31078406265 aa1d97a906 o

    Замин боигарии асосии мамлакати мост. Ояндаи ҷумҳурӣ, ояндаи халқи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки муносибат ба замин дар кишвари мо чӣ гуна ба роҳ монда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон

Нишасти матбуотӣ дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

01.02.2018, шаҳри Душанбе

Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми соли rais hakimzoda qurbon2017 фаъолияташро дар самти баҳисобгирии давлатии миқдори заминҳо, назорати давлатии замин, корҳои заминсозии байнихоҷагӣ ва пешгирӣ аз истифодаи ғайримақсадноки замин ба роҳ монда, барои ба гардиши кишоварзӣ баргардонидани заминҳои партов ва бекорхобида тадбирҳои заруриро амалӣ намуд.
Дар натиҷаи андешидани чораҳои зарурӣ дар соли 2017 майдони 6 ҳазору 397 гектар замин, аз ҷумла 5 ҳазору 40 гектар обӣ, 1 ҳазору 800 гектар заминҳои партов, 2 ҳазору 696 гектар чарогоҳ ва 1 ҳазору 901 гектар дигар намуди заминҳо ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шудааст.
Кумита минбаъд низ дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти пурра ба гардиши кишоварзӣ ворид анмудани заминҳои солҳо бекорхобида дар давоми се соли оянда нақша-чорабиниҳо таҳия намуда, фаъолияти густурдаро дар ин самт ба роҳ мондаанд.
Дар ин давра аз ҷониби мақомоти идораи замини Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 ҳазору 911 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор карда шуда, нисбат ба беш аз 11 ҳазор ҳолат дастур, нисбат ба 10 ҳазору 798 ҳолат протоколу қарорҳои ҷаримабандӣ ба маблағи беш аз 4 миллиону 100 ҳазор сомонӣ қабул гардида, аз ин беш аз 3 миллион сомонӣ ба фоидаи давлат рӯёнида шуд.

nishast 2017 sol

© Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Cуроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Ф. Ниёзӣ 50
тел: (992 37) 227 80 54 (шӯъбаи умумӣ)
факс: (992 37) 227 80 84

E-mail:sh.umumi @ zamin.tj

http://www.zoofirma.ru/