No images found.

31078406265 aa1d97a906 o

    Замин боигарии асосии мамлакати мост. Ояндаи ҷумҳурӣ, ояндаи халқи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки муносибат ба замин дар кишвари мо чӣ гуна ба роҳ монда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон

Ободонии гулгашти Иттифоқи нависандагон

02.06.2018, шаҳри Душанбе 

GULGASHT 7Бо таваҷҷӯҳи пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тадбирҳои созандаи роҳбарияти шаҳри Душанбе пойтахти мамлакат сол то сол ободу зебо гардида, ба шаҳри орзуҳои тоҷикистониён табдил меёбад.

Бунёду навсозии боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди истироҳату фароғат дар онҳо аз ҷумлаи чунин тадбирҳост, ки марҳила ба марҳила анҷом дода мешаванд.

Дар доираи ташаббусҳои созандаи роҳбарияти олии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба шаҳри Душанбе аз кишварҳои хориҷи дур ниҳоли дарахтони ороишию сояафкан ва гулу гулбуттаҳои ороишӣ ворид карда шуда, дар марказҳои фарҳангиву фароғатии пойтахти мамлакат парвариш карда мешаванд.

Бештари ин дарахтон ва гулҳои ороишӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе шинонида шуда, накҳату таровати хосае доранд ва хиёбону гулгаштҳои шаҳри Душанберо дилоротар мегардонанд.

Пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе таҷассумгари таърихи бою оламшумули халқи тоҷик, муаррифгари миллати куҳанбунёди мо дар арсаи байналмилалӣ маҳсуб ёфта, имрӯз ба макони баргузории чорабиниҳои сатҳи минтақавию ҷаҳонӣ мубаддал гаштааст. Ин аст, ки ободу зебо гардонидани шаҳри Душанбе аз авлавиятҳои сиёсати созандаи Ҳукумати мамлакат маҳсуб меёбад.

Татбиқи барномаҳои ободонӣ, бунёду аз навсозии майдончаҳои муосири варзишӣ, гулгашту чаманистон, боғҳои фарҳангӣ ва ба ин васила беҳтар намудани шароити истироҳату фароғат ва солимгардонии сокинону меҳмонони пойтахт бошад аз афзалиятҳои фаъолияти роҳбарияти шаҳри Душанбе ба ҳисоб меравад.

Дар баробари бунёду азнавсозии роҳҳои наву замонавӣ, низоми коммуникатсонӣ, таъмири намои берунаи биноҳои истиқомативу маъмурӣ, инчунин дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо бунёд гардидани даҳҳо майдончаи муосири варзишию солимгардонӣ ва марказҳои фарҳангӣ симои шаҳраку маҳаллаҳои пойтахтро ба кули тағйир дода, дар маҷмуъ нишонаи равшани суботу корҳои ободониву созандагӣ дар шаҳри Душанбе ба ҳисоб меравад.

Ин раванд аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар соли 2018 низ идома ёфта, бо татбиқи босамари барномаҳои ободонӣ зебоии гушаву канори шаҳр дар ин сол низ дучанд таъмин мегардад.

Навсозии гулгашти назди Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон воқеъ дар хиёбони Исмоили Сомонӣ, аз ҷумлаи иншооте мебошад, ки имрӯз мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Мавзеи мазкур аз ҷониби Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ободу зебо гардонида шуд.

Мувофиқи лоиҳа дар ин гулгашт, ки аз калонтарин гулгаштҳои пойтахт ба ҳисоб меравад, гулҳои гуногуни ороишии мавсимӣ, дарахтони ҳамешасабзу бисёрсола шинонида шуда, сарсабзии ин гушаи пойтахтро таъмин менамоянд.

Бунёди фаввораҳои зебо, нишонаи махсуси китоб бошад ба зебогии ин макон шукуҳи тозатаре мебахшад.

Масъулини Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи татбиқи барномаҳои ободонии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе саҳм гузошта, дар соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ин макони зеборо барои адибони тоҷик, меҳмонон ва сокинони шаҳр тақдим намуданд.

GULGASHT

GULGASHT 5

GULGASHT 6

GULGASHT 3

GULGASHT 2

GULGASHT 4

GULGASHT 1

GULGASHT 8


  • president tj
    Президенти ҶТ
     
     
     
  • parlament tj
    МНМО ҶТ
     
     
     
     
  • khovar tj
    АМИТ "Ховар"
     
     
     
     
  • mmk tj
    ММҚ ҶТ
     
     
     
     
  • mfa tj
    ВКХ ҶТ
     
     
     
     
  • minfin tj
    ВМ ҶТ

© Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Cуроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Ф. Ниёзӣ 50
тел: (992 37) 227 80 54 (шӯъбаи умумӣ)
факс: (992 37) 227 80 84

E-mail: admin @ zamin.tj

http://www.zoofirma.ru/