31078406265 aa1d97a906 o

    Замин боигарии асосии мамлакати мост. Ояндаи ҷумҳурӣ, ояндаи халқи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки муносибат ба замин дар кишвари мо чӣ гуна ба роҳ монда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон

Ба диёри азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлол баҳор меояд. Баҳоре, ки паёмадаш Наврӯз ва танҳо рӯзи фирӯз аст. Ҷилваи бистумин баҳори ваҳдати миллат бо худ пайки хуррамию бедорӣ ва эҳёву тозакориҳои афзун меорад.

 Боиси ифтихор ва шарафмандии бузург аст, ки бо шарофати истиқлолияти давлатӣ ҳамасола фарорасии Соли нави аҷдодиамон – Наврӯзи дилафрӯзҳамчун рамзи бедорӣ ва шукуфоии табиат, айёми киштукори марди деҳқон бо шукӯҳу шаҳомати хосса дар кишвари азизамон таҷлил мегардад.

Наврӯз рамзи пирӯзии некӣ бар бадӣ, сардӣ ба гармӣ ва тарғибгари ваҳдату ҳамдилии сокинони сайёра аст. Омили аслии пояндагӣ ва мондагории Наврӯз, пеш аз ҳама, дар он аст, ки ин ҷашн аз оғози пайдоиш то ба имрӯз ба қалби пиру ҷавон хуррамию бедорӣ ато менамояд. Он чӣ дар зеҳн ва амалу кирдори мардум дар арафаи ин ҷашн ба вуҷуд меояд, танҳо шодӣ асту сурур, хайру баракат ва тозакорию озодагист. 

Ҷашни Наврӯз бешак яке аз маросимҳои писандидаи тоҷикон аст, ки бо сифатҳои башардӯстона аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун дастоварди камназири фарҳанги умумиинсонӣ пазируфта шудааст ва бо хусусиятҳои вижаи худ, ки некиву накўкорӣ, хуррамиву хушҳолӣ, шодмониву нишот ва саодату пирӯзиро талқин мекунад, машҳури олам гардидааст.

Таманнои онро дорем, ки оташе, ки ба ифтихори Наврӯз аз замони Зардушт то ба имрӯз фурӯзон аст, чун рамзи ҷовидонии ҳаёт ва офтоби ҷаҳонафрӯз доимо шуълаафшон бошад ва дар роҳи ободониву пешрафти диёри маҳбуби мо – Тоҷикистон нури бахту саодат бипошад.

© Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Cуроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Ф. Ниёзӣ 50
тел: (992 37) 227 80 54 (шӯъбаи умумӣ)
факс: (992 37) 227 80 84

E-mail:sh.umumi @ zamin.tj

http://www.zoofirma.ru/