No images found.

31078406265 aa1d97a906 o

    Замин боигарии асосии мамлакати мост. Ояндаи ҷумҳурӣ, ояндаи халқи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки муносибат ба замин дар кишвари мо чӣ гуна ба роҳ монда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон

Қабули шахсии шаҳрвандон

 

Ҷадвали қабули шаҳрвандон аз ҷониби роҳбарияти

Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон



 Тартиби қабули шахсии шаҳрвандон аз ҷониби роҳбарияти Кумитаи давлатии

идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандонро дар қабулгоҳи бинои Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул менамояд.  Шаҳрвандон аз ҷониби шахси масъули Дастгоҳи марказии Кумита барои қабул номнавис карда мешаванд.  Суроға: шаҳри Душанбе, кӯчаи Фотеҳ Ниёзӣ 50.

2. Қабули шахсии шаҳрвандон аз ҷониби муовини якум ва муовинони раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қабулгоҳи бинои Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ҷадвали қабули шаҳрвандон, ки дар сомонаи расмии Кумитаи давлатӣ (www.zamin.tj) нашр гардидааст, ҷараён мегирад. Суроға: шаҳри Душанбе, кӯчаи Фотеҳ Ниёзӣ 50.

3. Қабул шаҳрвандон дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки шахсони масъули Дастгоҳи марказии Кумита ва роҳбарони идораҳои зертобеъ гузаронида мешавад.

4. Мувофиқи моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ»зимни муроҷиати шифоҳӣ муроҷиаткунанда бояд ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсиятро пешниҳод намоянд. Намояндаи муроҷиаткунанда инчунин бояд ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ваколаташро пешниҳод намояд.

5. Мувофиқи моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ»Муҳтавои муроҷиатҳои шифоҳӣ дар китоби қабули муроҷиаткунандагон дарҷ карда мешавад. Дарсурате, ки ҳодиса ва ҳолатҳои дар муроҷиати шифоҳӣ иброзгардида аён бошанд ва санҷиши иловагиро талаб накунанд, посух ба муроҷиаткунандагон бо розигии онҳо зимни қабули шахсӣ мумкин аст ба тариқи шифоҳӣ дода шавад ва дар ин бора дар китоби қабули муроҷиаткунандагон қайд гузошта мешавад. Агар муроҷиати шифоҳӣ дар рафти қабули шахсӣ бинобар зарурати санҷиши иловагӣ ҳалли худро наёбад, ҳуҷҷати алоҳида дар шакли варақаи қабули муроҷиаткунанда ба расмият даровардашуда, дар он муҳтавои муроҷиат қайд карда мешавад ва он ҳамчун муроҷиати хаттӣ мавриди баррасӣ қарор мегирад. Муроҷиатҳои хаттии зимни қабули шахсӣ супоридашуда, ба қайд гирифта шуда, ботартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур баррасӣ карда мешаванд.

6. Агар дар муроҷиат масъалаҳое гузошта шуда бошанд, ки ҳалли онҳо ба салоҳияти мақомоту ташкилоти дахлдор дохил намешавад, ба муроҷиаткунанда дар хусуси ба кадом мақомот муроҷиат намудан фаҳмонида мешавад.

7. Агар муроҷиаткунанда зимни қабули шахсӣ нисбати шахси мансабдор ё шахси ваколатдоршудае, киқабули шахсиро анҷом медиҳад муносибати беэҳтиромона зоҳир намуда, ба истифодаи ифодаҳои қабеҳ, таҳқиркунанда, таҳдид ба ҳаёту саломатии ӯ ё аъзои оилааш роҳ диҳад, шахси мансабдор ё шахси ваколатдоршуда ҳуқуқ дорад қабулро қатъ намояд.

8. Ҳангоми қабули шахсӣ бо қарори роҳбари мақомоту ташкилот дахлдор ва розигии хаттии муроҷиаткунанда мумкин аст воситаҳои техникии махсус ба монанди, сабти видеоӣ ё аудиоӣ, расмгирӣ истифода шаванд.

  • president tj
    Президенти ҶТ
     
     
     
  • parlament tj
    МНМО ҶТ
     
     
     
     
  • khovar tj
    АМИТ "Ховар"
     
     
     
     
  • mmk tj
    ММҚ ҶТ
     
     
     
     
  • mfa tj
    ВКХ ҶТ
     
     
     
     
  • minfin tj
    ВМ ҶТ

© Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Cуроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Ф. Ниёзӣ 50
тел: (992 37) 227 80 54 (шӯъбаи умумӣ)
факс: (992 37) 227 80 84

E-mail: admin @ zamin.tj

http://www.zoofirma.ru/