No images found.

31078406265 aa1d97a906 o

    Замин боигарии асосии мамлакати мост. Ояндаи ҷумҳурӣ, ояндаи халқи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки муносибат ба замин дар кишвари мо чӣ гуна ба роҳ монда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон

Муассисаи давлатии «Маркази илмию тадқиқотӣ»

markazi ilmi

Муассисаи давлатии «Маркази илмию тадқиқотӣ», корхонаи зертобеи Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.05 соли 2006, №225 таъсис дода шудааст.

Муассиса мутобиқи мазмун ва мақсади фаолияташ корхонаи илмию тадқиқотӣ буда  дар коркарди барномаҳои ҷумҳуриявӣ оид ба омўзиши ҳолатҳои табиӣ ва техногенӣ, потенсиалҳои захиравӣ, истифодаи оқилонаи замин ва мониторинги онҳо дар асоси истифодабарии маводҳои кайҳонӣ, ҳаматарафа таблиғ ва паҳн кардани комёбиҳои кайҳоннавардӣ, аз он ҷумла истифодабарии маводҳои кайҳонӣ дар ҷумҳурӣ бо мақсади ҳалли вазифаҳои мудофиавӣ ва иктосодиёт, ёрӣ расонидан ва саҳм гузоштан дар тайёр кардани мутахассисони ҷавон ва олимон оид ба омўзонидани усул ва технологияи истифодабарии маводҳои кайҳонӣ, пешгўи аз офатҳои табиӣ бо истифодабарии воситаҳои ахбороти кайҳонӣ саҳми арзанда гузошта истодааст.

Дар 25 соли истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон марказ як қатор корҳоро оид ба мавзўи «Дигаргуншавии майдонҳои пиряхҳои ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Харитаҳои калонмиқёси экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Баҳодиҳии ҳолати ногувори системаҳои табиӣ ва пешгўии сарчашмаҳои вазъияти шадиди фалокатовари Ҷумҳурии Точикистон»,  «Тавсияҳо оид ба баҳодиҳии тенденсияҳои динамикӣ ва пешгўии зуҳуроти  хатарнок дар асоси мониторинги аэрокайҳонӣ, муҳити геологӣ ва ченкуниҳои баланддақиқи геодезӣ дар ҳудуди майдонҳои геодинамикии Файзобод, Рашт, Роғун, ва Норак», «Бехатарии аҳолӣ ва иншоотҳои хоҷагии халқ бо назардошти хавфи сар задани офатҳои табиӣ ва техногенӣ», «Тавсияҳо оид ба баҳодиҳии тенденсияҳои динамикӣ ва пешгўии зуҳуроти хатарнок дар НБО Сангтуда - 1» мустақилона гузаронида шуданд. Дар мавриди кам шудани майдонҳои пиряхҳои Тоҷикистон бо сабаби ҷараёни глобалии гармшавии иқлим хулосаҳои мушаххас бароварда шуд.

Тоҷикистон яке аз мамлакатҳое мебошад, ки сар задани офатҳои табиӣ дар он бештар ба чашм мерасад. Бешубҳа офатхои табиӣ ба нуқтаҳои аҳолинишин таъсири манфӣ расонида, боиси хисороти ҷонӣ, вайрон гардидани иншоотҳои маишию маданӣ ва садди роҳи рушди минбаъдаи иқтисодиёт мегардад.

Айни ҳол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳодиҳии офатҳои табиӣ дар амал бо як катор усулҳои МЕСО, FOCUS, аз тарафи ташкилотҳои хориҷӣ дар соҳаи паст кардани хатари офатҳои табиӣ, коркард шудааст. Хусусияти истифодаи усулҳо муайяншавии онҳо дар мадди аввал дар баҳодиҳии (дар муддати кутоҳ) хатари офатҳои табиӣ ва паст кардани он дар ҷамоат ва маҳаллҳои ҷудогона мебошад. Бо истифодаи усулҳои номбаршуда дар солҳои охир баҳодиҳии офатҳои табиӣ барои аксари маҳалҳои гуногуни Тоҷикистон гузаронида шуда, чорабиниҳои катъӣ оид ба паст гардонидани хатари офатҳои табиӣ амалӣ мегардад.

Баҳодиҳии хатари офатҳои табии сатҳи минтақавии ҳудуди Тоҷикистонро пуррафарогиранда, бо истифода аз усулҳои пешқадам кам гузаронида шудааст.

Вақти он расидаст, ки маълумоти дақиқ дар шакли гузаронидани баҳодиҳии минтақавии хатари офатҳои табиӣ, барои омодакунии нақшаҳои рушди ояндадори иқтисодию иҷтимоӣ дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ба даст оварем.

Мавриди зикр аст, ки муассисаҳое, ки дар соҳаи паст кардани хатари офатҳои табиӣ кор мекунанд, бо таҷҳизоти зарурии ҳозиразамон барои баҳогузорӣ таъмин нестанд.

markazi ilmi1Барои ҳалли чунин масъалаҳои актуалӣ Барномаи Рушди Созмони Миллали Мутаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Маркази таҳлилӣ-ахборотӣ ва Маркази илмию тадқиқотии Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумхурии Тоҷикистон «Усули баҳодиҳии хатари офатҳои табиӣ дар Ҷумхурии Тоҷикистон» омода карда шуд. 

Соли 2014 Маркази илмию тадқиқотии Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон методологияи коркардашударо асоснок намуда барои иҷроиши лоиҳаи «Баҳодиҳии хатари офатҳои табиӣ Тоҷикистон дар сатҳи минтақавӣ» шуруъ намуд.

Мақсади кор мониторинги ҳудуд: зоҳир кардан, баҳодиҳӣ ва назорат аз болои омилҳои сар задани офатҳои табиӣ, таъсис додани навъи маълумотҳои иншоотҳои эҳтимолии табиатан хатарнок (маҳалҳои аҳолинишин, шаҳру ноҳияҳо, обанборҳо, сарбандҳо ва иншоотҳои бузурги гидротехникӣ); истифодаи ахборотҳо барои идора кардани ҷараёнҳои хатарноки таҳдидкунанда ба бехатарии аҳолӣ дар худуди Тоҷикистон аст.

То имруз баҳодиҳии пешакӣ оид ба инкишофи  ҷараёнҳои махсусан хатарноки табиӣ дар минтақаи Кулоб ва Рашт гузаронида шуданд. Дараҷаи хатарнокии як қисми объектҳо барои аҳолӣ ва минтақа муайян гардид.

Пешгўии эҳтимолии зуҳури оқибати офати табиӣ дар ҳудуди минтақаи тадқиқотшуда дар 6 намуди харитаҳои баҳодиҳии ҳолати ҳозиразамон ва харитаҳои пешгўии эҳтимолии хатар дар асоси технологияи ГИС, ки ҳамчун ҳуҷҷати меъёрӣ барои банақшагирии чорабиниҳо оид ба эҳтимоли офатҳои махсусан хатарноки табиӣ мебошанд, коркард гардиданд.

Маркази илмию тадқиқотӣ як қатор корҳоро оид ба коркард ва тартиб додани харитаҳои нави назоратии даврӣ: «Пиряхҳои Тоҷикистон», «Ярчҳои Тоҷикистон», «Селҳои Тоҷикистон», вобаста ба истифодаи ғайриоқилонаи захираҳои табиӣ, вайронкунии техногенӣ ва ифлосшавии муҳити табиат, ки айни ҳол дар тамоми ҷаҳон проблемаи актуалӣ мебошад, ба иҷро расонида истодааст. Мушоҳидаи доимӣ аз ҳолати муҳити табиат ба муайянкунии даврии тағйиротҳои гузашта дар баҳодиҳии самараноки чораҳои андешидашуда инъикос мегардад.  Аз ин сабаб тартиб додани харитаҳои назоратии даврӣ дар асоси аксҳои кайҳонӣ метавонанд яке аз қисматҳои таркибии системаи глобалии мониторинги харитасозӣ гарданд.

  • president tj
    Президенти ҶТ
     
     
     
  • parlament tj
    МНМО ҶТ
     
     
     
     
  • khovar tj
    АМИТ "Ховар"
     
     
     
     
  • mmk tj
    ММҚ ҶТ
     
     
     
     
  • mfa tj
    ВКХ ҶТ
     
     
     
     
  • minfin tj
    ВМ ҶТ

© Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Cуроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Ф. Ниёзӣ 50
тел: (992 37) 227 80 54 (шӯъбаи умумӣ)
факс: (992 37) 227 80 84

E-mail: admin @ zamin.tj

http://www.zoofirma.ru/