Ҷамъбасти фаъолияти шашмоҳа дар Кумитаи
давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон
10.07.2019, шаҳри Душанбе
Имрӯз дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти кумитаи давлатӣ дар давоми 6 моҳи авали соли 2019 баргузор гардид.
Дар ин ҷаласа дар баробари роҳбарияти Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ниҳодҳои зерсохтори он ҳамчунин сардори Раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Холзода Бобишо иштирок доштанд.
Дар ҷаласа аз фаъолияти Кумитаи давлатӣ дар давоми 6 моҳи соли 2019 натиҷагирӣ карда шуда, нақшаи корӣ барои фаъолияти минбаъда тарҳрезӣ ва тасдиқ гардид.
Тавре зикр шуд Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати самаранок истифода кардани заминҳо дар доираи ислоҳоти соҳа ва таҷдиди хоҷагиҳои деҳқонӣ тадбирҳои судманд роҳандозӣ гардида, Кумитаи давлатӣ дар самти қонунигардонии истифодаи замин, мақсаднок истифода кардани майдонҳои кишт ва пешгирӣ аз ҳолатҳои дур мондани заминҳо аз кишт ва ғайримақсаднок истифода шудани заминҳои корам низ талош ба харҷ медиҳад.
Замин моликияти истисноии давлат маҳсуб ёфта, дар самти самаранок истифода шудан ва ба гардиши кишоварзӣ баргардонидани заминҳои партов яке аз ҳадафҳои аслии Кумита маҳсуб меёбанд.
Ин аст, ки барои ба гардиши кишоварзӣ баргардондани заминҳои партов, чарогоҳҳо ва талу теппаҳо дар асоси барномаи махсус раванди обёрӣ ва ба замини киштбоб табдил додани майдонҳое, ки солҳо боз имкони кишт кардан дар онҳо вуҷуд надошт, идома дорад.