No images found.

31078406265 aa1d97a906 o

    Замин боигарии асосии мамлакати мост. Ояндаи ҷумҳурӣ, ояндаи халқи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки муносибат ба замин дар кишвари мо чӣ гуна ба роҳ монда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон

Натиҷаҳои фаъолияти Корхонаи воҳиди давлатии

«Бақайдгирии молу мулкиғайриманқул» дар чор моҳи соли 2018

15.05.2018, шаҳри Душанбе 

         Корхонаи воҳиди давлатии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар давраи ҳисоботӣ фаъолияти худро дар асоси қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ ироа гардидааст, супориш-ҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Оиннома ва нақшаи кории Корхона ба роҳ монда, корҳои зеринро ба анҷом расонид:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он” аз ҷониби Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маъқул дониста шуда, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 02.01.18, №1502 ба имзо расид ва пас аз интишори расмӣ дар матбуот мавриди амал қарор дода шуд. «Қоидаҳо, тартиби бақайдгирӣ, пешбурд ва шаклҳои варақаи бақайдгирӣ, парвандаи бақайдгирӣ, дафтари бақайдгирии аризаҳо ва гузоштани рақамҳои кадастрии молу мулки ғайриманқул» бо қарори раиси Кумитаи давлатӣ №4 аз 08.01.18 тасдиқ гардида ва таҳти №750ваз 19.01.18 дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайди давлатӣ гирифта шуд. «Шаклҳои шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ, иқтибос аз варақаи бақайдгирӣ, иттилоот аз феҳристи ягонаи давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он, тартиби пешниҳод намудан ва баҳисобгирии иттилооти додашуда» бо қарори Раиси Кумитаи давлатӣ №5 аз 08.01.18 тасдиқ карда шуда, дар феҳристи ягонаи давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 916 аз 11.01.18 ба қайд гирифта шуд.    

«Тартиби додан, иваз намудан ва аз эътибор соқит намудани Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ» таҳия гардида, бо қарори раиси Кумитаи давлатӣ №37 аз 12.04.18 тасдиқ карда шуда, дар феҳристи ягонаи давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 925 аз 23. 04.18 ба қайд гирифта шуд. Лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қоидаҳои пайдо кардани ҳуқуқ ба истифодаи қитъаи замин дар бозори ҳуқуқи истифодаи замин» таҳия гардида, дар мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор қарор дорад. Лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Тартиби ба заминистифодабарандагон бемузд ва музднок додани қитъаи замин бо ҳуқуқи бегона намудани онҳо» таҳия гардида, барои мувофиқа ба Кумитаи давлатӣ пешниҳод карда шуд. Лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қоидаҳои ҷудо намудани қитъаҳои замин ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» дар таҳрири нав омода гардида, барои мувофиқа ба Кумитаи давлатӣ пешниҳод карда шуд.

Лоиҳаи «Тартиби гузаронидани экспертизаи техникии парвандаҳои заминсозӣ» омода гардида, барои пешниҳод намудани таклифҳо ба корхонаҳои тобеъ дар шаҳру ноҳияҳо ирсол карда шуд. Лоиҳаи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2007, №546 «Дар бораи тасдиқ намудани меъёрҳои хироҷҳо барои анҷом додани амалҳои аз ҷиҳати ҳуқуқӣ муҳим ва пардохтҳо барои додани иҷозат оид ба истифодаи захираҳои табиӣ ё дигар захираҳои мавҷуда» таҳия гардида, барои баррасӣ ба Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.

Вобаста ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он” бо кормандони корхонаҳои тобеъ дар моҳи феврали соли ҷорӣ 7 семинари омўзишӣ гузаронида шуда, дар онҳо тағйиру иловаҳои воридгардида ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии таҳиягардида, мавриди омўзиш қарор дода шуд.

Дар моҳи март курси омўзиши довталабон ба ҳайси бақайдгиранда ташкил карда шуда, рўзҳои 9-уми март ва 13 апрел аттестатсия гузаронида шуд. Аз рўи натиҷаи аттестатсия 20 нафар ба саволҳо ҷавоби мусбӣ дода, барои ишғоли вазифаи бақайдгиранда мувофиқ дониста шуданд.

Ҷиҳати мавриди истифода қарор додани барномаи «Системаи автоматикунонии бақайдгирии молу мулки ғайриманқул дар Тоҷикистон» (САБТ) корҳои ҷамъбастӣ ба итмом расиданд. Шабакаи ҳисоббарории дохилиидоравӣ ва насби серверҳои мутамарказ ба анҷом расонида шуда, бо Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пайваст намудани шабакаҳои дохилиидоравии корхонаҳои тобеъ ба сервери марказӣ бо технологияи ҳифзшудаи VPN шартнома ба имзо расонида шуд.

     Барои амалӣ намудани барномаи мазкур дар 7 корхонаҳои бақайдгирии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва 2 корхонаҳои бақайдгирии вилояти Хатлон хати баландсуръати интиқолии VPN гузаронида шуда, алоқа бо сервери марказии Корхона барқарор карда шуда, ворид намудани маълумотҳо ба барномаи тестӣ аз тарафи мутахассисони корхонаҳои пайвастшуда ва қабули онҳо аз сервери марказӣ ба роҳ монда шудааст.

     Дар ҳамкорӣ бо Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ташкили шабакаҳои локалӣ барои корхонаҳои тобеъ IP адреси махсус таъин карда шуд. Байни Корхона ва ширкати «Тоҷнет» барои бақайдгирии домени «sabt.tj» шартномаи тарафайн ба имзо расид.

   Курсҳои бозомўзӣ оид ба истифодабарии барномаи электронии «Системаи автоматикунонидашудаи бақайдгирии молу мулки ғайриманқули Тоҷикистон» (САБТ) бо мутахассисони корхонаҳои тобеъ дар шаҳру ноҳияҳои озмоишӣ гузаронида шуда, раванди васлкунии 38 адад таҷхизоти зарурӣ (роутер) барои ташкили шабакаҳои локалӣ дар корхонаҳо идома дорад.

     Айни замон корхонаҳои бақайдгирии вилояти Суғд низ ба пуррагӣ ба барномаи электронии САБТ (тестӣ) пайваст шуда, омўзиши кормандони корхонаҳо давом дорад.

Барои осон гардидани истифодабарии барномаи электронии САБТ аз тарафи кормандони дастгоҳи марказӣ таҳияи “Дастурамал оид ба истифодабарии Барномаи электронии “Системаи автоматикунонидашудаи бақайдгирии молу мулки ғайриманқули Тоҷикистон” ба роҳ монда шуда, дар назар аст, ки то охири моҳи майи соли 2018 дастраси истифодабарандагони барнома мегардад.

Санаи 18 апрел дар Корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар ноҳияи Рўдакӣ ва санаи 24 апрел дар шаҳри Турсунзода барномаи электронии «Системаи автоматикунонидашудаи бақайдгирии молу мулки ғайриманқул дар Тоҷикистон» (САБТ) мавриди истифодаи кории асосӣ қарор дода шуд. Қайд намудан зарур аст, ки ҳангоми истифода аз барномаи САБТ дар маҳал раванди бақайдгирии молу мулки ғайриманқул осон, шаффоф ва бо сарфи вақт амалӣ мегардад.

Корхона тасмим гирифтааст, ки барномаи мазкурро 16 май дар шаҳри Душанбе ва интиҳои моҳи май дар шаҳру ноҳияҳои Шаҳринав, Ҳисор, Варзоб, Ваҳдат, Дўстӣ, Норак ва аз нимаи дуюми соли 2018 дар тамоми корхонаҳои бақайдгирии ҷумҳурӣ мавриди истифода қарор диҳад.

Дар чор моҳи аввали соли 2018 аз ҷониби корхонаҳои тобеъ 21773 адад ҳуқуқи истифодаи қитъаҳои замин (ВМКБ – 420; вилояти Суғд – 6941; вилояти Хатлон – 7288; ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 7084), аз он 3069 адад хоҷагии деҳқонӣ (ВМКБ – 38; вилояти Суғд –1371; вилояти Хатлон – 1026; ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 634), 130 адад хоҷагии иловагии ёрирасон (ВМКБ – 9; вилояти Суғд – 38; вилояти Хатлон – 44; ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 39), 16098 адад қитъаи замини наздиҳавлигӣ (ВМКБ – 270; вилояти Суғд – 4501; вилояти Хатлон – 5645; ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 5682), 373 адад дигар намуди хоҷагидории кишоварзӣ   (ВМКБ -1, вилояти Суғд – 171; вилояти Хатлон – 43; ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 158), 2063 адад зери сохтмон ва эҳтиёҷоти дигар (ВМКБ – 102; вилояти Суғд – 860; вилояти Хатлон – 530; ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 571) ба қайди давлатӣ гирифта шуда, заминистифодабарандагон бо Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ таъмин гардидаанд.

Дар ҳамин давра 13388 адад биноҳои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматӣ (аз ҷумла ҷудогона) ва иншоот (ВМКБ – 240; вилояти Суғд – 4407; вилояти Хатлон – 2632; ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 6109), 1305 адад маҳдудиятҳои (гарониҳои) ҳуқуқ ба молу мулки ғайриманқул (ВМКБ – 81; вилояти Суғд – 302; вилояти Хатлон – 281; ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 641), 3 адад объектҳои таъиноти махсус ба қайди давлатӣ гирифта шуда, 14742 адад иттилоот аз Феҳристи ягонаи давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он (ВМКБ – 184; вилояти Суғд – 3912; вилояти Хатлон – 2762; ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 7884) дода шудааст.

     Дар чор моҳи соли 2018 ба корхонаҳои тобеъ 19550 муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ оид ба таҳияи шиносномаи техникӣ ворид гардидааст, ки дар натиҷа 12203 адад барўйхатгирии техникии асосӣ (ВМКБ – 205; вилояти Суғд – 2248; вилояти Хатлон – 3277; ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 6473), 7347 адад барўйхатгирии техникии ҷорӣ (ВМКБ – 35; вилояти Суғд –2432; вилояти Хатлон – 1086; ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 3794) ва 3901 адад дигар намуди корҳо (ВМКБ – 26; вилояти Суғд – 1311; вилояти Хатлон –66; ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 2498) гузаронида шудааст.

Дар чор моҳи соли 2018 ба Корхона 30 ададпарвандаҳои заминсозӣ оид ба ҷудо намудани қитъаи замин, ки бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегиранд, ворид шудааст. 19 ададпарвандаҳои заминсозӣ барои ҷой доштани камбудию норасоиҳо бозпас гардонида шуда, 11 ададпарвандаҳои заминсозӣ дар мувофиқакунонӣ бо вазорату идораҳои дахлдор қарор дошта, 30 адад парванда, баъди мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор барои таҳияи минбаъдаи лоиҳаи қарор ва пешниҳоди он ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Сарраёсати кадастри давлатии замини Кумитаи давлатӣ ирсол карда шудааст.

Барои беҳтар намудани сифати корҳои хизматрасонӣ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, намунаи шакли нави парвандаҳои заминсозӣ ва шиносномаҳои техникӣ таҳия ва тасдиқ гардида, барои истифодабарӣ ба корхонаҳои фаръии тобеъ пешниҳод гардиданд.

Нақшаи молиявии Корхона ва корхонаҳои тобеи он дар семоҳаи якуми соли 2018 ба маблағи 16 418 053 сомонӣ муқаррар карда шуда, иҷроиши он 21 759 203 сомониро ташкил дод. Дар семоҳаи сипаригардида, Корхона ва корхонаҳои тобеи он ба буҷет ба маблағи 9 536 811 сомонӣ андоз ва 1 221 411 сомонӣ хироҷ пардохт намудааст.

Қайд намудан зарур аст, ки бо мақсади сари вақт пешниҳод гардидани мукотибот ва дигар намуди маълумотҳо бо шакли электронӣ, аз оғози фаъолияти Корхона дар шабакаи Интернет домени КВД «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» таҳти номи «registr-ni.tj» ба қайд гирифта шуда, барои ҳамаи 64 корхонаҳои фаръии зертобеи КВД «БММҒ» почтаҳои электронӣ бо истифода аз домени номбурда кушода шуданд ва ба фаъолият оғоз намуданд. Почтаи электронии Корхона info @ registr-ni. tj ва почтаҳои электронии корхонаҳои фаръии тобеъ доимо фаъол буда, мактубҳои воридотӣ ва ҳисоботи даврӣ қабул карда шуда, ҳуҷҷатҳои содиротӣ ба муассисаю ташкилоти дахлдор ирсол карда мешаванд.

Дар давоми чор моҳи соли 2018 ба Корхона 295 мактубу дархостҳо ва 39 ариза ворид шуда, 233 ҷавобу мактубҳо содир шудааст.

Ҷиҳати ташкил намудани «Бойгонии электронӣ» 40,8 % ҳуҷҷатҳои дар бойгониҳои корхонаҳои фаръӣ маҳфузбуда, сканер кунонида шуда, (Суғд- 48,4%, Хатлон-26,8%, ВМКБ- 68,9%, Душанбе- 28,1%, НТМ- 32,2 %), ба шакли электронӣ табдил дода шуданд, ки ҳангоми гузаронидани амалиётҳои бақайдгирии молу мулкӣ ғайриманқул бо барномаи САБТ истифода бурда мешаванд.

Корхонаи воҳиди давлатии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” ва корхонаҳои тобеи он дар давраи фаъолияти худ ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 феврали соли 2014 АП-1597 бо мақсади расонидани кўмакҳои хайриявӣ ба маъюбон, шахсони бесаробон ва камбизоатон низ саҳми худро мегузоранд. Дар ин давра аз ҷониби корхонаҳои тобеъ шахсони маъюбу бесаробон, оилаҳои камбизоат, ятимони кулл, мактаб-интернатҳо ва хонаҳои пиронсолон дар арафаи таҷлили идҳои умумимиллӣ аёдат карда шуда, ба онҳо кўмак ва ёрии хайрхоҳона расонида мешавад.

Корхона ҳамасола ба тарбиятгирандагони интернати назди мактаби №6 ноҳияи Мурғоб, ки ба Кумитаи давлатӣ вобаста гардидааст, барои харидорӣ намудани маводи хўрока ва сару либос маблағ ҷудо менамояд. Дар давоми солҳои 2015 – 2017 аз ҷониби Корхона ва корхонаҳои тобеъ як қатор корҳои хайриявӣ анҷом дода шудааст. Аз ҷумла, ба аҳолии бар асари офати табиӣ дар ноҳияи Мурғоб зарардида , тўйи хатнасури 150 тифлакони   аз оилаҳои ятиму бепарастор ва камбизоат бо риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор карда шуд. Соли 2017 барои расонидани корҳои хайриявӣ зиёда аз 130000 сомонӣ маблағ сарф карда шудааст.

         Корхона ва корхонаҳои тобеъи он баҳри иҷроиши Фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 феврали соли 2017 №9-ф ҷиҳати ободонӣ ва боз ҳам зеботар гардонидани шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти мамлакат низ ҳиссагузорӣ намуда истодаанд. Дар ин ҷода дар маҳаллаи 82-юми шаҳри Душанбе майдончаи варзишӣ барои кўдакон ва ҷои дамгирии калонсолон дар масоҳати 3000 метри мураббаъ ба маблағи 1 017 765 сомонӣ сохта, ба истифода дода шуд.

Баҳри таъмиру тармим ва ободу зебо намудан ва гузаронидани корҳои сохтмонии майдон ва гулгашти назди бинои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аз ҳисоби Корхона ва корхонаҳои тобеъи он маблағи 1347 440 сомонӣ (ба ҳолати 01.05.18) сарф карда шуда, кормандони Корхона мунтазам дар шанбегиҳо ширкат намуданд.

Тайи ин давра 35 корхонаҳои бақайдгирӣ бо бинои маъмурии худӣ таъмин гардида, сохтмони биноҳои маъмурӣ дар корхонаҳои шаҳру ноҳияҳои А. Ҷомӣ, Данғара, Турсунзода, Восеъ ва Хуҷанд идома доранд.

  • president tj
    Президенти ҶТ
     
     
     
  • parlament tj
    МНМО ҶТ
     
     
     
     
  • khovar tj
    АМИТ "Ховар"
     
     
     
     
  • mmk tj
    ММҚ ҶТ
     
     
     
     
  • mfa tj
    ВКХ ҶТ
     
     
     
     
  • minfin tj
    ВМ ҶТ

© Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Cуроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Ф. Ниёзӣ 50
тел: (992 37) 227 80 54 (шӯъбаи умумӣ)
факс: (992 37) 227 80 84

E-mail: admin @ zamin.tj

http://www.zoofirma.ru/