31078406265 aa1d97a906 o

    Замин боигарии асосии мамлакати мост. Ояндаи ҷумҳурӣ, ояндаи халқи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки муносибат ба замин дар кишвари мо чӣ гуна ба роҳ монда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон

Вохӯрии кории судманд

29.05.2019, шаҳри Душанбе

Санаи 29 майи соли 2019 дар бинои Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеъ доир ба вохӯрии Раиси Кумитаи давлатӣ Хоҷазода О. бо кормандон ва мутахассисони дастгоҳи марказӣ, Корхонаи воҳиди давлатии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул», Институти лоиҳакашию тадқиқотии «Фазо», Институти давлатии лоиҳакашии заминсозии «Тоҷикзаминсоз», Корхонаи давлатии фаръии «Суғдзаминсоз» баргузор гардид. Дар ҷаласа масъалаи натиҷаи баҳисобгирии давлатии миқдори заминҳо ва заминҳои маҳалҳои аҳолинишин дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ки аз ҷониби Институти давлатии лоиҳакашии заминсозии «Тоҷикзаминсоз», Институти лоиҳакашию тадқиқотии «Фазо», Корхонаи давлатии фаръии «Суғдзаминсоз» гузаронида шудаанд, матраҳ гардид.

Дар ҷаласа мушкилиҳо ва камбудиҳои дар рафти иҷроиши корҳои баҳисобгирии давлатии миќдори заминҳо ва заминҳои маҳалҳои аҳолинишин ҷойдошта муҳокима гардида, доир ба чораҳои бартарафсозии онҳо супоришҳои зарурӣ дода шуданд.

© Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Cуроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Ф. Ниёзӣ 50
тел: (992 37) 227 80 54 (шӯъбаи умумӣ)
факс: (992 37) 227 80 84

E-mail:sh.umumi @ zamin.tj

http://www.zoofirma.ru/