31078406265 aa1d97a906 o

    Замин боигарии асосии мамлакати мост. Ояндаи ҷумҳурӣ, ояндаи халқи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки муносибат ба замин дар кишвари мо чӣ гуна ба роҳ монда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон

Ҷамъбасти озмуни

"Акси беҳтарин" дар ҳошияи "Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

21.12.2018, шаҳри Душанбе

IMG 9012Тоҷикистон сарзамини беназир аст. Наҷобату намои ҳуснафрӯзаш дар навои обшорону завқҳои мардуми дарёдилаш мусаввараи нотакрор аст. Балки ин хоку оби пок худ мусаввири нотакрор аст. Ин рангҳои табиат аз иродати бузурги Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нуру зиё гирифтааст ва мо ҳама шукронаи рангҳои сабзи Ватан, осмони кабуд ва созандагиро мекунем.

Бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣдар бинои Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъасти Озмуни ҷумҳуриявии «Акси беҳтарин» баргузор гардид. Ин озмуни зебоипарастӣ ва фарогири манзараҳои нотакрори кишвар ҳануз дар ибтидои сол дар маҷаллаи «Сарзамин» роҳандозӣ гардида буд. Дар давоми сол як қисми расмҳои ба озмун фиристодаи аксбардорон дар саҳифаҳои маҷалла чоп гардида, аз ҷониби хонанда баҳои баландро сазовор гардидаанд.

Зимни ифтитоҳи ин ҳамоиши сатҳи ҷумхуриявӣ Ҳакимзода Қурбон раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуданд, ки бо ҳидоятҳои созандаи Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин соли пурфайзу баракат барои рушди минбаъдаи ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ, махсусан соҳаи энергетика заминаи басо бузург гузошта шуданд. Барои муаррифии имкониятҳои сайру сайёҳии Тоҷикистон ва ҷалби сайёҳон бошад, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат имтиёзҳои зиёд муқаррар гардиданд. Табиист, ки Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣдар баробари татбиқи санадҳои ҳуқуқӣ ва барномаҳои соҳавӣҷиҳати истифодабарии самарбахши замин, таҳкими амнияти озуқавории кишвар, ҳамчунин барои амалигардонии Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои мушаххаси зиёдеро амалӣ месозанд. Яке аз чорабиниҳои пешбинигардида дар ин самт таъсиси ин озмуни ҷумхуриявӣ мебошад, ки дар маҷаллаи «Сарзамин» тули як сол идома ёфт.

Дар идома, раиси кумита хамаи иштирокчиён ва голибони ин ҳамоиши ҷумҳуриявиро табрик намуда, қайд намуданд, ки оянда низ чунин озмунҳо бо илова гардидани номинатсияҳои гуногун дар самти истифодабарии замин роҳандозӣ мегардад.

Муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Амонзода Ширин Шодӣ иқдоми Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезиро дар мавриди муаррифии имкониятхои сайёҳии кишвар намунаи арзишманди ҳамкориҳо дар самти амалигардонии Стратегияи рушди сайёҳӣ дар кишвар арзёби намуданд.        

Сипас, Сатторзода Гулчеҳра Маннон сармуҳаррири маҷаллаи «Сарзамин» барандагони ин озмуни ҷумҳуриявиро тибқи қарори ҳайати ҳакамон эълон намуданд.

Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Акси беҳтарин» ба аксбардори шинохта Аминҷон Азимов, ҷойи дуюм ба Комрон Комилзода ва Баходур Турсунов, ҷойи сеюмро бошад, аксбардорон Шаҳриёр Олимӣ, Баҳриддин Исомуддинов ва Баҳром Ҷалилов соҳиб гардиданд.

Аз рӯи низомномаи озмун барои ҷойи аввал 5 ҳазор сомонӣ, ҷойи дуюм 3 ҳазор сомонӣ ва сеюм 2 ҳазор сомонӣ муқаррар гардида буд. Хамчунин голибон бо тухфахои қиматбаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Бо мақсади ҳавасмандгардонии иштирокчиёни беҳтарини озмуни ҷумҳуриявии «Акси беҳтарин» Суҳайлӣ Қодирӣ, Алиев Неъматулло, Каримов Бахтовар, Боев Боймурод, Андар Раҳмонӣ, Далер Шарипов, Қозиев Қувватхоҷа, Идиев Муҳиддин, Ҷаъфар Шарифӣ, Ҳасанов Нурулло бо ифтихорномаҳо қадр гардиданд.

Ба ҳайати ҳакамон як зумра намояндагони ниҳодҳои эҷодии кишвар Бақозода Сайрам муовини директори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар», рассоми машхури Тоҷикистон Заур Дахте аз Ассотсиатсияи аксбардорони касбии Тоҷикистон ва муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода шомил буданд.

Озмуни ҷумҳуриявии «Акси беҳтарин» бо мақсади муаррифии мавзеъҳои сайру сайёҳии кишвар, ташаккули завқи зебоипарастӣ ва ватандӯстӣ дар замири ҷавонону наврасон роҳандозӣ гардида, дар он беш аз 40 нафар аксбардорону рӯзноманигорон аз воситаҳои ахбори оммаи кишвар ва ҳамчунин суратгирони ҳаваскор аз шаҳру ноҳияҳои мамлакат иштирок намуданд.

DSC 0209

IMG 9067

IMG 9026

IMG 8942


Харитаи Сомона

Image Map

© Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Cуроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Ф. Ниёзӣ 50
тел: (992 37) 227 80 54 (шӯъбаи умумӣ)
факс: (992 37) 227 80 84

E-mail:sh.umumi @ zamin.tj

http://www.zoofirma.ru/