No images found.

31078406265 aa1d97a906 o

    Замин боигарии асосии мамлакати мост. Ояндаи ҷумҳурӣ, ояндаи халқи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки муносибат ба замин дар кишвари мо чӣ гуна ба роҳ монда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон

Ҳисоботи Кумитаи давлатии идораи замин

ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти он дар маҳалҳо

дар соли 2018

 

Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардидаанд, дар соли 2018 ба роҳ монда, як қатор корҳоро ба сомон расонид.

Дар ин давра корҳои заминсозию кадастри замин, назорати давлатии замин, бақайдгирии молу мулки ғайриманқул, топографию геодезӣ, харитасозӣ, делимитатсия ва демаркатсияи сарҳадро дар миқёси ҷумҳурӣ идома дода шуд.

     Кумитаи давлатӣ иҷрои супориши Ҳукумати   Ҷумҳурии   Тоҷикистон № 6/27-83 аз 15 октябри соли 2017 оид ба таъмини иҷрои муқаррароти қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №212 аз 28 апрели соли 2017 «Дар бораи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе» бо гурӯҳи кории таъсисдодашуда, парвандаи заминсозиро вобаста ба тағйир додани сарҳади шаҳри Душанбе бо ҷамоатҳои деҳоти Чоряккорон, Чортеппа, Сарикиштӣ, Чимтеппа, Навобод, Россия ва Гулистони ноҳияи Рӯдакӣ бо тартиби муқарраргардида омода намуд, ки он дар Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва ноҳияи Рӯдакӣ баррасӣ ва тасдиқ карда шуд ва ба Ҳукумати   Ҷумҳурии   Тоҷикистон пешниҳод гардид.  

         Тибқи ҳисоботи пешакии солонаи замин ба ҳолати 1 январи соли 2019 дар соли 2018 дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 4075 гектар замин аз он 2261 гектар обӣ ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шудааст. Аз ҷумла, аз ҳисоби заминҳои партов, чарогоҳ ва дигар заминҳо ба заминҳои корам 2098 гектар, аз он 1356 гектар корами обӣ ва ба дарахтони бисёрсола 1977 гектар, аз он 905 гектар обӣ ворид карда шудаанд.

Ҷиҳати иҷроиши Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2017 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ» бандҳои 51 ва 52 ва банди 7-и қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 январи соли 2018 №34 “Дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017 ва вазифаҳо барои соли 2018” Кумитаи давлатӣ ҳар моҳ маълумот ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд. Тибқи банди 51 дар ҷумҳурӣ соли ҷорӣ майдони 1449 гектар заминҳои партов ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шудааст, ки аз онҳо майдони 1152 гектар ба заминҳои корам ва 297 гектар ба намуди дарахтони бисёрсола гузаронида шудааст, аз ҷумла дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 13 гектар, вилояти Суғд 536 гектар, вилояти Хатлон 756 гектар, ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ 144 гектар мебошад.

       Тибқи банди 52 бошад, соли равон дар ҷумҳурӣ дар майдони умумии 2805 гектар, аз ҷумла аз ҳисоби заминҳои корам майдони 828 гектар, заминҳои партов 297 гектар, заминҳои чарогоҳ 1256 гектар ва аз ҳисоби заминҳои дар кишоварзӣ истифоданашаванда 424 гектар дарахтони бисёрсола бунёд карда шудааст.

Аз ҷумла, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон майдони 41 гектар (аз заминҳои чарогоҳ 1 гектар ва аз заминҳои дар кишоварзӣ истифоданашаванда 40 гектар), дар вилояти Суғд майдони 808 гектар (аз заминҳои корам 69 гектар, аз партов 111 гектар, аз чарогоҳ 290 гектар ва аз заминҳои дар кишоварзӣ истифоданашаванда 338 гектар), дар вилояти Хатлон майдони 885 гектар (аз заминҳои корам 246 гектар, аз партов 186 гектар, аз чарогоҳ 420 гектар ва аз заминҳои дар кишоварзӣ истифоданашаванда 33 гектар) ва дар ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ 1071 гектар (аз заминҳои корами 513 гектар, аз чарогоҳ 545 гектар ва аз заминҳои дар кишоварзӣ истифоданашаванда 13 гектар) дарахтони бисёрсола бунёд карда шудаанд.

Ба ғайр аз он, майдони 2331 гектар заминҳои корами лалмӣ ва 4 гектар боғи лалмӣ обёрӣ карда шуда, ба ҳисоби заминҳои корами обӣ ва боғи обӣ гузаронида шудаанд.

Инчунин, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақшаи корӣ дар миқёси шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ченаки назоратии майдони кишти пахта, картошка ва заминҳои корами аз гардиши кишоварзӣ берун мондаро гузаронид, ки натиҷааш чунин мебошад:

Дар ҷумҳурӣ дар майдони 184506 гектар кишти пахта гузаронида шудааст, ки нисбати дурнамо (187500 гектар) 2994 гектар ва нисбати маълумоти оморӣ (186142 гектар) 1636 гектар кам мебошад.

Аз майдони умумии 184506 гектар кишти пахта 182350 гектари он дар заминҳои корам, 561 гектар дар заминҳои партов, 1317 гектар дар байни қаторҳои боғҳо, 80 гектар дар чарогоҳ ва 297 гектар дар дигар заминҳо кишт карда шудааст.

Картошка дар ҷумҳурӣ дар майдони 31265 гектар кишт гузаронида шудааст, ки нисбат ба дурнамо 2225 гектар ва нисбат ба маълумоти оморӣ 1288 гектар кам кишт карда шудааст. Аз майдони умумӣ   29580 гектар дар заминҳои корам, 787 гектар дар заминҳои чарогоҳ, 707 гектар дар байни қаторҳои боғҳо ва 145 гектар дар дигар заминҳо кишт гузаронида шудааст.

Кумитаи давлатӣ ченаки назоратии майдони кишти такрории зироатҳои кишоварзиро низ гузаронида шуд, ки соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ дар майдони 75102 гектар кишти такрорӣ гузаронида шудааст ва нисбати дурнамо (77322 гектар) 2220 гектар кам ва нисбати маълумоти оморӣ ба ҳолати 1 сентябри соли 2018 (80487 гектар) 5385 гектар кам мебошад.

Майдони заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар ҷумҳурӣ соли ҷорӣ 9615 гектар, аз он обӣ 8139 гектарро ташкил дод, ки нисбати соли гузашта 928 гектар, аз он обӣ 684 гектар кам шудаанд. Бо сабабҳои шӯршавӣ ва ботлоқшавӣ 845 гектар, аз кор баромадани шабакаҳои каналу иншоотҳо 3032 гектар, дар натиҷаи селоб зер кардан 871 гектар, нагузаронидани корҳои мелиоративӣ 42 гектар, набудани об барои обёрӣ 2319 гектар ва корҳои ғайриқаноатбахши хоҷагидорӣ 1725 гектар заминҳо аз гардиши кишоварзӣ берун мондаанд.

Майдони заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 192 гектар корами обӣ, вилояти Хатлон 4653 гектар, аз он 3863 гектар обӣ, вилояти Суғд 3248 гектар, аз он 3119 гектар обӣ ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 1522 гектар, аз он 965 гектар обиро ташкил медиҳад.

Аз майдони умумии заминҳои корами обии аз гардиши кишоварзӣ берунмонда майдони 3032 гектар ё 37% бо сабаби аз кор баромадани шабакаҳои каналу иншоотҳо ва 2319 гектар ё 29% бо сабаби набудани об барои обёрӣ истифода нашудаанд. Майдони 871 гектар (11%) заминҳои корам дар натиҷаи селҳо шуста нобуд шудаанд. Дар майдони 856 гектар (11%) заминҳо сохтмонҳо бунёд гардида, дар мувозина ҳамчун заминҳои корам боқӣ мондаанд.

Тибқи банди 66 Нақшаи кории Кумитаи давлатӣ ченаки назоратии майдони кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ гузаронида шуд, ки ба ҳолати 10 август дар ҷумҳурӣ дар майдони 72581 гектар кишти такрорӣ гузаронида шудааст, ки нисбати дурнамо (77322 гектар) 4741 гектар ва нисбати маълумоти оморӣ (74806 гектар) 2225 гектар кам мебошад. Аз ҷумла, дар ВМКБ майдони 120 гектар кишти гузаронида шуда нисбати дурнамо (170 гектар) 50 гектар кам, вилояти Суғд майдони 10194 гектар кишти гузаронида шуда нисбати дурнамо (15600 гектар) 5406 гектар кам ва нисбати маълумоти оморӣ (10439 гектар) 245 гектар кам мебошад., вилояти Хатлон майдони 49993 гектар кишти гузаронида шуда нисбати дурнамо (49300 гектар) 693 гектар зиёд ва нисбати маълумоти оморӣ (51922 гектар) 1929 гектар кам мебошад., шаҳру ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ майдони 12274 гектар кишти гузаронида шуда нисбати дурнамо (12252 гектар) 22 гектар зиёд ва нисбати маълумоти оморӣ (12325 гектар) 51 гектар кам мебошад. кишти такрорӣ гузаронида шудааст.

       Бо мақсади иҷрои банди 7-и Протоколи ҷаласа дар назди Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мукаммалсозии низоми баҳисобгирии оморӣ, ҷиҳати дастрас намудани маълумотҳои дақиқ оид ба заминҳои корами дар истифодаи аҳолӣ қарордошта, корҳо идома доранд.

Дар ҷумҳурӣ ба ҳолати 01.01.18 майдони заминҳои корами маҳалҳои аҳолинишин ҳамагӣ 212211 гектар, аз он обӣ 107175 гектар ва заминҳои хоҷагии ёрирасони шахсӣ (Президентӣ) майдони 59275 гектар, аз он обӣ 33057 гектарро ташкил медиҳанд.

Тибқи маълумотҳои аз шаҳру ноҳияҳо дастрасгардида, ба ҳолати 31 декабри соли 2018    дар 1091102 адад объекти заминистифодабарӣ ченак гузаронида шудааст, ки дар натиҷа заминҳои наздиҳавлигӣ дар майдони 158638 гектар, аз он обӣ 88835 гектар, заминҳои хоҷагиҳои ёрирасони шахсии шаҳрвандон 43464 гектар, аз он обӣ 27106 гектар мебошад.

   Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2009 - 2018 барои бо қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ таъмин намудани эҳтиёҷмандон   ба мақомоти ичоияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо майдони 30159 гектар ҷудо карда шудааст. Аз майдони умумӣ майдони 22495 гектар ба 203033 нафар эҳтиёҷмандон тақсим карда дода шудаанд, ки 75 % -ро ташкил медиҳад.          

 

                

Кумитаи давлатӣ назоратро оид ба риояи қонунгузории замин ва самараноку оқилона истифода бурдани он дар ёздаҳ моҳи соли 2018 боз ҳам пурзӯр намуда, дар ин ҷода корҳои муайянеро ба сомон расонид.

Дар ин давра аз ҷониби мақомоти идораи замини Ҷумҳурии Тоҷикистон 14858 ҳолатҳои вайронкунии қонунгузории замин ошкор карда шуда, барои бартараф намудани ҳолатҳои ошкоргардида 14858 дастур дода шуда, нисбати 12787 ҳолатҳо парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, ба маблағи 5183950 сомонӣ қарорҳои ҷаримабандӣ қабул карда шуда, ки аз ин 4474111 сомонӣ ба суратҳисоби махсус ворид карда шудааст. Барои додани баҳои ҳуқуқӣ 816 мавод ба прокуратура, 795 мавод барои бо таври маҷбурӣ ситонидани маблағи ҷаримаҳо ба суд ирсол карда шуда, 10995 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар маҳал бартараф карда шудааст.

Аз ҷониби Кумитаи давлатӣ ва мақомоти он дар маҳал нисбат ба соли 2017 1947 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин зиёд ва 1989 парвандаҳои маъмурӣ зиёд тартиб дода шудааст. Ба маблағи 1031995 сомонӣ қарорҳои ҷаримабандӣ зиёд қабул гардида, воридоти он ба маблағи 166380 сомонӣ зиёд мебошад. Ба прокуратура барои додани баҳои ҳуқуқи 217 мавод зиёд ирсол карда шудааст.

Баҳри иҷрои супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №24/10-400 аз 14.10.17 оид ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар маросими ба истифода додани бинои навбунёди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 59 ноҳияи Рӯдакӣ 3 октябри соли 2017 баён намуда буданд, Ситод оид ба назорати истифодабарии самараноку оқилонаи заминҳо дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ ва васеъшавии заминҳои шаҳри Душанбе таъсис дода шуда, дар натиҷаи гузаронидани корҳои назоратӣ   дар ҷамоатҳои деҳоти Чортеппа, Саркиштӣ, Россияи ноҳияи Рӯдакӣ 56 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар маҳал муайян карда шуда ба маблағи 18950 сомонӣ қарорҳои ҷаримабандӣ қабул карда шуд.

   Дар соли 2018 аз тарафи мутахассисони Кумитаи давлатӣ санҷиши риояи талаботи Кодекси замин ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба замин аз тарафи заминистифодабарандагони шаҳру ноҳияҳои Шаҳритуз, Кӯлоб, Панҷи вилояти Хатлон, Ҷаббор Расулов, Спитамени вилояти Суғд, Дарвози вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ноҳияҳои Сангвор ва Нуробод гузаронида шуд.

   Дар рафти санҷишҳо дар ноҳияи Шаҳритуз 166 ҳолат, дар шаҳри Кӯлоб 136 ҳолат, дар ноҳияи Панҷ 83 ҳолат, дар ноҳияи Ҷаббор Расулов 62 ҳолат, Спитамен 69 ҳолат, дар ноҳияи Дарвоз 44 ҳолат, дар ноҳияи Сангвор 42 ҳолат, дар ноҳияи Нуробод 92 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор намуда, нисбати ин ҳолатҳо чораҳои дахлдор қабул карда шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ҳангоми гузаронидани ченаки назоратии майдони кишти зироатҳои кишоварзӣ 68 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор намуда, нисбати вайронкунандагони қонунгузории замин ба маблағи 69500 сомонӣ қарорҳои ҷаримабандӣ қабул намуд, ки аз он 55000 сомонӣ ба суратҳисоби Кумитаи давлатӣ ворид карда шуд.

Ҳамкорӣ дар самти риояи қонунгузории замин бо Прокуратураи генералӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст.

   Тибқи мактуби Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутахассиси Кумитаи давлатӣ дар якҷояги санҷиши ҳолати истифодабарии заминҳои вазорату идораҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистонро санҷиш ва муоина намуданд, ки аз натиҷааш хулосаҳо пешниҳод карда шуданд.     

   Дар якҷоягӣ бо Прокуратураи генералӣ ҳолати иҷрои қонунгузории заминро дар ҷамоати деҳоти ба номи М.Вайсови ноҳияи Восеъ, Панҷи вилояти Хатлон, Шаҳринав, Варзоб, Рӯдакӣ ва шаҳри Турсунзода гузаронида, аз натиҷаи он хулоса пешниҳод карда шуд.

   Инчунин заминҳои дурнамои шаҳри Душабе ва заминҳои саноатӣ низ дар якҷоягӣ мавриди санҷиш қарор дода шуд.

Дар асоси супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №40/76 аз 28.03.18 истифодаи мақсадноки заминҳои хоҷагиҳои ёрирасони Корхонаи воҳиди давлатии “Лучоб”, “Зағертӣ” ва хоҷагии “Ҳисор”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди санҷиш қарор дода, аз натиҷаи он маълумот ирсол карда шуд.

Ҳангоми пешбурди корҳои назоратӣ дар шаҳраки Ёвони ноҳияи Ёвон як қатор қонуншиканиҳо доир ба замин муайян карда шуд ва бинобар хилофи талаботи моддаи 172-и Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 60-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” қабул шудани баъзе аз қарорҳои раиси ноҳия пешниҳод ба унвони раиси ноҳияи Ёвон   барои бекор намудан ирсол карда шуда, қарорҳои ғайриқонуни қабулшуда бекор карда шуданд.

Кумитаи давлатӣ баҳри иҷрои банди 38 нусха аз протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №4 аз 27 апрели соли 2018 дар минтақаи наздисарҳадии ноҳияҳои Панҷ, Фархор, Ҳамадонӣ ва Ш.Шоҳин санҷиш гузаронида, оид ба пешгирӣ ва бартараф намудани сохтмони хонаҳои истиқоматӣ ва дигар иншоотҳо дар заминҳои   наздикии сарҳади давлатӣ санҷишҳо гузаронид. Аз натиҷаи санҷиш ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ахборот пешниҳод карда шуд.

Дар асоси мактубҳои Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 маротиба кормандони Кумитаи давлатӣ ба шаҳру ноҳияҳои Восеъ, Ҷайҳун, Дӯстӣ, Вахш, Душанбе, Ваҳдат, Рӯдакӣ, Рашт, Шаҳринав ва Исфара сафарбар карда шуда, аз натиҷаи санҷишҳо гузаронидашуда хулосаҳо пешниҳод карда шуд.

Тибқи мактуби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санҷиши қитъаҳои замини ноҳияи Рӯдакӣ гузаронида шуда хулоса пешниҳод гардидааст.

         Ҷиҳати таъмини иҷрои банди 6-и нусха аз протоколи машварати кории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №1к/30-6 аз 20 августи соли 2018 оид ба ҳолатҳои дар талу теппаҳои ҳудуди шаҳри Душанбе ғайриқонунӣ, аз ҷумла бидуни риояи талаботи инфрасохторӣ бунёд намудани хонаҳои истиқоматӣ, бо назардошти мактуби Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар асоси қарори Раиси Кумитаи давлатӣ гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, дар шаҳру ноҳияҳои Ҳисор, Рӯдакӣ, Варзоб ва ноҳияҳои Душанбе истифодаи мақсадноки заминро гузаронида шуда истодаанд.

        Дар ин давра аз ҷониби мутахассисони Кумитаи давлатӣ, ки аъзои ситод мебошанд, 218 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор намуда, барои бартараф намудани вайронкунии қонунгузории замин 218 дастур дода шуд ва нисбати 218 ҳолат парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, ба маблағи 125350 сомонӣ қарорҳои ҷаримабандӣ қабул намуд, ки аз он маблағи 111950 сомонӣ ба суратҳисоби махсуси Кумитаи давлатӣ ворид карда шудааст.

         Аз он, дар шаҳри Душанбе 113 ҳолати вайронкунии қонунгузории заминро ошкор намуда, ба маблағи 57550 сомонӣ қарорҳои ҷаримабандӣ қабул карда шудааст. Дар шаҳри Ҳисор 10 ҳолат ба маблағи 16 200 сомонӣ, дар ноҳияи Рӯдакӣ 60 ҳолат, маблағи 34 600 сомонӣ, дар ноҳияи Варзоб 35 ҳолат ба маблағи 17000 сомонӣ қарорҳои ҷаримабандӣ қабул карда шудааст.

Кумитаи давлатӣ дар самти азнавташкилдиҳӣ ва ислоҳоти замин низ як қатор корҳоро пеш бурда истодааст.

         Дар доираи иҷроиши талаботи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2006 таҳти №1775 «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ оид ба азнавташкилдиҳӣ ва ислоҳоти ташкилотҳои кишоварзӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)” шумораи умумии хоҷагиҳои деҳқонӣ дар миқёси ҷумҳурӣ 185951 ададро ташкил медиҳад. Дар давоми соли сипаригашта бошад, ҳамагӣ 6803 адад хоҷагии деҳқонӣ ташкил дода шуд, ки аз ин миқдор 2741 адад дар вилояти Суғд, 2416 адад дар вилояти Хатлон, 112 адад дар ВМКБ ва 1534 адад дар шаҳру ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ба қайди давлатӣ гирифта шудаанд.

       Тибқи супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо намояндагони вазорати кишоварзӣ ва академияи илмҳои кишоварзӣ гурӯҳои корӣ таъсис дода шуда, ҳолати истифодабарии замин ва дигар самтҳои фаъолияти хоҷагиҳои махсуси илмию таълими ва тумипарварию зотпарварии Академияи илмҳои кишоварзии ҷумҳурӣ таҳти санҷиш қарор дода шуда, аз натиҷаи санҷиш маълумот ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 октябри соли 2018 пешниҳод карда шуд.  

Дар Кумитаи давлатӣ иҷрои Стратегияи муқовимат ба коррупсия зери назорати доимӣ қарор дода шуда, дар ҳар як маҷлиси назоратии назди роҳбарияти Кумитаи давлатӣ ва корхонаҳо баррасӣ гардида, супоришҳои зарурӣ дода мешаванд ва оид ба иҷроиши онҳо дар маҳалҳо корҳои назоратӣ, пешгирӣ, фаҳмондадиҳӣ ва тарғиботӣ бурда мешавад.

Ҷиҳати пешгирию пурзӯр намудани мубориза бар зидди коррупсия, ҳолатҳои тамаъҷӯӣ ва омилҳои хусусияти коррупсионидошта бо кормандони сохтори Кумитаи давлатӣ вохӯриҳо гузаронида мешавад. Вобаста ба ин дар соли сипаригардида бо Ватанзода М.М – Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, Юсуф Раҳмон - Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мутахассисони Сарраёсати пешгирии коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ гузаронида шуд.

Инчунин,дар ҷаласаи ҳайати мушовараи Кумитаи давлатӣ, ки санаи 12.10. 2018 баргузор гардид, рафти иҷрои Нақшаи кории Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2019 “Оид ба таъмини иҷроиши Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” дар кумитаҳои идораи замини маҳал ва корхонаҳои тобеъ баррасӣ гардида, қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Таҳлили натиҷаи ҷамъбасти ҳолати ҷуброни талафи истеҳсолоти кишоварзӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ маълум намуд, ки айни замон 38494019 сомонӣ маблағи талафи истеҳсолоти кишоварзӣ ба суратҳисоби махсуси буҷети ҷумҳурӣ ҷуброн карда нашуда, дар соли 2018 ба суратҳисоби махсуси буҷети ҷумҳурӣ 9453130 сомонӣ маблағи талафи истеҳсолоти кишоварзӣ ворид карда шудааст.

Яке аз самтҳои асосии фаъолияти Кумитаи давлатӣ ин корҳои делимитатсия, демаркатсия, ва редемаркатсияи сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои ҳамсарҳад ва ҳали масъалаҳои сарҳадӣ мебошад. Дар давраи ҳисоботӣ як қатор вохуриҳо бо намояндагони давлатҳои ҳамсарҳад дар доираи Комиссияҳои ҳукуматӣ оиди делимитатсия, демаркатсия, редемаркатсия ва дар доираи гурӯҳҳои кории байниҳукуматӣ оиди ҳалли масъалаҳои наздисарҳадӣ гузаронда шуд. Аз натиҷаи ин вохуриҳо бо тариқи расмӣ маълумотҳои мушаххас сари вақт пешниҳод карда шудааст.

       Кумитаи давлатӣ дар давраи ҳисоботӣ ҷиҳати вусъат бахшидан ба ҳамкориҳои дуҷониба дар самти геодезия, харитасозӣ, заминсозӣ, кадастр ва бақайдгирии молу мулки ғайриманқул бо дигар давлатҳо, аз ҷумла Ёддошти тафоҳум “Оид ба якдигарфаҳмӣ ва ҳамкорӣ” байни Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Росреестри Федератсияи Россия, Созишнома “Оид ба ҳамкориҳо дар самти геодезия, харитасозӣ, заминсозӣ, кадастр ва бақайдгирии амволи ғайриманқул” байни Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи сармоягузории Белоруссия, Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон “Оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи геодезия, харитасозӣ, заминсозӣ, кадастр ва мушоҳидаи фосилавии Замин”, Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон “Дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи истифодаи сулҳҷӯёнаи технологияҳои кайҳонӣ барои рушд” таҳия намуда ба имзо расонид. Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Озарбойҷон “Оид ба ҳамкориҳо дар самти геодезия, харитасозӣ, заминсозӣ ва кадастр” таҳия гардида дар мувофиқаи ҷонибҳо қарор дорад.

Дар соли 2018 аз ҷониби корхонаҳои давлатии фаръии КВД “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” баҳри амалӣ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он” 58049 адад ҳуқуқи истифодаи қитъаҳои замин, аз он 6803 адад хоҷагии деҳқонӣ, 384 адад хоҷагии иловагии ёрирасон, 44059 адад қитъаи замини наздиҳавлигӣ, 912 адад дигар намуди хоҷагидории кишоварзӣ, 5891 адад зери сохтмон ва эҳтиёҷоти дигар ба қайди давлатӣ гирифта шуда, заминистифодабарандагон бо Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ таъмин гардидаанд. Дар давраи ҳисоботӣ 56279 адад шиносномаҳои техникӣ таҳия карда шудааст.

Раванди иҷрои корҳо ҷиҳати мавриди истифода қарор додани барномаи электронии «Системаи автоматикунонидашудаи бақайдгирии молу мулки ғайриманқул дар Тоҷикистон» (САБТ) тибқи нақша ба роҳ монда шудааст. Барои амалӣ намудани барномаи мазкур дар 62 корхонаҳои бақайдгирии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ хати баландсуръати интиқолии VPN гузаронида шуда, алоқа бо сервери марказии Корхона барқарор карда шуд ва дар ин корхонаҳо Барномаи электронии САБТ мавриди истифодаи кории асосӣ қарор дода шудааст.

 

                

   Бо мақсади таҳкими Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзу густариши арзишҳои фарҳанги миллӣ ва таъмини рушди босуботи ҷомеа дар Кумитаи давлатӣ комиссия оид ба омодагӣ ва баргузории ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст. Бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2018 №510 ва тибқи нақшаи чорабиниҳо оид ба ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори раиси Кумитаи давлатӣ аз 22 ноябри соли 2018 № 79 тасдиқ гардидааст, вазифаҳои ба зимма гузошташударо сари вақт ва бо сифати баланд ба анҷом мерасонанд. Дар ин радиф оид ба саҳмгузории кормандони сохтори Кумитаи давлатӣ баҳри таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати 31-декабри соли 2018 ба миқдори 420450 сомонӣ маблағгузорӣ карда шудааст.

   Кумитаи давлатӣ ҷиҳати иҷрои фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 ноябри соли 2017 №74-ф бо мақсади ободонӣ ва боз ҳам зебову ҷолиб гардонидани симои пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба роҳ мондани ҳамкории самараноки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо дигар мақомоти давлатӣ ва ташкилоту муассисаҳо сохтмону азнавсозии гулгашти назди Хонаи Иттифоқи нависандагон, воқеъ дар хиёбони Исмоили Сомониро корҳоро ба маблағи 2 100 000 сомонӣ ба анҷом расонида, барои оғози азнавсозии гулгашт, воқеъ дар хиёбони Н.Қарабоев омодагӣ гирифта истодааст.

   Айни замон, барои беҳтар намудани шароити фаъолияти корӣ сохтмони биноҳои маъмурии кумитаҳои идораи замини шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Турсунзода, Данғара, Абдураҳмони Ҷомӣ идома дошта дар муҳлатҳои муайяншуда ба сомон расонида мешавад. Сохтмони бинои маъмурии кумитаҳои идораи замини ноҳияи Восеъ ва Ҷаббор Расулов бо пуррагӣ ба итмом расонида шуда ба истифода дода шуд. Ҳамзамон, дар ин давра барои кормандони кумитаи идораи замин ва КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар ноҳияи Рушон Кумитаи давлатӣ аз ҳисоби маблағҳои корхонаҳои давлатии фаръӣ ва саҳмгузории кормандон дар ҳаҷми 340 ҳазор сомонӣ бинои маъмуриро дар ноҳия бо пуррагӣ азнавсозӣ намуд. Умуман, дар соли 2018 аз ҷониби корхонаҳои тобеъ корҳои сохтмонӣ ва таъмиру азнавсозӣ ба маблағи 5 490193 сомонӣ ба анҷом расонида шудааст.

     Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафарҳои корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои дурдаст ҷиҳати азхудкунии заминҳо, бунёди боғҳо дар манотиқи кӯҳистони мамлакат, аз ҷумла дар ноҳияҳои Ванҷ, Шуғнон ва Рӯшони ВМКБ Кумитаи давлатӣ вазифадор шудааст, ки барои обёрӣ намудан ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳо, дар ин замина бунёди боғҳоро ба анҷом расонад.

   Бо мақсади азхудкунии заминҳои нав дар майдони 22 гектар, дар ноҳияи Ванҷ ба маблағи 216300 сомонӣ, обёрӣ намудани заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар ноҳияи Шуғнон, дар майдони 30 гектар бунёди боғ ба маблағи 200000 сомонӣ корҳо ба анҷом расонида шудааст.
         Ҳамзамон барои беҳтар кардани ҳолати мелиоративии заминҳо бо роҳи тоза кардани заҳбуру заҳкашҳо дар ноҳияи Рӯшон дар майдони 200 гектар ба маблағи 127200 сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои аз пардохти талафи истеҳсолоти кишоварзӣ воридгардида равона шуда, корҳо дар ин мазеъ идома дорад.

   Дар маҷмӯъ дар миқёси ҷумҳурӣ барои беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо дар шаҳру ноҳияҳои Конибодом 45 га, Зафаробод 35 га, Фархор 350 га, Ванҷ 22 га, Шуғнон 30 га, Файзобод 30 га, Ховалинг 150 га, Панҷакент 47 га ба маблағи 2 745 251 сомонӣ ҷудо гардидааст, ки аз он ба маблағи 2 726256 сомонӣ корҳо ба иҷро расонида шудаанд.

   Кормандони Кумитаи давлатӣ ва корхонаҳои тобеъ дар ҳашарҳои дастаҷамъона, ки дар маҳалҳо баҳри корҳои созандагию ободонӣ, кабудизоркунӣ, ниҳолшинонӣ ва тозаю покиза нигоҳ доштани атрофи корхонаҳо ва маҳалҳою шоҳроҳҳои ба онҳо вобасташуда гузаронида мешавад, муташаккилона ширкат намуда, ба маблағи зиёда аз 100 000 сомонӣ корҳоро ба анҷом расониданд.

   Кумитаи давлатӣ дар корҳои хайриявию кӯмакрасонӣ низ саҳми худро гузошта дар арафаи таҷлили Соли нави мелодӣ, Рӯзи артиши миллӣ, Рӯзи модарон, Наврӯзи байналмилалӣ, Рамазон, Ваҳдати миллӣ, иди Қурбон ва 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба оилаҳои камбизоат кӯмак ва ёрии хайрхоҳона ба маблағи зиёда аз 310320 сомонӣ расонида шуд. Дар арафаи Иди байналмиллалии Наврӯз корхонаҳои тобеъ аз оилаҳои ятиму бепарастор ва камбизоат бо риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” 18 нафар кӯдаконро тӯйи хатнасур гузарониданд.

Кумитаи давлатӣ баҳри иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2017 №АП-983 дар ҷашнгирии Иди байналмилалии Наврӯз, Иди Ғалаба, арафаи Иди Рамазон, ҷашнгирии 21-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ, иди Қурбон, 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятими ноҳияи Шаҳринав ба маблағи 52013 сомонӣ кӯмаки моддӣ расонид.

Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ тамоми имкониятҳоро баҳри иҷрои ҳатмӣ ва саривақтии вазифаҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ бармеоянд, дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, таъмини рушди бемайлони ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ, болоравии иқтисодиёту иҷтимоиёт ташкилу сафарбар хоҳад кард.

  • president tj
    Президенти ҶТ
     
     
     
  • parlament tj
    МНМО ҶТ
     
     
     
     
  • khovar tj
    АМИТ "Ховар"
     
     
     
     
  • mmk tj
    ММҚ ҶТ
     
     
     
     
  • mfa tj
    ВКХ ҶТ
     
     
     
     
  • minfin tj
    ВМ ҶТ

© Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Cуроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Ф. Ниёзӣ 50
тел: (992 37) 227 80 54 (шӯъбаи умумӣ)
факс: (992 37) 227 80 84

E-mail: admin @ zamin.tj

http://www.zoofirma.ru/