31078406265 aa1d97a906 o

    Замин боигарии асосии мамлакати мост. Ояндаи ҷумҳурӣ, ояндаи халқи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки муносибат ба замин дар кишвари мо чӣ гуна ба роҳ монда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон

Дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

нишасти матбуотӣ доир гардид

20.07.2018, шаҳри Душанбе

IMG 8189Бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, таҳти № АП- 1729 ва Нақшаи ташкил ва гузаронидани нишасти матбуотӣ, дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 июли соли 2018 бо иштироки муовини якуми раиси Кумитаи давлатӣ, муовинони раиси Кумитаи давлатӣ, сардорони сарраёсатҳо, раёсатҳо, шуъбаҳо, бахшҳо, корхонаҳои тобеъ, КВД «Бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул» ва намояндагони воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

Дар нишасти матбуотӣ намояндагон аз «Телевизиони Тоҷикистон», Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина», Телевизиони «Душанбе», «Ҷаҳоннамо», Радиои Тоҷикистон, АМИТ «Ховар», «Садои Душанбе», «Имрӯз», радиоҳои «Имрӯз», «Ховар», «Озодӣ», рӯзномаҳои «Ҷумҳурият», «Садои мардум», «Минбари Халқ», «Инсон ва табиат», «Азия Плюс», «Фараж», Маркази тадқиқотии журналистии Тоҷикистон, инчунин Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Дар нишаст муовини якуми раиси Кумитаи давлатӣ А. Каримзода оид ба фаъолияти кории Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти он дар маҳалҳо, дар нимсолаи якуми соли 2018 барои аҳли нишаст маълумот пешниҳод намуданд.

Намояндагони воситаҳои ахбори оммаи кишвар оид ба масоили марбут ба ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ва рафти корҳои вобаста ба он аз ҷониби комиссияҳои ҷамъиятӣ, риояи конунгузориҳо вобаста ба истифодаи замин, таъмини заминистифодабарандагон бо Шаҳодатномаи бақайдгирии ҳуқуқи истифодаи замин, назорати давлатии истифодаи оқилона, ҳифзи самараноки муносибатҳои марбут ба замин, инчунин аз гардиши кишоварзӣ берун мондани заминҳо, заминҳои партов, корҳои делимитатсия, демаркатсия ва редемаркатсияи сарҳад ва ҳолати корҳо бо давлатҳои ҳамсарҳад ва ғайра, таваҷҷуҳ зоҳир намуда, вобаста ба масъалаҳои зикргашта ба масъулон суолҳои гуногун пешниҳод намуданд. Дар навбати худ, роҳбарият ва мутахассисони Кумитаи давлатӣ низ ба саволҳои пешниҳоднамудаи рӯзноманигорон ҷавобҳои мувофиқ ва қонеъкунанда гардониданд.  

© Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Cуроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Ф. Ниёзӣ 50
тел: (992 37) 227 80 54 (шӯъбаи умумӣ)
факс: (992 37) 227 80 84

E-mail:sh.umumi @ zamin.tj

http://www.zoofirma.ru/