No images found.

31078406265 aa1d97a906 o

    Замин боигарии асосии мамлакати мост. Ояндаи ҷумҳурӣ, ояндаи халқи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки муносибат ба замин дар кишвари мо чӣ гуна ба роҳ монда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон

Ифтитоҳи бинои нави Раёсати кофтукови ҷиноятии

Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 07.11.2017, шаҳри Душанбе 

otdel mvdСубҳи 6 ноябр дар доираи таҷлил аз 23-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Фотеҳ Ниёзии шаҳри Душанбе бинои нави Раёсати кофтукови ҷиноятии Вазорати корҳои дохилӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Бинои нави Раёсати кофтукови ҷиноятии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз панҷ ошёна иборат аст, дорои 60 утоқи корӣ буда, дар ин ҷо барои фаъолияти ҳамаҷонибаи кормандон тамоми шароити зарурӣ фароҳам мебошад.

Мавриди зикри хос аст, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Президент ва Ҳукумати кишвар барои тамоми сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот бо таъмини техникаю дигар муҳимот, омӯзонидани кадрҳои баландихтисос дар дохил ва хориҷи мамлакат, инчунин бо бунёди иншооти замонавӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат шароити муосири кор фароҳам оварда шудааст.

Бунёди бинои нави Раёсати кофтукови ҷиноятии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ идомаи мантиқии дастгириҳои давлату ҳукумат, хусусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба кормандони соҳа мебошад, ки барои таъмини амнияту субот дар мамлакат равона гардидааст.

www.safina.tj

  • president tj
    Президенти ҶТ
     
     
     
  • parlament tj
    МНМО ҶТ
     
     
     
     
  • khovar tj
    АМИТ "Ховар"
     
     
     
     
  • mmk tj
    ММҚ ҶТ
     
     
     
     
  • mfa tj
    ВКХ ҶТ
     
     
     
     
  • minfin tj
    ВМ ҶТ

© Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Cуроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Ф. Ниёзӣ 50
тел: (992 37) 227 80 54 (шӯъбаи умумӣ)
факс: (992 37) 227 80 84

E-mail: admin @ zamin.tj

http://www.zoofirma.ru/