No images found.

31078406265 aa1d97a906 o

    Замин боигарии асосии мамлакати мост. Ояндаи ҷумҳурӣ, ояндаи халқи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки муносибат ба замин дар кишвари мо чӣ гуна ба роҳ монда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон

Чорабинии идона бахшида ба 25-солагии Иҷлосияи Шӯрои Олии Тоҷикистон

дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон


14.11.2017, шаҳри Душанбе

ijlosiya     Дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба 25-умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикитсон ҷамъомад доир шуд. Қабл аз оғози ҷамъомад тариқи манитор филм аз нақши тақдирсози Иҷлосия ва корномаҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешрафту шукуфоӣ ва марҳилаи барқарорсозии сохти конститутсионӣ манзури иштирокдорон гардонда шуд, ки таъсирбахш буд.  Дар филми мазкур воқеаву лаҳзаҳои ҷараёни ҷаласаҳои Иҷлосия, фикру мулоҳизоти вакилони мардумӣ ба таври возеъ намоиш дода шуд.

  Дар ҷамъомад шахсиятҳое, ки бевосита дар Иҷлосияи таърихӣ ҳузур доштанд иштирок намуда, вобаста ба нақш ва аҳамияти созандаву тақдирсози Иҷлосия дар бунёди давлати навини Тоҷикистон изҳори назар карданд.  

    ijlosiya 1 Гуфта шуд, ки муҳимтарин дастоварди Иҷлосияи XVI-ум он буд, ки шахсияти миллию мардумиро дар симои Эмомалӣ Раҳмон ба арсаи роҳбарӣ ва давлатдорӣ дар марҳилаи навини таърихӣ овард.Ҳифзи Ватан, расидан ба қадри сарватҳои миллӣ, обу замин, хоки муқадаси меҳан, сулҳу субот рисолати ҳар сокини кишвар, аз ҷумла кормандони ин ниҳод аст. Зеро таъмини амнияти озуқаворӣ аз мақсаднок истифода бурдани замин ва танзиму назорати дурусти он вобастагии зиёд дорад.

Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саҳифаҳои таърихи навини Тоҷикистон ҳамчун рамзи Иҷлосияи наҷотбахш ва сарнавиштсоз ворид гардид. Аз лиҳози моҳияту мазмун ва мақсад он ба Эъломияи Истиқлолияти Тоҷикистон баробарарзиш мебошад. Агар Эъломия давлатеро бо номи Тоҷикистони соҳибистиқлол эълон дошта бошад, пас Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ дар шаҳри Хуҷанд ҳамин давлати соҳибихтиёрро аз вазъияти ҳассоси сиёсӣ, нестшавӣ нигоҳ дошт ва миллати тоҷикро ба роҳи саодат, баракат, қудрату устуворӣ баровард.

     Метавон гуфт, ки Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ таҳкурсии бунёди давлатдории мусоири тоҷикро гузошт.  Ин иҷлосияи тақдирсоз ноумедию нобовариро аз қалби мардум дур сохт ва шуълаи умедро ба ояндаи дурухшон фурузон сохт. Имрӯз боиси ифтихор ва сарфарозист, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ ба сифати як кишвари соҳибистиқлол, ҳуқуқбунёд, ягона ва дунявӣ мешиносанд. 

Дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба 25-умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикитсон ҷамъомад доир шуд. Қабл аз оғози ҷамъомад тариқи манитор филм аз нақши тақдирсози Иҷлосия ва корномаҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешрафту шукуфоӣ ва марҳилаи барқарорсозии сохти конститутсионӣ манзури иштирокдорон гардонда шуд, ки таъсирбахш буд.  Дар филми мазкур воқеаву лаҳзаҳои ҷараёни ҷаласаҳои Иҷлосия, фикру мулоҳизоти вакилони мардумӣ ба таври возеъ намоиш дода шуд. Дар ҷамъомад шахсиятҳое, ки бевосита дар Иҷлосияи таърихӣ ҳузур доштанд иштирок намуда, вобаста ба нақш ва аҳамияти созандаву тақдирсози Иҷлосия дар бунёди давлати навини Тоҷикистон изҳори назар карданд.  

Гуфта шуд, ки муҳимтарин дастоварди Иҷлосияи XVI-ум он буд, ки шахсияти миллию мардумиро дар симои Эмомалӣ Раҳмон ба арсаи роҳбарӣ ва давлатдорӣ дар марҳилаи навини таърихӣ овард.Ҳифзи Ватан, расидан ба қадри сарватҳои миллӣ, обу замин, хоки муқадаси меҳан, сулҳу субот рисолати ҳар сокини кишвар, аз ҷумла кормандони ин ниҳод аст. Зеро таъмини амнияти озуқаворӣ аз мақсаднок истифода бурдани замин ва танзиму назорати дурусти он вобастагии зиёд дорад. Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саҳифаҳои таърихи навини Тоҷикистон ҳамчун рамзи Иҷлосияи наҷотбахш ва сарнавиштсоз ворид гардид. Аз лиҳози моҳияту мазмун ва мақсад он ба Эъломияи Истиқлолияти Тоҷикистон баробарарзиш мебошад. Агар Эъломия давлатеро бо номи Тоҷикистони соҳибистиқлол эълон дошта бошад, пас Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ дар шаҳри Хуҷанд ҳамин давлати соҳибихтиёрро аз вазъияти ҳассоси сиёсӣ, нестшавӣ нигоҳ дошт ва миллати тоҷикро ба роҳи саодат, баракат, қудрату устуворӣ баровард.

Метавон гуфт, ки Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ таҳкурсии бунёди давлатдории мусоири тоҷикро гузошт.  Ин иҷлосияи тақдирсоз ноумедию нобовариро аз қалби мардум дур сохт ва шуълаи умедро ба ояндаи дурухшон фурузон сохт. Имрӯз боиси ифтихор ва сарфарозист, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ ба сифати як кишвари соҳибистиқлол, ҳуқуқбунёд, ягона ва дунявӣ мешиносанд. 

  • president tj
    Президенти ҶТ
     
     
     
  • parlament tj
    МНМО ҶТ
     
     
     
     
  • khovar tj
    АМИТ "Ховар"
     
     
     
     
  • mmk tj
    ММҚ ҶТ
     
     
     
     
  • mfa tj
    ВКХ ҶТ
     
     
     
     
  • minfin tj
    ВМ ҶТ

© Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Cуроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Ф. Ниёзӣ 50
тел: (992 37) 227 80 54 (шӯъбаи умумӣ)
факс: (992 37) 227 80 84

E-mail: admin @ zamin.tj

http://www.zoofirma.ru/