31078406265 aa1d97a906 o

    Замин боигарии асосии мамлакати мост. Ояндаи ҷумҳурӣ, ояндаи халқи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки муносибат ба замин дар кишвари мо чӣ гуна ба роҳ монда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон

Тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ 

05.12.2017, шаҳри Душанбе   

IMG 2434 Бо пеш рафтани технология дар асри навин фаъолиятҳои гуногун бе истифода аз ин таҷҳизоти муосир ғайриимкон гардидааст. Аз ҷумла имрӯз дар самти заминсозӣ, топография ва харитасозӣ дастгоҳу таҷҳизоти махсус мавриди амал қарор доранд.

    Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар ин замина ҳамчун ҷузъе аз олами муосир дар канор набуда, бо дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ гардидааст.

     Дар асоси сиёсати дарҳои бози Ҳукумати мамлакат дар самти ба роҳ мондани ҳамкориҳо бо кишварҳои дуру наздик дар доираи ба роҳ мондани муносибатҳои мутақобилан судманд, барои истифода аз таҷрибаи якдигар заминаи мусоиде фароҳам оварда шудааст.

   Дар ҳамин замина дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ машварат дар мавзӯи «Имкониятҳои назорати моҳвораии замин ва ҳалли мушкилот дар самти назорати кайҳонӣ» бо иштироки вазорату кумитаҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Вазорати кишоварзӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, Раёсати геология ва шарикон аз Ҷумҳурии Озарбойҷон доир гардид.

     Дар ин машварат масоили мушоҳидаи фосилавии замин аз тариқи моҳвора ва муфид будани ин амал дар самти муайянсозии дақиқи ченкунии замин ва истифодаи аксҳои кайҳонӣ дар муайян намудани мушкилоти ҷойдошта дар минтақаи муайяни замин ибрози назар карда шуд.

       Аз ҷумла таъкид шуд, ки мушоҳидаи фосилавии замин тавассути моҳвора талаботи ҷаҳони муосир буда, ба рушди соҳаи геодезия, топография, харитасозӣ ва кадастри замин мусоидат менамояд.

       IMG 2483Дар навбати худ рушди соҳаи мазкур метавонад боиси боло рафтани иқтисоди миллӣ ва самаранок истифода шудани замин, назорати дақиқ дар самти аз рӯи таинот истифода шудани замин, пешниҳод ва дар ин асос таҳияи харитаҳои рақамӣ нақши бориз дорад.

    Барои боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани хамкорӣ дар самти мушоҳидаи фосилавии замин бо истифода аз моҳвора дар доираи ҳамин машварат байни Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Азеркосмос»-и Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Институтси лоиҳакашию татқиқотии «Фазо»-и Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.

   Дар асоси ин созишнома минбаъд аз ҷониби шарикон ба институтси мазкур аксҳои кайҳонӣ ворид гардида, мавриди коркард ва пешниҳод қарор дода мешаванд.

    Ин ҳамкорӣ метавонад дар оянда барои тақвияти фаъолияти соҳавӣ замина гузошта, барои пешниҳоди маълумоти дақиқи заминсозӣ имкони васеъ фароҳам орад.

© Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Cуроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Ф. Ниёзӣ 50
тел: (992 37) 227 80 54 (шӯъбаи умумӣ)
факс: (992 37) 227 80 84

E-mail:sh.umumi @ zamin.tj

http://www.zoofirma.ru/