No images found.

31078406265 aa1d97a906 o

    Замин боигарии асосии мамлакати мост. Ояндаи ҷумҳурӣ, ояндаи халқи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки муносибат ба замин дар кишвари мо чӣ гуна ба роҳ монда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон

Ҷамъбасти фаъолияти солона ва вазифаҳо барои оянда 

08.01.2018, шаҳри Душанбе

Дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 8 январи соли 2018 ҷаласаи ҳайати мушовараиIMG 2971 Кумитаи давлатӣ бо иштироки сардори раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Б.Холзода ва кормандони сохтори Кумитаи давлатӣ баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои зерин баррасӣ шуданд:

1.Дар бораи фаъолияти Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти он дар маҳалҳо дар соли 2017 ва вазифаҳо барои соли 2018.

2. Оид ба тасдиқи ҳисобот дар бораи заминҳои мавҷуда, тақсимоти онҳо ба гурӯҳҳо, намудҳо ва заминистифодабарандагони ҷумҳурӣ ба ҳолати 1 январи соли 2018.

3. Оид ба ҷамъбасти натиҷаи озмун бахшида ба ҷашнҳои Ваҳдати миллӣ, 26 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25-солагии сессияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли ҷавонон дар байни кумитаҳои идораи замини Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва корхонаҳои тобеъ.    

         Тибқи ҳисобот кормандони соҳа дар соли таърихии 2017, ҷиҳати иҷрои  дастуру супоришҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар самти суръатбахшии истеҳсолот, тараққиёти ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ, пешбурди кулли паҳлуҳои ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, равнақи созандагию бунёдкорӣ ва ободонӣ  корҳои муҳимро ба сомон расониданд. 

Дар баробари корҳои иҷрогардида дар фаъолияти Кумитаи давлатӣ ва мақомоти он дар маҳалҳо камбудиҳо низ ҷой доштанд. Дар ҷаласаи ҳайати мушовара ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, чораҳои мушаххас андешида қарори ҳайати мушовараи Кумитаи давлатӣ қабул карда шуд.

IMG 6395Бо қарори ҳайати мушовара ҳисобот дар бораи заминҳои мавҷуда, тақсимоти онҳо ба гурӯҳҳо, намудҳо ва заминистифодабарандагони ҷумҳурӣ ба ҳолати 1 январи соли 2018 тасдиқ карда шуд.

Дар асоси қарори раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 1 аз 4 январи соли 2018 оид ба ҷамъбасти натиҷаи озмун бахшида ба ҷашнҳои Ваҳдати миллӣ, 26 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25-солагии сессияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли ҷавонон дар байни кумитаҳои идораи замини Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва корхонаҳои тобеъ, кумитаҳои идораи замини шаҳру ноҳияҳои Ванҷ, Спитамен, Кӯлоб, Турсунзода, корхонаҳои давлатии фаръи «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар шаҳру ноҳияҳои Хоруғ, Б.Ғафуров, Ш.Шоҳин, Рӯдакӣ ва Институти лоиҳакашию тадқиқотии давлатии «Фазо»-и Кумитаи давлатӣ беҳтарин дониста шуда, бо диплом ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

      Дар фарҷоми ҷаласа гуфта шуд, ки Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ тамоми имкониятҳоро ҷиҳати иҷрои саривақтӣ ва самараноки вазифаҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ бармеоянд, дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, барномаҳои соҳавӣ ва нақшаи чорабиниҳои қабулгардида тадбирҳои таъхирнопазир меандешад.

  • president tj
    Президенти ҶТ
     
     
     
  • parlament tj
    МНМО ҶТ
     
     
     
     
  • khovar tj
    АМИТ "Ховар"
     
     
     
     
  • mmk tj
    ММҚ ҶТ
     
     
     
     
  • mfa tj
    ВКХ ҶТ
     
     
     
     
  • minfin tj
    ВМ ҶТ

© Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Cуроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Ф. Ниёзӣ 50
тел: (992 37) 227 80 54 (шӯъбаи умумӣ)
факс: (992 37) 227 80 84

E-mail: admin @ zamin.tj

http://www.zoofirma.ru/