавад (масалан, фаъолияти полис дар ҷомеа, гузаронидани тафтишот, баамалбарории санҷишҳо) ва/ё мавриди қабул ва таҳияи қарорҳои идоракунанда, ки метавонанд ба таври мусбӣ ва манфӣ нисбат ба шахсони сеюм зоҳир ёбанд (масалан, ҷойгиркунии фармоиши давлатӣ).

91. Таҳлили таҷриба ва муқоиса бо амалияи пешқадами давлатҳои хориҷӣ нишон медиҳад, ки ислоҳоти бошиддати музди меҳнати хизматчиёни давлатӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, дар навбати аввал соҳаҳое, ки бештар ба хавфҳои коррупсия гирифтор мебошанд, инчунин таъминоти моддӣ ва технологӣ ҳамчун шароити мусоиди корӣ зарур аст. Аз ин рў дар ин раванд татбиқи чораҳои зерин ба мақсад мувофиқ аст:

- дарёфти воситаҳои иловагӣ ва имкониятҳои мустахкам намудани таъминоти моддӣ-техникӣ ва иҷтимоӣ-маишии кормандон;

- самти асосии фаъолият ба вазифаҳои воҳиди мустақили таъсисшаванда оид ба аудити фаъолият дар назди роҳбарони вазорату идораҳо, дигар мақомоти давлатӣ мансуб дониста шавад;

- ахбороти муфассал оид ба натиҷаҳои аудити фаъолият ҳамчун таҳлили гузаронидашудаи хавфҳои коррупсия баробари хулосаи асоснок дар бораи эҳтимолияти хавфҳои коррупсия дар ин ё он соҳаҳои фаъолияти идора ба роҳбари мақомот барои андешидани чораҳои дахлдор пешниҳод карда мешавад.

 

§ 2. Пешгирии коррупсияи сиёсӣ ва нақши мақомоти қонунгузорӣ дар  самти муқовимат ба коррупсия

 

92. Коррупсияи сиёсӣ дар Тоҷикистон зуҳуроти номатлубест, ки бояд дар доираи муборизаи минбаъда бар зидди он чораҳои таъхирнопазир андешид. Дар ин самт ба мақсад мувофиқ аст, ки шаффофияти кори Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсӣ ва хароҷоти мақсадноки маблағҳо барои гузаронидани маъракаҳои интихоботӣ таъмин карда шавад, то ин ки фишороварӣ нисбат ба номзадҳо ва ҳизбҳо роҳ дода нашавад. Ҳамзамон оид ба манбаъҳои даромади ҳар як ҳизб ҳар сол маълумоти расмӣ дар матбуот нашр гардад. Бо ин мақсад зарур аст, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ” мавриди таҷдиди назар қарор дода шавад, зеро ки Қонуни мазкур ба маблағгузории ҳизбҳои сиёсӣ аз ҳисоби буҷет ва ҳар гуна созмонҳое, ки ҳадафҳои сиёсӣ доранд, иҷозат намедиҳад. Аммо дар масъалаи ҳаҷми хайрияҳои хусусӣ маҳдудият вуҷуд надорад. Ашхос ва созмонҳое, ки ҳуқуқи маблағгузории ҳизбҳоро доранд, ўҳдадор нестанд оид ба хайрияҳои худ ахборот диҳанд. Ба созмону ташкилотҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳову муассисаҳо, шаҳрвандон, инчунин кишварҳои хориҷӣ ҷиҳати бо сармояи хориҷӣ ба суратҳисоби ҳизбҳои сиёсӣ сармоягузорӣ намоянд иҷозат дода намешавад. Илова бар ин хайрияҳои беном низ манъ карда шудаанд.

93. Маблағгузории маъракаҳои интихоботиро Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» танзим менамояд. Барои маблағгузории маъракаҳои интихобот номзад аз ҳизби сиёсӣ хазинаи (фонди) интихоботӣ таъсис менамояд. Маъракаҳои интихобот танҳо аз ҳамин хазина маблағгузорӣ карда мешаванд. Манъбаҳои даромади хазинаҳои интихоботӣ маблағҳои комиссияи интихоботӣ, маблағҳои худи номзад ва ё ҳизби сиёсӣ буда метавонанд. Инчунин маблағҳои хайрия аз ашхоси воқеӣ ва ҳуқуқӣ манбаи даромад шуда метавонанд. Ба маъракаи интихобот ворид кардани маблағҳо ба шакли хайрия аз ҷониби муассисаҳои маҳаллӣ ва мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои давлатӣ, корхонаҳое, ки беш аз 30% саҳмияҳояшон ба давлат тааллуқ дорад, мақомоти низомӣ ва ҳифзи ҳуқуқ, созмонҳои динӣ ва хайриявӣ, кишварҳои хориҷӣ ва ашхоси ҳуқуқии хориҷӣ, ашхоси ҳуқуқие, ки бо маблағгузории хориҷӣ кор мекунанд, созмонҳои байналмилалӣ, созмонҳои ҷамъиятии байналмилалӣ ва хайрияҳои беном манъ аст 

94. Шаффофият ва назорати маблағгузорӣ барои ҳизб ва хазинаи интихобот. Механизми назорати маблағгузории ҷории ҳизбҳо вуҷуд надорад. Ҳамзамон ҳисоботи ҳарсолаи ҳизбҳои сиёсӣ дар бораи манбаъҳо ва маблағҳои даромад, дар бораи хароҷоти маблағгузории ҷории ҳизб дар давоми соли тақвимӣ, инчунин оид ба дороиҳои ҳизб ва андозҳои пардохтшуда таҷдиди назар карда шаванд.

95. Мутобиқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» номзадҳо, ҳизбҳои сиёсӣ ва комиссияҳои интихоботӣ бояд дар бораи даромадҳо, хароҷотҳои маблағҳои барои интихобот ҷудогардида, оид ба хароҷоти маблағҳои аз хазинаҳои интихобот ҷудогардида ва хароҷоти воситаҳои фондҳои интихоботӣ ҳисобот пешниҳод намоянд.

96. Ҳисоботҳои молиявии номзадҳо ва ҳизбҳои сиёсӣ ба Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсӣ дода мешаванд, вале ҳисоботи дигари муқаррарӣ ва ба воқеият ҷавобгў тартиб дода намешаванд.

97. Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсӣ минбаъд назорати маблағгузориҳоро аз ҷониби комиссияҳои интихоботӣ, ҳаҷм ва манбаъҳои маблағгузории фондҳои интихоботии номзадҳо ва ҳизбҳои сиёсӣ ва самаранок истифода бурдани маблағҳои пулии ин фондҳоро таъмин намояд.

98. Бинобар ин назорат аз болои манбаъҳои маблағҳои пулии худи номзадҳо ва ҳизбҳо ва ё аз болои воситаҳои пулии аз хайрияҳо, ки ба хазинаи интихоботӣ ворид мешаванд вуҷуд надорад, низоми маблағгузорӣ ба ҳисоби ҳизб дар қонунгузорӣ пешбинӣ гардида бошад ҳам, дар амалия равшанӣ ва ошкорбаёнии онҳо ба таври зарурӣ ба роҳ монда нашудааст.

99. Қоидаҳои одоби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон меъерҳои одоб ва рафтори вакилонро ҳангоми адои ваколатҳои вакилӣ ва бо мақсади нигоҳ доштани меъерҳои баланди маънавӣ ва фаъолияти бенуқсон пешбинӣ шуда бошанд ҳам, дар бораи беғаразӣ ва ҳалолкорӣ дар фаъолият ва бархўрди манфиатҳо, инчунин дар бораи шаффофият ва зарурати пурзур гардидани боварии ҷомеа меъерҳои дахлдор вуҷуд надоранд.

100. Мутобиқи қарори Созмони умумиҷаҳонии парлумонӣ бар зидди коррупсия аз 19 ноябри соли 2008 дар Кодекси одоби намояндагони мақомоти қонунгузорӣ бояд пешгирии бархўрди манфиатҳо, шаффофият, маълумоти ошкоро, масъунияти намоянда инъикос ёбанд ва механизми танзими иҷрои он таъмин карда шавад.

101. Аз ин лиҳоз зарур аст, ки тадбирҳои зерин ҳалли худро ёбанд:

пешбинӣ намудани пешниҳоди ҳисоботҳои ҳарсола аз ҷониби ҳизбҳои сиёсӣ ва дастрасии оммавии онҳо, иттилоот дар бораи маблағҳои дар давоми сол ба даст овардашудаи ҳизбҳои сиёсӣ;

- аз ҷониби ҳизбҳои сиёсӣ ва номзадҳо ба мансабҳои сиёсӣ ба мақомоти ваколатдори давлатӣ пешниҳод намудани иттилоот дар бораи даромад ва хароҷоти фондҳои интихоботӣ ва таъмини дастрасии он барои ҷомеа;

- такмили қоидаҳои одоби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии  Ҷумурии Тоҷикистон ва таъмин намудани татбиқи онҳо дар таҷриба;

- таҳияи заминаи ҳуқуқӣ барои ҳаллу фасли бархўрди манфиатҳо ва механизми амалӣ намудани пешгирии онҳо ва ҳалли мухолифатҳои ахлоқӣ аз ҷониби шахсони мансабдори сиёсӣ.

 

         §3. Такмили фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ (поктинатӣ дар бахши хусусӣ)

 

102. Сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри дастгирии бахши хусусӣ ва беҳсозии шарту шароити маблағгузории онро яке аз самтҳои афзалиятноки худ ҳисобида, сол аз сол дар ин самт чораҳои дахлдор андешида шуда истодаанд. Аммо дар баробари шарту шароитҳои мусоид дар фаъолияти соҳибкорӣ фароҳам овардашуда, дар ин самт низ мушкилиҳо боқӣ мемонанд. Яке аз ин мушкилиҳо насупоридани андозҳо ва ё рўйпўш гардидани даромадҳои аз фаъолияти соҳибкорӣ бадастовардашуда мебошанд.

103. Бо дарназардошти ин такмили минбаъдаи талаботи қонунгузории амалкунанда, ки нисбат ба баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ гузошта шуданд, алалхусус оид ба ҳолатҳои ба дафтарҳои ҳисобдорӣ уҳдадориҳои пулии дарёфткунандаҳои қалбакиро ворид кардан, сабти хароҷоти иҷронашуда, барои истифода аз ҳуҷҷатҳои қалбакӣ, дигар амалҳои ғайриқонунии роҳбарони корхонаҳо ва шахсони дигари масъули дафтари ҳисобдорӣ, таҳиякунандагони ҳисоботи молиявӣ татбиқи чораҳои муосири ҷавобгарӣ мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ ба мақсад мувофиқ аст.

104. Дар ин ҷода зарур аст, ки вобаста ба мустақилият ва беғаразии аудиторон ҳангоми иҷрои вазифа бояд стандартҳои байналмилалӣ риоя шаванд, аз ҷумла аудиторон набояд бевосита ё бавосита бо объектҳои аудитшаванда муносибати касбӣ дошта бошанд (ба ин ҷо шахсони ба аудиторон робитадошта низ дохил мешаванд), ҳамин қоида ба ташкилотҳои аудиторӣ низ дахл дорад). Вобаста ба ин афзоиши маърифати зиддикоррупсионӣ дар бахши хусусӣ, ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо давлат ва амалӣ кардани назорати дохилӣ дар марҳилаҳои навбатии Стратегия бояд мавриди истифодаи васеъ қарор дода шавад.

        105. Вале ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, дар ҷараёни ташкил ва  фаъолияти ҳамарўзаи бахши хусусӣ, аз ҷумла соҳибкорӣ, ташкили монеаҳои сунъӣ ва барзиёд дар ҷараёни бақайдгирӣ, иштироки онҳо дар хариди давлатӣ, кор ва хизматрасониҳо, пардохти андозҳо, ташкил ва амалинамоии баҳисобгирии муҳосибӣ, санҷиши фаъолияти иқтисодию молиявии онҳо, назорат ва мониторинги он ҳоло ҳам монеаҳои зиёд вуҷуд доранд.

106. Бинобар ин ва бо мақсади ҷалби сармоягузориҳо ва рушди устувори иқтисодӣ ва дастгирии соҳибкорӣ айни замон масъалагузории эҳтиёҷоти зайл ба миён омадааст:

- бунёди шароитҳои иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба кам шудани «иқтисодиёти махуф», расидан ба шаффофияти ҳадди аксар ва батанзимдарории вазифаҳои назоратии мақомоти ваколатдори давлатӣ;

- баратараф намудани сабабҳои бурунрафти дороиҳо ва сармоягузориҳо ва фароҳам овардани шароити зарурӣ барои баргардонидани онҳо ба бахши воқеъии иқтисодиёти миллӣ;

- таъминоти ҳуқуқӣ (такмили қонунгузорӣ) ва иқтисодии (аз ҷумла чорабиниҳои ташкилӣ бо роҳи ҷойгир намудани видеокамераҳои назоратӣ) шаффофияти фаъолияти мақомоти назоратию тафтишотӣ;

- баланд бардоштани қобилияти рақобатнокии махсулоти ватанӣ дар бозори дохилӣ;

- ҳавасмандкунии сармоягузориҳо, аз ҷумла сармояи ватанӣ ба соҳаи истеҳсолии иқтисодиёти кишвар;

- мустаҳкам намудани соҳаи буҷетӣ ва дар ҳамаи сатҳҳо таъмин намудани гузариш ба буҷетҳои воқеъӣ ва амалишаванда;

- таъмини бартарафсозии марҳилавии камбудиҳои бозор ва андешидани чораҳо ҷиҳати кам кардани инфлятсия то ҳаҷми танзимкунанда;

- бунёди шароит барои ихтисор кардани муомилоти нақдии пулӣ, аз ҷумла ҳавасмандкунии истифодаи васеъи технологияҳои электронии ҳисоббаробаркуниҳо дар муносибатҳои молию пулӣ;

- бартараф намудани механизмҳо ва шароитҳое, ки ба «расмикунонии» маблағҳои ғайриқонунӣ бадастоварда, ошкор намудани механизмҳо ва маҳдудкунии ҳуқуқии «нақдикунонии» ғайриқонунии воситаҳои пулӣ;

- баланд бардоштани самаранокии назорат аз болои амалиётҳои асъорӣ ва воридотию содиротӣ, андешидани чораҳо оид ба таъминоти кафолатдодашудаи (суғуртакунонии) чунин амалиётҳо, вусъат додани заминаи шартномавии байнидавлатӣ оид ба масъалаи мазкур;

- тафтиш ва назорати мавзўии омодагӣ ва иҷрои созишномаҳои консессионӣ (барои идоракунӣ, супоридани иншоотҳои моликияти давлатӣ) дар бораи истифодаи муваққатии воситаҳои давлатӣ;

- таъмини назорати амортизатсия ва соқит намудани воситаҳо ва амволи давлатӣ;

- ҷорӣ намудани назорати маҷмўии бонкӣ аз болои фаъолияти гурўҳҳои молиявӣ-саноатӣ;

- таъмини мавҷудияти баробари иқтисодӣ ва ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият дар ҳамаи соҳаҳои фаъолияти иқтисодӣ;

- ҷорӣ намудани низоми мустақили нозироти санҷиши пешакии амалиётҳо вобаста ба ҳамлу нақл ва қарордодҳои воридотию содиротӣ ҳангоми гузаронидани расмиёти гумрукӣ;

- бо давлатҳои ҳамсарҳад ҷорӣ намудани низоми ягонаи иттилоотӣ дар бораи борҳои аз сарҳад интиқолшаванда, аз ҷумла транзитӣ;

- танзими ҳуқуқии возеҳи расмиёти қабули қарорҳо аз ҷониби мақомоти давлатӣ ва расонидани муҳтавои онҳо ба аҳли ҷомеа;

- муқаррар намудани масъулияти фардии шахсони мансабдори мақомоти давлатӣ барои қабули қарор;

- такмили низоми гузаронидани озмунҳо оид ба ҷойгир намудани фармоишҳои давлатӣ ва хариди давлатӣ, тендерҳо ва музоядаҳо оид ба хусусигардонӣ;

- таъмини шаффофияти механизмҳои истифодаи воситаҳои давлатӣ, сармоягузориҳои хориҷӣ, инчунин қарзҳои зери кафолати давлатӣ қарор гирифта тавассути ҷорӣ намудани иттилооти муфассал дар веб-сайти мақомоти дахлдори давлатӣ;

- такмили фаъолияти биржавӣ ва бозори қоғазҳои қиматнок;

- кам кардани фаъолияти инҳисорӣ ва ташкили рақобат дар соҳаи расонидани хизматрасонии давлатӣ, тартиб додани феҳристи корхонаҳои қарздор ва муфлисшуда;

- дар амал ҷорӣ намудани интишори ҳисоботҳои ҳарсолаи фаъолияти молиявии ширкатҳои миллӣ ва субъектҳои инҳисори табиӣ дар воситаҳои ахбори омма ва Интернет;

- дар амал ҷорӣ намудани бекоркунии оммавии созишномаҳо ва қарордодҳо, бозхонди иҷозатномаҳо ва санадҳои бақайдгирӣ, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат намекунанд;

 107. Тадбирҳои иловагӣ дар соҳаи сармоягузорӣ инҳо мебошанд:

- таъмини шаффофияти бастани қарордодҳо бо ширкатҳои хориҷӣ ва интишори ахборот дар бораи ҷараёни иҷрои онҳо, ба истиснои маълумоти дорои сирри тиҷоратӣ;

- интишор ва гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар бораи механизмҳои пешниҳоди имтиёзҳо барои сармоягузории бевосита;

- таъмини дастрасии васеъи субъектҳои бахши хусусӣ ба иттилооти меъёрии ҳуқуқӣ ва маъмурии ширкатҳои давлатӣ, аз ҷумла тавассути истифодаи имкониятҳои технологияҳои иттилоотӣ.

            108. Оид ба беҳтар намудани муҳити сармоягузорӣ дар кишвар пеш аз ҳама бояд такмили заминаи қонунгузорӣ, барномаҳои давлатӣ ва лоиҳаҳои аз ҷиҳати илмию амалӣ асоснокшуда, омўзиш ва таҳлили иҷрои қарордодҳо ва идоракунии корпоративӣ, таъмини ҳуқуқҳои молумулкӣ ва пешгирии талафу тасарруфи он, бартараф намудани монеаҳои зиёдатии маъмурӣ зарур аст.

 

 

§ 4. Такмили кодексҳои касбии одоб ва самти кадрии хизмати давлатӣ

 

109. Маҷмўи қоидаҳои рафтори хизматчии давлатии мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ки хислати ахлоқии фаъолияти касбии онҳоро таҷассум менамояд дар Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Фармони Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2010  №932 тасдиқ шудааст, гирд оварда шудаанд.

110. Дар Кодекси мазкур навгониҳои зиёд ба монанди муқаррар намудан ва танзими назорати риояи Кодекси одоб, инчунин тартиби ташаккул ва амали комиссияҳо оид ба одоб, ки бояд назорати риояи Кодексро амалӣ намоянд, таҷассуми худро ёфтаанд. Мутаассифона дар Кодекс сохтори одоби хизматӣ дарҷ нагардидааст ва ба ҷанбаъҳои амалӣ ва ангезандаи фаъолияти мусбии хизматчиёни давлатӣ эътибор дода нашудааст, Мўҳтавои Кодекси мазкур хусусияти абстрактӣ дошта, роҳандозии он ба кори ҳамарўзаи фаъолияти хизматчиени давлатӣ алоқамандӣ надорад.    Бинобар ин ҷиҳати такмили муқаррароти Кодекси мазкур зарур аст, ки тадбирҳои зайл амалӣ гарданд:

- дар кодекси одоби хизматчии давлатӣ пешбинӣ намудани тавзеҳи принсипҳои хизмати давлатӣ, инчунин таърифи амиқи стандартҳои маъмули рафтори хизматчиёни давлатӣ;

- такмил додани механизмҳои назорат оид ба риояи одоби хизматчиёни давлатӣ;

- таҳия ва ҷорӣ намудани кодексҳои махсуси одоб барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва судҳо;

- такмили таълимоти таҷриба барои хизматчиёни давлатӣ ва роҳбарони ин мақомот тавассути беҳтар намудани низоми таълим оид ба одоби хизматӣ ва танзими бархўрди манфиатҳои хизматчиёни давлатӣ ва дар ин ҷараён ташкил намудани таҳсилоти доимӣ ва даврӣ;

- мунтазамнокии низоми қабул ба кор, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо ба мансаби баланди давлатӣ;

- гузаронидани расмиёти мушаххас оид ба қабул ва тайёр намудани кадрҳо барои вазифаҳои пурмасъуле, ки ба зуҳуроти номатлуби коррупсия бисёр дучор мешаванд;

- таъсиси барномаи мушаххас оиди иҷрои босамари функсияи хизматчии давлатӣ; 

 

 

§5. Такмили низоми хариди давлатӣ

 

111. Сарфаҳои хариди давлатӣ тахминан 10 дарсади ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатии Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Ҳоло низоми хариди давлатӣ дар давраи ташаккулёбӣ қарор дорад, ки он аз як тараф вобаста ба миқдори зиёди мақомот ва муассисаҳои давлатӣ, аз тарафи дигар вобаста ба маҳдудияти захираи буҷети давлатӣ ташвишовар ба назар мерасад. Ҳамин тавр, саъйу кўшиш барои дар оянда такмил ва рушд ёфтани низомии хариди давлатӣ бо мақсади бартараф намудани аломатҳои коррупсионӣ ва бунёди механизми таъсирбахши идора ва назорати хариди давлатӣ аз масъалаҳои муҳим ва таъҷилӣ ба шумор меравад.

  112. Новобаста аз он ки дар қонунгузорӣ оид ба хариди давлатии амвол, кор ва хизматрасонӣ қоида ва тартиботи муайян барои ҳамаи муассисаҳо ва соҳаҳо, ғайр аз масъалаҳои мансуб ба мудофиаи миллӣ, ҳифзи амният, сирри давлатӣ, металл ва сангҳои қиматбаҳо ба роҳ монда шудааст, дар таҷриба як қатор мушкилот дар ин самт мавҷуд аст. Лоиҳаҳои зиёде вобаста ба ҳаҷми берун аз тавозун, ба монанди бунёди неругоҳҳои барқии хурду калон мавҷуданд, ки дар доираи қоида ва тартиботи хариди давлатӣ ҷой намегиранд. Дар айни ҳол ин қабил лоиҳаҳо барои давлат ва ҷомеа муҳим буда, сарфи назар намудани онҳо ғайриимкон мебошад. Ин таҷриба метавонад дар ҳисобботдиҳӣ ва шаффофияти хариди давлатӣ мушкилот пеш орад ва ин ба таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ, ки дар ҳамаи навъи хариди давлатӣ вобаста ба ҳамаи бахшҳо бояд қоидаҳои мушаххас амал намуда, хариди амвол дар асоси талабот шаффофу ошкоро сурат гирад,  мувофиқат намекунад.

  113. Аз ин рў дар ин самт андешидани тадбирҳои зерин ба мақсад мувофиқ аст:

-баланд бардоштани шаффофият дар ҷараёни хариди давлатӣ, зиёд намудани самарабахшии онҳо ва маҳдудсозии имкониятҳо ҳангоми қабули қарори беасос аз ҷониби кормандони муассисаи хариди амвол дар ҷараёни интихоб;

-пешбинӣ намудани талабот вобаста ба мавҷудияти доғи судӣ оид ба ҷиноятҳои коррупсионӣ ҳангоми озмунҳои хариди давлатӣ ва ҷараёни хусусигардонӣ иншоот; 

- ташкил ва пешбурди махзани маълумотҳои ширкатҳо, ки қаблан барои амалҳои коррупсионӣ маҳкум шуда буданд;

- баланд бардоштани сифати низоми интишори иттилоот оид ба тендерҳо барои хариди давлатӣ ва дар веб-сайти мақомоти ваколатдори давлатӣ нашр намудани иттилооти муфассал оид ба харид ва фаъолияти комиссияҳои тендерӣ, бақайдгирии навории ҷараёни гуфтушунидҳо, тендерҳо ва озмунҳо, ба қувваи қонунӣ даромадани ҳуҷҷатҳои тендерӣ баъди интишори оммавии онҳо;

         - фаҳмонидани маҳакҳои интихоб, усулҳои арзёбӣ ба баҳогузорандагон ва шахсони нархгузоранда ва ба самъи шахсони манфиатдор расонидани мўҳтавои қарори комиссия;

- таъмини такмили ихтисоси доимии кормандони мақомоти хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ, намояндагони ташкилотҳо-харидорон, бахши хусусӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оид ба масъалаҳои қонунгузорӣ дар соҳаи хариди давлатӣ, инчунин оид ба масоили риояи меъёрҳои одоб;

-ба роҳ мондани идоракунии муносиби давлатӣ ва шаффофияти фаъолияти мақоми ваколатдори давлатӣ дар самти хариди давлатӣ, таъмини иштироки баробари субъектҳо дар тендерҳо, музоядаҳо ва аз байн бурдани омилҳои ба коррупсия мусоидаткунанда.

 

 

§ 6. Такмили низоми назорати давлатии молиявӣ

 

 

114. Идоракунии маблағҳои буҷети давлатӣ эҳтимолияти хатари ҷиддии хусусияти коррупсионидоштаро ба вуҷуд меоваранд. Корҳои маккорона, азонихудкунии маблағҳо ва дигар шаклҳои кирдорҳои коррупсионӣ метавонанд ба ноилшавии мақсадҳои гузошташудаи давлат халалдор созад ва ба рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии давлат таъсири манфӣ расонад. Аз ин рў идоракунии давлатии самаранок ва натиҷабахш аз кам кардани шароитҳои ба коррупсия мусоидаткунанда ва зарурияти ташкили низоми солими идоракунии давлатии мабалғҳои буҷетиро тақозо дорад.

           115. Таҷриба ва маълумотҳои омории ҳарсола нишон медиҳанд, ки новобаста аз таҳия, қабул ва мукаммалгардонии қонунҳо дар самти молияи давлатӣ, таҳия ва амалигардонии чорабиниҳои зиёд ҷиҳати ташаккул ва  хароҷоти маблағҳои буҷети давлатӣ дар ҳамаи сатҳҳо, самаранок истифода бурдани маблағҳою амволи давлатӣ ва хариди давлатӣ ҳоло ҳам қонуншиканиҳо ва камбудиҳои зиёди коррупсионӣ, аз ҷумла расонидани зарарҳои зиёди молиявӣ, азонихудкунии маблағу амволи давлатӣ, саркаши намудан аз пардохтҳо ва андози давлатӣ, хусусигардонии ғайриқонунӣ дар ин самт ҷой доранд. Чуноне ки мушоҳида мегардад чораҳои андешидашуда дар ин самт, кофӣ ва судманд нестанд.

116. Бинобар ин ба мақсад мувофиқ аст, ки тадбирҳои зерин дар ин самт андешида шаванд:

         - дар мавриди ташаккули буҷетҳо ва таҳияи  санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҷиҳати тасдиқи буҷет ва дар амал татбиқ намудани он додани таваҷҷуҳи хоса ба масъалаи таъмини шаффофият ва ҷалби ҷомеа дар муҳокимаи таҳия ва қабули лоиҳаҳо, раванд ва натиҷаи иҷрои он, иҷрои хароҷоти мақсадноки моддаҳои буҷет, табъу нашри лоиҳаҳо ва ба самъи ҷомеа расонидани он дода шавад;

- бо дарназардошти стандартҳои байналмилалӣ бо роҳҳои таҳияи  санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор ва ворид намудани тағйиру иловаҳои зарурӣ ба  санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда ҷиҳати ташкили танзими муносиби идоракунии молиявии давлат, назорати молияи давлатӣ аз ҷониби  Палатаи савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақоми ваколатдори аудити дохила ва дигар институтҳои молиявӣ ба роҳ монда шавад;

- такмили функсияҳои таҳлилӣ – омории онҳо бо мақсади омўзиш ва пешгирии  коррупсия ва овардани пешниҳодот ва хулосаҳо аз ҷониби худи онҳо ҷиҳати мукаммалгардонии қонунгузорӣ ва идоракунии муносиби молиявии давлат таъмин карда шавад;

- мукаммалгардонии механизми идоракунии молияи давлат бо роҳи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки самтҳои гуногуни молияи давлат, назорати давлатии молиявӣ ва аудити дохила, муҳосибот, буҷети давлатӣ, харҷу сарфи  сариштакорона ва мақсадноки маблағҳои буҷети ва амволи давлатиро ба танзим медароранд, анҷом дода шавад.

 

§ 7. Пешгирии коррупсия дар соҳаҳои маориф ва тандурустӣ

 

117. Ташаккули давлати ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ фарҳанги баланди ҳуқуқиро талаб мекунад, ки бе он чунин арзишҳои бунёдӣ ва принсипҳои ҷомеа ба монанди волоияти қонун, афзалияти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва ҳифзи манфиатҳои қонунии инсон ва шаҳрванд наметавонанд пурра амалӣ шаванд.

118. Чуноне, ки аз таҷриба бармеояд дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва олӣ барномаҳои таълимӣ вобаста ба масъалаҳои эҳтиром ва волоияти қонун, тоқатнопазирӣ ба қонуншиканӣ, ҷинояткорӣ ва коррупсия, дарки он, зарарҳои коррупсия ва зарурияти мубориза бо он тарҳрезӣ карда намешаванд.

119. Солҳои охир дар муқоиса бо соҳаҳои фаъолияти вазорату идораҳои дигар ва мувофиқи тадқиқотҳои сотсилогӣ сатҳи коррупсия дар ин соҳа бештар мушоҳида мегардад.

120. Тахлилҳо нишон доданд, ки дар соҳаи маориф ҷиноятҳои вобаста ба тасарруфи амволи ғайр асосан аз тарафи шахсони масъули ҷавобгарии моддӣ содир карда мешаванд. Ҳолати дигаре, ки имрўзҳо ҷомеаро ба ташвиш овардааст ин сўйистифода ва ришваситонӣ ҳангоми қабули санҷишу имтиҳонҳо, тестикунӣ ва суҳбатҳо аз лаҳзаи қабули довталаб ба муассисаи таълимӣ, ки чун анъана ва ҳодисаи такроршаванда ба низоми таҳсилот ва обрую нуфузи он дар ҷумҳурӣ таъсири манфӣ мерасонад, ҷой дорад.

121. Дигар ҳолатҳое, ки ба фароҳам овардани сабабу шароитҳои содир намудани қонунвайронкуниҳо, аз ҷумла ҷиноятҳои бо суиистифода аз вазъи хизматии худ бо роҳи тасарруф ё ришваситонии кормандони соҳаи маориф сабаб мешаванд, пеш аз ҳама надонистани талаботи қонунгузории ҷорӣ ва беназоратии мақомоти болоии ин соҳаҳо мебошанд.

122. Чуноне, ки санҷишҳои молиявии муассисаҳои таълимӣ собит менамоянд дар давраи 6 (шаш) соли охир зарарҳои молиявӣ ба маблағҳои умумӣ зиёда аз 11,7 (11.708.839.60) млн сомонӣ ошкор карда шудааст.

123. Аз маблағи умумии зарарҳои молиявӣ, камомад ва тасарруфи воситаҳои пулию  молӣ  зиёда аз 2,9 млн сомонӣ (2.996.566,34), талафи воситаҳои пулию молӣ  -  зиёда аз  3,5 млн (3.532.232,56) сомонӣ, маблағи кам  ҳисобгардида ва рўйпўшнамудаи андозҳо зиёда аз 1,5 млн (1.585.029,54) сомонӣ ва боқӣ дигар зарарҳои молиявиро ташкил медиҳад.

      124. Ғайр аз ин дар ин давра аз тарафи мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия содиршавии 354 ҳодисаи ҷиноятҳои коррупсионӣ, иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва марбут ба андоз аз ҷониби кормандони мақомоти маориф ва сохторҳои тобеи он ба қайд гирифта шудааст.

 125. Сохтори ҷиноятҳои коррупсионии ошкоргардидаро бештар  ҷиноятҳои қаллобии хусусияти коррупсионидошта, азонихудкунӣ ё исрофкорӣ, суйистифода  аз ваколатҳои мансабӣ, порахўрӣ, баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ, гирифтани мукофот бо роҳи тамаъҷўӣ ташкил медиҳанд.

  126. Аз рўи ҷараёни инкишофи ҷиноятҳои коррупсионӣ дар соҳаи маориф соли  2008 – 63 адад, соли 2009 - 67 адад ва дар соли 2010 - 82 адад  ва дар соли 2011 - 85 адад ҷиноятҳои коррупсионӣ ба қайд гирифта шудааст.

 127. Чунин рақаму миқдори ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷиноятҳои коррупсионӣ шаҳодат аз он медиҳанд, ки то ҳол дар соҳаи маориф камбудию норасоиҳо дар самти пешгирии ин зуҳуроти номатлуб сол аз сол афзуда истода, андешидани чораҳои қатъиро дар ин соҳа талаб мекунад.  

128. Аз ин рў ва бо мақсади пешгирӣ намудани ҳолатҳои коррупсионӣ дар соҳаи маориф зарур аст, ки тадбирҳои зерин андешида шаванд:

-гузаронидани имтиҳонҳои қабул дар муассисаҳои таълимӣ тариқи тестӣ ҷиҳати пешгирии хавфҳои коррупсионӣ;

-таҳияи барномаи омўзишӣ ва дастурамалу маводи ташвиқотӣ барои падару модарон ва мактаббачагон оид ба масъалаҳои зиддикоррупсионӣ;

-таъмини мониторинги омилҳои коррупсионӣ, механизми бартараф кардани пардохтҳои ғайрирасмӣ ва пурзўр намудани фаъолияти аудити дохилӣ;

- дар доираи имкониятҳои мавҷуда баланд бардоштани сатҳи таъминоти моддии кормандони соҳа, бо дарназардошти интизоми меҳнат ва саҳми онҳо дар таҳкими обрўю нуфузи муассисаи таълимӣ.

129. Саломатии аҳолӣ ҳамчун сарвати бебаҳо омили муҳими рушд ва некуаҳволии кишвар ба ҳисоб меравад. Сол то сол саломатии аҳолӣ беҳтар шуда истодааст. Дар сохтори тандурустии мамлакат ҷараёни бозсозии соҳа, аз он ҷумла таҳияи заминаи нави қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи тандурустӣ, такмили системаи идоракунӣ ва маблағгузорӣ, рушд ва таҳкими кўмаки аввалияи тиббию санитарии бо тибби оилавӣ асосёфта, таҷдиди муассисаҳои тиббӣ ва фармасевтӣ авҷ гирифт. Бо ҳамин мақсад модели ислоҳоти соҳа вобаста ба беҳбудии дастрасии хизматрасониҳои тиббӣ тавассути таҷдиди сохтор ва ҳамгироии системаи фароҳам овардани кўмаки аввалияи тиббӣ, муносибгардонии фонди кат ва сохтори муассисаҳои бистарикунонӣ, тақвияти нерўи кадрии тамоми соҳаи тандурустӣ, мукаммалсозии инфрасохтор, такмил ва беҳбудии таъминот бо доруворӣ, ворид намудани намудҳои нави маблағгузорӣ, дар асоси истифодаи дастовардҳои илмӣ татбиқи усулҳои нави ташхисию табобатӣ бо истифодаи технологияҳои муосир, иштироки аҳолӣ дар ҳалли масъалаҳои тандурустӣ, барқарорсозии солимии беморон ва маъюбон, ташкили кўмаки паллиативӣ, рушди заминаи иттилоотии идоракунӣ ва дигар тадбирҳоро дар бар мегирад.

Ба инкишофи соҳа афзоиши суръати иқтисодӣ, таваҷҷўҳи ҳамаҷонибаи роҳбарияти кишвар нисбат ба самтҳои афзалиятноки рушди иҷтимоӣ, инчунин саҳми самарабахши ҷомеаи байналмилалии донорҳо дар ҳифзи саломатии аҳолии кишвар шароити мусоид фароҳам оварданд. 

130. Муттаассифона дар баробари рушди ин соҳа, вазъияти таҳлили ҷараёни корӣ дар ин самт ва дар фаъолияти муассисаҳои тиббӣ камбудию норасоиҳои зиёде ҷой доранд.

131. Аз рўи санҷишҳои молиявии мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар соҳаи тандурустӣ таи 5,5 соли охир 137 санҷишҳо гузаронида шуда, дар натиҷа зарари молиявӣ ба маблағи умумии зиёда аз 7,7 (7.753.866,97)  млн сомонӣ ошкор карда шудааст. Аз маблағи умумии зарарҳои молиявӣ, камомад ва тасарруфи воситаҳои пулию  молӣ  зиёда аз  3,4 млн (3.439.097,56) сомонӣ, талафи воситаҳои пулию молӣ  -  зиёда аз 1,5 млн (1.551.562,72) сомонӣ, маблағи кам  ҳисобгардида ва руйпўшнамудаи андозҳо -720.859,78 сомонӣ ва дигар зарарҳои молиявиро ташкил медиҳанд.

         132. Масъалаи баланд бардоштани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббиро ба аҳолӣ Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳамчун самти муҳими фаъолияти худ дониста, ба раванди ислоҳоти соҳаи тиб, истифодаи мақсадноку самарабахши маблағҳои давлативу лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва пешгирии ҳодисаҳои коррупсионӣ суръату сифати тоза мебахшад. Ҳамзамон баробари соҳаи маориф тандурустӣ ба соҳаҳои дорои хавфи баландтарини коррупсия гирифтор аст, ки аз ин маълумоти нишондодҳои расмии дар боло зикргардида ва тадқиқотҳои сотсиологӣ шаҳодат медиҳанд. Ин ду соҳаи дурнамои муҳим мавриди диққати махсуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирифта, ҳамарўза маҷмўи тадбирҳои зарурӣ дар самти пешгирии коррупсия пайгирона татбиқ мегарданд.

133. Ин соҳаҳо мавриди буҷетикунонии барномавӣ қарор гирифта мешаванд, яъне қисмати дахлдори хароҷоти буҷети давлатӣ барои ҳар сол аз тарафи вазоратҳои маориф ва тандурустӣ аз ҳисоби лоиҳаҳои барномавӣ ва грантӣ, ки қисман аз ҷониби буҷети давлатӣ, қисман аз ҳисоби воситаҳои молиявии шартномавии муассисаҳои таҳсилотӣ ва муолиҷавӣ ва қисман аз ҳисоби маблағҳои созмонҳои байналмилалӣ ва хазинаҳои молиявии байналмилалӣ маблағгузорӣ карда мешаванд. Дар ин самт аз тарафи давлат ҳама гуна ташаббусҳо баҳри рушди ҳамкориҳо ва муносибатҳои байналмилалӣ ва омўзиши таҷрибаи кишварҳои хориҷӣ ҷонибдорӣ карда мешавад.

134. Аз ин рў ҷиҳати беҳтар гардонидани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ва бо ин васила бартараф намудани омилҳои коррупсионӣ татбиқи тадбирҳои зерин ба мақсад мувофиқ аст:

-васеъ намудани салоҳияти воҳидҳои аудити дохилӣ ҷиҳати вусъат додани фаъолияти онҳо ва баҳри таҳлили пурра ва ҳаматарафаи хавфҳои коррупсия;

-ба роҳ мондани низоми самараноки лоиҳаи маблағгузорӣ ва идоракунӣ, инчунин методологияи ҳамоҳангсозии суғуртакунонии тиббии мақсаднок аз буҷети давлатӣ;

-таҷдиди назар намудани низоми марказонидашудаи хизматрасонии давлатӣ ва додани афзалият ба методологияи хизматрасонии марказонидашуда аз рўи таъинот бо нархҳои муқарраргардида.

 

 

Боби 3. Ҳамкории ҳуқуқии байналмилалӣ

 

135. Муборизаи босамар бар зидди коррупсия  рушди иқтидори миллиро тавассути коркардҳои босуръату асосноки меъёрию ташкилии тадбирҳои зиддикоррупсионӣ дар асоси ҳамкории фаъоли байналмилалӣ оид ба мубодилаи таҷриба байни институтҳои зиддикоррупсионӣ ва коршиносон талаб мекунад.

  136. Аз ин рў бояд ба имплементатсияи ҳамаи талаботи Конвенсияи СММ зидди коррупсия, ки айни замон ҳамчун стандарти универсалии байналмилалии зиддикоррупсионӣ дар тамоми ҷаҳон эътироф шудааст, инчунин дигар санадҳои байналмилалии ҳуқуқие, ки дар ин самт Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст аҳамияти махсус дода шавад. Дар ин раванд кўмаки техникӣ ва махсусгардонидашуда, ки тавассути лоиҳаҳои гуногуни байналмилалӣ пешбинӣ карда шудааст, бояд ба таври бештар самаранок (ҳадди аксар) истифода карда шавад.

137. Дар тамоми давраи амали Стратегия гузаронидани чорабиниҳои гуногун оид ба ҳамкории байналмилалӣ аз рўи самтҳои зерин пешбинӣ карда мешавад:

-такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти муқовимат бо коррупсия бо дарназардошти уҳдадориҳои байналмилалӣ;

-гузаронидани тадқиқотҳои муштараки илмию амалӣ ва экспертизаи зиддикорупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бо ҷалби коршиносон ва мутахассисони соҳа;

-омўзиш ва истифодаи таҷрибаи пешқадами хориҷӣ дар самти муқовимат бо коррупсия;

-таҳияи амалиётҳои муштарак оид ба пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия;

-бастани созишномаҳои дутарафа ва бисертарафа дар самти муқовимат бо коррупсия.

 

Боби 4. Натиҷаҳои татбиқи Стратегия, мониторинг

ва арзебии самарабахши он

 

138. Натиҷаҳои асосии татбиқи Стратегия бояд аз беҳтар намудани вазъи пешгирии коррупсия, саривақт ошкор намудани ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта ва афзоиши ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ дар пешгирӣ, мубориза ва кам намудани миқдори қонуншиканиҳои коррупсионӣ бошад.

139. Бо мақсади таъмини иҷрои муваффақонаи Стратегия ташкил ва амалинамоии Мониторинги он нақши муҳимро иҷро менамояд. Мониторинги Стратегия – ин маҷмўи чораҳои назоратӣ, санҷишӣ, таҳлилӣ, ахборотӣ ва арзёбиии иҷрои тадбирҳои Стратегия, нақшаи чорабиниҳои он вобаста ба вазъияти воқеъӣ ва пешравиҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии ҷомеа ва давлатро дар бар мегирад.

140. Арзебӣ аз рўи нишондодҳои асосии татбиқи Стратегия амалӣ карда мешавад:

-фароҳам овардани шарту шароитҳои пешгирии коррупсия;

-саривақт ва босифат анҷом додани тафтишоти ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта;

-таъмини иштироки фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди муқовимат бо коррупсия;

-ба вуҷуд овардани ҳолатҳои тоқатнопазир ба коррупсия дар миқъёси ҷумҳурӣ;

-баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷомеа ва эҳтирому риояи талаботи қонунгузорӣ дар самти муқовимат бо коррупсия;

-таъмини фаъолияти самараноки субъектони муборизабаранда бар зидди коррупсия ва дигар мақомоти давлатие, ки дар самти муқовимат бо коррупсия иштирок менамоянд.

  • president tj
    Президенти ҶТ
     
     
     
  • parlament tj
    МНМО ҶТ
     
     
     
     
  • khovar tj
    АМИТ "Ховар"
     
     
     
     
  • mmk tj
    ММҚ ҶТ
     
     
     
     
  • mfa tj
    ВКХ ҶТ
     
     
     
     
  • minfin tj
    ВМ ҶТ

© Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Cуроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Ф. Ниёзӣ 50
тел: (992 37) 227 80 54 (шӯъбаи умумӣ)
факс: (992 37) 227 80 84

E-mail: admin @ zamin.tj

http://www.zoofirma.ru/