31078406265 aa1d97a906 o

    Замин боигарии асосии мамлакати мост. Ояндаи ҷумҳурӣ, ояндаи халқи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки муносибат ба замин дар кишвари мо чӣ гуна ба роҳ монда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон

Бунёдкориҳо ба истиқболи 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон


20.10.2018, ноҳияи Ҷаббор Расулов

kumitai zamin jabor rasulovДар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон биноҳои иловагии Кумитаи идораи замини ноҳия ва Корхонаи давлатии фаръии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” мавриди истифода қарор гирифт.

Биноҳои иловагии навбунёдшудаи Кумитаи идораи замин ва Корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар ноҳияи Ҷаббор Расулов як ошёна буда, дорои шароити хуби корию хизматрасонӣ мебошад.

Мувофиқи нақша то таҷлили ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ биноҳои маъмурии кумитаҳои идораи замин ва корхонаҳои давлатии фаръии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” бояд пурра таъмиру азнавсозӣ гарданд.

Таъмиру таҷдиди бинои асосии Кумитаи идораи замин ва Корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар ноҳияи Ҷаббор Расулов дар партави дастуру супоришҳои созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёду навсозӣ шудааст. Дар расми ифтитоҳи биноҳои иловагии Кумитаи идораи замин ва Корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода иштирок намуданд. Шароити мусоиди корӣ ба кормандони Кумитаи мазкур масъулинро водор месозад, ки хизматрасониро ба аҳолӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монанд. Дар биноҳои нави иловагӣ ва бинои асосӣ ҳуҷраҳои нави кории шуъбаҳои бақайдгирӣ, заминсозӣ, бойгонӣ, ошхона бо 25 ҷой, ва маҷлисгоҳ бо 40 ҷои нишаст бунёд шудааст, ки қаблан чунин шароит мавҷуд набуд. Беҳтар шудани шароити корӣ, саривақт ва босифат анҷом додани хизматрасонӣ ба аҳолӣ бо истифода аз имконияти мавҷуда, таъмини таҷҳизоту дастгоҳҳои нави соҳавӣ омили асосии пешрафти соҳа маҳсуб меёбад.

Саҳни Кумитаи идораи замин ва Корхонаи давлатии фаръии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” ободу зебо гардида, барои коргарон мавзеи хуби истироҳативу фароғатӣ маҳсуб меёбад. Барои бунёди биноҳои иловагӣ, таъмиру навсозии бинои асосӣ ва ободонӣ аз ҳисоби маблағҳои Кумитаи идораи замин ва Корхонаи давлатии фаръии “ Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” беш аз 400 ҳазор сомонӣ сарф гардидааст. Таъкид гардид ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ бо таваҷҷуҳ ва дастгириҳои роҳбарияти олии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи барномаҳои давлатӣ инфрасохтори бахшҳои гуногуни соҳаи мазкур рушд карда хизматрасонӣ низ дар сатҳи олӣ анҷом дода мешавад. Дар фарҷом кормандони фаъоли Кумитаи идораи замини ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ифтихорнома ва туҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд қадрдонӣ гардиданд.

kumitai zamin jabor rasulov 3

kumitai zamin jabor rasulov 2

kumitai zamin jabor rasulov 1

Харитаи Сомона

Image Map

© Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Cуроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Ф. Ниёзӣ 50
тел: (992 37) 227 80 54 (шӯъбаи умумӣ)
факс: (992 37) 227 80 84

E-mail:sh.umumi @ zamin.tj

http://www.zoofirma.ru/