31078406265 aa1d97a906 o

    Замин боигарии асосии мамлакати мост. Ояндаи ҷумҳурӣ, ояндаи халқи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки муносибат ба замин дар кишвари мо чӣ гуна ба роҳ монда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон

Аз Паём то Паём

05.01.2018, шаҳри Душанбе

Бо мақсади рушди соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт дар деҳоти мамлакат дар даврони истиқлолият зиёда аз 190 ҳазор гектар заминҳои корам аз гардиши кишоварзӣ бароварда шудаанд, ки аз он 144 ҳазор гектар барои сохтмони манзилҳои истиқоматӣ ва 10 ҳазор гектар барои бунёди корхонаҳои саноативу муассисаҳои иҷтимоӣ ҷудо гардидаанд.

Аз ин ру, ба Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ супориш дода шуда буд, ки ҷиҳати пешгирии ин раванд ва ҳамасола зиёд намудани майдони заминҳои ба гардиши кишоварзӣ воридшаванда иҷрои “Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда барои солҳои 2012-2020”-ро таъмин намоянд.
Бинобар ин Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2016 зикр гардидаанд, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти суръатбахшии истеҳсолот, тараққиёти ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ, равнақи созандагию бунёдкорӣ ва ободонӣ амал намуда дар соли 2017 як қатор корҳоро ба сомон расонид.
Соли равон майдони 6585 гектар, аз он обӣ 5211 гектар заминҳо, аз ҷумла аз ҳисоби заминҳои партов майдони 1799 гектар, чарогоҳ 2868 гектар ва дигар заминҳо 1918 гектар ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шудааст. Аз ҷумла:
-дар вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон майдони 64 гектар замини обӣ, аз ҷумла аз ҳисоби заминҳои партов майдони 19 гектар, чарогоҳ 15 гектар ва дигар заминҳо 30 гектар;
-дар вилояти Суғд майдони 1793 гектар замин, аз он обӣ 1579 гектар, аз ҷумла аз ҳисоби заминҳои партов майдони 98 гектар, чарогоҳ 718 гектар ва дигар заминҳо 977 гектар;
-дар вилояти Хатлон майдони 4009 гектар замин, аз он обӣ 3454 гектар, аз ҷумла аз ҳисоби заминҳои партов майдони 1570 гектар, чарогоҳ 1554 гектар ва дигар заминҳо 885 гектар;
-дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ майдони 719 гектар, аз он обӣ 114 гектар, аз ҷумла аз ҳисоби заминҳои партов майдони 112 гектар, чарогоҳ 581 гектар ва дигар заминҳо 26 гектар.
Илова бар ин аз тарафи Маркази тадбиқи лоиҳаи “Обёрии заминҳои водии Данғара” майдони 1748, 51 гектар заминҳо обёрӣ карда шуда ба комиссияи давлатии қабули иншоотҳои сохтмонашон баитмом расида пешниҳод шудааст.
Баҳри иҷрои Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 ноябри соли 2016, №13 кумитаҳои идораи замини шаҳру ноҳияҳо инвентаризатсияи боғу токзорҳоро гузаронида, муайян намуданд, ки майдони умумии боғу токзор дар ҷумҳурӣ 154 680 гектар, аз он обӣ 120631 гектар будааст, ки нисбат ба ҳисоботи солонаи замин 3389 гектар зиёд мебошад.
Инчунин дар соли 2017 аз тарафи кумитаҳои идораи замин ва КФД «Бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул»-и шаҳру ноҳияҳо дар майдони умумии 154,41 гектар боғҳои нав бунёд гардид.
Шурӯъ аз соли 2010 то моҳи ноябри соли 2017 бо қарорҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барои қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ таъмин намудани эҳтиёҷмандон майдони умумии 29693 гектар ҷудо гардида, аз онҳо ба ҳолати 1 декабри соли 2017 майдони 20342 гектар тақсим шудааст, ки 69 фоизро ташкил медиҳад. Аз чумла:
дар доираи талаботи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2006 таҳти №1775 «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ оид ба азнавташкилдиҳӣ ва ислоҳоти ташкилотҳои кишоварзӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)” то 01.12 соли 2017 дар миқёси ҷумҳурӣ 180 488 адад хоҷагиҳои деҳқонӣ ташкил карда шудааст.
Дар Паёми имсола таъкид гардид, ки то имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳолатҳои тақсимоти ғайриқонунӣ, хариду фурӯш ва худсарона ишғол намудани замин аз байн нарафтааст. Мувофиқи маълумоти оморӣ танҳо дар давоми 10 соли охир қариб 1300 ҷинояти дорои хусусияти коррупсионидоштаи вобаста ба замин содир шудааст.
Бинобар ин, ба Прокуратураи генералӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ супориш дода шуд, ки дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти давлатӣ ҷиҳати сари вақт ошкор ва пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкуниҳо оид ба замин, хусусан, ҷиноятҳои коррупсионӣ дар ин самт тадбирҳои қатъӣ андешанд.
Роҳбарият ва масъулини Кумитаи давлатӣ вобаста ба ин вазифагузориҳо ва дастуру супоришҳои Пешвои миллат кушиш менамоянд, ки назорати давлатии заминро пурзӯр намуда, пешгирии ҳама гуна вайронкунии қонунгузории вобаста ба заминро таъмин намуда, аз рӯи таъйинот ва мақсаднок истифода бурдани ҳар қитъа заминро ба роҳ монанд.

© Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Cуроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Ф. Ниёзӣ 50
тел: (992 37) 227 80 54 (шӯъбаи умумӣ)
факс: (992 37) 227 80 84

E-mail:sh.umumi @ zamin.tj

http://www.zoofirma.ru/