No images found.

31078406265 aa1d97a906 o

    Замин боигарии асосии мамлакати мост. Ояндаи ҷумҳурӣ, ояндаи халқи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки муносибат ба замин дар кишвари мо чӣ гуна ба роҳ монда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон

Иштироки Пешвои миллат дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи ғалаба

09.05.2018, шаҳри Душанбе

janob idi ghalaba9 майи соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Боғи Ғалабаи пойтахт ба муносибати 73 - юмин солгарди ғалаба бар фашизм дар Ҷанги бузурги ватании солҳои 1941-1945 ба хотири шаҳидони роҳи озодӣ гулчанбар гузоштанд.

Ба ин муносибат майдони маросимҳои Боғи Ғалаба идона ороста шуда буд.

Дар маҳалли баргузории чорабинӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ истиқбол гирифт.

Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири мудофиаи кишвар Шералӣ Мирзо аз омодагии сарбозон ба маросими гулчанбаргузорӣ гузориш дод.

Баъди садои суруди миллӣ дар назди гулхани абадӣ ба поси хотири қурбониёни Ҷанги бузурги ватанӣ гулчанбарҳо гузошта шуд. Маросими бошукӯҳи гулчанбаргузорӣ бо иштироки роҳбарият ва аъзои Парлумони кишвар, Ҳукумати ҷумҳурӣ, корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон ва собиқадорони ҷангу меҳнат сурат гирифт.

Нахуст Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани гулчанбар хотираи қаҳрамонону иштирокдорони он ҷанги пурдаҳшатро пос доштанд.

Мавриди зикр аст, ки шуҷоату диловарии мардуми баору номуси Тоҷикистон дар солҳои Ҷанги бузурги ватанӣ намунаи олии ватандӯстӣ ва сабақи беҳтарини мардонагиву ватандорӣ барои наслҳои имрӯзу оянда мебошад.

Ба муносибати рӯзи ғалаба инчунин гулчанбарҳо аз номи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Вазорати мудофиа ва сохторҳои қудратии Тоҷикистон, собиқадорони Ҷанги Бузуруги Ватанӣ, Сафорат ва Пойгоҳи низомии 201-уми Федератсияи Россия дар Тоҷикистон ва корпуси дипломатии муқими Ҷумҳурии Тоҷикистон, гузошта шуд.

Хотираи неки қурбониёни Ҷанги бузурги ватанӣ ҳамчунин бо дақиқаи хомӯшӣ пос дошта шуд.

Бояд гуфт, ки бо шарофати сиёсати бобарори иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчиёни Ҷанги бузурги ватанӣ ва собиқадорони меҳнат ҳамеша таҳти ғамхории давлату ҳукумат қарор доранд.

Дар рӯзҳои иди ғалаба ва дигар ҷашнҳои умумимиллӣ аз ҷониби роҳбарияти давлату ҳукумат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳо ба онҳо кумакҳои моддӣ расонда мешавад.

Чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи ғалаба дар Боғи ғалабаи пойтахт бо гузашти низомии ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳ ва қисмҳои ҳарбии гарнизони Душанбе анҷом ёфт.

president.tj

  • president tj
    Президенти ҶТ
     
     
     
  • parlament tj
    МНМО ҶТ
     
     
     
     
  • khovar tj
    АМИТ "Ховар"
     
     
     
     
  • mmk tj
    ММҚ ҶТ
     
     
     
     
  • mfa tj
    ВКХ ҶТ
     
     
     
     
  • minfin tj
    ВМ ҶТ

© Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Cуроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Ф. Ниёзӣ 50
тел: (992 37) 227 80 54 (шӯъбаи умумӣ)
факс: (992 37) 227 80 84

E-mail: admin @ zamin.tj

http://www.zoofirma.ru/