No images found.

31078406265 aa1d97a906 o

    Замин боигарии асосии мамлакати мост. Ояндаи ҷумҳурӣ, ояндаи халқи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки муносибат ба замин дар кишвари мо чӣ гуна ба роҳ монда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон

Супоридани хонаи истиқоматӣ барои кормандони

мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

07.11.2017, шаҳри Душанбе

prokuratura binoi istiqomatiСубҳи 6 ноябр бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Зарафшон, кӯчаи Бобо Ҳамдами шаҳри Душанбе бинои 9 ошёна барои кормандони мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода шуд.

Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани бинои мазкур дар рӯзи таҷлили солгарди навбатии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзӣ буда, шаҳодати ғамхориҳои пайвастаи роҳбарияти олии сиёсии Тоҷикистон нисбат ба кормандони ин сохтори муҳими давлатӣ мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносӣ бо шароити бино ва сифати корҳои анҷомшуда баҳои сазовор доданд ва аз сокинони хуштолеъ-кормандони мақомоти прокуратура даъват ба амал оварданд, ки хизматро ба нафъи халқу Ватан аз пештара дида хубтар ба роҳ монанд.

Дар навбати худ нафарони соҳиби манзилҳои истиқоматӣ гардида, ба роҳбари давлат барои дастгириҳои пайваста арзи сипосу миннатдорӣ намуда, изҳор доштанд, ки ин гуна қадршиносӣ онҳоро дар иҷрои масъулияту вазифаҳои бардушдоштаашон дучанд ҳавасманду масъулиятшинос хоҳад кард.

www.safina.tj

  • president tj
    Президенти ҶТ
     
     
     
  • parlament tj
    МНМО ҶТ
     
     
     
     
  • khovar tj
    АМИТ "Ховар"
     
     
     
     
  • mmk tj
    ММҚ ҶТ
     
     
     
     
  • mfa tj
    ВКХ ҶТ
     
     
     
     
  • minfin tj
    ВМ ҶТ

© Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Cуроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Ф. Ниёзӣ 50
тел: (992 37) 227 80 54 (шӯъбаи умумӣ)
факс: (992 37) 227 80 84

E-mail: admin @ zamin.tj

http://www.zoofirma.ru/