No images found.

31078406265 aa1d97a906 o

    Замин боигарии асосии мамлакати мост. Ояндаи ҷумҳурӣ, ояндаи халқи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки муносибат ба замин дар кишвари мо чӣ гуна ба роҳ монда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон

Вохӯрии раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

муҳтарам Ҳакимзода Қурбон, бо Намояндаи Ташкилоти озуқа ва кишоварзии

Созмони Миллали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Олег Гучгелдиев баргузор гардид


    IMG 1290Санаи 03 августи соли 2018 дар бинои Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон бо Намояндаи Ташкилоти озуқа ва кишоварзии Созмони Миллали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Олег Гучгелдиев баргузор гардид.

    Дар вохурӣ масъалаҳо оид ба ҳамкориҳо дар соҳаи заминсозӣ, хокшиносӣ, геоботаника, мониторинги ҳолати мелиоративии заминҳо, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳо, баланд бардоштани савияи дониши кормандон, тағйирёбии иқлим, коркарди аксҳои кайҳонии дақиқнокиашон баланд, назорати ҳаррӯзаи заминҳо тариқи аксҳои кайҳонӣ, роҳандозӣ намудани лоиҳаҳои инвеститсионӣ ва ғайра мавриди баррасӣ қарор гирифт.

    Дар охир ҷонибҳо ҷиҳати рушди ҳамкориҳои судманд ва амалӣ намудани лоиҳаҳои вобаста ба замин ва дигар масъалаҳои соҳавӣ изҳори ақида намуданд.

  • president tj
    Президенти ҶТ
     
     
     
  • parlament tj
    МНМО ҶТ
     
     
     
     
  • khovar tj
    АМИТ "Ховар"
     
     
     
     
  • mmk tj
    ММҚ ҶТ
     
     
     
     
  • mfa tj
    ВКХ ҶТ
     
     
     
     
  • minfin tj
    ВМ ҶТ

© Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Cуроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Ф. Ниёзӣ 50
тел: (992 37) 227 80 54 (шӯъбаи умумӣ)
факс: (992 37) 227 80 84

E-mail: admin @ zamin.tj

http://www.zoofirma.ru/