31078406265 aa1d97a906 o

    Замин боигарии асосии мамлакати мост. Ояндаи ҷумҳурӣ, ояндаи халқи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки муносибат ба замин дар кишвари мо чӣ гуна ба роҳ монда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон

Таҷлили Рӯзи модар дар Кумитаи давлатии идораи замин

ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 07.03.2018, шаҳри Душанбе

rais ruzi modar7- уми марти соли ҷорӣ, дар толори маҷлисгоҳи Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Дар ҷамъомади бошукӯҳ таъкид гардид, ки зани тоҷик, ки дар ҳамешаи таърих мазҳари покӣ, рамзи пойдорӣ ва истеҳкомбахши бунёди хонавода буд, имрӯз ҳам бо вуҷуди мушкилоти бешумори зиндагӣ саъй мекунад, ки ин рисолати таърихиро бар душ гирад. Дар таърих кам мардуме вуҷуд дорад, ки соҳиби чунин фарҳанги қадимаи иззати занон бошад.

Имрӯз шумораи занони тоҷик, ки барои нақши фаъол гузоштан дар ҷомеа талош меварзанд ва худро ҳамчун олим, духтур, омӯзгор, заминсоз, муҳандис, сиёсатмадор, ҳуқуқшинос муаррифӣ намудаанд, хеле зиёд аст.

Бузургии зан–модар пеш аз ҳама дар он таҷассум меёбад, ки ӯ чароғи хонадон, идомадиҳандаи насл, тарбияткунанда ва ба камолрасонандаи фарзанд, нигоҳдорандаи забон, таърих ва фарҳанги миллӣ мебошад. Инчунин занону модарон ҳамеша дар тарбияи фарзандони соҳибмаърифату хайрхоҳ ва дорои ахлоқи ҳамида кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Зеро фарзанди аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва маънавӣ солим ба қадру манзалати падару модар, Ватан ва таъриху тамаддуни миллат мерасад ва барои давлату миллати худ хизмат мекунад.

Ин масъулияти бузург модаронро вазифадор месозад, ки дар баробари нигоҳубину парасторӣ ва камолоти маънавию ҷисмонии фарзандони худ онҳоро дар рӯҳияи худогоҳиву худшиносӣ, ҳуввияту ифтихори миллӣ, ватандӯстӣ ва ҳифзи марзу бум тарбия намоянд.

Агар ободиву суботи ҷомеа аз осоишу оромии ҳар як оила вобаста бошад, дар навбати худ ободии ҳар як хонадон аз руҳияи солиму созанда, сатҳи маънавиёту маърифатнокӣ ва тандурустии зан-модар вобаста аст.

Дар рафти ҷамъомад роҳбарияти Кумита тамоми занонеро, ки дар ин ниҳод баробари мардон садоқатмандона хизмат намуда, барои пешрафти соҳа устуворона гом мебардоранд, бо туҳфаҳои идона ҳавасманд гардониданд.

Дар рафти чорабинии идона инчунин таъкид карда шуд, ки имрҳз роҳбарии Кумитаи идораи замини 4 шаҳру ноҳияи кишварро маҳз занони ҷасуру масъулиятшинос ба уҳда доранд. Инчунин дар бахшҳои гуногун ҳудуди 40 нафар бонувон фаъолият мекунанд ва талаботи санадҳои меъёриву ҳуқуқии вобаста ба заминро сари вақт ба иҷро мерасонанд.

Зан-Модар, ки меҳвари асосии ҳар хонадон аст, аз ибтидо рисолати ба дунё овардани фарзанд ва дар ниҳоди ӯ ҷойгир намудани ахлоқи ҳамида, одоб, муҳаббат, эҳсоси ватанпарварию меҳнатдӯстиро бедор мекунад. Беҳуда нест, ки бузургони олам дар назди қадру манзалати зан-модар сари таъзим фуруд оварда, ӯро поктарин зорти офаранда дар рӯи замин эътироф намудаанд.

Ба хотири боз ҳам хотирмон доир гаштани чорабинии идона Хунарманди мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон Афзалшоҳи Шодӣ хотири занону бонувонро шод гардонида, тамоми занону модарони дар Кумитаи давлатӣ фаъолияткунандаро бо рӯзи идашон табрику таҳният гуфт.

rais ruzi modar 4

rais ruzi modar 1

rais ruzi modar 3

© Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Cуроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Ф. Ниёзӣ 50
тел: (992 37) 227 80 54 (шӯъбаи умумӣ)
факс: (992 37) 227 80 84

E-mail:sh.umumi @ zamin.tj

http://www.zoofirma.ru/