ТАҚДИМИ МУКОФОТИ ДАВЛАТӢ

http://www.zoofirma.ru/

374830270 696163585889279 796041692914379383 nДар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон Ризоӣ ва Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ ҷиҳати тақдими мукофоти давлатӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.

Ҷамъомадро Раиси Кумитаи давлатӣ ифтитоҳ намуда, таъкид дошт, ки бо мукофотҳои давлатӣ қадршиносӣ гардидани кормандони соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат, аз ҷумла кормандони Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафи таҷлили ҷашни Истиқлоли давлатӣ ҳамаи моро рӯҳбаланд намуда, барои боз ҳам хубтару беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти корӣ талқин менамояд ва мақсад аз баргузории ҷамъомади имрӯза низ тақдими мукофоти давлатӣ аст.

Сипас, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон Ризоӣ доир ба хизматҳои шоистаи таҳсини Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарор гардидани сулҳу суботи комил, рушди бесобиқаи Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ, дастовардҳои ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ, инчунин амалӣ гардидани ҳадафҳои стратегии мамлакат суханронӣ намуда, кулли кормандони Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезиро бо ҷашни фархундаи истиқлоли давлатӣ муборакбод намуд.

Баъдан дар вазъияти тантанавӣ ба сардори Сарраёсати назорати давлатии заминҳои Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ Мирзовалӣ Сафармаҳмадов медали «Хизмати шоиста» тақдим гардид.